То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ Маҳмадшоев Ф.А. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

     28 августи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногуни ҷумҳуриро ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфароз гардонд.

       Дар ин чорабинӣ барои дастовардҳои илмӣ ва корҳои илмии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ, мусоидат ба таҳияи самтҳои афзалиятноки илм, тарбия ва омўзондани кадрҳои илмӣ ба як гуруҳ олимони ҷавони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ, ки бо қарори Комиссияи дахлдор дарёфт, муайян ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 супурда шуд.

       Хурсандибахш ва боиси ифтихор аст, ки намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович, номзади илмҳои ҳуқуқ дар бахши илмҳои гуманитарӣ баробари 11 олими ҷавони ҷумҳурӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

  Кормандони Марказ Маҳмадшоев Фарҳод Абдурраҳмоновичро ба ин муносибат самимона табрик намуда, ба ў дар фаъолиятҳои минбаъдаи илмиаш бурдбориҳо таманно менамоянд.