ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ – ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Ҷум, 21/10/2022 - 10:08
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ – ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
 
   Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишу талошҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои амну осоиштаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Аммо баъзе аз ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ашхоси кӯрбину нотавонбинони давлату миллати кӯҳанбунёд пешрафту суботи кишвари моро нодида гирифта, пайваста ба самти Тоҷикистони санги маломат зада, мардумро ба ҷангу низоъ даъват карда истодаанд. Яке аз чунин ташкилотҳо - ташкилоти террористию эктремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошад.
   Лозим ба ёдоварист, ки ташкилоти террористию эктремистии Ҳизби наҳзати ислом 4 декабри соли 1991 ҳамчун лоиҳаи махсус дар хориҷи мамлакат аз тарафи баъзе қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамчунин, созмонҳои манфиатдори байналмилалӣ бо мақсадҳои ғаразнок созмон дода шуда, дар Тоҷикистон фаъолияташро оғоз  намуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш ба ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии мамлакат, ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон мусоидат мекард. Аммо, аз оғози пайдоиш то ба имрӯз нишон дод, ки он ягон вақт мавқеи ҳалли мусолиҳатомез надошта, аз аввал ба истифодаи зӯрӣ ва силоҳ такя намуда, дар фаъолияти тахрибкоронаи худ ташкили бетартибӣ, ҷанг ва иҷрои амалҳои террористиро дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Илова бар ин, Ҳизби наҳзати ислом бо сиёсисозии дин аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум истифода карда, баҳри пиёдасозии ҳадафҳои сиёсии хољагони хориҷӣ ҷавонони кишварро ба майдони сиёсӣ кашид. Дар натиља амнияти миллию суботи сиёсии мамлакат халалдор гашта, дар кишвар љанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зада, боиси беш аз сад ҳазор қурбонӣ, зиёда аз як миллион гуреза, ҳазорҳо ятим ва миллиардҳо сомонӣ хисорот ба вуҷуд овард.
   Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, роҳбарият ва аъзои фаъоли он боз даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин зада, боиси ноором гаштани ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ва хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ гаштанд. Махсусан, 45 аъзои ҳизб ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Барои онҳо Ватан, Модар ва муқаддасоти миллӣ ҳеҷ арзиш надошта, қодиранд, ки барои манфиати шахсӣ ва иҷрои дастури сарпарастонашон ба ҳар амали бешарафонае даст зананд.
  Мақсади асосии  онҳо сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, халалдор намудани амнияти давлат ва бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад.
   Маҳз бо назардошти ҳолатҳои зикршуда ва садҳо ҷинояти дигар, аз қабили, даст доштан дар амалҳои террористии моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералиро қонеъ карда, ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ)-террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот», сомонаи интернетӣ, ба ҳудуди Тоҷикистон ворид сохтан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.
  Инчунин, соли 2017 Ҳизби наҳзати ислом ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда, дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)» таҳти рақами 65 шомил шуд.
  Дар баробари ин, 14-уми сентябри соли 2022 Суди Олии Федератсияи Россия аризаи Прокуратураи генералии Федератсияи Россияро бо талаби террористӣ эътироф намудани ҳизби наҳзати ислом қонеъ намуда, Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Россия манъ кард. Зеро наҳзатиҳои фурӯхташуда метавонистанд доираи фаъолияти худро дар Россия низ васеъ намуда, бо фирефта кардани шаҳрвандон ва муҳоҷирони тоҷик ба амнияти ин кишвар хатар эҷод кунанд.    
  Имрӯз саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар Аврупо қарор дошта, бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон бо ҳар роҳу усул, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳо, ҳоло ҳам аз дасисабозиҳо даст накашида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву ҳадафҳои худро пайваста пахш намуда, алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик дасиса эҷод менамоянд. Ин бадхоҳони миллати тоҷик бо барномаҳои дар хориҷа тарҳрезӣ намудаи худ сиву як сол пеш низ тӯфони ҷангу ҷидолро дар Тоҷикистон бархезонда,  кишварро ба парокандашавӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида, ҳоло  ҳам ором нагирифта, ба ноором намудани вазъи имрӯзаи кишвар машғуланд. Ин нохалафон ба ҷуз душманиву ғарази нопок, оромӣ ва ободии Тоҷикистонро халалдор кардан дигар ҳадафе надоранд.
   Мақсади ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом танҳо қаноатманд гардондани сармоягузороне мебошад, ки онҳоро аз  хориҷи кишвар роҳбарӣ менамоянд ва бо пулу моли сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои азим овардану бо ҳар роҳ фазои осудаи кишварро халалдор сохтан аст.
   Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарастро зарур  аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи душманони миллат бетарафӣ зоҳир накарда, ба ҳар гуна ҳаракатҳои зиддимиллии онҳо посухи сазовор диҳанд.
 
Шеров Шерали.
Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)