Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
1 Декабрь 2017 (11:34)
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсия доир ба мавзӯи «Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун»

 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 23 апрели соли ҷорӣ конференсия доир ба мавзўи «Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун» бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ, ходимони ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ ва дигар намояндагони аҳли ҷомеа  баргузор  намояд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои гуногуни қонунгузории оила, масъалаи аз никоҳи хешу таборӣ ба дунё омадани фарзандони носолим, омода набудани оилаҳои ҷавон, мавриди баррасӣ қарор додани урфу одатҳо аз нигоҳи дини мубини ислом, таносуби Кодекси оила бо қонунгузории амалкунанда ва дигар масъалаҳои рўзмарра мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳамзамон хоҳишмандон метавонанд бо маърўзаҳои худ дар чорабинии мазкур баромад карда онро дар маҷаллаи «Қонунгузорӣ» чоп намоянд. Аз шахсоне, ки маърўза кардан мехоҳанд хоҳиш менамоем, ки то 15 апрели соли ҷорӣ маърўзаҳои худро пешакӣ ба суроғаи farkhudinzoda-86@mail.ru фиристанд.
 
Макони баргузорӣ: толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Вақти баргузорӣ соати 9:00
тел. барои тамос: 227-46-78,  918 67.57.95, 918 69.68.10