То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
-----
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Маълумоти мухтасар доир ба натиҷаи нишасти матбуотӣ дар нимсолаи якуми соли 2017

 

Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2017

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 августи соли 2017 оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2017 нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Раҳимзода М.З. ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2017 ҳисоботи мухтасар дод. Мавсуф аз ҷумла иброз намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2017 Марказ бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси Низомномаи Марказ, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро идома дода, як зумра корҳоро ба анҷом расонид.

Ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо Марказ ба зиёда аз 70 лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмўъ зиёда аз 400 пешниҳодҳоро дарбар мегирад.

Марказ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи Нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзўҳои «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Танзими ҳуқуқии электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ба роҳ мемонад. Мавзуъҳои мазкур фарогири проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории маданӣ, соҳибкорӣ, меҳнат, муҳоҷират, сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, гумрук, бонк, буҷет, байналмилалӣ, электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ, танзими аҳдҳои электронӣ ва ғ. мебошад.

Вобаста ба масъалаҳои зикршуда чандин китобҳо ба нашр расиданд. Аввалин маротиба дар зарфи 25 сол Тафсири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расид. Ҳамчунин, китоби «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир», қисми 4, монографияи «Правовой режим объектов гражданских прав в интернете», Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», ҳамчунин 80 мақолаи илмии кормандон дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, шумораҳои 1 ва 2 маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ «Қонунгузорӣ» ба нашр расид. 

Кормандони Марказ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон бо аҳолӣ зиёда аз 50 вохўриҳо гузаронида, зиёда аз 50 маротиба тавассути шабакаҳои телевизион ва радиоии ҷумҳурӣ баромад намуданд.

Тибқи Нақшаи фаъолияти илмӣ дар Марказ як конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон» (9 июн, дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва Маркази исломшиносӣ), 2 мизи мудаввар ва 4 семинари омўзишӣ гузаронида шуда, кормандон дар зиёда аз 60 конференсия ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар 30 гурўҳҳои кории вазорату идораҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуданд. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз сомонаи Марказ зиёда аз 485 ҳазор нафар истифода бурдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якум тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба Марказ 70 муроҷиат ворид шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ ва ба муаллифони онҳо ҷавоб гардонида шуд.

Фаъолияти дигаре, ки Марказ ба роҳ мондааст ва он дар оянда бояд рушд намояд, Таҳлили таъсири танзимнамоӣ аст, ки вобаста ба ин дар Марказ як бахши нав таъсис дода шуд. Дар оянда тамоми қонунҳое, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҶТ ва ё Ҳукумати ҶТ ба Марказ ворид мешавад, аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ дода мешавад. Дар ин робита кормандони бахш ба омўхтани таҷрибаи давлатҳои дунё машғуланд. Дар 26 давлати ҷаҳон ин таҷриба аллакай ба роҳ монда шудааст.

Директори Марказ баъд аз гузориши худ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас гардонид. 

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: