Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
17 Август 2017 (11:03)
11 Август 2017 (15:23)
24 Июль 2017 (16:05)
20 Июль 2017 (09:03)
2 Июнь 2017 (11:07)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир»

 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  дар  моҳи майи соли ҷорӣ конференсия илмӣ – амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ баргузор намояд.

Дар корференсияи мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд, аз ҷумла «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳон, табиати ҳуқуқӣ ва моҳияти низоми ҳуқуқӣ, низоми ҳуқуқии романо–олмонӣ, низоми ҳуқуқии англо–америкоӣ ё низоми ҳуқуқии умумӣ, низоми ҳуқуқии мусулмонӣ, тавсифи умумии дигар низомҳои муосири ҳуқуқ, тафовути ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, низоми ҳуқуқии аврупоӣ, тафовути ҳуқуқи оммавӣ, ҳуқуқи хусусӣ ва комлексӣ, ба ҳамназдикшавӣ ва алоқамандии низомҳои ҳуқуқ, ҳуқуқи одатӣ, ҷои ҳуқуқи муқоисавӣ дар низоми илми ҳуқуқ» ва ғайраҳо.

Хоҳишмандон барои иштирок намудан дар чорабинии мазкур  метавонанд ба суроғаи кӯчаи академик А. Адҳамов 13, бо телефони 227–15–45 ё E-mail:  info@mmk.tj то санаи 10 апрели соли ҷорӣ муроҷиат намоянд.