Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
14 Ноябрь 2016 (06:56)
25 Октябрь 2016 (13:31)
17 Август 2016 (07:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо»

 

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» тасмим гирифтааст, ки 26 майи соли 2016 бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва муассисаҳои илмӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо» баргузор намояд.

Дар конференсияи мазкур масъалаҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ, меъёрэҷодкунӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷодкунӣ, принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, омилҳои иҷтимоии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи қонунгузорӣ, фаъолияти идоравӣ-назоратӣ барои ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, проблемаҳои назариявӣ-ҳуқуқии ташаббуси қонунгузорӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибгардонии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо баррасӣ карда мешаванд.

Маърўзаҳои конференсия тариқи почтаи электронии info@mmk.tj қабул ва дар шакли маҷмўаи илмӣ нашр карда мешаванд.  

Маълумоти иловагиро бо телефони 227-08-07 дастрас карда метавонед.