ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 04/09/2020 - 15:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
626
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.06.2010
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ВА НАЗОРАТИ
ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкили ва ҳуқуқии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилиро дар бахши давлатӣ ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд (минбаъд - ташкилотҳои бахши давлати), муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- идоракунии молиявӣ - маҷмӯи ӯхдадориҳои идоракунӣ дойр ба иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи тақсимкунандаи асосӣ, тақсимкунанда ва маблағгирандаи давлатие, ки бо мақсади таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи самараноку натиҷабахши маблагҳои мавҷуда вогузошта шудаанд;
- идоракунии устувори молиявӣ - маҷмӯи қарорҳо, тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки ба истифодаи маблағҳои мавҷуда тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври сарфакоронаю самаранок  ва натиҷабахш идора намудани онҳо равона шудаанд;
- назорати дохилӣ - тамоми низоми назорати молиявӣ ва воситаҳои дигари назорат дар ташкилоти бахши давлатӣ бо назардошти сохтори ташкилӣ, усулҳо, тартиб ва аудити дохилй, ки аз тарафи роҳбарият бо мақсади мусоидат ба фаъолияти қонунию самаранок ва натиҷабахш, инчунин   барои ноил гардидан ба мақсадҳои ташкилот, созмон дода шудаанд;
- низоми назорати дохилӣ - низоми чораҳо ва расмиёти иҷрои онҳо, ки аз тарафи роҳбарияти ташкилоти бахши давлати барои ноил гардидан ба идоракунии натиҷабахш, сарфакорона ва самараноки маблагҳои давлатӣ анҷом дода мешаванд, бо назардошти баҳисобгирии муҳосибавй,   ҳисоботи   молиявй,   риояи   қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини нигоҳдории дороиҳо, пешгирй ка ошкор намудани амалҳои гайриқонунӣ,  саҳеҳию дурустӣ ва мувофиқати ҳисоботи молиявию идоракунй, иттилоот, инчунин таҳия намудани онҳо;
- ҳисоботи солона оид ба назорати дохилй дар бахши давлатй — ҳисоботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иттилоот дар бораи ҳолати идоракунии молиявй ва назорат дар ташкилотҳои бахши давлатиро дар бар мегирад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилй дар бахши давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии молиявй ва назорати дохилй дар бахши давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадхои меъёрии. ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Ташкил намудани низоми назорати дохилй дар бахши давлатй
1. Ташкил намудани низоми назорати дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй ӯҳдадории роҳбари ташкилот буда, барои анҷом додани идоракунии молиявй дар ҳамаи сохторҳо, барномаҳо, намуди фаъолият ва амалиёт, рохбарии онҳо мувофиқи принсипҳои қонуният, идоракунии устувори молиявй ва шаффофият равона карда мешавад.
2. Низоми назорати дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй барои ноил гардидан ба мақсаддои зерин ташкил карда мешавад:
- дурустй ва мукаммалии иттилооти молиявй ва идоракунй;
- фаъолияти натиҷабахшу сарфакорона ва самараноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотхои бахши давлатй;
- нигоҳдории дороиҳо;
- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 2.  МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИИДОРАКУНИИ МОЛИЯВЙ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛЙ ДАР БАХШИ ДАВЛАТИ
 
Моддаи 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии молиявй ва назорати дохилй      дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии молиявй ва назорати дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Бо мақсади мутобиқсозй ва ҳамоҳангсозии идоракунии молиявй ва назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй, мақоми ваколатдори давлатӣ корҳои зеринро анҷом медщад:
- сиё'сати назорати дохилии молиявиро тибқи меъёрҳои байналмилалй ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалй менамояд;
- ҳар сол оид ба фаъолияти ҳамаи воҳқ ,ои сохтори аудити дохилии мақомоти давлатй ва ташкилотҳои бахши давлатй хулосаи таҳлилй медиҳад;
- барои гузаронидани мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат фармонҳо интишор менамояд, ки иҷрои он дар ҳамаи мақомоти давлатй ва ташкилотхои бахши давлатй ҳатмӣ мебошад;
- ҳисоботи солонаро оид ба ҳолати назорати дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй ҳар сол то 1 май ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- барои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони мақомоти молия доир ба масъалаҳои идоракунии молияви ва назорати дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй мусоидат менамояд, инчунин ҳамоҳангсозии корҳоро дар ин соҳа анҷом медиҳад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
 
БОБИ 3. ҲИСОБОТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВДОРАКУНЙ
 
Моддаи 5. Ҳисоботи идоракунй дар ташкилотҳои бахши давлатй
1. Ҳисоботи идоракунй - ин вазифаи роҳбари ташкилоти бахши давлатй доир ба пешниҳод намудани иттилоот оид ба риояи талаботи идораи  устувори  молияви  мебошад,  ки  ба  мақомоти  болой  ва ваколатдори давлатй пешниҳод менамояд, ки дар асоси маълумоти аник ва натиҷаҳои таҳлили низоми назорати дохилй тартиб дода шудааст.
2. Риояи талабот оид ба ташкил намудани хисоботи идоракунй барои шаффофият, муқоисаи маълумот дар бораи ҳолати молиявии ташкилотҳои бахши давлатй, инчунин даромаду харочоти онҳо, ки барои истифодабарандагони ин ҳисобот зарур аст, хизмат менамояд.
 
Моддаи 6. Пешниҳод намудани хисобот
1. Роҳбарони аввали ташкилотҳои бахши давлатй на дертар аз 1 апрели соли равон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хисоботи худро бо фарогирии иттилоот оид ба фаъолият, мувофиқат, самараноки ва натиҷабахшии низоми идоракунии молияви ва назорати дохилй дар соли сипаришуда пешниход менамоянд.
2. Шакл ва тартиби пешниҳоди чунин ҳисобот дар дастурхои методии мақомоти ваколатдори давлатй муқаррар карда мешаванд.
 
 
Моддаи 7. Вазифаҳои роҳбари аввали ташкилотҳои бахши давлатй ва ташкилотҳои дигаре, ки ба низоми сохавии идоракунй шомиланд
Вазифаҳои роҳбарони аввали ташкилотҳои бахши давлатй ва ташкилотхои дигаре, ки ба низоми сохавии идоракунй шомиланд, аз инҳо иборатанд:
- муайян намудани мақсаду вазифаҳои ташкилотҳое, ки ба онҳо рохбарй менамоянд, таҳия ва иҷрои накшаҳои дарозмуддат (нақшаҳои
стратеги, лақшаҳои фаъолият ва барномаҳое, ки ба амали намудани мақсадҳо ва иҷрои вазифаҳо равона гардидаанд;
- мушаххаскунию баҳодиҳй ва идора намудани таваккале, ки ба амалй гардондани мақсаду вазифаҳои ташкилот таҳдид менамояд;
-банақшагирӣ, идоракунй ва баҳисобгирии маблағҳои давлатй бо мақсади расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои ташкилот;
- риояи принсипҳои қонуният, устувории идоракунй ва шаффофияти истифодаи маблағҳои давлатй, инчунин идора ва харҷ намудани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- роҳбарии самараноки кормандон ва ба сатҳи зарурй бардоштани маҳорати касбии онҳо;
- таъмини нигоҳдории дороиҳо ва иттилоот, инчунин ҳифзи боэътимоди онҳо аз гумшавй ва дастрасии ғайриконунй ба иттилоот ва дороихо;
-ташкил намудани сохтори маъмурии *муносиб барои самаранок анҷом додани вазифаҳо;
- тақсими соҳаҳои масъулият дар раванди қабули қарорҳо, назорат ва анҷом додани фаъолият;
-  таъмини хисоботи пурраго саҳеҳ, дақиқу саривақтй аз анҷом додани ҳама гуна амалиёт;
- мушоҳида ва таҷдиди системаи идоракунии молияви ва назорати қабули чораҳое, ки барои такмил додани он равона шудаанд, аз руи тавсияхои аудити дохилй ва дигар санҷишҳо;
- ҳуччатикунонии ҳама   амалиёт   ва корҳо, инчунин таъмини имконияти назорати раванди онҳо дар ташкилот;
- ҷорй намудани расмиёти зиддикоррупсионй;
- ҳисоботдиҳй ва дар ҳуччатҳо инъикос намудани ҳолати низоми идоракунии молияви ва назорат.
 
БОБИ 4. УНСУРҲОИ ИДОРАКУНИИ МО^ХИЯВЙ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛИ ДАР БАХШИ ДАВЛАТЙ
 
Моддаи 8. Муайянкунии унсурхои идоракунии молияви ва
    назорати дохилӣ дар бахши давлатй
1. Низоми идоракунии молияви ва назорати дохилй дар бахши давлатй бо истифодаи унсурҳои зерин муайян карда мешавад:
- муҳити назорати;
- идоракунии таваккал;
- амалй намудани чорабиниҳои гуногун№назорати дохилӣ;
- иттилоот ва коммуникатсия;
- мониторинг.
2. Роҳбарони ташкилотхои бахши давлатй вобаста ба хусусиятҳои ҷойдошта, ташкил, амалиёт ва инкишофи унсурҳои идоракунии молияви ва назоратро таъмин менамоянд.)
 
Моддаи 9. Муҳити назорати
1. Муҳити назорати - чорабиниҳои гуногуни назорат дар дохили низоми соҳавии ташкилотҳои бахши давлатӣ мебошад, ки тақсими вазифаҳо, зинабандии мақомот ва қоидаҳои дақиқи иҷрои корҳо, инчунин низоми мураттаб сохтану тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи хизматиро таъмин менамояд.
2. Муҳити назорати аз масъалаҳои зерин иборат аст:
- одоби корбарии роҳбарият ва кормандони ташкилот;
- усули идоракунии фаъолият;
- сохтори ташкилие, ки тақсими ӯхдадориҳо, соҳаи масъулият ва принсипҳои тартиб додани' ҳисобот оид ба иҷрои корҳоро таъмин менамояд;
- сиёсату таҷриба дар соҳаи идора намудани кормандон;
- салоҳиятнокии кормандон.
 
Моддаи 10. Идоракунии имконпазирии таваккал
1. Идоракунии таваккал аз мушаххаскунию баҳодиҳӣ ва назорати рафти ҳодисаҳо ва ҳояатҳои имконпазире иборат мебошад, ки ба амалй гардидани мақсадҳои ташкилот таъсири манфй мерасонанд.
2. Рохбарони ташкилотҳои бахши давлатй бояд барномаи идоракунии таваккалро тасдик намоянд, ки он дар муддати 3 сол як бор тачдиди назар карда мешавад.
3. Маҷмуи чораҳои назоратие, ки ба пешгирии таваккал равона гардидаанд, ҳар сол бояд мавриди таҳлил қарор дода шавад.
Моддаи 11. Амалй намудани чорахои назорати
1. Роҳбарони ташкилотҳои  бахши давлатй маҷмӯи чораҳои назоратиеро муқаррар ва амалй менамоянд, ки аз тасдиқи қоидаҳои фаъолияти соҳавй ва молияви, тафтиш ва пешниҳоди ҳисобот, тартиб додани ҳуҷҷатҳо оид ба анҷоми амалиёти молиявӣ ва амалҳои дигари ба фаъолияти хоҷагиву молиявӣ алоқаманд мебошанд.
2. Чорабиниҳои  назорати  дар  шаклҳои  зерин  амалй  карда мешаванд:
- назорати пешакии амалиёти молияви аз тарафи сармуҳосиб;
- назорати ҷории амалиёти ҳисоббаробаркунӣ дар дохили ташкилот ва аз тарафи мақомоти хазинадорй;
- назорати минбаъда аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатй.
3. Амалигардонии чораҳои назорати бояд ба хусусияти таваккали амалиёти молияви мувофиқ бошад.
 
Моддаи 12. Ваколагхои назоратии роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатй
1. Ваколатҳои назоратии роҳбари  аввали ташкилоти бахши давлатй аз инҳо иборатанд:
- расмиёти додани иҷозат ва тасдиқ;
- тақсими уҳдадориҳо бояд тавре гузарад, ки як хизматчи ҳамзамон барои тасдиқ, иҷро, пешниҳоди ҳисобот ва назорат барои иҷрои кор ҷавобгар набошад;
- расмиёти имзои дунафара, ки имкон намедиҳад амалиёти молияви ва ё пардохт бе имзои роҳбари ташкилоти бахши давлатй ва корманди масъули сабти муҳосибот анчом ёбанд;
- ҳуқуқ ба дастрасии дороиҳо ва иттилоот;
- назорати пешакии асоснокии муомилоти банақшагирифташуда, ки метавонад корманди махсус ваколатдоршуда ё шахси дигари аз ҷониби роҳбари ташкилот таъиншуда онро амалй намояд;
- муқаррар намудани тартиб барои мураттаб сохтани ҳисоботи саривақтии пурраю дуруст ва дақик оид ба анҷоми ҳамаи амалиёт;
- тафтиш ва пешниҳоди ҳисобот дар бораи амалҳои анчомёфта; - баҳодихии самаранокӣ ва натиҷабахшии амалиёт;
- расмиёти мониторинг;
- қоидаҳои идораи захираи кадрҳо;
- қоидаҳои тартиб додани ҳуҷҷатҳо оид ба анҷоми ҳамаи амалиёт ва  намудҳои  фаъолияте,  ки  ба  фаъолияти  ташкилот  алоқаманд мебошанд.
2. Шартҳо ва тартиби назорати пешакй аз тарафи роҳбари ташкилоти бахши давлатй тибқи дастурҳои методии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
 
 
Моддаи 13. Иттилоот ва коммуникатсия
Роҳбарони аввали ташкилотҳои бахши давлатй фаъолияти зарурии бахши иттилоотии низоми идоракунии молиявиро бо роҳҳои зерин таъмин менамоянд:
- мушаххас, чамъ ва паҳн намудани маълумоти саҳех тибқи шакл ва мӯҳлатҳои дахлдор, ки ба ҳар шахси мансабдор имкон медиҳад масъулияти муайянеро ба зиммаи худ гирад;
- самаранокии уфуқй ва амудии иерархи дар ташкилот, ки ба шахсони мансабдор барои ба таври дахлдор иҷро намудани ӯҳдадориҳояшон имконият медиҳад;
- рушди низоми муносиби иттилоотии идоракунии ташкилот, ки барои ирсоли фармоишу нишондодҳои дақиқу возеҳ ба кормандон ва зерсохторҳо, ки ба фаъолияту масъулияти онхо дар доираи назорату идора намудани молия алоқаманд мебошанд;
- чорй намудани низоми ҳучҷатгузорӣ ва гардиши ҳуччатхо, ки қоидаҳои таҳия намудан, ба расмият даровардан, ирсол, истифода намудан ва ба бойгонй супоридани онҳо;
- ҳуччатикунонии ҳамаи амалиёт, раванд ва транзаксияҳо бо максади таъмини нақшаи муайян барои кори аудиторй, ки имконияти таҳқиқ ва пешбурди мушоҳидаро фароҳам меорад;
- ташкил додани низоми самараноки таҳияи саривақтии ҳисобот, оид ба   дараҷа ва мӯҳлати таҳияи ҳисобот, намудҳои ҳисобот ва маърӯзаҳое, ки ба баррасии роҳбарият пешниҳод карда мешаванд, шаклимаърӯзаҳо дар ҳолати ошкор намудани хатоҳо, .изоми нодурусти фаъолият, суиистеъмол, қаллобй ва ғайриқонунй аз худ кардани маблағхо.
 
Моддаи 14. Мониторинг
1. Дар ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатӣ ба таври ҳатмӣ низоми муосири мониторинга идоракунии молиявй ва назорат ҷорй карда мешавад, ки арзёбии муносибии фаъолияти он ва дар ҳолати тағйир ёфтани шароит азнавсозии низоми идораро таъмин менамояд.
2. Мониторинг бояд дар асоси назорати фаврии шахсии роҳбари ташкилоти бахши давлатй, худбаҳодиҳии роҳбар ва натиҷаҳои аудити дохилӣ амалӣ карда шавад.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВЙ
 
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарй кашида мешаванд.
 
Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикисто                                                                                                Эмомали Раҳмон
 
ш.Душанбе, 21 июли соли 2010
№ 626