Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон»

 

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои банди 14 Нақшаи кори худ барои соли 2017 тасмим гирифтааст, ки моҳи июли соли 2017 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон» баргузор намояд.

Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд, аз ҷумла: Проблемаҳои амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; Механизми таъмини ҳифзи сиёсӣ–ҳуқуқии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амнияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он; Бехатарии ҷамъиятӣ ва таъмини ҳуқуқии он; Нақши давлат дар таъмини амнияти миллӣ; Терроризм, экстремизм ва таъмини бехатарии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими ҳуқуқии он; Амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарӣ; Амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муҳоҷирати шаҳрвандон ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маводи мухаддир ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ; Низоми таъмини амният ва вазифаҳои асосии он; Бехатарии конститутсионӣ ҳамчун категорияи конститутсионӣ; Амнияти миллии Тоҷикистон ва методҳои таъмини он; Коррупсия ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ; Ҳокимияти давлатӣ ҳамчун объекти таъмини амнияти миллӣ ва ғайраҳо.

Маърўзаҳои конференсия тариқи почтаи электронии info@mmk.tj қабул ва дар шакли маҷмўаи илмӣ нашр карда мешаванд. 

Маълумоти иловагиро бо телефони 227-08-07 дастрас карда метавонед.