ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 10:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
722
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.435; с.2014, №7, қ.2, мод.409, мод.410; с.2018, №7-8, мод.531; с.2019, №7, мод.474)
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 11121113, аз 3.08.2018 № 1548, аз 19.07.2019 № 1645, аз 07.08.2020 № 1721, аз 13.11.2023 № 2003)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.
3. Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳояшро кушояд.
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи уҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои уҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ - шахсони ҳуқуқие, ки ташкилотҳои қарзӣ (ташкилотҳои қарзии исломӣ) нестанд ва дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла (ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;
- ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- ташкилотҳои қарзии исломӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла "равзанаи бонкии исломӣ"), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- қурби расмии асъор - қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст;
- тавозуни пардохт - ҳисоботи оморие, ки амалиёти дар муддати муайян анҷомдодаи байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро ҷамъбаст менамояд;
- меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизе, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, қарз медиҳад ё меъёри даромаде, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ қарз медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- бонки мутавассит - бонке, ки барои қабули дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- ташкилоти идоракунии дороиҳо - шахси ҳуқуқие, ки барои қабул, харид, идоракунӣ ва ё бегонакунии дороиҳо ва ё уҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта, таъсис дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- амалиёти бонкӣ - амалиёте, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст ва ё маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст ва ё маблағи пулию сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи ӯ, бо дархост ё ба муҳлатҳои мувофиқашуда бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- пули миллӣ - сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;
- фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон - фоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағ ба даст омадааст;
- асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;
- бозтамвил - додани қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматнок, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- низоми пардохтӣ - маҷмӯи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағ мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- хизматрасонии пардохтӣ - қабул ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- низоми клиринг - низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба талабот ва ҳисоби уҳдадориҳои пардохти мутақобилаи пули асос ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- низоми пулӣ - тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пул;
- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ - ҳисоботи оморие, ки дар муддати муайяни вақт арзиши дороиҳои молиявии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла дар шакли талабот ба ғайрирезидентҳо ва уҳдадориҳои резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди ғайрирезидентҳо инъикос менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- қарзи маҷмӯии беруна - маблағи пардохтнашудаи уҳдадориҳои маҷмӯии воқеии ҷории ғайришартии резидентҳо дар назди ғайрирезидентҳо мебошад, ки пардохти фоиз ва ё қарзи асосиро дар оянда талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) - яке аз бахшҳои асосии сиёсати макроиқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, баҳри ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) татбиқ карда мешавад;
- коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон - яке аз воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), ки бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт ва идоракунии сатҳи пардохтпазирии кутоҳмуддати ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули миллӣ тавассути сабт дар суратҳисобҳои алоҳидаи амонатнигоҳдорандаи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548). 
Моддаи 4. Муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад, ки он чунин амалӣ карда мешавад:
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати дигари аудиториро барои гузаронидани аудита берунии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 82 Қонуни мазкур дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи аудита беруние, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян мекунад;
- Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона ва хулосаи аудиторӣ ба ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботро оид ба иҷрои он пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 5. Мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон
1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо дарназардошти бартарияти мақсади асосии он амалӣ карда мешаванд, инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- таъмини устувории низоми бонкии давлат;
- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
3. Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.
Моддаи 6. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон
1. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон:
- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати иҷрои он;
- таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расондани натиҷаҳои таҳлил;
- танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалигардонии фаъолият ба сифати қарздеҳи сатҳи охирин барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- ташкил ва таъмини фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ, танзиму назорати фаъолияти низомҳои мазкур ва хизматрасониҳои пардохтӣ;
- ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
- нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ бо мақсади аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ амалӣ гардидани озмоиши пешниҳоди хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иҷрои амалиёти бонкӣ;
- ташкили шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифтани уҳдадориҳо ва иҷрои амалиёте, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
2. Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ намудани мақсадҳои худ вазифаҳои дигари ба зиммааш гузоштаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи қонун чораҳои зарурӣ андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро танзим ва назорат намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 07.08.2020 № 1721).
Моддаи 7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд.
2. Нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 8. Ташкили фаъолият ва молу мулки Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои маблағ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, сарватҳои дигар буда, метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозунаш хориҷ намояд ва ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурӯшад. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ташкилотҳои дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё молу мулки дигарро харида гирад ба шарте, ки чунин молу мулк барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад.
3. Давлат ҳимояи ҳуқуқи молу мулки қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад молу мулк, фондҳо, маблағи онро мусодира намояд ё сармояи оинномавиашро кам кунад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигаҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амниятӣ ва посбониро таъсис диҳад ва ҳамчунин тибқи қонун силоҳ ва воситаҳои махсуси ҳимоявӣ харидорӣ карда, нигаҳ дорад ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукуматӣ, дар шӯроҳо ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои сиёсат оид ба пул, додани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ, доир ба масъалаҳои назорати бонкӣ ва масъалаҳои дигар, ки аз салоҳияти онҳо мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонкӣ расонад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналмилалӣ ба даст овардани суботи молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, иштирок намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ уҳдадориҳоеро гирад, ки амалиёт ва иҷрои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 2. САРМОЯ, ФОИДА ВА ФОНДҲОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 10. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 500,0 млн. сомониро ташкил медиҳад ва то соли 2025 давра ба давра тибқи муҳлатҳои бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда пурра карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба гарав мондан мумкин нест.
3. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва бо мақсади баробар кардани фоида ва зиёни аз ҳисоби азнавбаҳодиҳии арзиши металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷии бадастомада ҳисоби тавозунии захираи азнавбаҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷӣ кушода, пешбурди онро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 11. Буҷети Бонки миллии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар буҷете, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон  (минбаъд - Раёсат) тасдиқ кардааст, пешбинӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Буҷети Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми сол бояд таҳти назорати муҳосибӣ бошад, ки он аз тарафи аудити дохилӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 12. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон
1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи молиявие, ки аз ҷониби аудити беруна аудит шудааст ва мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия гардидааст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Дар давоми сӣ рӯзи баъди нашри ҳисоботи молиявии аудитшуда Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи воқеан бадастовардашуда ва татбиқшудаи худро бо тартиби зерин тақсим менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ба сармояи оинномавӣ - 10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;
- ба фонди захиравӣ - 100 фоизи қисми боқимондаи фоида то ба 20 фоизи уҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани ҷамъи сармояи оинномавӣ ва фонди захиравӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- ба буҷети давлатӣ - қисми боқимондаи фонда баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои тақсимоти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, ба давлат дигар намуди тақсимотро анҷом намедиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои солҳои гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.
5. Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷуброни каср аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағи каср ё барориши ба он баробари коғазҳои қиматноки муҳлатнок бо фоизи на камтар аз меъёри бозтамвил қарори дахлдор қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 13. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандаи андоз аз даромад намебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 3. СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ (МОНЕТАРӢ)
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
Моддаи 14. Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ)
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии (монетарии) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва баҳодиҳии вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) таъсис медиҳад. Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) мақоми машваратии байниидоравӣ буда, ба Раёсат тавсияҳо пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Ҳайат, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) бо низомномаи он, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Бо мақсади истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди мӯътадили нишондиҳандаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда таҳия намуда, ҳар сол то 1 ноябр ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 15. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаю усулҳои зеринро истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
- меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;
- амалиёт дар бозори озод;
- қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- танзими асъор ва амалиёти асъорӣ;
- муқаррар кардани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;
- маҳдудкуниҳои миқдории бевосита.
2. Бонки миллии Тоҷикистон воситаҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 16. Муқаррар кардани меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар давраи дарозмуҳлат Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасонӣ ба меъёрҳои фоизи бозорӣ истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳар як намуди амалиёташ меъёри фоизро муқаррар менамояд.
Моддаи 17. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ аз тарафи Раёсат бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар намуди фоизи муайян муқаррар карда шуда, метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзии молиявӣ фарқ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
3. Дар сурати аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисоби онҳо меситонад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзии молиявиро барои риоя накардани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ тибқи Қонуни мазкур ҷарима бандад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
5. Дар сурати бозхондани иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағи захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда барои иҷрои уҳдадориҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 18. Амалиёт дар бозори озод
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки қарзии худ, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзиро дар бозорҳои молиявӣ хариду фурӯш намояд.
2. Ҳудуди амалиёт дар бозори озод аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад.
3. Тартиби барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳоро Раёсат муқаррар менамояд.
Моддаи 19. Маҳдудкунии миқдории бевосита
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисно бо мақсади амалӣ кардани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.
2. Маҳдудкунии миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёри бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъ ва ё маҳдуд намудани иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар амалиётҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) Бонки миллии Тоҷикистон, манъ ва ё маҳдуд намудани иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва амалиёти дигарро аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифода мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳадди афзоиши ҳаҷми пул
Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои миқдори пулро мувофиқи самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 21. Амалиёти бозтамвил
1. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулӣ ва қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешаванд, метавонад:
1) таҳти таъмини воситаҳои зерин ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарзҳои кутоҳмуҳлат диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003):
- коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст;
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;
- векселҳои оддӣ ё интиқолии дорои ду ва зиёда паснавишт (индоссамент), ки яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ тааллуқ дошта, муҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон на зиёда аз даҳ моҳ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигар дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир эътироф мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1113, аз 3.08.2018 № 1548);
2) баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматноки зерини ташкилотҳои қарзии молиявиро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- коғазҳои қиматноки дар доираи эмиссияи давлатӣ баровардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ва шартҳоеро, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани қарз ба озмун роҳ дода мешаванд, мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон коғазҳои қиматнокро ба ҳисоб ё аз нав ба ҳисоб намегирад, ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Нисбат ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда муҳлати даъво татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 22. Қарздиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулода
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун қарздеҳи сатҳи охирин метавонад тибқи қарори Раёсат ба ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини пардохтпазирӣ ба муҳлати то се моҳ қарз диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Қарз мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дар асоси қоида ва шартҳои муқарраркардаи Раёсат, аз ҷумла пешниҳоди нақшаи чорабиниҳои талабнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бо зикри тадбирҳои ислоҳие, ки ташкилоти қарзии молиявии дахлдор меандешад, дода мешавад, агар яке аз асосҳои зерин мавҷуд бошад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721):
- ташкилоти қарзии молиявӣ имкониятҳои дигари қарзгирӣ надошта бошад, қобили пардохт ва дорои молу мулки муносиб барои таъмини қарз бошад;
- чунин қарз барои нигаҳдории устувории низоми молиявӣ зарур бошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани қарзро ба Бонки миллии Тоҷикистон кафолат дода бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Ҳангоми дар муҳлати муайяншуда барнагардонидани қарз Раёсат метавонад муҳлати пардохти онро то се моҳи дигар тамдид намояд, агар ташкилоти қарзии молиявӣ дархост ва нақшаи асосноки чорабиниҳоро, ки мақомоти иҷроияаш тасдиқ намудааст, бо нишон додани шартҳои зерин пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003):
- усули баргардонидани қарз;
- чораҳои ислоҳи вазъ барои пешгирии зарурати минбаъдаи қарзгирӣ дар ҳолатҳои фавқулода (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигар нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявие, ки нақшаи чорабиниҳои пешбиникардаро иҷро намекунанд ё ба натиҷаҳои нақшавӣ ноил намегарданд, тадбирҳои дахлдор меандешад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 22(1).Танзими асъор ва амалиёти асъорӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани фишорҳои қурбии таваррумӣ ва бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ танзими асъор ва амалиёти асъориро ҳамчун воситаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 23. Принсипҳои асосии ҳамкорӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, мустақил мебошад. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои қабул кардани қарор ваколат доранд, аз ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз мақомоти давлатӣ супориш намегиранд.
2. Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда дар таҳияи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай муовини якум ё муовини дигар дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Бонки миллии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои эҳтимолии худ, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд, ба якдигар ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, машваратҳо мегузаронанд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад.
Моддаи 24. Муносибатҳои қарзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодаю ғайричашмдошт ва нарасидани маблағи буҷети давлатӣ метавонад барои ҷуброни фарқи зиёни он аз Бонки миллии Тоҷикистон таҳти меъёри фоизи бозтамвил, ки дар рӯзи бастани созишнома амал мекунад, қарз гирад. Маблағи умумии қарзи барои ин мақсад гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон набояд аз 10 фоизи маблағи қисми даромади умумии буҷети давлатии соли гузашта зиёд бошад. Қарзҳои гирифта дар давоми 12 моҳ пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти давлатӣ дар давраи аввали барориши онҳо, инчунин дар бозори дуюмдараҷа, агар он бо мақсади сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) алоқаманд набошад, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 25. Хизматрасонии қарзи давлатӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалиёти ҷойгиронии вомбаргҳои давлатӣ, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рӯи онҳо хизмат расонад.
Моддаи 26. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат ба хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.
2. Дар ҳолати зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи қарори Раёсат як қисми маблағи буҷети давлатиро мутобиқи шартнома бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд ва барои он фоиз пардохт кунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 27. Вазифаҳои намояндаи молиявӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатиро бо тартиби зерин ба роҳ мемонад:
- маркетинги коғазҳои қиматноки давлатӣ;
- пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссионӣ;
- иҷрои дигар амалҳое, ки мувофиқи мақсаду вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намояндаи молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ барои нигоҳдории маблағи онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизмат расонад. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 28.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Моддаи 29. Бонки миллии Тоҷикистон - бонкдор, мушовири молиявӣ ва намоянда
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молиявӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои низоми захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ вобастаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
БОБИ 5. НИЗОМИ ПАРДОХТ
Моддаи 30. Низоми пардохт
Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, роҳбарии ташкил ва таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003):
- ба ҳамкории низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;
- таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;
- барои ҳамкории байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пардохтӣ шароит фароҳам меоварад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 31. Ташкили ҳисоббаробаркунӣ дар байни бонкҳо
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои байнибонкӣ хизмат расонида, барои ташкили низоми клиринги байнибонкӣ ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардааш мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи муҳлати пардохтҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохтӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохтӣ:
1) хизматрасониеро, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ, интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо пешниҳод менамоянд, танзим ва назорат намояд;
2) низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳоро ташкил ва фаъолияти онҳоро таъмин намояд;
3) тартиби ташкилу фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намуда, барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома диҳад, инчунин бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад;
4) шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;
5) талаботи ҳадди ақал оид ба эътимоднокӣ ва таъмини амнияти иттилооти бонкӣ, ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ ва интиқоли маблағҳоро муқаррар намояд.
2. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.Тартиби анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 33. Стандартҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохт стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз ё фоида диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
БОБИ 6. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ ВА АМАЛИЁТИ АСЪОРӢ
Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибат бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.
Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзими асъор ва назорати асъор
 Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1113).
Моддаи 37. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1113)
Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар тавозуни худ ҳамаи захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад.
2. Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилалии давлат ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ ё сари вақт иҷро намудани амалиётҳои байналмилалии давлат зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти ин захираҳо ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, ҳисобот, инчунин оид ба ислоҳи ҳолат тавсияҳо пешниҳод мекунад.
Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва уҳдадориҳои хориҷии худ ва ҳимояи сармояи оинномавиаш аз тағйирёбии қурби асъор, як қисми маблағи худро бо асъор ва дигар дороиҳои асъорӣ, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ устувор аст, нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи шарт ва ба муҳлатҳое, ки Раёсат муқаррар мекунад, захираи байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷумла уҳдадориҳои шахсони дигар, ки аз тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- асъори мубодилаи озод, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- уҳдадории шахсони дигар ва пасандозҳои байнибонкии аз рӯи дархост ё дар муҳлати кӯтоҳ пардохтшаванда, ки аз асъори мубодилаи озод иборат буда, дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ё дар тавозуни бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ қарор доранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- коғазҳои қиматноки қарзии бозоргири иборат аз асъори мубодилаи озод, ки ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардаанд ё коғазҳои қиматноки қарзие, ки пурра бо даромад ва қарзҳои эмитент таъмин шудаанд;
- талабот ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ки дар асоси амалиёти фурӯшу бозхарид ва созишнома оид ба қарз додани коғазҳои қиматноки дар сархати чоруми қисми 3 моддаи мазкур зикршуда ба миён меояд;
- ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавҷуданд;
- маблағҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор.
4. Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти ҳифз, таъмини пардохтпазирӣ ва даромаднокии онҳо бо тартиби зикршудаи афзалиятнокӣ идора мекунад.
Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии асъорро муайян ва амалӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
- ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ки онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабулшуда мувофиқ мебошанд, иҷро намояд;
- векселҳои хазинавӣ ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурӯшад, инчунин аҳдҳои дигарро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабул карда шудаанд, имзо намояд;
- дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;
- барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кунад.
Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъорӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Фоида ё зиёни асъории татбиқнашуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо дар шакли металлҳои қиматбаҳо алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии нарх ва қурби мубодилавии асъори ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, дар ҳисоби тавозунии махсус (захираи азнавбаҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо)-и қисми сармояи ҳисобот оид ба ҳолати молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад ва ба даромад ва хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда намешавад.
2. Фоида ё зиёни асъории татбиқшуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо дар шакли металлҳои қиматбаҳо алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии нарх ва қурби мубодилавии асъори ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, ба даромад ё хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда мешавад.
3. Фоида ё зиёни асъории татбиқшуда ва татбиқнашуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо бо асъори хориҷӣ ва ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии қурби мубодилавии ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, дар охири соли молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба даромад ё хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда мешавад.
4. Фоида ва зиёни асъории дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур пешбинигардида ба буҷети Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 7. ТАНЗИМУ НАЗОРАТ ВА БАТАНЗИМДАРОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ба ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар феҳристи бақайдгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;
- ташкилотҳои қарзии молиявиро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро санҷида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ", "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди иттилооти заруриро барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин оид ба ислоҳи вазъи кунунии онҳо чора диданро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- меъёрҳои мақбулро, ки риояи онҳо барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад, муқаррар мекунад ва аломатҳои анҷом додани амалияи носолиму хатарноки бонкиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- барои ба даст овардани ҳар гуна иттилоот дорои ҳуқуқи дастрасии бавосита ё бевосита, аз ҷумла фосилавӣ ба таъминоти барномавию техникӣ, инчунин низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- чораҳои батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, таъмини суботи низоми бонкӣ ва идомаи вазифаҳои ниҳоят муҳим бо истифодаи ками маблағҳои буҷетӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби ҳатмии ҳисобдорӣ, таҳия, пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти омориро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби гузарондани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, талаботи дастрасии шахсони сеюм ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин талабот ба таъминоти барномавию техникӣ, аз ҷумла низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санади меъёрии ҳуқуқии худ тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзимро муқаррар менамояд, ки дар доираи он ба ташкилоти қарзии молиявии манфиатдор ва ба талаботи нисбат ба фаъолияти он муқарраршуда ҷавобгӯ дар сатҳи баробар ваколати дар муҳити маҳдуди таҳти назорат (аз рӯи ҳудуд, аз рӯи вақт, аз рӯи миқдор ва ҳаҷми амалиёт, истифодабарандагон ва ғайра) озмоиш намудани анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳо бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ пешниҳод карда мешавад.
7. Натиҷаи татбиқи реҷаи махсуси танзим барои пешниҳод ҷиҳати такмили қонунгузорӣ истифода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:
- иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;
- маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омории анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд.
Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:
- оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзӣ;
- оид ба дороиҳо ва уҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, уҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзӣ нуфузи калон дорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва аз рӯи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, пурра ё қисман нашр намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.
4. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро саривақт пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти назоратӣ ва батанзимдарории дохилию хориҷӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё мақомоти назоратӣ ва батанзимдарории дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ меъёрҳои мақбул тибқи қонун  муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро бо тартиби зерин анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ, ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзии молиявӣ ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- санҷиши ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзии молиявиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба талаботи қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзии молиявиро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзии молиявӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои электрониро ба шахсони мазкур таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки санҷишгарон талаб мекунанд, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд ба гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии молиявиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳукуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
9. Хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
- талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
- амалияи носолиму хатарноки бонкиро пеш мебаранд, ки ба субот ва устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё низоми бонкӣ хавф дорад ё ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ таҳдид менамояд;
- ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии низоми бонкиро риоя накардаанд.
2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ як ё якчанд чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ба ташкилоти қарзии молиявӣ амрнома фиристад;
- ба ташкилоти қарзии молиявӣ дастур диҳад;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
- кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро барои ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ боздоштани фаъолият ё бастани филиал ва ё воҳиди дигари сохтории онро талаб намояд;
- меъёрҳои фоизиро барои анҷомдиҳии баъзе амалиёти бонкӣ маҳдуд намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб кунад, ки иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва ё фаъолияти муайянро бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб намояд;
- тақсим ё пардохти ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
- ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз муқаррар намояд;
- илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар муҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани санҷиши мавзӯии дахлдорро бо ҷалби ташкилоти аудиторӣ талаб намояд;
- аз раиси Шӯрои нозирон даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муваққатан ба кор қабул намудани коршиносро бо додани ваколат оид ба ҷонибдории амалҳои вобаста ба фурӯш, бегонакунӣ ё интиқоли дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, додани қарз ё сармоягузории маблағҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, қабули ҳар гуна қарз ё уҳдадорӣ ва пардохти суди саҳмияҳо талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ солимгардонии молиявӣ, аз ҷумла иҷрои як ё якчанд чораҳои нақшаи барқарорсозии фаъолиятро, ки тибқи моддаи 48(2) Қонуни мазкур омода шудааст, талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии ҳар гуна амалиётро бо шахсони вобаста талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд намудани сармояро дар муҳлати муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ҳуқуқи овоздиҳии саҳмдорони (иштирокчиёни) дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнокро боздорад;
- зиёд намудани музди меҳнат, пардохти мукофотпулӣ ва ҷубронпулиро ба кормандони роҳбарикунанда ё шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ муваққатан ё пурра аз вазифа барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунанда ва ё корманди дигари масъулро талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ аз вазифа озод намудани раис ё дигар узви Шӯрои нозиронро талаб намояд;
- барои ташкилоти қарзии молиявӣ меъёрҳои мақбулро ба муҳлати то дувоздаҳ моҳ тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ муайяншударо ба муҳлати то дувоздаҳ моҳ боздорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- барои ташкилоти қарзии молиявӣ қабул ва интиқоли дороиҳоро маҳдуд намояд;
- мутобиқи қонун кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- ташкилоти қарзии молиявиро ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад;
- ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии молиявиро боздорад;
- иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявиро бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.
3. Дар ҳолати талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро накардани ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷаримабандӣ мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
4. Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзии молиявӣ бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
5. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.
6. Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинишударо дар муҳлати на дертар аз шаш моҳ баъди ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, масъулияти ташкилоти қарзии молиявиро тибқи дигар қонунҳо истисно намекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 48(1). Чораҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо роҳи солимгардонӣ, ки тавассути таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ тибқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад ё барҳамдиҳии онҳо тибқи қонун амалӣ шуда метавонад.
2. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо аввалан саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
- боқимонда зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо, агар ҷой дошта бошад, қарздеҳон бо тартиби қонеъгардонии талаботи қарздеҳон мутобиқи қонунгузории барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
- зарари дар ҷараёни батанзимдарорӣ ба зиммагирифтаи саҳмдорон (иштирокчиён) ва қарздеҳон набояд аз зараре, ки онҳо ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебинанд, зиёд бошад;
- талаботи муштариён ва уҳдадориҳои ҳаммонанд (якнавъ) дар асоси баробарӣ ва якхела баррасӣ мегарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон риоя накардани усули мазкур барои пешгирии таъсири манфии эҳтимолии батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкӣ ё барои зиёд намудани арзиши талабот ба манфиати ҳамаи пасандоздорон ва қарздеҳон дар умум, қатъиян зарур муқаррар шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Барои истифодаи чораҳои батанзимдарорӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ, қаблан нисбат ба он татбиқ шудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи 48 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳатмӣ нест (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 48(2). Нақшаи барқарорсозӣ ва батанзимдарорӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ давра ба давра омода ва пешниҳод намудани нақшаи барқарорсозии фаврӣ ва мураттаби фаъолиятро бо дарназардошти ҳолатҳои (сенарияҳои) гуногуни мушкилоти молиявӣ ва ё ноустувории молиявӣ, дар алоҳидагӣ ё барои ташкилотҳои қарзии молиявие, ки аъзои гурӯҳ мебошанд, ба таври маҷмӯӣ барои мувофиқа талаб менамояд. Нақша бояд чораҳои дахлдор, тарзу захираҳои барқарорсозии фаъолияти устувор ва муътадили ташкилотҳои қарзии молиявиро пешбинӣ намояд. Ҳангоми муайян намудани камбудиҳо дар нақшаи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муҳлати муқарраршуда барои мувофиқа такроран пешниҳод кардани нақшаро талаб менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Талабот оид ба таҳияи нақшаи барқарорсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи батанзимдарории ташкилоти қарзии низомсози молиявиро омода намуда, дар он роҳҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявиро тарзе муайян менамояд, ки иҷрои бефосилаи вазифаҳои ниҳоят муҳим таъмин мегардад. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявии дигар низ нақшаи батанзимдарориро омода намояд.
4. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар амалӣ намудани нақшаи барқарорсозӣ ва ё батанзимдарории мураттаби ташкилотҳои қарзии молиявӣ монеаҳои ҷиддиро муайян намояд, он гоҳ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бартараф намудани онҳо дастур медиҳад, ки иҷрои он барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Маъмурияти муваққатӣ идоракунии махсуси ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ки он бо қарори Раёсат тибқи моддаи 50 Қонуни мазкур ба муҳлати то дувоздаҳ моҳ барои ноил шудан ба мақсадҳои батанзимдарории дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 42 Қонуни мазкур пешбинишуда ҷорӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Муҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ метавонад аз ҷониби Раёсат то дувоздаҳ моҳ тамдид карда шавад ва он дар маҷмӯъ наметавонад аз ду сол зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Қарори Раёсат дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ ё тамдид кардани муҳлати ваколатҳои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз санаи қабули он дар ду рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Маъмурияти муваққатии ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тибқи Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ваколатҳои мудири муваққатиро барои таъмин намудани мақсадҳо ва вазифаҳои он бевосита амалӣ намояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маъмурияти муваққатиро тавассути мудири муваққатие, ки бо қарори раёсат таъин шудааст ва аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ бе ваколатнома амал мекунад, анҷом диҳад.
5. Мудири муваққатӣ аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:
- намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба дастурҳои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи иҷрои уҳдадориҳояш ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ба муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, дастурамалу амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзии молиявӣ итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассусии тибқи қонун нисбат ба роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ татбиқшаванда ҷавобгӯ бошанд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ мудири муваққатиро иваз ё аз вазифа барканор намояд.
6. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавад. Андозаи музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани маблағи зарурӣ барои пардохти музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ, он аз ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон пардохт ва аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 50. Асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад чораҳои батанзимдарорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатиро бо салоҳдиди худ ҳангоми мавҷудияти як ё якчанд ҳолатҳои зерин татбиқ намояд:
- ташкилоти қарзии молиявӣ мунтазам уҳдадориҳои худро оид ба анҷом додани пардохтҳо иҷро намекунад ё имконияти иҷро намудани талаботи пасандоздорон ё қарздеҳони дигарро надорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти молиявӣ ва тиҷоратии ноустуворро амалӣ менамояд ва чораҳои танзимкунандаи минбаъда наметавонанд устувории молиявии ташкилоти қарзии молиявиро барқарор намоянд ё нигоҳ доранд;
- меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз 50 фоизи меъёри ҳадди ақалли бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда кам бошад;
- имконияти саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини риояи меъёри кифоятии сармоя дар муҳлати муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар гумон аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ташкилоти қарзии молиявӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти худ аз кӯмаки молиявии давлатӣ, аз ҷумла ба қарздеҳи сатҳи охирин вобаста мебошад;
- ташкилоти қарзии молиявӣ дилхоҳ меъёри мақбули тибқи қонун муқарраршударо тарзе вайрон карда бошад, ки он қобилияти фаъолият кардани ташкилоти қарзии молиявиро зери шубҳаи асоснок қарор диҳад;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- ташкилоти қарзии молиявӣ аз уҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш монеъ гардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- хавфнок будани фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 51. Натиҷаҳои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ
Баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ:
- ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд. Касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳар гуна амал ё қароре, ки аз тарафи ташкилоти қарзии молиявии дар итоати маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё аз номи он (ё аз тарафи саҳмдорон ё роҳбарони он) қабул мешавад, беэътибор мебошад, агар он аз тарафи мудири муваққатӣ ё таҳти роҳбарии вай қабул нашуда бошад, аз ҷумла интиқоли пул ё коғазҳои қиматнок, ки бонкҳо тавассути низоми ҳисоббаробаркунии пардохт ё низоми ҳисоббаробаркунии коғазҳои қиматнок анҷом додаанд ва онҳо қабл аз ба кор оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ бебозхонд шудаанд;
- муҳлати муқарраркардаи қонун, шартнома ё ба таври дигар муқарраршуда, ки баъди ба охир расидани он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рӯзи сипаришавии он ба муҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 52. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ
Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молитявӣ фавран чораҳои зеринро меандешад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ҳамаи кӯшишҳои худро софдилона барои таъмини нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба харҷ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявиро оғоз менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ огоҳиномаро бо зикри санаи ба иҷрои уҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки он набояд аз санаи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- тавассути рӯзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ, он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ ҷойгиранд, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ эълон менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳамаи молу мулки воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзии молиявиро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии он бозпас мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзии молиявиро аз вазифа барканор ва ё озод намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компютерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасии объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бақайдгирандагон, намояндаҳо ва агентҳо, ки ба коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзии молиявиро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмдорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзии молиявӣ намояндаҳои худро таъин менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 53. Ҳисоботи мудири муваққатӣ
1. Мудири муваққатӣ дар давоми сӣ рӯз пас аз санаи таъин шуданаш ба Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи молиявӣ ва нақшаи солимгардонии ташкилоти қарзии молиявӣ ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад, ки иборат аз (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
1) ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби мудири муваққатӣ таҳия гардида, дар он вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
2) тавсияи андешидани яке аз чораҳои зерин нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо роҳи таҷдиди сохтори он ва бо истифодаи ваколатҳои дар моддаҳои 55 - 58(2) Қонуни мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
б) бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи мудири муваққатӣ дар муддати понздаҳ рӯз қарори дахлдор қабул мекунад.
3. Мудири муваққатӣ вазифадор аст, ки ҳар моҳ оид ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот диҳад.
Моддаи 54. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон ва иҷрои уҳдадориҳои дигари ташкилоти қарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар он маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст, метавонад пардохти маблағро аз рӯи ҳар гуна уҳдадории ташкилоти қарзии молиявӣ то як моҳ боздорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин муҳлатро ба як моҳи дигар тамдид намояд, вале ин муҳлат набояд аз се моҳ зиёд бошад. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон, уҳдадории ташкилоти қарзии молиявиро барои пардохти амонату пасандозҳо ба андозаи на зиёда аз маблағи ҷубронпулии бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" муайяншуда маҳдуд наменамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Дар давраи мораторияи пардохтҳо ба оғози парвандаи судӣ, идомаи парвандаҳои оғозшуда ё таъқиби судӣ барои иҷрои маҷбурӣ ё ба иҷро кардани ҳуқуқи гарав нисбат ба молу мулки ташкилоти қарзии молиявӣ роҳ дода намешавад. Дар ин давра бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзии молиявӣ ҳамчун гарав, соҳиб шудани қарздеҳ ба ҳуқуқи қонеъгардонии афзалиятнок аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзии молиявӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои мавҷуд будани санадҳои судӣ, ки қабл аз таъини маъмурияти муваққатӣ қабул шудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 54(1). Муваққатан боздоштани ҳуқуқҳои талаби баҳисобгирии тарафайн ва қатъи пеш аз муҳлат
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003)
Татбиқи батанзимдарорӣ ва ҷараёни амали он, барои нисбат ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби баҳисобгирии тарафайн, ки бо қонун ё шартнома пешбинӣ гардидааст, асос шуда наметавонад, инчунин ба ҳар гуна тарафи дигари ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби пеш аз муҳлати иҷро ё қатъ намудани шартномаро намедиҳад, агар аз рӯи чунин шартнома уҳдадориҳои асосӣ ба таври дахлдор иҷро шуда истода бошанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 55. Амалӣ намудани нақшаи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ
1. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудани қарор дар бораи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо истифода аз ваколатҳои махсус, мудири муваққатӣ метавонад таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявиро тибқи моддаҳои 56-58(2) тариқи зайл анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавии ташкилоти қарзии молиявӣ бо дигар ташкилоти қарзӣ ё додани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилоти қарзии молиявии дигар (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
-  интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ғайриамонатӣ (ғайрипасандозӣ) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳо, аз ҷумла амонатҳои (пасандозҳои) ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ваколатҳои назорат ё имтиёзҳои саҳмдорон (ҳукуқи афзалиятнок) харид нисбат ба барориши саҳмияҳо, талаботи аз ҷониби саҳмдорон тасдиқ шудани амалиёте, ки ба сармоя ё молу мулки ташкилоти қарзии молиявӣ таъсир мерасонад ва ғайра) ба таҷдиди сохтор, ки мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад, монеъ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз рӯи созишномаҳояш сари вақт иҷро нашудаанд ва ё бекор карда шудаанд, ҳангоми татбиқи чораҳо оид ба таҷдиди сохтор ба инобат гирифта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 55(1). Муқаррароти махсус оид ба суботи молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд, ки барои нигаҳдории суботи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ зарур аст, он гоҳ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон машварат менамояд. Баъд аз машварати мазкур, дар асоси пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ ба таври фаврӣ қарор қабул намояд. Механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ метавонанд аз инҳо иборат бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
а) харидории саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилоти қарзии молиявӣ;
б) маблағгузорӣ барои таъсиси бонки мутавассит ва ё ташкилоти идоракунии дороиҳо;
в) додани қарз ё грантҳо ба ташкилоти қарзии молиявӣ;
г) додани кафолат аз рӯи уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
д) додани кафолат бо шартҳои муқарраркарда барои пардохти қарз ё хати қарзие, ки Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудааст ё менамояд.
2. Баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани қарор дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои худро ҷиҳати батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 4 моддаи 49 ва моддаи 55 Қонуни мазкур амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Механизми маблағгузории фавқулодаи давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда бояд танҳо баъди аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои беқурбшуда ва мутаносибан кам кардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) саҳмдорон (иштирокчиён), манъ кардани тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳо ва аз вазифа озод кардани як ё якчанд аъзои Шӯрои нозирон, раиси ташкилоти қарзии молиявӣ, муовинони ӯ, раиси Раёсат, аъзои дигари он, сармуҳосиб ва сараудитори ташкилоти қарзии молиявӣ татбиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 56. Пурра кардани сармоя
Бо мақсади пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявие, ки дар он маъмурияти муваққатӣ таъин шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои андешидани чораҳои зарурӣ ё қобили қабули зерин ваколатдор намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои бекурбшуда ва мутаносибан кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- барориши саҳмияҳои иловагии навъҳои мавҷуда ё саҳмияҳои нав ё ҳар ду;
- ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдил додани қарзи субординарӣ, ё уҳдадориҳои таъминнабудаи ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 48(1) Қонуни мазкур бе розигии қарздеҳон. Уҳдадориҳои таъминнабудаи ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдилшаванда набояд маблағи ҷуброншавандаи пасандозҳои суғурташударо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" ва дигар уҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ тавассути бозхариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ё беэътибор донистани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мутаносибан ба зарари ҳамин ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- дигар ваколатҳое, ки барои пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 57. Харидан, ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавӣ
Харидани ташкилоти қарзии молиявии аз тарафи маъмурияти муваққатӣ идорашаванда аз ҷониби дигар ташкилоти қарзии молиявӣ (ё ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавии он бо дигар ташкилоти қарзии молиявӣ) имкон дорад бо роҳи интиқол додани қисми зиёди саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ба ивази саҳмияҳо ё маблағҳои пулии он ё ба ивази ҳар ду анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 58. Интиқол ё фурӯши дороиҳо ва уҳдадориҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор доранд, ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ё ба ташкилоти идоракунии дороиҳо ваколатдор намояд. Интиқоли амонатҳо (пасандозҳо) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур бе тасдиқ, ҷонибдорӣ ё гирифтани розигии пешакии ҳар гуна шахси дигар, аз ҷумла саҳмдорон (иштирокчиён), пасандоздорон, қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ ва қарздорон, инчунин бе огоҳсозӣ, нашр, барасмиятдарорӣ ва пардохти хироҷ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Саҳмдорон (иштирокчиён), қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузории ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ва ё шахсони сеюме, ки дороиҳо ва уҳдадориҳои онҳо ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳо, интиқол ё фурӯхта нашудаанд, ягон ҳуқуқ ба дороиҳо ва уҳдадориҳои интиқолшуда ва ҳуқуқи дахолат ба фаъолияти ин ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳоро надоранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Шартҳо ва тартиби интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, бонки мутавассит ё ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин намуди дороиҳо ва уҳдадориҳои интиқолшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548,  аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 58(1). Бонки мутавассит
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки мутавассит барои як ё якчанд мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
- қисман ё пурра қабул намудани амонатҳо (пасандозҳо) ва ё дигар уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- қисман ё пурра қабул намудани дороиҳо ва ё ҳуқуқи талаби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта;
- муваққатан иҷро кардани вазифаҳои дигар ва ё амалиётҳои бонкии ҷудогонае, ки Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.
2. Бонки мутавассит фаъолияти худро, аз ҷумла анҷом додани амалиёти бонкии ҷудогонаро, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба муҳлати се сол дода шуда, тамдид намегардад, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Сармояи бонки мутавассит аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 55(1) Қонуни мазкур, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва ё дигар сармоягузорон ташкил ё пурра мегардад. Андозаи зарурии маблағи сармоя ва ё пардохтпазириро барои бонки мутавассит Раёсат муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Талабот нисбат ба таъсис, иҷозатномадиҳӣ, идоракунӣ ва фаъолияти бонки мутавассит, аз ҷумла тартиби танзими он, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муқаррар карда шавад.
5. Бонки мутавассит бе мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад дороиҳо, ҳуқуқи талаб, уҳдадориҳо ё сармояи худро бегона намояд ва ё дар чунин аҳдҳои дигар иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми таъсиси бонки мутавассит дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода мешаванд, муайян менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъд аз таъсиси бонки мутавассит ҳуқуқи талаби дигар, дороиҳо ва ё уҳадориҳои чунин ташкилоти қарзии молиявиро, ки бояд ба бонки мутавассит интиқол дода шаванд, муайян намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта уҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳоеро, ки қаблан ба бонки мутавассит интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
8. Пасандозҳои суғурташуда, ки ба бонки мутавассит гузаронида мешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" суғурташуда ҳисобида мешаванд. Бонки мутавассит баъди гирифтани иҷозатнома узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳисобида шуда, аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
9. Қисми дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба бонки мутавассит интиқол нашудаанд, дар ташкилоти қарзии молиявии мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қароргиранда боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
10. Бонки мутавассит вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби ба он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба уҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
11. Саҳмдорони (иштирокчиёни) бонки мутавассит дар давоми фаъолияти он бояд:
- дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар фурӯшанд ва ё интиқол диҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар ва ё дигар шахсон, ки мақсади табдилдиҳии бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, фурӯшанд.
12. Ҳангоми иҷро нагардидани талаботи қисми 11 моддаи мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон бояд иҷозатномаи бонки мутавасситро барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ то ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 58(2). Ташкилоти идоракунии дороиҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Ташкилоти идоракунии дороиҳо бо мақсади қабули дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 55(1) Қонуни мазкур таъсис дода мешавад. Ташкилоти идоракунии дороиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад якҷоя бо сармоягузорони дигар таъсис дода шавад.
2. Ташкилоти идоракунии дороиҳо дороиҳои интиқолшударо бо мақсади то ҳадди ниҳоӣ баланд бардоштани арзиши онҳо идора менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон назорати фаъолияти ташкилотҳои идоракунии дороиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, ки тартиби таъсис, идоракунӣ, анҷом додани фаъолият ва маблағгузории ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин талаботро нисбат ба кормандони роҳбарикунанда, арзёбии дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ғайриамонатие (ғайрипасандозие), ки ба онҳо гузаронида мешаванд, муқаррар менамоянд, амалӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Ташкилоти идоракунии дороиҳо пеш аз оғози фаъолият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон оиннома, маълумот оид ба кормандони роҳбарикунанда, музди меҳнат ва уҳдадориҳои вазифавии онҳо, инчунин стратегияи фаъолият ва сохтори хавфҳоро барои мувофиқа ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Бонки миллии Тоҷикистон андозаи ҷуброни дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ба ташкилотҳои идоракунии дороиҳо додашударо, ки бояд ба фоидаи ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта пардохт карда шаванд, муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ғайриамонатиеро (ғайрипасандозиеро), ки ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳоеро, ки қаблан ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Ташкилоти идоракунии дороиҳо вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби бо он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба уҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
8. Ташкилоти идоракунии дороиҳо ба муҳлати то панҷ сол таъсис дода мешавад ва тибқи дархости ҳамин ташкилот муҳлати он метавонад ба ду соли дигар аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 59. Ҳимояи қарздеҳ ва тартиби пардохти ҷуброн
1. Интиқоли дороиҳо ҳангоми таҷдиди сохтор дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- интиқоли молу мулки таҳти гарав қарордошта (дар доираи ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдории ҳар гуна дорои ё молу мулк, гарави молу мулки ғайриманқул ё ҳар гуна намуди дигари ҳуқуқи гарав), агар дар баробари он уҳдадории ташкилоти қарзӣ ва манфиати ба ҳуқуқи гарав вобастаи он низ интиқол дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- додани танҳо як қисми ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки дар қарордод ҷиҳати ҳисоббаробаркунии талаботи мутақобила зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Агар мутобиқи арзёбии мустақил қарздеҳи ташкилоти қарзие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, бинобар таҷдиди сохтор дар ҳолати бадтар аз ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ қарор дошта бошад, он гоҳ қарздеҳи мазкур барои гирифтани ҷубронпулӣ ва маблағе, ки қарздеҳро дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ баробар мекунад, ҳуқуқ дорад.
Моддаи 60. Ваколатҳои мудири муваққатӣ
1. Мудири муваққатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) давом додани иҷрои амалиёти бонкӣ аз номи ташкилоти қарзӣ ё қатъ намудани онҳо;
2) ҷалби қарзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон;
3) иҷрои уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё маҳдуд кардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
4) тағйир додани меъёрҳои фоизӣ аз рӯи уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ то меъёрҳои дахлдори дар бозор амалкунанда (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
5) ба кор ҷалб кардани шахсони мансабдор, кормандон ва мушовирони зарурӣ;
6) қатъ намудани шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора, ки ташкилоти қарзӣ иштирокчии он мебошад;
7) ифшои иттилоот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфӣ бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ;
8) хариду фурӯши мол, хизматрасонӣ ё молу мулки дигар аз номи ташкилоти қарзӣ;
9) барориши ҳама гуна воситаҳои пардохтӣ аз номи ташкилоти қарзӣ;
10) ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намудан аз номи ташкилоти қарзӣ дар суд;
11) анҷом додани амалҳои зерин дар бораи баргардонидани маблағҳои муҳлати пардохташон гузашта (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
а) фурӯши молу мулки ба гарав гирифташуда;
б) аз қарздорон талаб намудани пардохти қарзҳои муҳлаташон гузашта, пешниҳоди таъминот ва кафолатҳои иловагӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
12) ба имзо расондани қарордод бо қарздорон дар бораи пеш аз муҳлат пардохт намудани қарз (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
13) пешниҳод намудани харидории қарзҳои пардохтанашуда ба шахсони дигар;
14) андешидани чораҳо дар бораи баргардонидани дигар қарзҳои қарздорони ташкилоти қарзӣ;
15) анҷом додани чораҳои зарурии дигар на танҳо тавассути азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳукуқии он ва табдилдиҳии он ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва ё ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Мудири муваққатӣ ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардани ҳар гуна қарори мақомоти идоракунии ташкилоти қарзиро, ки мухолифи манфиати муштариён ва пасандоздорон аст, дорад.
Моддаи 60(1). Кӯмак ва ҳамкорӣ бо маъмурияти муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ муваққатан аз вазифа барканор ё озод шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ уҳдадоранд ба маъмурияти муваққатӣ кӯмак расонида, бо он ҳамкорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548,  аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 61. Анҷоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ
1. Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ баъди ба охир расидани муҳлати ваколатҳо (ё муҳлати тамдиди он) ё қабл аз ба охир расидани ин муҳлат (ё муҳлати тамдиди он) бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки асосҳои таъин шудани он бартараф шудаанд ё мутобиқи моддаи 53 Қонуни мазкур барқарор кардани ташкилоти қарзӣ имконнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ:
- тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ, мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд;
- ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунӣ ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд.
Моддаи 62. Барҳам додани ташкилоти қарзӣ
Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд бо ариза дар бораи барҳам додани ташкилоти қарзӣ тибқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд.
БОБИ 7(1). ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Моддаи 62(1). Вазифаҳои танзиму назоратии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявиро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро танзим менамоянд, анҷом медиҳад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ талаботи таъминоти барномавию техникӣ, инчунин талаботи дастрасии шахсони сеюмро ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Бонки миллии Тоҷикистон бо санади меъёрии ҳуқуқии худ тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзимро муқаррар менамояд, ки дар доираи он ба ташкилоти ғайриқарзии молиявии манфиатдор ва ба талаботи нисбат ба фаъолияти он муқарраршуда ҷавобгӯ дар сатҳи баробар ваколати дар муҳити маҳдуди таҳти назорат (аз рӯи ҳудуд, аз рӯи вақт, аз рӯи миқдор ва ҳаҷми амалиёт, истифодабарандагон ва ғайра) озмоиш намудани анҷомдиҳии хизматрасониҳо бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ пешниҳод карда мешавад.
4. Натиҷаи татбиқи реҷаи махсуси танзим барои пешниҳод ҷиҳати такмили қонунгузорӣ истифода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ дахолат намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 8. НИЗОМИ ПУЛӢ ВА ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛӢ
Моддаи 63. Низоми пулӣ
Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 64. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ
1. Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳукуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65. Тавсифи пули миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.
Моддаи 66. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он
1. Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигоҳдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
3. Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва ба ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
5. Агар ороиши пулҳои ивазшаванда ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошад, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.
Моддаи 67. Таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳангоми пайдо шудани талаботи иқтисодиёт ба пул онро бо нишонаҳои пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи худ таъмин намояд.
Моддаи 68. Аз муомилот баровардани нишонаҳои пулӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, ба ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғазӣ ва тангаҳо барорад.
2. Баъди ба охир расидани давраи ивазкунӣ, ки ба гирифтани пулҳои коғазӣ ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғазӣ ва тангаҳо иваз намудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот баровардашуда дигар воситаҳои пардохтӣ буда наметавонанд.
БОБИ 9. ҲИСОБОТДИҲӢ ВА НАЗОРАТИ МУҲОСИБӢ
Моддаи 69. Соли молиявӣ
Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
Моддаи 70. Ҳисоботи солона
Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи солона тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- ҳисоботи молиявӣ, ки аз ҳисобот оид ба ҳолати молиявӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён ва дигар даромади маҷмуӣ, ҳисобот оид ба тағйирот дар сармояи худӣ, ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ ва тавзеҳоти ҳисоботи молиявӣ бо шарҳи муқаррароти назарраси сиёсати ҳисобдории Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар маълумоти тавзеҳотӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, арзёбии вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 71. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
1. Пешбурд ва тартиб додани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ анҷом дода мешаванд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳи ҳисоботӣ, ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рӯзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд.
Моддаи 72. Уҳдадориҳои шартӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои уҳдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро уҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва уҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудаанд) ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба уҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- маблағи уҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софи он зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарӣ талаб карда нашуда бошад.
3. Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зарурати баррасии мукаммали уҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 73. Пешниҳод ва нашри ҳисобот
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 1 август ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба ҳисоботи молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 74. Сохтор ва мақомоти идоракунӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои минтақавӣ иборат аст.
2. Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиалӣ буда, самтҳои асосии фаъолият, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян ва амалӣ шудани онҳоро назорат мекунад.
3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва ду муовини ӯ, панҷ аъзои мустақил иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Аъзои мустақили Раёсат бо пешниҳоди дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқакардашудаи раис аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешаванд. Номзадии ду муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба аъзои Раёсат бо пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ва аъзои Раёсат бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ бошанд, доғи судӣ надошта, ба ташкилотҳои муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
8. Аъзои Раёсат ба муҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба муҳлати ҳафт сол (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба муҳлати панҷ сол (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- аъзои мустақили Раёсат - ба муҳлати шаш сол (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
9. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
10. Аъзои мустақили Раёсат аз ҳисоби омӯзгорони собиқаи заруридоштаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муассисаҳои илмии иқтисодӣ ва ё аз ҳисоби собиқадороне, ки аз соҳаҳои иқтисод, молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва бонкдорӣ ба нафақа баромадаанд ва дар мақомоти давлатӣ вазифаи хизматиро ишғол наменамоянд, инчунин шахсони мансабдори ҳизбҳои сиёсӣ намебошанд, таъин карда мешаванд. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои аъзои мустақил подошпулӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
11. Дар сурати аз вазифа озод шудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовини якум ва муовинони ӯ, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
12. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, подошпулии аъзои мустақили Раёсат дар давоми муҳлати таъини онҳо кам карда намешавад ва ҳарсола дар буҷети Бонки миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 75. Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- бинобар гузаштани муҳлати ваколат (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;
- додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;
- нисбат ба онҳо баровардани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;
- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
- суиистифода аз вазифа, яъне ба амал баровардани ҳуқуқ, ваколатҳо ва мавқеи бо вазифаи ишғолнамуда алоқаманд бархилофи манфиатҳо, мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигар ё дар робита ба манфиати субъектҳои алоҳида, ба зарари Бонки миллии Тоҷикистон ё субъекти дигар, ҷиҳати маҳдудкунии рақобат ва ё фароҳам овардани мавқеи ҳукмфармо ё додани афзалият ҳангоми қабули қарорҳо, инчунин бо шаклҳои дигари ба талаботи қонунгузорӣ, принсипҳои асоснокӣ ва поквиҷдонӣ мухолиф, агар ин ҳолатҳо бо далелҳои кофӣ тасдиқ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат;
- бархӯрди манфиатҳо, ки тибқи қонунгузорӣ барои идома додани кор иҷозат намедиҳад;
- аз даст додани боварӣ ба узви Раёсат дар натиҷаи аз ҷониби ӯ содир шудани амалҳои ба мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мухолиф;
- бо сабаби ба кори дигар гузарондан (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Раёсат дар бораи ҳамаи асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, ки ба он маълум шудааст, бетаъхир ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъин намудани узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад.
4. Аъзои Раёсат ҳуқуқ доранд дар бораи истеъфои худ дар муддати на дертар аз се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 76. Ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:
- аз номи Бонки миллии Тоҷикистон бе ваколатнома амал мекунад ва манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои дигар, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- барои таъмини иҷрои қарорҳои Раёсат масъул аст;
- ваколатҳоеро, ки Раёсат ба зиммаи ӯ вогузор намудааст, амалӣ менамояд;
- амалиёти ҳаррӯзаи Бонки миллии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;
- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мегузорад;
- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои мансабиро дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон тақсим менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1645);
- хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- фармонҳо мебарорад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он ҳатмӣ мебошад;
- барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул буда, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.
2. Дар вақти набудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якум, дар набудани муовини якум, яке аз муовинон иҷро менамояд.
Моддаи 77. Ваколатҳои Раёсат
1. Раёсат ваколатҳои зеринро дорост:
- сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлатро таҳия ва қоидаҳои татбиқи воситаҳои сиёсати пулию қарзиро (монетариро) муқаррар менамояд(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- сиёсати асъории давлатро татбиқ менамояд, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби расмии асъорро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро барои истифодаи умум қабул ва тасдиқ менамояд;
- гузориш ва ҳисоботро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ менамояд;
- дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ қарорҳо қабул менамояд;
- арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот баровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;
- сиёсати идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, инчунин дар бораи бозхонд, боздошт, бекор кардан ва қать намудани амали иҷозатномаи додашуда қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- дар бораи мушаххасоти баровардани уҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, маоши вазифавии хизматчиён, талаботи тахассусиро ба онҳо ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва шароити ба кор қабул намудани хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;
- буҷети Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ҳар гуна айбдоркуниро оид ба суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои аъзои Раёсатро баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани онҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристад;
- шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва намояндаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;
- аудитори берунии Бонки миллии Тоҷикистонро бо тавсияи кумитаи аудит таъин мекунад;
- низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- масъалаҳои дигари ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон алоқамандро, ки мувофиқи Қонуни мазкур дар ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Раёсат барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди низоми бонкӣ ва устувории молиявӣ, инчунин барои назорати дохилӣ метавонад кумитаҳо таъсис дода, тартиби фаъолияти онҳоро муқаррар намояд.
Моддаи 78. Маҷлиси Раёсат
1. Маҷлиси Раёсат аз тарафи раиси Раёсат ё муовини ивазкунандаи ӯ на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла ба раис ё муовинони ӯ дахл дошта бошад, шахсони мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд хабар диҳанд ва онҳо ҳақ надоранд дар овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала иштирок намоянд.
3. Дар бораи даъват намудани маҷлис на дертар аз се рӯзи корӣ хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулодае, ки дар ин сурат маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат рӯз, ҷойи гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, агар дар он аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат, аз ҷумла раиси Раёсат ҳузур дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад ба таври пӯшида гузаронида шаванд.
6. Ҳар як узви Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дорад ва дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- тақсими баробари овозҳо, ки дар ин ҳолат раиси маҷлис дорои овози ҳалкунанда мебошад;
- агар аъзои мустақили дар маҷлис ҳузурдошта нисбат ба аъзои аз ҳисоби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлис ҳузурдошта бештар набошанд, ки дар ин ҳолат ҳар як узви мустақил ду овоз дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба таври пурсиш, бе даъват намудани маҷлис қабул карда мешавад.
8. Дар ҳама ҳолатҳо қарори Раёсат бо аксарияти овозҳои аъзои Раёсат, ки аз рӯи масъала ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.
9. Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.
10. Қарори Раёсат бо сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.
11. Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мегузоранд.
12. Тартиби омодасозии мавод ба баррасии маҷлиси Раёсат ва барасмиятдарории қарорҳои он бо Дастури Раёсат, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
БОБИ 11. КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 79. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон
1. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис,  муовини якум ва муовинони ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Шартҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раёсат муқаррар менамояд. Корманди Бонки миллии Тоҷикистон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд ва бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур уҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаашон ба Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.
7. Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзӣ мегиранд, муқаррар намояд.
8. Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.
9. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд ҳар сол дар бораи манбаъҳои даромади иловагии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721).
10. Эъломиякунонии андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (ба истиснои ҳайати техники ва хизматрасон) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721).
Моддаи 79(1). Ҳимояи ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ, мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд, аз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои зарар ё оқибати дигар бо амал ё беамалие, ки мутобиқи вазифаю уҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Бонки миллии Тоҷикистон расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ беэҳтиётии дағалона мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ки уҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор дар ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро аз рӯи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбат ба шахсони мазкур бароварда шудааст, низ фаро мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 80. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аъзои Раёсат ва кормандони дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд ягон хел манфиатҳои кориро, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки сабаби ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд ба кори дигари музднок машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- дар мақомоти давлатӣ вазифаи хизматиро ишғол намоянд, инчунин шахсони мансабдори ҳизбҳои сиёсӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- узви мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721);
-  иштирокчӣ, молик ё идоракунандаи бовариноки саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721).
5. Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин қоидавайронкунӣ аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.
6. Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онро ифшо карда, дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад.
7. Дар Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя кор кардани хешовандони наздик - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, наберагон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, бародарзодагон ва хоҳарзодагон, ҳамчунин дигар шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721, аз 13.11.2023 № 2003)
8. Аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди ба вазифа тасдиқ шуданашон ва аввали ҳар сол ба Раёсат дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзии молиявӣ), ки молики онҳо худашон ё фарзандони онҳо ва шахсони дигаре мебошанд, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, дар шакли хаттӣ маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 81. Махфият
1. Аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он ҳуқуқ надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.
2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур қайдгардида метавонанд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош намоянд:
- дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;
- агар манфиатҳои Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани чунин маълумотро дар мурофиаи судӣ талаб кунанд;
- ҳангоми аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон, бо талаби аудиторон;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
БОБИ 12. АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 82. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Ба ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторӣ дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит заруриро пешниҳод мекунад.
3. Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторӣ пешниҳодшаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.
4. Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайваста бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад.
5. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад.
6. Аудити Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ, гардиши маблағҳои буҷетӣ ва қарзи давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1112).
Моддаи 83. Аудити дохилӣ
1. Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Департамента аудити дохилӣ амалӣ гардонда мешавад.
2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат, ки аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегарданд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Сараудитор аз вазифа тибқи асосҳое, ки барои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат пешбинӣ шудаанд, озод карда мешавад.
Моддаи 84. Кумитаи аудити Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раёсат бо мақсади огоҳии саривақтӣ аз вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳодиҳии низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо, таҳлили кори аудити дохилӣ ва берунӣ, инчунин пешниҳоди тавсияҳо доир ба масъалаҳои баррасишаванда кумитаи аудитро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд.
2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат, ки аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегарданд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 13. ОМОР ВА ИТТИЛООТ
Моддаи 85. Таҳияи тавозуни пардохт мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии беруна
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бо мақсади таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ аз субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳоди маълумотро оид ба амалиёти иқтисодии хориҷии онҳо талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 86. Ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон:
- маълумоти оморӣ ва иттилоотро, ки бо иҷрои вазифаҳояш алоқаманданд, ҷамъоварӣ, таҳия, таҳлил ва нашр менамояд;
- номгӯй ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумоти зарурии омории ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ва муҳлати пешниҳоди онро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- тартиби махфият ва масъулиятро мутобиқи қонун дар ҳолати риоя накардани тартиботи пешниҳоди маълумоти оморӣ муайян мекунад;
- дар ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маълумоти оморӣ ва иттилоот, қабули меъёрҳои байналмилалии паҳнкунии маълумот бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 87. Интишори маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро ба нашр мерасонад:
- маълумоти оморӣ ва иттилоот;
- методологияе, ки барои ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилооти дахлдор истифода бурда мешавад.
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 88. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 88(1). Баррасии баҳсҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти дилхоҳ баррасии судӣ ё арбитражӣ бо ҷавобгарии Бонки миллии Тоҷикистон, аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ ё мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд ва вазифаҳояшонро дар назди Бонки миллии Тоҷикистон иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:
а) суд ё арбитраж барои қабули қарори худ ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;
б) дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳама марҳилаҳои минбаъда ё баррасии дигари судии бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Бонки миллии Тоҷикистон бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта, ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои исбот шудани аломати ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии қасдона дар амалҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
в) агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои ин амалҳо ҷавобгар мебошад, барои тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерӯёнад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 89. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 410; с.2001, №4, мод. 173; с.2002, №11, мод. 672; с.2004, №12, қ.1, мод. 690; с.2007, №7, мод. 680; с.2009, №7-8, мод. 502) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 90. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 июни соли 2011 № 722
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз 14 декабри соли 1996, № 384 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод.411; с.2001, № 4, мод. 174; с.2002, № 11, мод.674; с.2004, № 11, мод.570; с.2007, № 7, мод.521а; с.2009, № 5, мод.381) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 30 марти соли 2011 № 376
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 9 июни соли 2011 № 174