Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
19 Октябрь 2017 (11:05)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Суханронии Раҳимзода М.З. вобаста ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

 

– Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини  гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» 9 декабри соли 2004 қабул ва ба он минбаъд тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ, аз як тараф, ба мутобиқгардонии меъёрҳои он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар, муайян кардани кафолати иловагиро барои  истеъмолкунандагон дар бар мегирад. Бинобар ин, лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 58-уми  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи пешниҳоди мазкур, ба қонун моддаи нав-391 ворид карда шуд. Мақсад аз илова намудани моддаи 391 муқаррар намудани танзим ва назорат аз болои хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ мебошад. Чунин ваколат ба Бонки миллии Тоҷикистон дода  шуд, зеро тибқи талаботи моддаи 32 ва 42-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», чунин ваколат ба Бонки миллӣ дахл дорад.

Ҳамчунин, тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, уҳдадориҳои зерини истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) дар қонун муқаррар гардидаанд:

1. Дар қисми 5 моддаи 7 уҳдадории истеҳсолкунанда (фурўшанда, иҷрокунанда) оид ба дар давраи муҳлати кафолатии муайяншуда ё  муҳлати кафолати иловагӣ қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда муқаррар карда шуд. Тавре медонем, тибқи моддаи 7 қонуни зикршуда, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) барои муқаррар намудани муҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор) уҳдадор  аст. Акнун  уҳдадор карда мешавад, ки дар муҳлатҳои  зикршуда низ талаботи онҳо қонеъ гардонида шавад. Аз тарафи дигар, муқаррар намудани муҳлати кафолати иловагӣ истеъмолкунандагонро дар харид ва истифодаи мол (кор) ҳавасманд мегардонад.

2. Уҳдадории истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) оид ба муқаррар намудани рақами телефон ҳангоми бастани шартномаи хариду фурўш ва қарордодҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) муайян ва инчунин уҳдадорӣ дар сархати 8 қисми 3 моддаи 9 муқаррар карда шуд. Бо дарназардошти он ки истеъмолкунандагон дар минтақаҳои гуногуни кишвар зиндагию фаъолият менамоянд ва на ҳама вақт имконияти дастрасӣ ба суроғаи истеҳсолкунандагон (фурўшанда, иҷрокунанда)-ро доранд, ба онҳо имконият дода мешавад, ки ба воситаи телефон аз  хусусиятҳои гуногуни мол баҳравар гарданд. Ин кафолати навбатии таъмини ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо маълумоти зарурӣ аз  ҷониби истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурўшандагон) мебошад.

Ҳамчунин, қисми 8 моддаи 9 ва қисми 1 моддаи 13 дар таҳрири нав ифода карда шуд. Дар  қисми 8 моддаи 9 омадааст, ки  маълумоти тамғаи маҳсулоти хўрокворӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандӣ  мешавад ва маҳсулоти хўроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошад. Яъне, ба он санадҳои меъёрии техникие, ки талаботи техникии риояашон  ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ оид ба бехатарӣ муқаррар менамояд. Мақсад  аз он мутобиқ намудани меъёри қонуни мазкур ба талаботи  регламентҳои техникӣ мебошад, ки Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи бамеъёрдарории техникии Тоҷикистон» муқаррар намудааст. Мақсади дар таҳрири нав ифода кардани қисми 1 моддаи 13 аз он иборат аст, ки дар шароити имрўза ба сифати истеъмолкунанда метавонад истеҳсолкунанда ва иҷрокунанда баромад намояд ва ташкилоти фурўшанда уҳдадор карда мешавад, ки дар сурати вайрон кардани талаботи қонуни мазкур, дигар санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ  ё шартнома ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Ҳамчунин, аз матни моддаи 2 қонун калимаи «Сарқонун» хориҷ карда, калимаи «ҳифзи» ба «ҳимоя» иваз карда шуд. Сархати сеюми қисми даҳуми моддаи 28 аз ҷиҳати мазмун мутобиқ карда, дар  шакли зерин ифода шуд: «шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор карда ва  ҷуброни зарар рўёнида шавад.».

Инчунин, дар  қисмҳои 1, 2, 4 моддаи 6 ва қисми 2 моддаи 9 дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 39 калимаи «фурўшад» ба калимаҳои «пешниҳод кунад» ва калимаи «қарордодҳои» ба «шартномаҳои», инчунин, калимаҳои «ба ҷо меоварад» ба калимаҳои  «иҷро менамояд» иваз карда шуданд. 

Барои мусоидат дар такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  ба шумо арзи  сипос  намуда, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.