Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
-----
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Конференсия илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир»

 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2015 конференсия илмӣ – амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ баргузор менамояд.

Дар конференсияи мазкур масъалаҳои ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мухталифи ҳуқуқи ҷаҳон, табиати ҳуқуқӣ ва моҳияти низоми ҳуқуқии соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, низоми ҳуқуқии романо–олмонӣ, низоми ҳуқуқии умумӣ, низоми ҳуқуқии мусулмонӣ, тавсифи умумии дигар низомҳои муосири ҳуқуқ,тафовути ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, низоми ҳуқуқии аврупоӣ, тафовути ҳуқуқи оммавӣ ва ҳуқуқи хусусӣ, соҳаҳои ҳуқуқи комлексӣ, ба ҳамназдикшавӣ ва алоқамандии низомҳои ҳуқуқ, ҳуқуқи одатӣ, ҷои ҳуқуқи муқоисавӣ дар низоми илми ҳуқуқ» ва ғайраҳо баррасӣ мешаванд.
Хоҳишмандон барои иштирок намудан дар чорабини мазкур  метавонанд ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов 13, бо телефони 227–15–45 ё E-mail:  info@mmk.tj муроҷиат намоянд.