Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
-----
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон»

 

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 18 октябри соли 2017 соати 9.00 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон» баргузор намояд.

Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд, аз ҷумла: Проблемаҳои амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; Механизми таъмини ҳифзи сиёсӣ–ҳуқуқии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амнияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он; Бехатарии ҷамъиятӣ ва таъмини ҳуқуқии он; Нақши давлат дар таъмини амнияти миллӣ; Терроризм, экстремизм ва таъмини бехатарии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими ҳуқуқии он; Амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарӣ; Амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муҳоҷирати шаҳрвандон ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маводи мухаддир ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ; Низоми таъмини амният ва вазифаҳои асосии он; Бехатарии конститутсионӣ ҳамчун категорияи конститутсионӣ; Амнияти миллии Тоҷикистон ва методҳои таъмини он; Коррупсия ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ; Ҳокимияти давлатӣ ҳамчун объекти таъмини амнияти миллӣ ва ғайраҳо.

Макони баргузорӣ: Бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кўчаи академик А.Адҳамов, 13.  

Маълумоти иловагиро бо телефонҳои 227-47-71; 227-63-64 дастрас карда метавонед.