Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти давлатдорӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

     25 июни соли 2018 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти давлатдорӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар иштирок доштанд.

    Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода оғоз гардида, қайд карда шуд, ки халқи тоҷик дар давлати ҷавони худ ба ин ҳама музаффарияту муваффақиятҳо дар ҳоле ноил гардад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳид шуда, Ваҳдати миллиро эълон намуданд.

       Ҳамзамон, доир ба дигар паҳлӯҳои актуалии Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва ватанпарастии шаҳрвандон, инчунин дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, масъалаҳои  «Ваҳдати миллӣ ва рушди мақомоти назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Сиёсати сулҳофарии тоҷикон»; «Нақши Ваҳдати миллӣ дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон»; «Таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Бақои миллат дар Ваҳдати миллист» ва дигар масъалаҳои ба Ваҳдати миллӣ тоҷикон алоқамандбуда таҳлилу баррасӣ гардиданд.

   Дар фарҷоми кори мизи мудаввар вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида  аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифтанд.

    Аксҳо аз ҷараёни Мизи мудаввар: