ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon замима ба КЧТ ичозат.doc
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 14:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
241
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
05.03.2007

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №3, мод.174; соли 2008, №12,  

қисми 2, мод.1007)

 

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2007,     № 472 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 1, мод. 27) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2007, № 283 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 2, мод.83) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани соҳаҳои комплекси агросаноатиро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд.

Мақсади Қонуни мазкур рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ, таъмини саноати коркарди ашёи хом, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- субсидия (кӯмаки молиявӣ) - маблағҳои мақсаднок ва суроғавӣ, ки барои дастгирии соҳаҳои алоҳидаи комплекси агросаноатӣ равона карда мешаванд;

- истифодабарандагони субсидия (кӯмаки молиявӣ)- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд;

     -комплекси агросаноатӣ- маҷмӯи соҳаҳои иқтисодиёт буда, ба он истеҳсол, тайёр кардан, захира намудан, кашондан, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, саноати хӯроковорӣ, дигар соҳаҳо ва фаъолиятҳо, аз ҷумла саривақт таъмин намудан бо техникаи муосир, таҷҳизоти технологӣ, маблағ, иттилоот ва дигар захираҳо, таъмини бехатарии байторӣ-санитарӣ, фитосанитарӣ, таъминоти илмӣ ва тайёр намудани мутахассисон дохил мешаванд;

     -маҳсулоти кишоварзӣ –маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, аз ҷумла маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди аввалия ҳосил шудааст;

-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ –ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандоне, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, кооператсияи матлубот, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ё коркарди аввалия ва минбаъдаи (саноатии) он ва ба муомилоти бозор ворид намудани ин маҳсулот машғуланд, ба шарте ки ҳиссаи даромади умумии онҳо аз ин маҳсулот на камтар аз 70 фоиз дар давоми соли тақвимӣ бошад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №473).

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие,  ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,  иборат аст.

 

Моддаи 4. Тартиби дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ

Дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба воситаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бо роҳҳои зайл амалӣ гардонида мешавад:

- ҷудо намудани субсидия (кӯмаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ;

- ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо барои рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ.

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои зерин дорад:

- мақомоти ваколатдорро, ки фаъолияти субсидияро (кӯмаки молиявиро) назорат мекунад, муқаррар менамояд;

- рӯйхати истифодабарандагони субсидияро (кӯмаки молиявӣ) таҳия, тартиб ва маблағи умумии онро муаяйн мекунад;

- шакл ва тартиби пешниҳоди маълумотномаи ҳисобӣ ва маълумотномаи ҳисобии ҷамъбастиро муқаррар менамояд;

- вобаста ба зарурияти соҳа бо кадом мақсад истифода бурдани субсидияро (кӯмаки молиявиро) муайян мекунад;

    -манфиати иқтисодии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро дар бозори дохилӣ ва берунӣ ҳимоя менамояд;

    -такмили системаи таълим, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва такмили тахассуси онҳоро таъмин менамояд;

    -ба рушди илм ва фаъолияти навоварӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд.(ҚҶТ аз 31.12.08с №473).

 

Моддаи 6. Тартиби ҷудо намудани субсидия (кӯмаки молиявӣ)  аз ҳисоби буҷети давлатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ миқдор ва тартиби ҷудо намудани субсидияро (кӯмаки молиявӣ) ба мақсадҳои муайян муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Тартиби ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо

Ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо ҷиҳати рушди соҳаҳои комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ асоси дастгирии давлатии соҳаҳо буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 8. Номгӯи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ,  ки ба онҳо субсидия (кӯмаки молиявӣ) ҷудо карда мешавад

Субсидия (кӯмаки молиявӣ) вобаста ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба соҳаҳои зерини комплекси агросаноатӣ ҷудо карда мешавад:

- тухмипарварии элита ва ибтидоӣ, истеҳсоли тухмиҳои репродуксияи якум ва дуюм,  таъсиси фонди гардиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ;

-  ҳосилхезгардонии заминҳои кишоварзӣ;

- беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ;

- азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ дохил намудани заминҳои партов;

- баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд намудани истеҳсоли пахта, картошка, сабзавот, полизӣ, ғаллагӣ, лубиёгӣ, тамоку ва мубориза бар зидди касалиҳои онҳо;

- бунёди боғу токзорҳо ва парваришхонаҳо барои ниҳолҳои мевадиҳанда;

- харид ва парвариши чорвои зотӣ, парранда ва моҳӣ;

- рушди соҳаи байторӣ ва гузаронидани чорабиниҳои эпизоотӣ;

- рушди соҳаи занбӯри  асалпарварӣ;

- хариди тухми пилла ва мубориза бар зидди касалиҳои зараррасони тут;

- инкишоф ва татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ, ташкил ва таҳкими минбаъдаи фонди генетикии миллии зироатҳои кишоварзӣ, чорво, парранда ва моҳӣ, инчунин хариди асбобҳо ва таҷҳизоти замонавӣ, маводҳои химиявию биологӣ барои пажуҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;

- таъсис додани истеҳсолоти нав, харид ва таъсиси фонди заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ, МАБЛАҒГУЗОРӢ, БАҲИСОБГИРӢ

ВА НАЗОРАТИ СУБСИДИЯ (КӮМАКИ МОЛИЯВӢ)

 

Моддаи 9. Муроҷиат барои пешниҳод намудани субсидия (кӯмаки молиявӣ)

Муроҷиат барои пешниҳод намудани  субсидия (кӯмаки молиявӣ) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи ҳар як соҳаи комплекси агросаноатӣ асоснок гардонида шуда, барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдор пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 10. Пешбинӣ ва маблағгузории субсидия (кӯмаки молиявӣ) аз буҷети давлатӣ

Мувофиқи маълумоти асосноки мақомоти ваколатдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар буҷети давлатӣ барои соҳаҳои алоҳидаи комплекси агросаноатӣ субсидия (кӯмаки молиявӣ) пешбинӣ карда шуда, маблағгузории он мақсаднок ва суроғавӣ буда, ба ҳар як соҳаи комплекси агросаноатӣ бо тартиби муқарраргардида аз тарафи низоми хазинадории марказӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо дар доираи буҷети тасдиқшуда таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 11. Баҳисобгирии субсидия (кӯмаки молиявӣ)

Субсидия (кӯмаки молиявӣ) дар ҳисоби махсуси муҳосибавӣ алоҳида вобаста ба даромад ва хароҷот ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 12. Назорати  пардохти субсидия  (кӯмаки молиявӣ) ва дигар манбаъҳои дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ

 Ҷудо намудани субсидия (кӯмаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, қарзҳои бонкӣ ва грантҳо барои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, новобаста аз шакли моликияташон, мақсаднок буда, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайримақсаднок истифода бурдани ин маблағҳо манъ аст. (ҚҶТ аз 31.12.08с №473). 

Назорати пардохти дурусти субсидия (кӯмаки молиявӣ) ва истифодаи мақсадноки он аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва мақомоти иҷрокунандаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Э.Раҳмонов

 

           ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

           № 241