Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботи оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаствагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
8 Май 2017 (13:58)
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Маълумоти мухтасар доир ба натиҷаи мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

13 апрели соли 2017 тибқи нақшаи кори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ иштирок намуданд.

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир бо сухани ифтитоҳии худ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшид.

Вобаста ба масъалаҳои муҳими рушди қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маърўзачиён гузоришҳои пурмазмун пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои «Танзими ҳуқуқии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ»; «Қонунгузории сайёҳӣ чун соҳаи мустақили қонунгузорӣ: назария, амалия ва дурнамо»; «Масоили инкишофи қонунгузории соҳибкорӣ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Хизматрасониҳои интернетӣ»; «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»; «Мушкилот ва дурнамои танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳибкорӣ дар соҳаи ҷустуҷӯ, баҳодиҳӣ ва истихроҷи нафту газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва дигар масоили вобаста ба қонунгузории соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми кори мизи мудаввар вобаста ба мавзўъҳои матраҳгардида аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифтанд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: