ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 11:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1107
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216;
Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1436; аз 02.01.2020 с., №1684)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад.  (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 
- ҳимоя ва дастгирии  давлатии соҳибкорӣ – фаъолияти мақомоти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатӣ ва ҳудудии рушди соҳибкорӣ равона карда шудаанд; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- иттиҳодияҳои (ассосиатсияҳои) субъектҳои соҳибкорӣ – ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташон, инчунин намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ таъсис дода мешаванд; 
- мақоми ваколатдори давлатӣ  оид ба ҳимоя ва дастгирии  давлатии  соҳибкорӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ)  – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ амалӣ менамояд;
- соҳибкорӣ – фаъолияти мустақили ба таваккал амалишавандаи шахсони  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифташудае,  ки барои  ба даст овардани фоида  аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол  (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона шудааст; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
- ҳимояи субъекти соҳибкорӣ –  ҳимояи ҳуқуқу  манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бизнес - инкубатор - шахси ҳукуқие, ки соҳибкори навтаъсисро дар  ҳама марҳилаҳои  фаъолияташ  дастгирӣ менамояд;
- Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – мақоми машваратию маслиҳатие, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии  соҳибкорӣ 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1436)
 
Моддаи 3. Шаклҳои соҳибкорӣ 
1. Давлат ҳама гуна шаклҳои  соҳибкории пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, ба он иҷозат медиҳад.
2. Соҳибкорӣ тибқи  муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ карда  мешавад:
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бо истифодаи меҳнати кироя;
- бе истифодаи меҳнати кироя.
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии  соҳибкорӣ
  Ба принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд:
- қонуният; 
- шаффофияти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ; 
- баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ;
- кафолати  ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини фаъолияти озоди субъекти соҳибкорӣ;
- иштироки озоди субъектҳои соҳибкорӣ дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба манфиатҳои соҳибкорӣ дахлдошта;
- афзалияти рушди соҳибкории хурд ва миёна.
 
Моддаи 5. Субъектҳои соҳибкорӣ ва намудҳои он
1. Ба субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   мансубанд:
- шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), ки ба соҳибкорӣ машғуланд;
- шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд.
2. Субъектҳои соҳибкорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
- хурд;
- миёна;
- калон.
3. Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки даромади умумии онҳо дар як сол то 1000000 (як миллион) сомонӣ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194; аз 02.01.20 с., №1684)
4. Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғуланд, мансуб нестанд:
- истеҳсоли молҳои зераксизӣ;
- таҳвили алюминийи аввалия;
- фаъолияти бонкӣ  ва суғуртавӣ;
- фаъолияти вобаста ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ;
- фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок.
5. Ба субъектҳои соҳибкории миёна шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки даромади умумии онҳо дар як сол аз 1000000 (як миллион) сомонӣ сомонӣ то 25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194; аз 02.01.20 с., №1684)
6. Ба субъектҳои соҳибкории калон шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки даромади умумии онҳо дар як сол аз 25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ зиёд аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194; аз 02.01.20 с., №1684)
 
Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ
Бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ
Субъекти соҳибкорӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкориеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд;
-  молу мулки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд;
- дар фаъолияти хоҷагидории дигар субъектҳои соҳибкорӣ  иштирок намояд;
- дар асоcи шартнома молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро истифода барад; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- барномаи фаъолияти хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилдиҳандагони мол (кор, хизматрасонӣ) - ро интихоб намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- барои эҳтиёҷоти давлат истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) - ро дар асоси шартнома ба анҷом расонад;
- суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, амалиёти муҳосибӣ ва дигар амалиёти молиявиро анҷом диҳад;
- фоидаи  аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардаро ихтиёрдорӣ ва истифода намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии робитаҳои хориҷии иқтисодӣ бошад, бо амалиёти асъорӣ машғул гардад;
- нархи моли истеҳсолнамуда  (кору хизматрасонии анҷомдода) - ро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мустақилона муайян намояд;
– якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои соҳибкориро таъсис диҳад ё ба онҳо шомил шавад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд;
- дар фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намояд;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии назоратӣ  барои  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ гунаҳкоранд, муроҷиат намояд;
- оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатии санҷишӣ ва назоратӣ анҷом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санҷишӣ бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад;
- дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) бо шартҳои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода  барад.
 
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои субъекти соҳибкорӣ
Субъекти соҳибкорӣ ӯҳдадор аст:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя намояд;
- мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ҳамчунин бо талаби коллективи меҳнатӣ шартномаи коллективӣ бандад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худ монеъ нашавад;
- ба коргарони кироя на кам аз андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд;
- оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ  дар асоси меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳо андешад;
- андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра пардохт намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- ҳангоми муфлисшавӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- ба рақобати носолим ва фаъолияти инҳисорӣ роҳ надиҳад;
- пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкориро таъмин намояд;
– барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома  гирад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намояд.
 
Моддаи 9. Ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфӣ дар бораи субъекти соҳибкорӣ
Сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфии субъекти соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
Моддаи 10. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 2. 
ТАНЗИМИ  ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
 
Моддаи 11. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ 
1. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, иттиллоотӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шуда, ба  беҳтар намудани  шароити  соҳибкорӣ ба  низоми зерин асос меёбад:
- бақайдгирии соҳибкорӣ;
- андозбандӣ;
- иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ;
- санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
- бақайдгирии молу мулк;
- ҳисоботдиҳӣ;
- суғуртакунӣ; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- танзими зиддиинҳисорӣ;
- содда намудани амалиёти воридотию содиротӣ бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
-  қарздиҳӣ;
  - мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ.
 
Моддаи 12. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ
Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ бо роҳҳои зерин амалӣ  карда мешавад:
- сода  намудани тартиби бақайдгирии субъекти соҳибкорӣ;
- дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд кардани  санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ;
- ба суд  шикоят овардани мақоми ваколатдори давлатӣ аз амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкориро халалдор мекунанд;
- ҳисоб кардани собиқаи меҳнатии соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - истифодаи дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. 
 
Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мансубанд:
- назорати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
- тасдиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- қабул ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим-кунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;
- таъсис додани Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- таъсис додани бизнес – инкубаторҳо;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалӣ (грантдиҳандагон) оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 14. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ 
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирӣ ва рушди cоҳибкорӣ;
- таҳлили муҳити соҳибкорӣ, омӯзиш, мониторинг ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таъсисёбӣ ва  рушди инфрасохтори соҳиб-корӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим-кунандаи фаъолияти  соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯрои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бизнес-инкубаторҳо;
- мусоидат намудан ба иштироки соҳибкорон дар татбиқи барномаҳои давлатии рушди инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва сохтмонӣ;
- фароҳам овардани шароит ба субъектҳои соҳибкорӣ барои иштирок намудан дар  бозори байналмилалии мол (кор, хизматрасонӣ);
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ;
- тарғиби сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ;
- мусоидат ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  рейтинги байналмилалӣ;
- ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солим;
 Сархати ҳаждаҳум хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1436)
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 15. Шӯро оид ба  рушди соҳибкорӣ ва  беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ  
1. Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (минбаъд - Шӯро) барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсия ва пешниҳодҳоро оид  ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода месозад.
2. Тартиби интихоби аъзои Шӯро тибқи Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад.
3.  Низомнома ва ҳайати Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 16. Бизнес- инкубаторҳо
1. Бизнес – инкубаторҳо барои рушд ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
2. Вазифаҳои асосии бизнес - инкубаторҳо аз инҳо иборат мебошанд:
- ташкили хизматрасонии босифат ва касбӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи навтаъсис дар  ҳама марҳилаҳои  фаъолияташон тавассути дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ байни субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна;
- ба иҷора додани биноҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ бо шартҳои имтиёзнок;
- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҳуқуқии соҳибкорони хурд ва миёна;
- ташкили ҳамкории субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо мақомоти давлатӣ;
- муайян ва ҳал кардани масъалаҳои ба миёномада дар фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- додани маслиҳатҳо оид ба масъалаҳои андозбандӣ;
- хизматрасонӣ доир ба тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ ва андозӣ;
- хизматрасонии таълимӣ оид ба таҳияи барномаи рушди тиҷорати соҳибкори навтаъсис;
- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳудудии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- таъмини рушди инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии рушди соҳибкорӣ;
- қабули қарорҳои дахлдор доир ба дастгирии давлатии  субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи барномаи ҳудудии рушди соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
 
Моддаи 18. Самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ;
- имконияти озодона амалӣ намудани ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст; 
- ташкили марказҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бизнес-инкубаторҳо, паркҳои технологӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ  ва дигар шаклҳои инфрасохтори соҳибкорӣ;
- таъмини методию таълимӣ, илмию методӣ ва иттилоотии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- ташкили фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
 
Моддаи 19. Дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди грантҳои давлатӣ барои ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт,  татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ва қисман кафолатдиҳии қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби  Фонди дастгирии давлатии  соҳибкорӣ амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 20. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузориҳои буҷетӣ барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкориро таҳия мекунанд.
2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
 
БОБИ 3.
КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИМОЯИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
 
Моддаи 21. Кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқи молу мулкии субъекти соҳибкорӣ
 (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
1. Субъекти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқи моликият буда, он аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад.
2. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
3. Молу мулки субъекти соҳибкориро барои эҳтиёҷоти давлатӣ фақат дар асоси қонун ва розигии ӯ бо пардохти арзиши пуррааш ё пешниҳоди молу мулки баробарарзиш гирифтан мумкин аст.
4. Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё шахсони алоҳида ба субъекти соҳибкорӣ расонида мешавад, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнида мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
Моддаи 22. Кафолат аз дахолат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ
1. Дахолат, амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори  мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии назоратӣ ва санҷишӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти хоҷагидории субъекти соҳибкорӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
2. Ба маҳдудкунии ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
БОБИ 4.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 23. Тартиби ҳалли баҳсҳо 
Баҳсҳо оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани  талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
 
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1 мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12, қ.2, мод. 997; с. 2010, №12, қ.1, мод. 817; с. 2011, №3, мод. 168) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Рањмон
 
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,
№ 1107