Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
14 Ноябрь 2016 (06:56)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Маълумоти мухтасар доир ба натиҷаи нишасти матбуотӣ дар нимсолаи дуюми соли 2016

 

Гузориши матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2016
 

Санаи 2 феврали соли 2017 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ гузаронида шуд, ки дар он фаъолияти Марказ дар нимсолаи дуюми соли 2016 пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар нимсолаи дуюми соли 2016 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо корҳои зеринро ба анҷом расонид.

1. Ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо Марказ ба зиёда аз 100 (солона зиёда аз 160) лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмўъ зиёда аз 900 (солона 1200) пешниҳодҳоро дарбар мегирад.

2. Марказ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи Нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзўи «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мемонад. Он фарогири проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории маданӣ, соҳибкорӣ, меҳнат, муҳоҷират, сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, гумрук, бонк, буҷет, байналмилалӣ ва ғ. мебошад.

Баҳри амалӣ намудани талаботи мавзўи мазкур дар нимсолаи дуюми соли 2016 аз ҷониби кормандони Марказ 8 (солона 15), китоб, рисолаҳои илмӣ ва тафсирҳо ва 90 (солона зиёда аз 150) мақолаи илмию таҳлилӣ ба чоп расид. Аз ҷумла, “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Фарҳанги тоҷикӣ ба русии истилоҳоти ҳуқуқ”, “Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият”, “Техникаи қонунгузорӣ” ва ғ.  Ҳамчунин, 2 (солона 4) шумораи маҷаллаи Марказ «Қонунгузорӣ» ба нашр расид.  

3. Кормандони Марказ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон бо аҳолӣ зиёда аз 120 (солона 200) вохўриҳо гузаронида, дар ВАО беш аз 100 (солона 200) баромад анҷом доданд.

4. Тибқи Нақшаи фаъолияти илмии Марказ 5 мизи мудаввар (солона 1 конференсия, 7 мизи мудаввар ва 2 семинари омўзишӣ) гузаронида шуда,  кормандон дар 50 (солона зиёда аз 100) конференсия ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

5. Дар давраи ҳисоботӣ аз сомонаи Марказ зиёда аз 400 (солона зиёда аз 800) ҳазор нафар истифода бурдаанд.

6. Дар нимсолаи дуюми соли 2016 тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба Марказ 150 (солона 250) муроҷиат ворид шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ ва ба муаллифони онҳо ҷавоб гардонида шуд.

7. Санаи 12 декабри соли 2016 баҳри такмили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омода намудани аспирантон тавассути ҳамоҳангсозии дутарафа байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби роҳбарияти Марказ посухҳои дахлдор дода шуд.

Аксҳо аз ҷараёни нишасти матбуотӣ: