Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Раҳимзода Маҳмад Забир узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

 

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҷамъи кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир аз чанд даври озмун бо сарбаландӣ гузашта, санаи 14 июли соли 2017 унвони баланди илмии узви вобастаи АИ ҶТ-ро соҳиб гардид.

Раҳимзода М.З. тўли фаъолияти зиёда аз 40-солаи эҷодиаш дар роҳи пешрафти илми ҳуқуқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста заҳмат кашида, дар ин роҳ ба комёбиҳои баланд ноил гардидааст. Устод доир ба масъалаҳои илми ҳуқуқшиносии тоҷик зиёда аз 400 монография, китобҳои дарсӣ, тафсирҳо, китобҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-амалӣ таълиф намуда, илми ҳуқуқи кишварро ғанӣ гардонидааст. Зери роҳбарии устод 10 шогирд бомуваффақият рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд. Раҳимзода М.З. ҳамзамон дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми зиёд мегузорад.

Номи устод дар доираҳои илмии хориҷи кишвар низ машҳур аст. Устод узви Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзади илм ва доктори илми назди Донишгоҳи давлатии Санкт Петербурги Федератсияи Россия мебошад. Инчунин устод узви Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории Донишгоҳи гуманитарӣ-ҳуқуқии Қазоқистон низ буд. 

Аз ин ҷост, ки аҳли илми кишвар дониш, маҳорат ва малакаи Раҳимзода М.З.-ро дар фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва давлатдорӣ ба назар гирифта, ўро ба ин унвони баланд лоиқ ва арзанда донистанд, ки ин эътироф ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои хастанопазир дар рушди илми ҳуқуқи муосири кишвар, таҳия ва қабули қонунҳо мебошад. 

Кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин рўйдоди фараҳбахш ифтихор дошта, устодро бо ин унвон самимона муборакбод мегўянд ва барояшон тандурустӣ, сарбаландӣ ва дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтари илм ва хизмат ба Ватан комёбиҳои боз ҳам бештарро таманно доранд.