То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
-----
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Маълумоти мухтасар оид ба натиҷаи фаъолияти ММҚ дар соли 2015 ва нақшаҳо барои соли 2016

 5 январи соли 2016 таҳти раёсати Директори Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ММҚ дар соли 2015 баргузор гашт. Дар аввал ҳисоботи сардорони шуъбаҳо ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории ММҚ оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2015 шунида шуд. 

Сипас муовини аввали директори ММҚ Баҳриддинзода С.Э. иттилоъ дод, ки кормандони ММҚ дар соли 2015 ба 100 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 800 таклифу пешниҳодҳо дода, дар 30 гурўҳҳои  корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок ва зиёда аз 200 мақола, 10 китобу тафсирҳо ва 4 шумораи маҷаллаи «Қонунгузорӣ»-ро ба чоп омада ва нашр кардаанд.                    

Ҳамчунин дар асоси Нақшаи кори ММҚ барои соли 2015 ду конференсия ва се мизи мудаввар барпо ва дар 30 конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва баромадҳо намудаанд.  

Дар охири ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кори ММҚ барои 2016 ҷонибдори ва аз ҷониби Директори ММҚ тасдиқ карда шуд. Роҳбарони воҳидҳои сохтории ММҚ вазифадор шуданд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки чорабиниҳои дар нақша пешбинишударо таъмин намоянд.