ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:08
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
17
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод.199; с. 2016, №11, мод. 888)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857, аз 19.03.2013 № 956, аз 14.11.2016 № 1372, аз 2.01.2019 № 1568, аз 13.11.2023 № 1997)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтироот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои дар Қонуни мазкур истифодашаванда маънои зерин доранд:
- ариза - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда, ки барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешаванд;
- дорандаи патент - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба номи ӯ ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода мешавад;
- ихтироъ - офаридаи нави техникие, ки имконият медиҳад масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳал карда шаванд;
- иҷозатнома (литсензия) - аз тарафи дорандаи патент ба дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ додани ҳуқуқи истифодабарии ихтирои бо патент ҳифзшаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857);
- намояндаи патентӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқ дорад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар назди Идораи патентӣ намояндагӣ намояд;
- объектҳои моликияти саноатӣ - ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои судманд, ки маҳсули фаъолияти зеҳнии инсон мебошанд;
- пешнамунаи (прототипи) ихтироъ - ҳаммонанди ихтироъ, ки бо маҷмӯи аломатҳои асосиаш ба ихтироъ наздиктарин аст;
- Конвенсияи Париж - Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- тавсифномаи ихтироъ - ҳуҷҷати мансуб ба ариза, ки дар он ихтироъ ба пуррагӣ тафсир мешавад;
- формулаи ихтироъ - ҳуҷҷати мансуб ба ариза, ки дар асоси тавсифномаи ихтироъ тартиб дода мешавад ва маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъро дар бар мегирад;
- шартҳои патентпазирӣ - шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи пешниҳоди ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ;
- ҳаммонанди ихтироъ - объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, маҷмӯи аломатҳои он ба маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст;
- ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ - патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтироъ тибқи Қонуни мазкур дода мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтироъ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтироъ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Моддаи 3. Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ
Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - Идораи патентӣ) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ таъмин менамояд, аризаҳоро барои объектҳои моликияти саноатӣ қабул мекунад, аз рӯи онҳо экспертиза мегузаронад, бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии маълумотро дар бораи объектҳои моликияти саноатӣ ба сомон мерасонад, ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад ва инчунин вазифаҳои дигарро, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии Идораи патентӣ пешбинӣ шудаанд, иҷро мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар назди Идораи патентӣ Шӯрои шикоятӣ амал мекунад, ки он мақоми ҳатмии аввалин оид ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба шумор меравад. Шӯрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Шӯрои шикоятӣ ба амал мебарорад.
Маблағгузории Идораи патентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, пардохтҳои корбарӣ инчунин маблағҳое, ки аз расондани хизматҳои патентӣ ва иттилоотӣ ворид шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 4. Ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ
Ҳуқуқ ба ихтироъ аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патент ва ё нахустпатент барои ихтироъ (минбаъд - ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ) тасдиқ карда мешавад.
Патент барои ихтироъ баъд аз гузаронидани экспертизаи моҳияти ариза дода шуда, аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дар давоми бист сол амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Нахустпатент барои ихтироъ баъд аз гузаронидани экспертизаи пешакии ариза барои нахустпатент дода мешавад ва аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дар давоми даҳ сол амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).   
Ҳуҷҷати муҳофизатӣ аввалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноии истифодабарии ихтироъро тасдиқ мекунад.
Мӯҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ, ки ба маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) дахл дорад ва ҷиҳати истифодабарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии маводи дорувории мақомоти дахлдор талаб карда мешавад, бо дархости дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби Идораи патентӣ тамдид карда мешавад, агар аз рӯзи пешниҳоди ириза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ то гирифтани шаҳодатномаи мазкур зиёда аз чор сол гузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Мӯҳлати мазкур ба давраи аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ то рӯзи гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ барои истифодаи маҳсулот, бо кам кардани чор сол, вале на зиёда аз панҷ сол тамдид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Тартиби пешниҳоди дархост оид ба тамдид кардани мӯҳлати ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ва баррасии онро Идораи патентӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Моддаи 5. Ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ
Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқӣ, ки онро ҳуҷҷати муҳофизатӣ медиҳад, бо формулаи ихтироъ муайян карда мешавад. Барои маънидод намудани формулаи ихтироъ тавсифнома ва нақшаҳo истифода шуда метавонанд.
Амали ҳуҷҷати муҳофизатии барои тарзи ба даст овардани маҳсулот додашуда ба маҳсулоте, ки бевосита бо ин тарз ҳосил шудаааст, низ дахл дорад. Маҳсулоти нав дар он сурат бо тарзи патентнокшуда ба даст овардашуда ҳисобида мешавад, агар далелҳои акс вуҷуд надошта бошанд.
Ҳифзи ҳуқуқӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба ихтирооте, ки сирри давлатиро дар бар мегиранд, дода намешавад. Тартиби ба онҳо додани ҳифзи ҳуқуқиро санади дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
БОБИ 2. ПАТЕНТПАЗИРИИ ИХТИРООТ
Моддаи 6. Шартҳои патентпазирии ихтироъ
Ба ихтироъ ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад, агар он нав, дорои сатҳи ихтироъкорӣ ва қобили татбиқ бошад.
Ихтироъ нав ба ҳисоб меравад, агар он қисми сатҳи техника набошад.
Сатҳи техника маҷмӯи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироъ дар ҷаҳон қобили дастрасии умум гардидааст.
Ихтироъ дорои сатҳи ихтироъкорӣ маҳсуб меёбад, агар он барои мутахассис аз маълумот дар бораи сатҳи техника ошкоро пайдо нагардад.
Ихтироъ қобили татбиқ ҳисобида мешавад, агар он дар саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон истифода шуда тавонад.
Сохтор, тарз, модда, штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот, инчунин аз рӯи таъиноти нав истифода бурдани онҳо объектҳои ихтироъ буда метавонанд.
Объектҳои зерин ба маънои муқаррароти Қонуни мазкур ихтироъ маҳсуб намешаванд:
- назарияҳои илмӣ ва методҳои математикӣ;
- методҳои ташкилу идоракунии хоҷагӣ;
- аломатҳои шартӣ, ҷадвалҳо, қоидаҳо;
- қоидаҳо ва методҳои иҷрои амалиёти фикрӣ;
- алгоритмҳо ва барномаҳо барои мошинҳои ҳисоббарор;
- лоиҳаҳо ва схемаҳои банақшагирии иншоот, биноҳо, маҳалҳо;
- пешниҳодҳое, ки танҳо ба намуди берунаи маҳсулот дахл дошта, ба қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ равона шудаанд.
Ба маънои муқаррароти Қонуни мазкур объектҳои зерин ба сифати объектҳои патентпазир эътироф карда намешаванд:
- топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ;
- навъҳои растаниҳо ва зотҳои ҳайвонот;
- пешниҳодҳое, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондӯстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.
Патентпазирии ихтироъро ошкор намудани маълумоте, ки дар натиҷаи он моҳияти ихтироъ дастраси умум гардидааст, халалдор намекунад, агар ин амал аз ҷониби аризадиҳанда, муаллиф ва ё шахси дигаре, ки аз онҳо мустақиман ва ё ба тариқи ғайримустақим маълумоти ба ихтироъ дахлдорро ба даст овардааст, иҷро шуда бошад ва агар ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ба Идораи патентӣ на дертар аз шаш моҳи баъд аз санаи ошкор шудани ин маълумот пешниҳод шуда бошад. Дар айни замон ӯҳдадории исбот намудани воқеияти ин амал ба зиммаи аризадиҳанда гузошта мешавад.
БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚ БА ИХТИРОЪ
Моддаи 7. Муаллифи ихтироъ
Шахси воқеие, ки бо меҳнати эҷодкоронаи вай ихтироъ офарида шудааст, муаллифи ихтироъ ҳисобида мешавад. Агар дар офаридани ихтироъ якчанд шахсони воқеӣ иштирок карда бошанд, ҳамаи онҳо муаллифи ихтироъ ҳисоб мешаванд. Тартиби истифодаи ҳуқуқҳое, ки ба муаллифон тааллуқ доранд, бо созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад.
Шахсоне, ки дар офаридани ихтироъ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд, ба муаллиф(он) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва ё моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба ихтироъ ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифи ихтироъ ҳисоб намешаванд.
Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии бегонанашаванда буда, бемӯҳлат ҳифз карда мешавад.
Моддаи 8. Аризадиҳанда
Ҳуқуқи пешниҳоди аризаро барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ инҳо доранд:
- муаллиф(он)-и ихтироъ;
- корфармо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 9 ҳамин Қонун;
- ворис(он)-и ҳуқуқии муаллиф (он) ва ё корфармо.
Моддаи 9. Дорандаи патент
Ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба инҳо дода мешавад:
- муаллифи ихтироъ;
- шахсе, ки ӯро муаллифи ихтироъ дар ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ муайян намудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- ворисони ҳуқуқии шахсони дар боло зикргардида.
Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтирое, ки онро корманд дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматиаш ва ё аз корфармо гирифтани супориши мушаххас офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Агар корфармо дар давоми чор моҳи баъди санаи аз ҷониби муаллиф дар бораи офаридани ихтироъ хабардор карда шуданаш ба Идораи патентӣ ариза надиҳад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ огоҳ нанамояд, пас ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба муаллиф мегузарад. Дар ин ҳолат корфармо ҳуқуқ дорад ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, ихтироъро дар истеҳсолоти худ истифода барад.
Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтирое, ки корманд таҷриба, воситаҳои моддӣ, техникӣ ва дигар воситаҳои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматии корманд ва ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар ин ҳолат корфармо ҳуқуқ дорад ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, ихтироъро дар истеҳсолоти худ истифода барад.
Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллифи ихтирое, ки якҷоя бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ офарида шудааст
Корманде, ки дар қисми дуюми моддаи 9 Қонуни мазкур зикр шудааст, ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз ихтироъ ба таври лозимӣ истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:
- аз ҷониби корфармо гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатиро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;
- аз ҷониби корфармо қабул намудани қарор дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ;
- бо сабабҳои вобаста ба корфармо нагирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рӯи аризаи аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда.
Подош бо андоза ва шартҳои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда пардохта мешавад.
Дар ҳолати байни тарафҳо ба даст наомадани созиш нисбати андоза ва тартиби пардохти подош ва ё ҷуброн баҳс бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Барои саривақт напардохтани подош ва ё ҷуброни дар шартнома муайяншуда корфармо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
БОБИ 4. АРИЗА БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ
Моддаи 11. Пешниҳоди ариза барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Аризаро барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (минбаъд - ариза) аризадиҳанда ба Идораи патентӣ пешниҳод мекунад.
Ариза ба воситаи намояндаи патентӣ, ки Идораи патентӣ ӯро ба қайд гирифтааст, пешниҳод шуда метавонад.
Шахсони воқеие, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онро ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда пеш мебаранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан берун аз ҳудуди он мебошанд, корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онҳоро ба воситаи намояндаи патентӣ ва ё дар сурати нишон додани нишонии мукотиба дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита худашон пеш мебаранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Ваколати намояндаи патентӣ бо бовариномае, ки аризадиҳанда ба ӯ додааст, тасдиқ карда мешавад. Талаботро ба намояндаи патентӣ, тартиби аттестатсия ва бақайдгириии ӯро Идораи патентӣ муайян мекунад.
Моддаи 12. Ариза
Ариза бояд ба як ихтироъ ва ё гурӯҳи ихтироъҳои бо ҳам то ба ҳадде алоқаманд, ки ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил медиҳанд (талаботи ягонагии ихтироъ), дахл дошта бошад.
Ариза бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:
- дархост дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ бо нишон додани номи ихтироъ, муаллиф(он)и ихтироъ ва шахс(он)е, ки ба номи ӯ (онҳо) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё ҷойгиршавии онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- тавсифномаи ихтироъ, ки ихтироъро бо пуррагии кифоя барои амалӣ гардондан аз ҷониби мутахассис ошкор мекунад;
- формулаи ихтироъ, ки моҳияти онро ифода мекунад ва ба тавсифнома асос ёфтааст;
- реферат;
- нақшаҳо ва маводи дигар, агар онҳо барои фаҳмидани моҳияти ихтироъ зарур бошанд.
Дархост дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба забони давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари ариза ба забонҳои дигар пешниҳод шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Барои нигоҳ доштани санаи пешниҳоди ариза, ки мувофиқи моддаи 14 Қонуни мазкур муайян карда мешавад, тарҷумаи ин ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ бояд дар муддати се моҳ пас аз воридшавии нахустини онҳо ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шавад.
Ба ариза ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои напардохтани ё кам кардани ин пардохт илова карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур якҷоя бо ариза ва ё дар муддати се моҳи баъд аз расидани ариза ба Идораи патентӣ пешниҳод шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ва нахустпатент ба ихтироъро Идораи патентӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиҳанда ислоҳ намудани ҳуҷҷатҳои ариза
Аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир надода, ба маводҳои он ислоҳҳо ва тасҳеҳ дохил кунад.
Ислоҳҳо ва тасҳеҳро ба маводи ариза дар сурати супурдани пардохти корбарии дахлдор инчунин баъди гузаштани мӯҳлати семоҳа, лекин на дертар аз баровардани қарор аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи моҳиятӣ дохил кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 14. Санаи пешниҳоди ариза
Санаи пешниҳоди ариза аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ҳуҷҷатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- дархост барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- тавсифномаи ихтироъ;
- нақшаҳо, агар онҳо дар тавсифнома зикр шуда бошанд.
Агар ҳуҷҷатҳои номбаршуда дар як рӯз ворид нашуда бошанд, санаи воридшавии ҳуҷҷати дертар расида ба сифати санаи пешниҳоди ариза қабул карда мешавад.
Дар ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 12 ҳамин Қонун ариза пешниҳоднашуда маҳсуб мегардад.
Моддаи 15. Табдилдиҳии apизаҳo
Аризадиҳандае, ки барои додани патент ба ихтироъ ариза додааст, дар давоми се соли баъди санаи пешниҳоди ин ариза ҳуқуқ дорад барои додани нахустпатент дархост пешниҳод намояд.
То қабули қарори экспертизаи пешакӣ, ки мувофиқи моддаи 21 Қонуни мазкур гузаронида мешавад, ариза барои додани нахустпатент метавонад ба ариза барои додани патент табдил дода шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар сурати ба амал баровардани ин гуна табдилҳо аввалияти аризаи аввала нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 16. Махфӣ будани коргузорӣ аз рӯи ариза
Идораи патентӣ дар доираи коргузорӣ аз рӯи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин бора хоҳиши аризадиҳанда ва ё иҷозати ӯ бошад, ба ҳеҷ шахсе иҷозати дастрас намудани аризаро намедиҳад.
БОБИ 5. АВВАЛИЯТИ ИХТИРОЪ
Моддаи 17. Шартҳои муқаррар намудани аввалият
Аввалияти ихтироъ аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза муқаррар карда мешавад.
Аввалияти ихтироъ аз рӯи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводҳоро аризадиҳанда то гузаштани мӯҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводҳои иловагӣ бинобар моҳияти ихтирои арзшударо тағйирдиҳанда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.
Аввалият аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии ин ихтироъро маънидодкунандаи ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар ариза, ки аз рӯи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.
Аввалият дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар яки онҳо шартҳои дар қисми сеюми ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад муқаррар шавад.
Муқаррар намудани аввалият аз рӯи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рӯи он аллакай аввалияти барвақттар дархост шудааст, мумкин нест.
Аввалияти ихтироъ аз рӯи аризаи ҷудокардашуда аз рӯи санаи пешниҳоди аризаи аввали ҳамон як аризадиҳанда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда ба Идораи патентӣ то аз рӯи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи радди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи ба аризаи зикршуда додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ , то рӯзи бақайдгирии ихтироъ дар Феҳристи давлатии ихтироот ворид шуда бошад.
Агар дар рафти экспертиза муқаррар карда шавад, ки ихтирооти ҳаммонанд санаи якхелаи аввалият доранд, пас ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рӯи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патентӣ исбот шудааст, дар ҳолати мувофиқат кардани ин санаҳо бошад - аз рӯи аризае, ки рақами бақайдгирии пештар додашудаи Идораи патентиро дорад, агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 18. Аввалияти конвенсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568)
Аввалияти ихтироъ аз рӯи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ пешниҳод шудани аризаи якум барои ин ихтироъ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ариза ба Идораи патентӣ дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди санаи зикршуда ворид шуда бошад (аввалияти конвенсионӣ). Агар бинобар ҳолатҳои новобаста ба аризадиҳанда ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар мӯҳлати зикргардида пешниҳод нашуда бошад, ин мӯҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз се моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Аризадиҳандае, ки аз ҳуқуқи аввалияти конвенсионӣ истифода бурдан мехоҳад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳодшавии ариза изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро замима кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
БОБИ 6. ЭКСПЕРТИЗАИ АРИЗА
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Моддаи 19. Экспертизаи расмии ариза
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Идораи патентӣ баъди гузаштани се моҳ аз санаи пешниҳоди ариза аз рӯи он экспертизаи расмӣ мегузаронад. Мувофиқи дархости хаттии аризадиҳанда экспертизаи расмӣ то гузаштани мӯҳлати зикршуда оғоз шуда метавонад. Дар ин ҳол аризадиҳанда аз лаҳзаи пешниҳод кардани дархост аз ҳуқуқи бе пардохт бо ташаббуси худ ислоҳ ва саҳеҳ кардани ҳуҷҷатҳо, ки моддаи 13 ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум мегардад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза мувофиқи моддаҳои 11 ва 12 ҳамин Қонун мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи нисбати онҳо муқарраршуда санҷида шуда, масъала дар бораи он, ки пешниҳоди арзшуда ба объектҳои дар қисмҳои 6, 7 ва 8 моддаи 6 ҳамин Қонун зикргардида дахл дорад ё не, баррасӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Инчунин санҷида мешавад, ки пешниҳоди арзшуда зери шартҳои дар қисми сеюми моддаи 5 ҳамин Қонун зикршуда қарор надошта бошад.
Агар аризадиҳанда мувофиқи моддаи 13 ҳамин Қонун аз рӯи ариза маводҳои иловагӣ пешниҳод намояд, дар рафти экспертиза моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир надодани онҳо санҷида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Маводҳои иловагӣ моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир медиҳанд, агар онҳо аломатҳои ба формулаи ихтироъ дохил шуданашон зарур ва дар маводҳои пешинаи ариза набударо дарбар гиранд. Маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтирои пешниҳодшуда ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва аз ҷониби аризадиҳанда ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шуданашон мумкин аст.
Агар ариза бо риояи ҳамаи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбии экспертизаи расмӣ хабардор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Аз рӯи аризае, ки бо вайрон кардани талабот ба ҳуҷҷатҳои он пешниҳод шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар давоми ду моҳи аз рӯзи гирифтани он ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ва ё намерасидаро пешниҳод намояд. Агар аризадиҳанда маводҳои дархостшуда ва ё илтимосномаро дар бораи дароз кардани мӯҳлати муқарраршуда дар мӯҳлати зикргардида пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда ҳисоб карда мешавад.
Аз рӯи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии ихтироъ пешниҳодшуда ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани огоҳиномаи дахлдор Идораи патентиро дар бораи он, ки кадоме аз пешниҳодҳои аризадиҳанда бояд баррасӣ шаванд, хабардор кунад ва дар ҳолати зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои ариза тасҳеҳ дарорад. Барои пешниҳодоти дигари ба маводҳои аризаи нахустин дохилшуда аризадиҳанда ҳуқуқи ба расмият даровардан ва пешниҳод кардани аризаҳои ҷудокардашударо дорад.
Агар аризадиҳанда дар давоми ду моҳи баъди фиристодани огоҳинома дар бораи вайрон шудани талаботи ягонагии ихтироъ ба Идораи патентӣ дар бораи он, ки кадоме аз пешниҳодҳояш бояд баррасӣ шаванд, хабар надиҳад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешкаш накунад, пешниҳоди аввалини дар формула нишондодашуда, ҳамчунин пешниҳодҳои дигаре, ки бо он ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил мекунанд, агар чунин пешниҳодҳо мавҷуд бошанд, баррасӣ мешавад.
Аризадиҳанда ҳангоми бо қарори экспертиза норозӣ буданаш ҳуқуқ дорад, ки дар муддати се моҳи баъди санаи баровардани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Эътироз бояд дар давоми ду моҳ баррасӣ шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 20. Экспертизаи моҳиятии ариза
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Идораи патентӣ мувофиқи дархости аризадиҳанда (ва ё шахсони сеюм), ки метавонад ҳар вақт дар давоми се соли баъд аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани патент барои ихтироъ пешниҳод гардад, ҳамчунин бо дархости дорандаи нахустпатент, ки дар давоми мӯҳлати амали он дода шуданаш мумкин аст, экспертизаи моҳиятии аризаро мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Агар дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ дар муддати се сол пешниҳод карда нашавад, ариза барои ихтироъ, ки аз рӯи он нахустпатент дархост нашудааст, бозхондшуда ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар рафти экспертизаи моҳиятии ариза, ки ҳангоми гузаронидани он ҷустуҷӯи иттилоотӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи техника ба амал бароварда мешавад, аввалияти ихтироъ муқаррар карда шуда, шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки дар моддаи 6 ҳамин Қонун муайян гардидаанд, санҷида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дархост намояд. Маводҳои иловагӣ аз рӯи дархости экспертиза бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи дархостро гирифтани аризадиҳанда бе тағйир додани моҳияти ихтироъ пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Ба маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 19 ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад.
Агар Идораи патентӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза муқаррар намояд, ки пешниҳоди арзшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархостнамудаи аризадиҳанда ба шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки моддаи 6 ҳамин Қонун муайян намудааст, мувофиқат мекунад, дар бораи додани патент қарор бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Агар муқаррар карда шавад, ки ихтирои пешниҳодшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархостшуда ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.
Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, дар қарори экспертиза ва ё ҳисоботи ҷустуҷӯ нишондодашуда шинос гардад. Нусхаҳои маводҳои патентии дархостшударо Идораи патентӣ дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост ба аризадиҳанда мефиристад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Аризадиҳанда дар сурати норозӣ буданаш бо қарор дар бораи радди додани патент ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд.
Агар аризадиҳанда бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати шаш моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба суд муроҷиат намояд.
Мӯҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳо аз рӯи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шӯрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рӯи дархости аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди ба охир расидани мӯҳлати гузаронидашуда пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ шудани сабабҳои узрноки риоя нашудани мӯҳлатҳо ва пардохти дахлдор барқарор намояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Моддаи 21. Экспертизаи пешакии ариза барои додани нахустпатент
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Экспертизаи пешакии ариза барои додани нахустпатент баъди бо натиҷаи мусбӣ ба анҷом расидани экспертизаи расмӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар рафти гузаронидани экспертизаи пешакӣ аввалияти ихтироъ муқаррар карда шуда, мувофиқ будани он ба шартҳои навӣ ва қобили татбиқ будан санҷида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Санҷидани мувофиқати ихтирои пешниҳодшуда ба талаботи навии сатҳи техника танҳо инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372):
- ҳаммонандҳо ва пешнамунаҳои ихтироъ, ки аризадиҳанда дар маводҳои ариза овардааст;
- аризаҳои бозхонднашуда барои ихтироот аз тарафи шахсони дигар пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372);
- ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентдоршуда, моделҳои судманди бақайдгирифташуда ва дигар сарчашмаҳои иттилоотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси умумибуда (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи пешакӣ ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дархост намояд. Маводҳои иловагие, ки экспертиза тақозо мекунад, бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Барои маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ тартиби дар қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 19 ҳамин Қонун муқарраршуда татбиқ карда мешавад.
Агар дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи пешакӣ муқаррар карда шавад, ки пешниҳоди арзшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархосткардашуда ба шарти навии ихтироъ, ки бо назардошти қисми сеюми ҳамин модда муайян шудааст ва шарти қобили татбиқ будан, ки онро моддаи 6 Қонуни мазкур муайян намудааст, мувофиқат мекунад, дар бораи додани нахустпатент қарор бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)..
Нахустпатент ба масъулияти аризадиҳанда дода мешавад.
Дар ҳолати ба шартҳои патентпазирӣ номувофиқ будани ихтирои пешниҳодшуда қарор дар бораи рад шудани додани нахустпатент бароварда мешавад.
Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, қарори экспертиза ва ё ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯ овардашуда шинос шавад. Нусхаҳои маводҳои патентии аризадиҳанда дархостнамударо Идораи патентӣ ба ӯ дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост мефиристад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Аризадиҳанда дар сурати розӣ набуданаш бо қарор дар бораи радди додани нахустпатент ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи фиристодани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати се моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд. Агар аризадиҳанда бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набошад, ӯ метавонад дар муддати як моҳи баъди санаи фиристодани қарор ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Мӯҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳоро аз рӯи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шӯрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рӯи дархости аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди ба охир расидани мӯҳлати гузаронидашуда пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ шудани сабабҳои узрноки риоя нашудани мӯҳлатҳо ва пардохти дахлдор барқарор намояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Моддаи 22. Бозхонди ариза
Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад то нашри маълумот дар бораи ариза, аммо на дертар аз санаи дар Феҳристи давлатии ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани он аризаро бозпас гирад.
Моддаи 23. Нашри маълумот оид ба ариза ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Маълумот оид ба ариза ва ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар хабарномаи расмӣ нашр карда мешавад. Пуррагии маълумоти интишоршавандаро Идораи патентӣ муайян мекунад.
Маълумот оид ба ариза, ки экспертизаи расмиро бо натиҷаи мусбӣ гузаштааст, баъди гузаштани 18 моҳ аз санаи пешниҳоди ариза нашр мешавад. Бо дархости аризадиҳанда ва дар сурати супурда шудани пардохти корбарии дахлдор маълумот оид ба ариза мумкин аст аз мӯҳлати мазкур пештар чоп карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Идораи патентӣ пас аз ба қайд гирифтани ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда дар хабарномаи расмӣ бетаъхир нашр мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Маълумоти нашршуда бояд номи муаллиф(он) (бо розигии онҳо) ва доранда(гон)- и патент (нахустпатент), ном ва формулаи ихтироъро дар бар гирад.
БОБИ 7. ДОДАНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқии муваққатии ихтироъ
Ба ихтирои пешниҳодшуда аз санаи нашри маълумот дар бораи ариза то санаи нашри маълумот дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳаҷми формулаи нашршуда ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ дода мешавад.
Ба ихтирое, ки дар намоишгоҳи расмӣ ва расман шинохташудаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудааст, аз санаи дар намоишгоҳ ҷойгир кунонидани он то санаи нашри аввалини маълумот оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба шарте, ки ариза барои ин ихтироъ на дертар аз шаш моҳи баъди санаи дар намоишгоҳ ҷойгир кунонидани он ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шуда бошад, ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ дода мешавад.
Ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ фаронорасида ҳисоб карда мешавад, агар қарор дар бораи надодани ҳуҷҷати муҳофизатӣ қабул шуда, имконияти шикоят аз рӯи ин қарор аз даст рафта бошад.
Дорандаи патент баъд аз гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки ихтирои пешниҳодшударо дар давраи амали ҳифзи ҳуқуқии муваққатии он истифода намудааст, додани ҷубронпулии муносибро талаб намояд.
Муқаррароти қисми чоруми ҳамин модда аз рӯзе, ки аризадиҳанда шахси аз ихтироъ истифодабурдаро дар бораи пешниҳод шудани ариза барои ин ихтироъ огоҳонидааст, татбиқ мегарданд, агар ин сана аз санаи нашри маълумот дар бораи ариза пештар фаро расида бошад.
Моддаи 25. Бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Идораи патентӣ дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохт барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ихтироъро ба Феҳристҳои давлатии ихтироот дохил мекунад ва ба дорандаи патент ҳуҷҷати муҳофизатӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти иловагӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568, аз 13.11.2023 № 1997).
Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шахс, ки ба номашон ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, ба онҳо як патент ва ё нахустпатент дода мешавад. Идораи патентӣ ба муаллиф (муаллифон)-и ихтироъ, ки дорандаи патент нестанд, шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллиф будани онҳоро медиҳад.
Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтро барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба амал бароварда намешавад, аризаи дахлдор бозхондшуда ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Мундариҷаи маълумотеро, ки ба Феҳристҳои давлатӣ дохил карда мешаванд, намуди патент, нахустпатент ва номгӯи маълумоти дар онҳо дарҷшавандаро Идораи патентӣ муайян мекунад.
БОБИ 8. ҲУҚУҚИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ ИХТИРОЪ
Моддаи 26. Ҳуқуқҳои дорандаи патент
Ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, аз ҷумла, ҳуқуқи сохтан, татбиқ, намудан, ворид кардан, фурӯхтан, бо роҳи дигар ба гардиши ҳоҷагидорӣ даровардан ва ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшавандаро дар бар мегирад, ҳуқуқи татбиқ намудани тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, инчунин ҳуқуқи манъи истифода шудани ихтирои номбаршуда аз ҷониби шахсони дигар, ғайр аз ҳолатҳое, ки ингуна истифодабарӣ мувофиқи ҳамин Қонун вайрон намудани ҳуқуқи истисноии дорандаи патент маҳсуб намегардад, ба дорандаи патент тааллуқ дорад.
Маҳсулот дарбаргирандаи ихтирои бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда эътироф мешавад ва тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда бошад, татбиқёфта ҳисоб карда мешавад, агар ҳар як аломати ихтироъ, ки дар банди алоҳидаи формула оварда шудааст ва ё аломати ба он эквивалент, ки то санаи оғози истифодаи ихтироъ ба чунин сифат дар соҳаи мазкури техника маълум аст, дар маҳсулот мавҷуд бошад ва дар тарз истифода шуда бошад.
Ба гардиши хоҷагидорӣ ворид намудан ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки бо истифодаи бевоситаи тарзи патентнокшудаи ҳосил кардани маҳсулот истеҳсол шудаст, низ истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда ҳисоб мегардад.
Тайёр намудани намунаи таҷрибавии воситае, ки ихтироъро дар бар мегирад, инчунин санҷиши таҷрибавӣ ва озмоиши он истифодаи ихтироъ маҳсуб намешавад.
Муносибатҳои тарафҳоро оид ба истифодаи ихтирое, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба он ба якчанд шахс тааллуқ дорад, созишномаи байни онҳо муайян мекунад. Ҳангоми набудани чунин созишнома ҳар як дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ихтирои ҳифзшавандаро мувофиқи салоҳдиди худ истифода бурда метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур ҳуқуқи ба шахси дигар додани иҷозатнома ва ё вогузор кардани ҳуқуқи истисноиро (гузашт кардани патентро) надорад.
Соҳиби патент метавонад аломати огоҳкунандаеро, ки дорои патент ё нахустпатент будани ихтирои истифодашавандаро нишон медиҳад, истифода барад.
Патент, нахустпатент ба ихтироъ ва ҳуқуқи гирифтани онҳо ба мерос мемонад.
Дорандаи патент ҳуқуқ дорад ҳуқуқи истисноияшро ба ҳар кадом шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ вогузор кунад (гузашт кардани патент). Шартнома дар бораи вогузор кардани ҳуқуқи истисноӣ бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.
Агар дорандаи патент ихтирои ҳуқуқи истисноидоштаро, бе вайрон намудани ҳуқуқҳои дорандаи патенти дигар (патенти якум), ки бастани шартномаи иҷозатномавиро бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарраргардида рад намудааст, истифода бурда натавонад, ҳуқуқ дорад ба суд бо аризаи даъвогӣ ҷиҳати ба ӯ додани иҷозатномаи маҷбурӣ (тибқи моддаи 28 ҳамин Қонун) барои истифодаи ихтирои мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Дар аризаи даъвогӣ бояд шартҳои ба дорандаи патенти дуюм додани чунин иҷозатнома, аз ҷумла ҳаҷми истифодаи ихтироъ, андоза, тартиб ва мӯҳлати пардохтҳо нишон дода шаванд. Агар дорандаи патенти дуюм, ки ба чунин ихтирои вобаста ҳуқуқи истисноӣ дорад, исбот намояд, ки ихтирои ӯ дастоварди муҳими техникӣ буда, аз ихтирои дорандаи патенти якум афзалияти комили иқтисодӣ дорад, суд дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад. Ҳуқуқи истифодаи ихтироъ, ки тибқи чунин иҷозатнома ба даст оварда мешавад, ба истиснои ҳолати мусодираи патенти дуюм ба дигар шахс дода намешавад. Дар сурати додани иҷозатномаи маҷбурӣ тибқи қоидаҳои мазкур дорандаи патенти якум ҳуқуқ дорад бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарраргардида иҷозатномаи ғайриистисноиро ҷиҳати истифодаи ихтирои вобаста ба даст дарорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Моддаи 27. Додани ҳуқуқ барои истифодаи ихтироъ
Ҳар кадом шахсе, ки дорандаи патент нест, ба истифодаи ихтирои бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳифзшуда танҳо бо иҷозати дорандаи патент, дар асоси шартнома оид ба додани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ дорад.
Мувофиқи чунин шартнома дорандаи патент (иҷозатномадеҳ) ӯҳдадор мешавад, ки ҳуқуқро барои истифодаи ихтирои ҳифзшуда дар ҳаҷми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (иҷозатномагир), ки ӯ ӯҳдадории иҷро намудани ҳамаи амалҳои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, диҳад.
Дар ҳолати пешниҳоди иҷозатномаи истисноӣ ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ дар ҳудуди дар шартнома зикршуда ба иҷозатномагир мегузарад. Ҳуқуқи истифодаи қисми ба иҷозатномагир доданашавандаи ихтироъ дар ҷониби иҷозатномадеҳ мемонад.
Иҷозатномадеҳ дар ҳолати иҷозатномаи ғайриистисноӣ ба иҷозатномагир ҳуқуқи истифодаи ихтироъро дода истода, ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, аз ҷумла, ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани иҷозатномаҳоро нигоҳ медорад.
Шартномаи оид ба додани иҷозатнома бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.
Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентӣ дар бораи ба ҳар кадом шахс дода шудани ҳуқуқ барои истифодаи ихтироъ (иҷозатномаи кушода) дархост диҳад. Дар ин ҳолат андозаи пардохт барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавҷудияти чунин дархост 50 фоиз кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Дар ҳолати бозхонди иҷозатномаи кушода аз тарафи дорандаи патент пардохт барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар давоми вақти амали иҷозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин пардохт ба андозаи пуррааш пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Шахсе, ки хоҳиши гирифтани иҷозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент дар бораи пардохтҳо шартнома бандад. Баҳсҳои марбут ба бастани чунин шартнома дар суд баррасӣ мешаванд.
Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои додани чунин намуди иҷозатнома (литсензия) татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Моддаи 28. Иҷозатномаи маҷбурӣ
Дорандаи патент вазифадор аст, ки ихтироъро истифода барад. Ҳангоми дар давоми панҷ соли баъди рӯзи нашри маълумот оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз тарафи дорандаи патент истифода нашудан ва ё ба дараҷаи зарурӣ истифода нашудани ихтироъ, шахси ҳоҳиши истифодаи ихтироъро дошта ва ба ин омодабуда, дар ҳолати бо шартҳои мувофиқ ба амалияи муқарраргардида аз имзои шартнома оид ба додани иҷозатнома саркашӣ намудани дорандаи патент, метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи ба вай додани иҷозатномаи маҷбурӣ барои истифодаи ихтирои мазкур муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Агар дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ исбот накунад, ки истифода набурдан ва ё ба дараҷаи зарурӣ истифода набурдани ихтироъ сабабҳои узрнок дорад, суд дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад.
Ҳангоми қабули қарор дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ суд бояд ҳудудҳои истифодаи ихтироеро, ки ҳуҷҷати муҳофизатии он ба шахси дигар тааллуқ дорад, дар ҳаҷме, ки барои истифодаи ихтирои патентнокшудаи шахси дигар (талабкунандаи иҷозатномаи маҷбурӣ) зарур аст, инчунин андоза, мӯҳлат ва тартиби пардохтҳоро муайян намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати бехатарии миллӣ, ҳамчунин дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон), ҳуқуқ дорад истифодаи ихтироъро иҷозат диҳад ва ба дорандаи патент ҷубронпулии муносибро пардозад. Дар ин ҳолат ҳаҷм ва давомнокии истифодаи ихтирои патентнокшуда бо мақсадҳое, ки маҳз барои расидан ба онҳо иҷозати истифодаи ихтироъ дода мешавад, маҳдуд мегардад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Иҷозатномаи маҷбурӣ иҷозатномаи ғайриистисноӣ буда, ба шахси дигар гузашт кардани он мумкин нест. Баҳсҳоеро, ки дар натиҷаи чунин истифодабарии ихтироъ ба миён меоянд, суд ҳал мекунад.
Иҷозатномаи маҷбурӣ бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.
Моддаи 29. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ
Ҳар як шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки ихтироъро хилофи Қонуни мазкур истифода мебарад, вайронкунандаи ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ) ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дорандаи патент ҳуқуқ дорад талабҳои зеринро пеш гузорад:
- қатъ намудани вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- аз шахси ба вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ айбдоршуда ситонидани ҷуброни зарарҳое, ки расонида шудаанд, аз ҷумла фоидаи аз даст додашуда ва ҷуброни зарари маънавӣ (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956);
- ба ҷои ҷуброни зарарҳо ситонидани даромади ба даст овардаи вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ба фоидаи худ мусодира намудани маҳсулоти ба гардиши хоҷагӣ даровардашуда ва ё бо ин мақсад нигоҳдошташуда, ки вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ҳисоб меравад, инчунин мусодираи воситаҳои барои вайрон кардани ҳуҷҷати муҳофизатӣ пешбинишуда;
- бо мақсади барқарор намудани обрӯи кории худ дар нашрияҳои расмии Идораи патентӣ нашр намудани қарори суд.
Ба вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ дорандаи иҷозатномаи истисноӣ, агар дар шартнома оид ба додани иҷозатнома ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ё дорандаи иҷозатномаи ғайриистисноӣ, агар ин дар шартнома пешбинӣ шуда бошад, низ даъво карда метавонад.
Моддаи 30. Амалҳое ки вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ҳисоб намешаванд
Амалҳои зерин вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд:
- татбиқи василаҳои дарбаргирандаи ихтирооти бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшуда дар таркиб ва ё ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ, ҳавоӣ ва обии мамлакатҳои дигар, ба шарте ки воситаҳои нақлиёти номбаршуда муваққатан ва ё тасодуфан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд ва барои эҳтиёҷоти нақлиёт истифода бурда шаванд ва агар ин воситаҳои нақлиёт ба шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқии мамлакатҳое тааллуқ дошта бошанд, ки онҳо низ ба соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна ҳуқуқҳоро медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва ё таҷриба дар воситаҳои ихтироъҳоро дарбаргиранда;
- истифода намудани воситаҳое, ки ихтироъҳоро дар бар мегиранд, ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон) бо шарти дар навбати аввал қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, пардохти ҷуброни андозааш мувофиқ ва фавран огоҳ намудани дорандаи патент (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857);
- истифода намудани воситаҳои ихтироотро дарбаргиранда бе ба даст овардани фоида;
- аз рӯи доруномаҳои табиб як маротиба тайёр намудани доруҳо дар дорухонаҳо;
- истифодаи воситаҳое, ки ихтирооти бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳифзшударо дар бар мегиранд, агар ин воситаҳо бо роҳи қонунӣ мувофиқи ҳуқуқҳои ба соҳибони патент додашуда ба гардиши ҳоҷагидорӣ дароварда шуда бошанд.
Амалҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, набояд истифодаи мӯътадили патентро беасос халалдор сохта, манфиатҳои қонунии дорандаи патентро поймол кунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Моддаи 31. Ҳуқуқи истифодаи пешина
Ҳар кадом шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки то санаи аввалияти ихтироъ новобаста ба муаллифи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан ҳамон ихтироъро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёриҳои зарурӣ дида бошад, ҳуқуқи минбаъд бе васеъ кардани ҳаҷми истеҳсолот ройгон истифода бурдани ихтироъро нигоҳ медорад (ҳуқуқи истифодаи пешин) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Ҳуқуқи истифодаи пешин мумкин аст ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи ихтирои ҳаммонанд ҷой дошт ва ё тайёриҳои зарурӣ барои он дида шудаанд, дода шавад.
БОБИ 9. ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ
Моддаи 32. Мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар тамоми муддати амалаш аз ҷониби ҳар кадом шахс дар ҳолатҳои зерин метавонад мавриди баҳс қарор дода ва ё пурра ё қисман беэътибор дониста шавад:
- ошкор кардани номувофиқатии ихтироъ ба шартҳои патентпазирии дар моддаи 6 ҳамин Қонун муқарраргардида;
- дар формулаи ихтироъ мавҷуд будани аломатҳое, ки дар маводҳои нахустини ариза набуданд;
- дар ҳуҷҷати муҳофизатӣ нодуруст нишон дода шудани муаллиф(он) ва ё доранда(гон)-и патент.
Эътирози зидди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тибқи асосҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми ҳамин модда зикршуда ба Шӯрои шикоятӣ дода мешавад ва бояд дар давоми шаш моҳи баъди санаи ворид гардидани он баррасӣ шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътироз шинос карда шавад. Дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шӯрои шикоятӣ оид ба эътирозе, ки дар асоси он ҳуҷҷати муҳофизатӣ мавриди баҳс қарор дода мешавад, ҳар кадом аз тарафҳо метавонад дар муддати шаш моҳи баъди санаи қабул карда шудани қарор ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 33. Пеш аз мӯҳлат қатъ намудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ карда мешавад:
- ҳангоми ҳуҷҷати муҳофизатиро мувофиқи моддаи 31 ҳамин Қонун пурра беэътибор донистан;
- дар асоси аризаи ба Идораи патентӣ додаи дорандаи патент;
- ҳангоми дар муддати муқарраршуда насупоридани пардохти нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ нашр менамояд.
Моддаи 34. Барқарор кардани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ. Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ
Амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз рӯи асоси дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 33 ҳамин Қонун зикршуда қатъ гардидааст, аз рӯи дархости дорандаи патент дар давоми се соли баъди санаи ба охир расидани мӯҳлати пардохти нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок ва пешниҳод кардани ҳуҷҷат дар бораи пардохти барқароркунии амали патент мумкин аст барқарор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857, аз 13.11.2023 № 1997).
Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро оид ба барқарор карда шудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ нашр мекунад.
Ҳар кадом шахсе, ки дар давраи байни санаи қатъ гардидан ва санаи барқарор карда шудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи ихтирои ҳифзшаванда cap кардааст ва ё барои он тайёрии зарурӣ дидааст, ҳуқуқи минбаъд бе васеъ кардани ҳаҷм (ҳуқуқи истифодаи баъдӣ) ройгон истифода намудани онро нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ мумкин аст ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи ихтироъ ҷой дошт ва ё барои он тайёрии зарурӣ дида шуда буд, дода шавад.
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои иловагии муаллифон
Муаллиф дар рафти баррасии ариза то дар Феҳристи давлатии ихтироъҳо ба қайд гирифта шудани он ҳуқуқи ба ихтироъ додани номи худ ва ё номи махсусро дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Муаллиф ҳуқуқ дорад дар асоси шартнома дар кори ба истифодабарӣ омодасозии ихтироъ иштирок намояд.
Муаллифони ихтирооти муҳимтарину нодир ва васеъ истифодашаванда мумкин аст ба гирифтани унвони фахрии "Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон" пешбарӣ шаванд.
Моддаи 36. Ҳавасмандкунии давлатии офаридан ва истифодаи ихтироот
Масъалаҳои ҳавасмандкунии офаридан ва истифодаи ихтироот бо тартиб ва шартҳое ҳал карда мешаванд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 37. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳои марбут ба вайрон карда шудани ҳифзи ҳуқуқии ихтироотро Шӯрои шикоятӣ дар доираи салоҳияти худ баррасӣ менамояд.
Ҳар кадоме аз тарафҳо ҳангоми бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набудан ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат кунад.
Дар ҳолати дар масъалаҳои татбиқи муқаррароти ҳамин Қонун ба миён омадани баҳс бо хоҳиши ҳар кадом аз тарафҳои дар баҳс иштироккунанда Шӯрои шикоятӣ барои танзим намудани баҳсҳо ҳамчун миёнарав баромад мекунад.
Судҳо мувофиқи салоҳияташон баҳсҳои зеринро баррасӣ менамоянд:
- дар бораи муаллифӣ ба ихтироъ;
- дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- дар бораи муқаррар намудани дорандаи патент;
- дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ;
- дар бораи вайрон карда шудани ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ ва ҳуқуқҳои дигари молумулкии дорандаи патент;
- дар бораи бастан ва ба иҷро расонидани шартномаҳо оид ба додани ҳуқуқи истифодаи ихтироот;
- дар бораи ҳуқуқи истифодаи пешин ва баъдӣ;
- дар бораи мувофиқи шартнома ба муаллиф мукофотпулӣ додани корфармо, ки онро моддаи 10 ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст;
- баҳсҳои дигаре, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳо алоқамандӣ доранд.
Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқҳои муаллифон
Аз худ намудани муаллифӣ, барои ҳаммуаллиф шудан маҷбур кардан, ғайриқонунӣ паҳн намудани маълумот дар бораи ихтироъ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 39. Пардохтҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997)
Барои пешниҳоди ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, барои нигоҳ доштани эътибори он, барои дароз кардан ва барқарор намудани мӯҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки бо нахустпатентҳо ва патентҳо барои ихтироъ алоқаманданд, пардохт ситонида мешаванд. Номгӯи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохт ситонида мешаванд, андоза ва мӯҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани пардохт тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Барои гузаронидани экспертиза, барои ба маводҳои ариза ба ихтироъ дохил намудани ислоҳот ва тасҳеҳ, барои нашри маълумот дар бораи аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳофизатии додашуда, барои дар Шӯрои шикоятӣ баррасӣ кардани эътирозҳо, ҳамчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари аҳамияти ҳуқуқӣ доштаи марбут бо экспертизаи ариза аз тарафи Идораи патентӣ пардохт ситонида мешаванд. Номгӯи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохт ситонида мешаванд, тартиб, андоза ва мӯҳлати пардохти онҳо, ҳамчунин шартҳои баргардонидани пардохтро Идораи патентӣ муайян менамояд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Пардохтро аризадиҳанда, дорандаи патент ва ё бо розигии онҳо ҳар кадом шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ супорида метавонанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Моддаи 40. Дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтироот
Дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон офаридашуда аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди се моҳ аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои он ихтироъ ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҳол аризадиҳанда бояд дар бораи нияти дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтироъ хабар диҳад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ Идораи патентӣ метавонад пештар аз мӯҳлати зикргардида ба патентдор намудани ихтироъ дар мамлакатҳои хориҷӣ иҷозат диҳад, вале ин амал танҳо баъди ба охир расидани экспертизае, ки бо мақсади муайян намудани мавҷудияти маълумоти сирри давлатиро дарбаргиранда дар ариза барои ихтироот гузаронида мешавад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 41. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
28 феврали соли 2004 № 17