ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 07/02/2020 - 09:05
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
553
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.10.2009
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994)
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
2. Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
Моддаи 3. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
Моддаи 4. Забонҳои дигар
1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яљнобӣ шароит фароҳам меорад.
БОБИ 2. ЗАБОНИ КОРИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994)
Моддаи 5. Забони коргузорӣ
Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Моддаи 6. Забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.
Моддаи 7. Забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он забони давлатӣ аст.
2. Дар машқҳои якҷоя бо кишварҳои хориҷӣ забони дигаре, ки муқаррар шудааст, истифода мешавад.
БОБИ 3. ЗАБОНИ СОҲАҲОИ МАОРИФ, ИЛМ, ФАРҲАНГ ВА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 8. Забони таҳсил
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 9. Омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ
1. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 10. Забони илм
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ аст.
2. Дар таҳқиқоти илмӣ забонҳои дигар низ метавонанд истифода шаванд.
Моддаи 11. Забони чорабиниҳои фарҳангӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ ба забони давлатӣ баргузор мегарданд.
2. Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар сурат мегиранд.
Моддаи 12. Забони воситаҳои ахбори омма
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар фаъолият менамоянд.
Моддаи 13. Забони эълону реклама
1. Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад.
2. Эълону реклама тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешавад.
Моддаи 14. Забони иттилоот ва коммуникатсия
1. Забони иттилоот ва коммуникатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ аст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 15. Мусоидат ба ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мусоидат мекунад.
БОБИ 4. ЗАБОНИ КОРГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲО
Моддаи 16. Забони коргузории ташкилотҳо
Коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Забонҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Моддаи 17. Забони мукотиба
1. Ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо шаҳрвандон забони давлатиро истифода менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
2. Мукотиба бо ташкилотҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ ва забоне, ки муқаррар шудааст, сурат мегирад.
БОБИ 5. 3АБОНИ НОМГУЗОРӢ
Моддаи 18. Номгузории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994)
1. Номгузории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
2. Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд.
3. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад.
Моддаи 19. Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои таркибии онҳо ва объектҳои ҷуљрофӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994)
1. Номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот, деҳа, маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, бољҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин, инчунин кӯҳҳо, қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, биёбонҳо ва дигар объектҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегиранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд.
Моддаи 20. Забони матни мӯҳру тамљаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ
1. Матни мӯҳру тамљаҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот ба забони давлатӣ навишта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
2. Матни муҳрӯ тамљаҳои корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1994).
3. Бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба дигар забонҳо низ баргардонида шаванд.
Моддаи 21. Забони матни кољазҳои қиматнок
Чопи кољазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
БОБИ 6. ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 22. Забони гуфтушунидҳо ва мукотибот
Гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.
Моддаи 23. Забони фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ
Фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат мегирад.
Моддаи 24. Забони шартномаҳои байналмилалӣ
Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии тарафҳои аҳдкунанда ва шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ба забонҳое, ки тарафҳо муайян кардаанд, ба имзо мерасанд.
Моддаи 25. Забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ
Пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳо сурат мегирад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони мансабдор, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит кардани Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, моддаи 102) аз эътибор соқит карда шавад.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
 5 октябри соли 2009 № 553
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷнкистон С.Хайруллоев
ш. Душанбе,
 октябри соли 2009 № 1396
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш.Душанбе,
3 октябри соли 2009 № 687