ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Нигористон

-A A +A

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА (БАХШИДА БА 15-УМИН СОЛГАРДИ АМАЛИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»)

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 07/06/2022 - 08:42
Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ мегарданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Яшб, 05/06/2022 - 08:34
Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Меъёри мазкур барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, заминаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат мекунад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ БОНУВОНИ СОҲИБКОР ДАР РУШДИ СОҲАИ САНОАТ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 03/06/2022 - 07:55
  1 июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
   Дар чорабинии мазкур намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ иштирок намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАРИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН - 23 МАЙ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 26/05/2022 - 14:23
  23 майи соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар мавзуи “Ҷавонон неруи созандаи давлату миллат”  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Марказ бо маърӯзаҳо баромад намуда, нақши калидии ҷавононро дар пешрафти кишвар иброз намуданд.
   Дар фарҷоми мизи мудаввар ҷавонони Марказ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҶАВОНОН НАСЛИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ВАТАН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 26/05/2022 - 08:22
Ҷавонӣ...... Айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон ва кайҳон аст. Шоистагии онро дорад, ки давраи заррини умри инсонӣ номида шавад, зеро ки инсоният дар айёми тифлӣ аз қувваи ҷисмонӣ бархурдор аст, аммо аз камолоти маънавӣ ноқис мебошад. Дар айёми пирӣ бошад, ба камоли маънавӣ мерасад, аммо аз ҷиҳати ҷисмонӣ заиф аст. Маҳз дар давраи ҷавонӣ инсон аз ҳар ду неъматӣ бузург- ақли комил ва ҷисми тавоно бархурдор аст. Ҳар амали шоиста ва ҳар илми судманд, ки дар айёми ҷавонӣ аз худ карда мешавад, нақшеро мемонад, ки бар санг нигошта шудааст
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАШРИ АВВАЛИ ТАФСИРИ ОММАВИЮ ИЛМӢ ВА АМАЛИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 24/05/2022 - 16:24
    Соҳибзода М.М., Шарифзода Ф.Ш., Асрорзода З., Қодирзода М.А., Шерзода Б.С., Одиназода Ш.Х. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»: нашри аввал (тафсири оммавию илмӣ ва амалӣ) // Зери таҳрири Саидзода И.Ҳ., директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. – Душанбе: «ЭР-граф», 2022. – 240 с.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МАРҲИЛАИ НАВИ ИНКИШОФ ВА ТАТБИҚИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 23/05/2022 - 09:58
   Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд. Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқи инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Консититутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИШТИРОКИ НМОЯНДАИ МАРКАЗ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 20/05/2022 - 15:49

  20 майи соли 2022 намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ дар семинари омӯзишӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, бо маърӯза дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад анҷом дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ОМӮЗИШИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 19/05/2022 - 13:27
  Дар заминаи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №36/10-29 дар Маркази миллии қонунгузорӣ хониши идоравӣ оид ба омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доктори илмҳои таърих, профессор Муллоҷонов Сайфулло баргузор гардид.
   Бо ҳамин тартиб хонишҳои идоравӣ идома дода мешавад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

КОНСЕПСИЯИ ЛОИҲАИ КОДЕКСИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 16/05/2022 - 09:56

КОНСЕПСИЯИ ЛОИҲАИ КОДЕКСИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 16/05/2022 - 08:18
    Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оммавигардонии варзиш, 15 майи соли 2022 дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид.
  Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар чорабинии мазкур дастаҷамъона иштирок намуданд.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 11/05/2022 - 16:12
  11 майи соли 2022 Маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид.
  Тибқи рӯзнома се масъалаи дохилииҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар доираи маҷлис сараввал ҳисоботи Ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифањо барои давраи минбаъдаи фаъолият ба маълумоти ҳозирин расонида шуд. Инчунин ҷиҳати таъмини ҳаракати аъзоёни ҳизб қарори дахлдор қабул гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “АДОЛАТИ СУДИИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ВОЛОИЯТИ ҲУҚУҚ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 10/05/2022 - 16:35
   10 майи соли 2022 Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупо оид ба ҷонибдории демократия ба воситаи ҳуқуқ (Комиссияи Венетсия) баргузор гардид, иштирок намуданд.
  Дар мизи мудаввари байналмилалӣ масоили мубрами адолати судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ҚОДИРЗОДА МИРЗОҚОДИР АЮБ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 06/05/2022 - 16:00
  Маркази миллии қонунгузорӣ дар асоси фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2021, №08 соҳиби иҷозатномаи Т-ИФ №0000295 дар самти ба роҳ мондани таълим дар зинаҳои аспирантура ва унвонҷӯ гардид. Дар ин асос ташкил ва пешбурди раванди таълим дар зинаҳои болозикри таҳсилот ба роҳ монда шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

ЧОРДАҲУМИН ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТИ СУДИИ КОНВЕНСИЯИ ОРХУС

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 05/05/2022 - 09:01

   28 апрели соли 2022 дар шаҳри Женева ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ – Бобоев Фируз тариқи онлайн иштирок ва дар мавзуи “Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузорӣ ва дастрасии аҳолӣ ба иттилооти он” баромад намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
Обуна ба Нигористон