You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1759 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1753 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ" Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1724 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021 Маҷлиси Олии ҶТ 20.11.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1714 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1720 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАҲОДИҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1719 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ҲУҚУҚИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1717 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1694 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ Маҷлиси Олии ҶТ 04.07.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1690 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ

-A A +A

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Дшб, 04/01/2021 - 09:20
  1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ваколат, нақш, вазифаҳо ва дастовардҳои он дар таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  3. Доир ба тартиби гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  5. Мазмун ва нақши мониторинг барои таҳияи консепсияи санадҳои меъёрӣ;
  6. Мониторинг дар ҳуқуқэҷодкунӣ: проблемаҳои назария ва амалия;
  7. Консепсияи адолат дар ҳуқуқ;
  8. Сиёсати қонунгузории Тоҷикистони муосир: мафҳум, хусусиятҳои асосӣ ва самтҳои татбиқ;
  9. Методологияи назария ва амалияи қонунгузории муосир: таҳлили назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  10. Асосҳои иҷтимоии қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Техникаи қонунэҷодкунӣ: проблемаҳои такмил ва рушд дар марҳилаи муосир;
  12. Хавфи қонунэҷодкунӣ: мафҳум, намудҳо, муқаррарнамоӣ; 
  13. Вогузории ваколати қонунэҷодкунӣ: назария ва амалия;
  14. Проблемаҳои актуалии мавзӯъ ва тарзи танзими ҳуқуқӣ;
  15. Раванди қонунэҷодкунӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқ дар Тоҷикистон: масъалаҳои назария ва амалия;
  16. Қонуният дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  17. Низоми талабот ба қонунгузорӣ: дар мисоли қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  18. Бехатарии ҳуқуқии субъектони ҳуқуқ: масъалаҳои назария ва амалия; 
  19. Кодификатсияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи таърихӣ ва амалӣ; 
  20. Таъмини ҳуқуқии фаъолият оид ба тайёр намудани лоиҳаи қонун (қабули қарор оид ба тайёр намудани лоиҳа ва таҳияи он);
  21. Ошкор намудан ва бартарафсозии нуқсонҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар механизми ҳуқуқэҷодкунӣ;
  22. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии нуқсондор дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқ;
  23. Иҷрои ҳуқуқэҷодкунӣ: хусусият, сохтор, намуд;
  24. Фаъолияти ҳамоҳангсозӣ дар низоми ҳуқуқии ҷомеа;
  25. Таносуби мафҳумҳои «раванди қонунгузорӣ», «фаъолияти қонунгузорӣ», «қонунэҷодкунӣ», «ҳуқуқэҷодкунӣ»;
  26. Ташаббуси қонунгузорӣ дар қонунэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҳуқуқӣ ва мушкилоти татбиқ;
  27. Татбиқи ҳуқуқ бо ташаббуси қонунгузорӣ дар мақомоти қонунгузорӣ (намояндагӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  28. Татбиқи институти ташаббуси қонунгузорӣ дар давлати муосир: ҷанбаи умуминазариявӣ; 
  29. Институти ташаббуси ҳуқуқэҷодкунии шаҳрвандон дар низоми ҳокимияти халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  30. Адолат дар ҳуқуқэҷодкунӣ: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  31. Сиёсати ҳуқуқӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  32. Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон;
  33. Мушкилот ва усулҳои ташкил ва таъминоти коршиносӣ фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  34. Экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии қонунгузорӣ;
  35. Ҳуҷҷатнок кардани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пасошӯравӣ: ҷанбаи назариявӣ – методологӣ; 
  36. Механизми танзими ҳуқуқии муносибатҳои муҳоҷират: ҷанбаи назариявӣ;
  37. Роҳҳои пур кардани норасоӣ дар қонунгузорӣ: масъалаҳои назария ва таърих;
  38. Ҳадди имконпазири татбиқи институти қиёси ҳуқуқ ва қиёси қонун дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон;
  39. Таввакалнокии қонунэҷодкунӣ: мафҳум, намудҳо, муайянсозӣ; 
  40. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот: мушкилот, масоили рушд ва дурнамо;
  41. Зарурати мураттабсозии (кодификатсияи) қонунгузории соҳаи иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  42. Танзими ҳуқуқии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда;
  43. Масоили истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  44. Вогузории ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ: мушкилот ва дурнамо;
  45. Таносуби “Низомнома” ва “Оиннома” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  46. Номи доменнӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ;
  47. Танзими ҳуқуқии муносибати ҳамсояҳо, ки ҳудуди умумиро тавассути сервитут доранд;
  48. Реҷаи гражданӣ-ҳуқуқии манбаи иттилоотӣ;
  49. Танзими ҳуқуқии тиҷорати фосилавии молҳо ва хизматрасониҳо;
  50. Проблемаҳои амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои зеҳнӣ дар Интернет;
  51. Танзими гражданӣ-ҳуқуқии муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;
  52. Шартномаи ҳамроҳшавии технологӣ ба шабакаҳои электронӣ;
  53. Падидаи соҳибӣ дар ҳуқуқи гражданӣ;
  54. Танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми истифодаи технологияҳои фазоӣ ба миён меоянд;
  55. Мафҳум ва мутаносибии танзими ҳуқуқӣ ва қонунэҷодкунӣ;
  56. Назарияи қонунэҷодкунӣ: ҷанбаҳои методологӣ ва консептуалӣ; 
  57. Мушкилоти муосири қонунэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ;
  58. Шуури ҳуқуқӣ хамчун унсури мавқеи ҳуқуқии субъекти қонунэҷодкун
  59. Самаранокии қонунэҷодкунӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ дар давлати ҳуқуқбунёд; 
  60. Ҳолат ва дурнамои рушди қонунэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили назариявӣ-ҳуқуқӣ;  .
Обуна ба Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ