ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 08:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
719
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 432; с. 2012, №7, мод.701)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 851, аз 3.08.2018 № 1550, аз 15.03.2023 № 1962, аз 03.01.2024 №2041)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии татбиқи раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-  мудир - шахсе, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон то аз ҷониби суд таъин шудани барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзие, ки иҷозатномааш бозхонд шудааст, таъин гардидааст;
-  барҳамдиҳанда - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро бе асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад;
-  мудири махсус - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро аз рўи асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад;
- муфлисшавӣ - бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд ғайри қобили пардохт эътироф кардани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рўи уҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
-  барҳамдиҳии ихтиёрӣ (худбарҳамдиҳӣ) - барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ;
-  қарздор - ташкилоти қарзӣ, ки бо тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур муфлис эътироф шудааст;
-  қарздеҳ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла пасандозгузор, ки хуқуқи аз ташкилотҳои қарзӣ талаб кардани иҷрои уҳдадориҳои пулиро дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
-  пасандоз - маблағи пулие, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ дода шудааст;
-  барҳамдиҳии маҷбурӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бидуни асоси муфлисшавӣ, ки иҷозатномаи вай тибқи қонунугузории бонкӣ бозхонд шудааст ва барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, ки иҷозатномаи вай бо сабаби муфлис шудан бозхонд шудааст;
- мурофиаи муфлисшавӣ - мурофиае, ки бо қарори суд нисбат ба ташкилотҳои қарзии муфлис эътирофшуда оғоз мегардад ва аз тарафи мудири махсус анҷом дода мешавад;
-  суд - судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-  кумитаи қарздеҳон - мақоми ваколатдори маҷлиси қарздеҳони қарздор, ки фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур анҷом медиҳад;
-  свопи асъорӣ - амалиёти хариди асъори хориҷӣ бо пардохти фаврии муодили он бо пули миллӣ ва бо шарти бозхариди минбаъдаи он аз рўи қурби шартномавӣ;
-  репо - амалиёти хариди (фурўши) коғазҳои қиматнок бо уҳдадории бозфурўши (бозхариди) онҳо дар муҳлат ва бо нархи қаблан муайянгардида (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1550).
2. Дар ҳолати мухолифат байни муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1550).
Моддаи 3. Хабардор кардани Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси мушкилоти ташкилоти қарзӣ
Роҳбарон ва саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ ўҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон фавран хабар диҳанд, агар ба онҳо яке аз ин ҳолатҳо маълум бошад:
- аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро нагардидани уҳдадории пулӣ дар назди хар гуна қарздеҳ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- сатҳи нокифояи сармоя ё пардохтпазирӣ нисбати талаботе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- риоя накардани меъёрҳои мақбул, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи қонунии Бонки миллии Тоҷикистон;
- қабули ҳар гуна қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ дар бораи барҳамдиҳии он;
- пардохтнопазирии ташкилоти қарзӣ ё мавҷудияти таҳдиди он;
- амалҳои бевиҷдонона, сўиистифода аз мансаб, ришвахўрӣ, қаллобӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунии роҳбарон, аъзои Шўрои нозирон ё саҳмиядорони ташкилоти қарзӣ, инчунин баҳодиҳанда, ки метавонанд боиси пайдо шудани мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ гарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
БОБИ 2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲӢ
Моддаи 4. Асоси барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ
Барои анҷом додани ҳар гуна раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи судӣ ё ғайрисудӣ, қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ асоси ягона ба ҳисоб меравад.
Моддаи 5. Расмиёти барҳамдиҳӣ
1. Расмиёти барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар шакли барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва барҳамдиҳии маҷбурӣ гузаронида мешавад.
2. Барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо тариқи ғайрисудӣ ва барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бо тариқи судӣ гузаронида мешаванд.
3. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ дар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори суд амалӣ мегардад.
4. Баъди бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, талаботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба талаб кардани ҳисоботи молиявӣ ва дигар ҳисобот қатъ мегардад.
5. Бонки миллии Тоҷикистон мониторинги ташкилоти қарзии барҳамхўрандаро то пурра тамом шудани ҳамаи расмиёт ва ворид намудани сабт ба феҳрист оид ба қатъи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонун анҷом медиҳад.
БОБИ 3. БАРҲАМДИҲИИ ИХТИЁРӢ
Моддаи 6. Тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ
 
1. Барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ бо тариқи ғайрисудӣ тибқи асосҳои пешбиникардаи Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Қарор дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори он дар ҳолати қобили пардохт будани ташкилоти қарзӣ қабул карда мешавад.
3. Ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бозхонди иҷозатнома бо дархост муроҷиат мекунад, ки ба он бояд нақшаи муфассали чорабиниҳо дар бораи муҳлати омодагии ташкилоти қарзӣ оид ба қатъи фаъолияти худ, тартиб ва муҳлати қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон замима га (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041)рданд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати на дертар аз як моҳ дархости ташкилоти қарзиро баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул менамояд.
5. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қонеъ гардонидани дархости ташкилоти қарзӣ дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис медиҳад, ки он барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ масъул мебошад.
6. Комиссияи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ўҳдадор аст дастрасии Бонки миллии Тоҷикистонро ба биноҳои ташкилоти қарзӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ дахлдор таъмин намояд.
7. Қонеъ гардонидани дархости ташкилоти қарзӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон рад гардад, агар муайян карда шавад, ки дороиҳои мавҷудаи ташкилоти қарзӣ барои пурра қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон кофӣ намебошанд ва ё барои бозхонди иҷозатнома дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
8. Комиссияи барҳамдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод менамояд. Шахсоне, ки барои қасдан пешниҳод кардани маълумоти нодуруст гунаҳгоранд, дар рафти ба миён гузоштани масъалаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
9. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки комиссияи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тартиби барҳамдиҳии ихтиёриро муваффақона таъмин накарда, талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро намекунад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қарздеҳон риоя намегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзӣ мудир таъин карда, ба суд бо ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ муроҷиат намояд.
БОБИ 4. БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРӢ
Моддаи 7. Барҳамдиҳии маҷбурӣ
1. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ амалӣ мегардад.
2. Пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
3. Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон ўҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 8. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе асосҳои муфлисшавӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти асоси қонунӣ аз ташкилоти қарзӣ иҷозатномаро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бозхонд намуда, дар он мудир таъин менамояд ва дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе асосҳои муфлисшавӣ бо ариза ба суд муроҷиат мекунад.
Моддаи 9. Оғози барҳамдиҳии маҷбурин ташкилоти қарзӣ бе асосҳои муфлисшавӣ
1. Аз рўзи қабули санади судӣ дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғозшуда ҳисоб мешавад ва суд барҳамдиҳандаеро, ки шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дорад, таъин мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботи тахассусии барҳамдиҳанда ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
2. Мудир ба воситаи тартиб додани санади қабулу супурди молу мулк ва ҳуҷҷатҳо идоракунӣ ва назорати ташкилоти қарзиро ба ихтиёри барҳамдиҳанда месупорад. Барҳамдиҳанда расмиёти барҳамдиҳии маҷбуриро мутобиқи Қонуни мазкур анҷом медиҳад.
3. Агар дар рафти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ғайри қобили пардохт будани он маълум шавад, он гоҳ суд тибқи пешниҳоди барҳамдиҳанда расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзиро бо асосҳои муфлисшавӣ оғоз мекунад.
4. Барҳамдиҳанда на дертар аз ду рўзи баъди таъин шудан дар бораи оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ дар воситаҳои ахбори омма хабарнома нашр мекунад.
5. Аз лаҳзаи оғози барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ:
- амалҳое, ки ташкилоти қарзӣ анҷом медиҳад ё аз номи ташкилоти қарзӣ анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд, ба истиснои амалҳое, ки барҳамдиҳанда ё шахси ваколатдори ў анҷом медиҳад;
- ҳамаи парвандаҳои судӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ ва ҳабси дороиҳои он қатъ мегарданд;
- ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ тартиби истеҳсолоти иҷро татбиқ намегардад, ба истиснои дороиҳои таҳти гарав қарордошта ба андозаи маблағи қарзи бо гарав таъминшуда;
- нисбат ба ташкилоти қарзӣ дигар расмиётҳо оғоз карда намешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
6. Барҳамдиҳанда ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мудири махсусро доро мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 10. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бо асосҳои муфлисшавӣ
1. Ташкилоти қарзӣ ҳангоми ғайри қобили пардохт буданаш муфлис эътироф мешавад, агар он ҳангоми фаро расидани муҳлати пардохт талаботи қонунии қарздеҳонро оид ба пардохти қарз ва иҷрои дигар уҳдадориҳо қонеъ карда натавонад ё рад намояд, сармояаш камтар аз 25 фоизи талаботи меъёрии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад ё ки уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Ҳангоми оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ инҳо ба эътибор гирифта намешаванд:
- дар оянда имконият доштани ташкилоти қарзӣ барои пардохти уҳдадориҳои пулӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- мавҷудияти маблағҳое, ки ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ шомил набуда, дар ихтиёри саҳмиядорон ё сармоягузорони эҳтимолии ташкилоти қарзӣ қарор доранд, даромаднокии ташкилоти қарзӣ дар гузашта, обрўю нуфузи он ва ғайра;
- далел ва ҳуҷҷатҳои иловагии ташкилоти қарзӣ, ки қаблан ё зимни қабули қарор оид ба бозхонди иҷозатнома дар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи онҳо маълумот мавҷуд набуд.
3. Ҳангоми муфлисшавии ташкилоти қарзӣ амалҳое, ки ташкилоти қарзӣ анҷом додааст ё аз номи он анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд, ба истиснои амалҳое, ки мудири махсус ё шахси ваколатдори ў анҷом медиҳанд.
4. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии ғайри қобили пардохт имкон дорад фавран, бе истифодаи чораҳои огоҳсозии муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, инчунин чораҳои огоҳкунанда ва муҷозоти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шавад.
Моддаи 11. Ариза дар бораи оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ
1. Ариза дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ бо зикри асосҳо ба суд пешниҳод карда мешавад. Аз лаҳзаи бозхонди иҷозатнома фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ мегардад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо ариза ба суд ҳамчунин тавозуни ташкилоти қарзӣ ва рўйхати номзадҳоро ба вазифаи мудири махсус пешниҳод менамояд.
3. Аз лаҳзаи аз ҷониби суд ба истеҳсолот қабул шудани ариза дар бораи оғози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ягон қарздеҳ барои бозпас гирифтани маблағи пулӣ ё талаби иҷрои дигар уҳдадориҳо ҳуқуқ надорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 12. Таъини мудир
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули қарори дахлдор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз ташкилоти қарзӣ дар он мудир таъин менамояд.
2. Мудир барои идора кардани ташкилоти қарзӣ то лаҳзаи аз ҷониби суд мутобиқи моддаи 17 Қонуни мазкур таъин кардани мудири махсус масъул мебошад.
3. Хароҷот вобаста ба амалҳои мудир аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд. Андозаи хароҷоти мудирро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Хароҷоти муқарраршудаи мудир пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1550).
Моддаи 13. Оқибатҳои оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ ва таъини мудири махсус
1. Аз лаҳзаи оғози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ:
- муҳлати пардохти ҳамаи уҳдадориҳои қарзии ташкилоти қарзӣ фарорасида ҳисоб мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳисоб кардани ҳамаи андозҳо (ба истиснои андоз аз даромад), дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ноустуворона ва фоизи уҳдадориҳои қарзии ташкилоти қарзӣ қатъ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ноустуворона ва фоизҳои то оғози расмиёти барҳамдиҳӣ ҳисобкардашуда мутобиқи Қонуни мазкур пардохт карда мешаванд;
- маълумот дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи қарздорон, ба истиснои маълумот дар бораи амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ минбаъд маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва бонкӣ ҳисобида намешаванд;
- маълумот дар бораи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои маълумот оид ба маблағи умумии талаботи онҳо, шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ ё шахсони тибқи Қонуни мазкур ба фаъолияти ғайриқонунӣ гумонбаршуда махфӣ боқӣ мемонад;
- анҷом додани аҳдҳои бегона кардани молу мулки ташкилоти қарзӣ ва ба шахси сеюм додани истифодаи молу мулки ташкилоти қарзӣ ё иҷрои уҳдадориҳо танҳо мутобиқи Қонуни мазкур иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- иҷрои санадҳои судӣ ҷиҳати пардохти қарзҳои ташкилоти қарзӣ ва ҳабси дороиҳои он, инчунин амалҳое, ки ба иҷрои маҷбурии уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ равона шудаанд, қатъ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳамаи талабот ба молу мулки ташкилоти қарзӣ танҳо дар доираи мурофиаи муфлисшавӣ пешниҳод карда мешаванд;
- талаботи пешниҳодшудаи қарздеҳ - гаравгир мутобиқи Қонуни мазкур қонеъ гардонида мешаванд.
2. Аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус, ваколатҳои мудир қатъ шуда, ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шўрои нозирон, раёсат, раис) ва мудир ба мудири махсус мегузаранд ва ў ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад.
3. Мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ ўҳдадоранд аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус ба ихтиёри ў вогузор намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ, муҳру тамға, дороиҳоро таъмин намоянд. Дар ҳолати саркашӣ аз иҷрои чунин ўҳдадорӣ мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
4. Мудири махсус вазифадор аст дар бораи таъин шудани худ дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз панҷ рўзи баъди қабули қарори дахлдори суд хабар ба чоп расонад. Ин хабар на камтар аз се маротиба бо фосилаи ҳафт рўз чоп карда мешавад.
5. Дар хабар бояд инҳо нишон дода шаванд:
- маълумот дар бораи суде, ки оид ба таъини мудири махсус қарор қабул кардааст ва таърихи оғози раванди муфлисшавӣ;
- номи расмӣ ва дигар мушаххасоти ташкилоти қарзӣ;
- тартиби пешниҳоди талабот аз ҷониби қарздеҳон;
- муҳлати пешниҳоди талабот, ки бояд на камтар аз се моҳ бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- маълумот дар бораи мудири махсус;
- дигар маълумоти зарурӣ.
6. Ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳон аз ҷониби мудири махсус мутобиқи Қонуни мазкур сурат мегирад.
Моддаи 14. Хабардор кардани мақоми давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Бонки миллии Тоҷикистон
1. Мудири махсус уҳдадор аст дар бораи оғоз ва анҷоми мурофиаи муфлисшавӣ дар муҳлати се рўз ба мақоми давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи муфлисшавӣ, қайд дар бораи мавҷудияти ташкилоти қарзӣ дар феҳристи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ бекор карда шуда, фаъолияти он қатъшуда ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 15. Муҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041)
1. Муҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ наметавонад аз ду соли тақвимӣ зиёд бошад. Ҳангоми зарурат муҳлати мазкур мумкин аст тибқи таъиноти суд дар асоси дархости мудири махсус боз то ду соли дигар тамдид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Муҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ бидуни қабул ва баррасии ҳисоботи мудири махсус тамдид карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
3. Бо ба итмом расидани мурофиаи муфлисшавӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ба мақомоти бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Моддаи 16. Аз нав оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ
Қарздеҳони ташкилоти қарзӣ, ба ғайр аз шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ дар давоми 12 моҳ баъди анҷом ёфтани мурофиаи муфлисшавӣ, дар ҳолати ошкор кардани ҳар гуна дороиҳои қарздор, ҳуқуқ доранд бо ариза дар бораи аз нав оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ ба суд муроҷиат кунанд.
Моддаи 17. Мудири махсус
1. Мудири махсус аз лаҳзаи таъин шуданаш ҳуқуқу уҳдадориҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Мудири махсус танҳо аз рўйхати номзадҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодатнома додааст ва ба суд пешниҳод кардааст, таъин шуда метавонад. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботи тахассусии мудири махсус ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
3. Мудири махсус ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзие мебошад, ки нисбат ба он мурофиаи муфлисшавӣ татбиқ мегардад. Вай ҳуқуқ дорад мурофиаи муфлисшавиро бо ҷалб намудани собиқ роҳбарон ва кормандони ташкилоти қарзӣ ё шахсони дигар анҷом диҳад.
4. Вазифаи асосии мудири махсус ба манфиати қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурўхтани) дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва тақсими маблағҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мебошад.
5. Мудири махсус дар Бонки миллии Тоҷикистон ё бо розигии он дар ягон ташкилоти қарзии дигар суратҳисобҳо мекушояд, ки ҳамаи маблағҳои пулӣ бояд ба ин суратҳисобҳо ворид ё аз онҳо пардохт карда шаванд.
6. Мудири махсус инчунин:
- ба ташкилоти қарзӣ роҳбарӣ карда, онро бе ваколатнома намояндагӣ мекунад;
- баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии дороиҳои ташкилоти қарзиро анҷом дода, бо ин мақсад ҳуқуқ дорад баҳодиҳанда ва дигар мутахассисонро даъват карда, аз ҳисоби дороиҳои ташкилоти қарзӣ ба онҳо ҳаққи хизмат диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- рўйхати қарздеҳон ва қарздорони ташкилоти қарзиро тартиб дода, вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бо мақсади ситонидани қарзҳо, арзёбии тавозун, фурўши молу мулк ва пардохти қарзҳои қарздеҳон баррасӣ менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ташкилоти қарзиро дар хусуси минбаъд аз кор озод кардани онҳо огоҳ мекунад;
- бо тартиби муқарраршуда доир ба талаботи ба ташкилоти қарзӣ пешниҳодкардаи қарздеҳон изҳори назар мекунад;
- барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар рафти муфлисшавӣ амалҳои ғайриқонунӣ, муфлисшавии сохта ва бадқасдона содир кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон чораҳои зарурӣ меандешад;
- дигар чораҳои заруриеро меандешад, ки мухолифи Қонуни мазкур нестанд.
7. Аз рўи уҳдадориҳое, ки аз аҳдҳои ташкилоти қарзӣ бармеоянд ва мудири махсус мутобиқи ваколатҳои додаи Қонуни мазкур бастааст, худи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
8. Мудири махсус ҳангоми бастани аҳдҳо масъулият бар дўш дорад, агар вай аз номи худ, бе нишон додани он, ки мудири махсуси ташкилоти қарзӣ мебошад, амал кунад.
9. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои баҳсталаб ва мушкилот дар амалӣ намудани ваколатҳои мудири махсус, суд бо мақсади таъмини мурофиаи дахлдори муфлисшавӣ тибқи аризаи мудири махсус ҳуқуқ дорад вайро ваколатдор намояд, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ ё дороиҳои он амалҳои мушаххас андешад ё аз андешидани онҳо худдорӣ намояд.
10. Суд мудири махсусро дар ҳолатҳои зерин иваз мекунад:
- бо хоҳиши мудири махсус;
- иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда;
- агар мудири махсус барои иҷрои минбаъдаи уҳдадориҳо ҳуқуқ надошта бошад ё аз ўҳдаи минбаъд иҷро кардани вазифаи худ набарояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- дар дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун.
11. Дар ҳамаи ҳолатҳои иваз намудани мудири махсус, шахси ивазкунанда ваколатҳои мудири махсусро бо тартиби муқарраршуда аз рўи санади қабулу супурдани тасдиқкардаи суд қабул менамояд.
Моддаи 18. Ҳуқуқи мудири махсус
Мудири махсус дар мурофиаи муфлисшавӣ ҳуқуқ дорад ба манфиати қарздеҳон:
1) ҳар гуна амалҳои қонуниро бо дороиҳои ташкилоти қарзӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон анҷом дода, барои рўёнидани қарзҳо дар назди ташкилотҳои қарзӣ чораҷўӣ намояд, инчунин барои ҷустуҷў, ошкор ва баргардонидани молу мулки ташкилоти қарзӣ тадбирҳо андешад;
2) ҳар гуна уҳдадории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла аҳдҳои иҷрошавандаро, ки фоида намеоранд ё боиси ба вуҷуд омадани уҳдадориҳо мегарданд, рад кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
3) асоснокии талаботи қарздеҳонро тафтиш карда, дар ҳолати беасос буданашон онҳоро пурра ё қисман рад кунад;
4) дороиҳои ташкилоти қарзиро пурра ё қисман бо ҳар тарзе, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, фурўшад ё бо таври дигар бегона кунад. Ҳангоми фурўхтани молу мулки ташкилоти қарзӣ, вай аз ҳамаи намуди андозҳо ва боҷу хироҷ озод карда мешавад;
5) аз ҳар гуна шахс, аз ҷумла, аз саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзӣ ё шахсони вобастаи он дар давоми ду сол то оғози раванди муфлисшавӣ маълумоти зеринро талаб намояд:
а) оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳо бо шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ дар давоми як сол пеш аз қабули қарор дар бораи оғози раванди муфлисшавӣ;
6) оид ба суратҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳосибии ба ташкилоти қарзӣ дахлдошта;
б) барои фаъолияташ подошпулиеро, ки суд бо тартиби муайянкардаи моддаи 21 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, гирад;
7) ба қарздеҳон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур қисман маблағ пардохт кунад;
8) дар ҳолати ба миён омадани масъалаҳои баҳсталаб дар мурофиаи муфлисшавӣ ба суд муроҷиат намояд;
9) зимни фурўши дороиҳо тариқи музояда нархи ибтидоиро муқаррар кунад ва дороиҳоро ба он иштирокдорони музояда фурўшад, ки нархи аз ҳама баландтаринро пешниҳод кардаанд;
10) дигар ваколатҳои қонуниеро, ки барои таъмини самарабахши мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ заруранд, анҷом диҳад.
Моддаи 19. Ҳуқуқи мудири махсус вобаста ба иштироки ташкилоти қарзӣ дар шахси ҳуқуқии дигар
1. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузорӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти қарзӣ пешбинӣ кардаанд, мудири махсус ҳуқуқ дорад пардохтро аз фурўши саҳмияҳо аз ҷамъияти саҳомӣ ё фурўши саҳмро аз шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ташкилоти қарзӣ муассиси (саҳмиядори иштирокдори) он мебошад, талаб кунад.
2. Мудири махсус ҳуқуқ дорад ҳисса ё саҳмияҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодаи ташкилоти қарзиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони сеюм фурўшад (бегона намояд).
Моддаи 20. Ҳуқуқи мудири махсус вобаста ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ки дар ихтиёри шахсони сеюм қарор доранд
1. Мудири махсус метавонад иҷрои ҳар гуна уҳдадории ташкилоти қарзиро, ки то оғози мурофиаи муфлисшавӣ ба миён омадааст, рад кунад, аммо ҳуқуқ надорад баргардонидани молу мулки ташкилоти қарзиро, ки қонунан дар ихтиёри шахсони сеюм мутобиқи шартнома қарор дорад, то охири муҳлати дар шартнома зикршуда талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Агар шартнома бо шахси сеюм баргардонидани молу мулкро (масалан, дар ҳолати риоя накардани шартҳои шартнома ё барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ) иҷозат диҳад, он гоҳ мудири махсус ҳуқуқ дорад баргардонидани молу мулкро талаб кунад.
3. Агар мудири махсус ҳуқуқи талаби баргардонидани молу мулки дар ихтиёри шахсони сеюм қарордоштаро надошта бошад, ў ҳуқуқҳои тарафи сеюмро поймол накарда, ҳуқуқ дорад то анҷомёбии муҳлати дар шартнома зикршуда молу мулки мазкурро ба тарафи дигаре, ки ба зимма гирифтани уҳдадориҳои ташкилоти қарзиро тибқи шартнома хоҳиш кардааст, бо қаблан огоҳ кардани тарафи сеюме, ки молу мулки зикршуда дар ихтиёри вай аст, фурўшад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 21. Подошпулии мудири махсус
1. Андозаи подошпулии мудири махсусро суд бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Подошпулӣ ба мудири махсус аз ҳисоби дороиҳои ташкилоти қарзӣ пардохт гардида, ба ҳисоби хароҷоти мурофиаи муфлисшавӣ дохил мешавад.
2. Подошпулӣ ба мудири махсус ва кормандони тобеи ў аз пардохтҳои ҷорӣ (музди меҳнат) ва иловагӣ (мукофот ва бонусҳо) иборат буда, дар давраи иҷрои вазифаашон дода мешавад.
3. Маблағи иловапулӣ ба мудири махсус ва кормандони тобеи ў бояд аз панҷ фоизи маблағҳои барои қонеъгардонии талаботи қарздеҳон сарфшаванда, ба истиснои маблағҳое, ки аз фурўши дороиҳои багаравмонда гирифта шудаанд, зиёд набошад.
Моддаи 22. Уҳдадориҳои мудири махсус (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041)
Мудири махсус ўҳдадор аст:
- вазифаҳои ба зиммаи вай вогузоршударо бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳамаи қарздеҳон софдилона иҷро намояд;
- аз лаҳзаи таъин шудан идора ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла қарзҳо ва дигар уҳдадориҳое, ки дигар тарафҳо дар назди ташкилоти қарзӣ доранд, инчунин назорати дороиҳо ва уҳдадориҳое, ки ташкилоти қарзӣ баъди оғоз шудани раванди муфлисшавӣ ба даст овардааст ё ба даст меорад, анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳифзу нигоҳдории ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзиро таъмин карда, вазъи молиявии онро бо мақсади муайян кардани кифоягии дороиҳо барои пўшонидани хароҷоти мурофиаи муфлисшавӣ таҳлил намояд;
- мутобиқи Қонуни мазкур дар муҳлати кўтоҳтарин ҳамаи дороиҳои ғайрипулии ташкилоти қарзиро фурўшад ва маблағи бадастомадаро байни қарздеҳон тақсим намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ҳисобот диҳад;
- барои дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои содираи ташкилоти қарзӣ (мактубҳо, ҳисобномаҳо, ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва ғайра) дарҷ гардидани маълумот оид ба дар мурофиаи муфлисшавӣ қарор доштани ташкилоти қарзӣ назорат барад;
- агар биноҳо, таҷҳизот ё молу мулки дигари ташкилоти қарзӣ барои аҳолӣ ва бехатарии ҷомеа хатари эҳтимолӣ дошта бошад, барои пешгирӣ кардани хатар тадбирҳои зарурӣ андешад ва дар сурати нокифоя будани имкониятҳои ташкилоти қарзӣ ба мақоми давлатии ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намояд;
- барои рўёнидани зарари ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ расонида ва ба ҷавобгарии пешбиникардаи қонун кашидани шахсоне, ки ҳангоми муфлисшавӣ амалҳои ғайриқонунӣ содир карда, ба мудири махсус дар иҷрои бемамониати вазифаҳояш халал расонидаанд, ҳамаи чораҳои имконпазирро андешад;
- бо мақсади ошкор кардани фурўш ва ҳолатҳои дигари бегонасозии ғайриқонунии молу мулки ташкилоти қарзӣ шартномаҳои бо тарафҳои сеюм бо вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур басташударо таҳлил намояд;
- ба суд бо риояи муҳлати умумии даъво муроҷиат карда, беэтибор донистани аҳдҳои дар давоми се соли то рўзи аз тарафи суд муфлис эътироф шудани ташкилоти қарзӣ анҷомдодаи ташкилоти қарзиро, ки хилофи қонун мебошанд, талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- дар бораи рафти баргузорӣ ва анҷомёбии мурофиаи муфлисшавӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур бо фосилаи на бештар аз як моҳ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намояд;
- ба суд муроҷиат карда, ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашидани муассисон (саҳмиядорон, иштирокдорон), аъзои Шўрои нозирон, роҳбарони ташкилоти қарзиро аз рўи уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳар моҳ ҳисоботи муҳосибавӣ ва омории ташкилоти қарзии муфлисшударо ба Бонки миллии Тоҷикистои пешниҳод кунад;
- ҳангоми ошкор гардидани аҳдҳое, ки ташкилоти қарзӣ баъд аз бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ (ба истиснои қарордодҳое, ки ба пардохтпулиҳои ҷории коммуналӣ ва истифодадиҳии ташкилоти қарзӣ, инчунин пардохти ёрдампулӣ ва музди меҳнати шахсони дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ коркунанда вобастаанд) иҷро кардааст, ба суд муроҷиат карда, бекор кардани онҳоро талаб намояд;
- баъди тартиб додани рўйхати талаботи қарздеҳон дар муҳлати на дертар аз шаш моҳ аз рўзи оғози мурофиаи муфлисшавӣ тавозуни фосилавии барҳамдиҳиро омода менамояд, ки дар он маълумот оид ба таркиби дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, номгўи талаботи қарздеҳон, натиҷаи баррасии ин талабот нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 23. Фурўши дороиҳо
1. Ҳангоми фурўхтани ҳар гуна дороӣ, ба ғайр аз қарзи ба дигар ташкилоти қарзӣ додашуда, мудири махсус пеш аз ҳама дар бораи фурўши дороиҳо дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намуда, қарздеҳон ва харидорони эҳтимолиро дар ин хусус огоҳ месозад.
2. Мудири махсус ҳуқуқ дорад ҳар вақт ба ташкилоти дигари қарзӣ ё шахси сеюм қарздории ташкилоти қарзиро арзонтар фурўшад, агар ба ақидаи ў мустақилона ба даст овардани маблағи зиёдтари ин қарздорӣ ғайриимкон бошад.
3. Агар мудири махсус чунин шуморад, ки пардохти қарздории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла қарзи дар оянда пардохтшаванда имконпазир аст, он гоҳ вай ўҳдадор нест, ки ин қарзҳоро фурўшад ва барои аз қарздор талаб кардани маблағи дахлдор кўшиш намояд.
4. Мудири махсус дар назди ягон қарздеҳ ҳангоми фурўши ҳар гуна қарз бо нархи мувофиқи бозорӣ масъулият ба зимма надорад.
5. Нархи бозории қарздории ташкилоти қарзӣ на бо маблағи қарзи дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии ташкилоти қарзӣ зикршуда, балки ба маблағе, ки бидуни кўшишҳои зиёд барои рўёнидани он ва бо назардошти вазъи молиявии ташкилоти қарзии қарздор муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми аз тарафи мудири махсус фурўхтани қарздории ташкилоти қарзӣ ба тарафи сеюм, нархи бозории ин қарзро танҳо ба воситаи музокирот ва баррасии пешниҳодҳои воридшуда муайян кардан мумкин аст.
7. Нархи ҳар гуна дороии дигар танҳо аз рўи арзиши бозорӣ муайян карда мешавад.
8. Дар ҳолати аз тарафи мудири махсус фурўхта шудани молу мулки гарав, ки арзиши он дар шартномаи гарав муайян шудааст, мудири махсус метавонад онро мутобиқи қисми 6 ин модда бо нархи нисбатан пасттар фурўшад.
9. Нархе, ки мудири махсус дар асоси қисмҳои 6 ва 7 моддаи мазкур муайян кардааст, бояд мавриди баҳс набошад, агар қарздеҳ дар давоми 10 рўзи корӣ мавҷудияти шахси сеюмро, ки омода аст маблағи нисбатан зиёдтарро барои дороӣ ё молу мулки гарав пардохт кунад, исбот карда натавонад.
Моддаи 24. Анҷомёбии ҳисоббаробаркуниҳо дар низомҳои пардохт ва коғазҳои қиматмок
1. Супоришномаҳои бебозхонди интиқоли маблағҳо ва коғазҳои қиматнок, ки ташкилоти қарзӣ ба низомҳои пардохт ё ҳисоббаробаркуниҳои коғазҳои қиматнок дохил кардааст, барои ҷониби сеюм ҳатто дар ҳолате, ки қарори суд дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ қабул гардидааст, ҳатмӣ мебошанд, агар ин супоришномаҳо барои интиқол пеш аз эътибор пайдо кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ бебозхонд эътироф шуда бошанд.
2. Ягон қонун ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё усули бекор кардани қарордоду аҳдҳо, ки то эътибор пайдо кардани қарори суд дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ қабул шудаанд, боиси бекор кардани натиҷаи ҳисоббаробаркунии тарафайн (клиринг) тариқи низомҳои пардохт ё коғазҳои қиматнок намегарданд.
3. Барои мақсадҳои моддаи мазкур супоришномаҳои интиқолие, ки ба низомҳои пардохт ё коғазҳои қиматнок дохил гардидаанд, лаҳзаи бебозхонд шудани онҳо мувофиқи тартиби ҳамин низом муайян карда мешавад. Ҳисоббаробаркунии тарафайн (клиринг) ин табдил додани талабот ва ё уҳдадориҳо, ки аз супоришномаҳои интиқолии як ё якчанд иштирокдорони низоми ҳисоббаробаркуниҳо бармеоянд ва дар натиҷаи он танҳо як талабот ё уҳдадории холис боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 25. Интиқоли саҳмияҳо, дороиҳо ва уҳдадориҳо (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041)
1. Бо мақсади нигоҳдории устувории низоми молиявӣ ва баланд бардоштани арзиши ташкилоти қарзӣ дар назди қарздеҳон, барҳамдиҳанда дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои иҷозати амалҳои зерин ба суд муроҷиат намояд:
- пурра ё қисман додани саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ;
- пурра ё қисман додани дороиҳо ё уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё ҳар ду (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Барои иҷрои амалҳои мазкур розигии қарздеҳон ва ё қарздорони ташкилоти қарзӣ талаб карда намешавад.
3. Суд дар бораи маъқул донистан ё рад кардани муроҷиати барҳамдиҳанда дар давоми панҷ рўзи корӣ аз рўзи гирифтани ариза қарор мебарорад.
4. Интиқоли уҳдадориҳо мутобиқи сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур барои ҳамаи тарафҳои манфиатдор баъди аз тарафи барҳамдиҳанда дар воситаҳои ахбори омма нашр гардидани хабарномаи дахлдор анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 26. Таъсиси ташкилоти нави қарзӣ
1. Бо мақсади ҳифзи дороиҳо ва қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон ва нигоҳдории идораи ташкилоти қарзӣ, мудири махсус метавонад бе розигии қарздеҳон дороию уҳдадориҳои онро ба ташкилоти қарзии ба ин мақсад таъсисшуда, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро мегирад, супорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Мудири махсус муассиси ташкилоти қарзии навтаъсис мебошад, ки ҳуқуқи гирифтани суди саҳмия ва дигар даромадҳоро, ба истиснои пардохтпулиҳо, мутобиқи Қонуни мазкур надорад.
3. Шахси ҳуқуқии навтаъсис вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии муфлисшуда намебошад ва барои ҳар гуна уҳдадории он масъулият надорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
4. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилоти қарзии навтаъсис мудохила намоянд.
5. Мудири махсус саҳмияҳои ташкилоти қарзии навтаъсисро фурўхта, талаботи қарздеҳонро ҷуброн мекунад.
6. Ҳама гуна хароҷоти мудири махсус вобаста ба таъсис ва бақайдгирии ташкилоти қарзии навтаъсис хароҷоти маъмурӣ ба ҳисоб меравад.
7. Дар давоми 12 моҳ нисбат ба ташкилоти қарзии навтаъсис талаботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фароҳам овардани сармояи оинномавӣ татбиқ намегардад.
Моддаи 27. Фурўши дороиҳо ба ташкилоти дигари қарзӣ
1. Бо мақсади таъмини самараноки уҳдадориҳо дар назди амонатгузорону пасандозгузороне, ки шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ нестанд, мудири махсус ҳуқуқ дорад дар бораи интиқоли ин амонатҳо ва пасандозҳо бо дигар ташкилоти қарзӣ созишнома бандад. Амонатгузор ва пасандозгузор ҳуқуқ доранд интиқол додани маблағҳояшонро ба ташкилоти дигари қарзӣ рад кунанд. Мудири махсус ҳамчунин метавонад дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшударо бо мақсади ҷуброн бо нархи мувофиқашуда ба ташкилоти дигари қарзӣ фурўшад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Агар дороиҳое, ки ба ташкилоти дигари қарзӣ дода мешаванд, барои пўшонидани арзиши амонатҳо ва пасандозҳои интиқолшаванда кофӣ набошанд, мудири махсус метавонад ба ташкилоти дигари қарзӣ танҳо як қисми амонатҳои ҳар як амонатгузорро супорад.
3. Амонатҳо ва пасандозҳои шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ то пурра қонеъ гардонидани талаботи амонатгузорону пасандозгузорони дигар ба ташкилоти қарзии дигар интиқол дода намешаванд.
4. Агар дороиҳо ба ташкилоти дигари қарзӣ мутобиқи моддаи мазкур дода шуда бошанд, он гоҳ бо навбат қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон мутобиқи моддаи 35 Қонуни мазкур бояд риоя гардад ва ба ҳеҷ гуна интиқоли дороиҳо иҷозат дода намешавад, агар ин қарздеҳро аз ҳар гуна талаботе, ки ҳуқуқи пешниҳод кардан дорад, маҳрум созад, яъне агар ин бо навбат пардохт шудани маблағҳоро тағйир диҳад.
Моддаи 28. Ҳисобот дар бораи ҳолати молу мулк
1. Дар давоми се ҳафта аз рўзи таъин шуданаш мудири махсус дар бораи ҳолати молу мулки ташкилоти қарзӣ ҳисобот омода мекунад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- дороиҳои ташкилоти қарзӣ, созишномаҳои қарзию кафолатӣ ва хариду фурўш, инчунин арзишҳои дороиҳои соф ва дороиҳои дигар дар вақти барҳамдиҳӣ;
- қарордодҳо, ки мутобиқи онҳо молу мулки ташкилоти қарзӣ ба дигар тарафҳо тааллуқ дорад, аз ҷумла шартномаҳои иҷора ва гарави молу мулк;
- қарордодҳо, ки мутобиқи онҳо ба ташкилоти қарзӣ хизмат расонида мешавад;
- аҳдҳои муҳиме, ки ташкилоти қарзӣ дар давоми 60 рўз то қабули қарор дар бораи муфлисшавӣ бастааст;
- уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Ҳисобот ҳар семоҳа тартиб дода мешавад ва барои он қарздеҳоне, ки талаботи онҳо ба номгўи талаботи тасдиқшуда мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур дохил мешаванд, дар идораи мудири махсус барои маълумот дастрас мебошад.
Моддаи 29. Бақайдгирии талабу даъвоҳо
1. Ба истиснои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30 Қонуни мазкур талабу даъвоҳо ба ташкилоти қарзии муфлисшуда дар давоми се моҳ аз рўзи дар воситаҳои ахбори омма нашр шудани қарори суд оид ба оғози мурофиаи судӣ дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ аз тарафи мудири махсус ба қайд гирифта мешаванд. Бо дархости мудири махсус суд метавонад ин муҳлатро боз то як моҳи дигар тамдид намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Талабу даъвоҳо бо тасдиқи ҳуҷҷатии онҳо ва маълумоти зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ном ва нишонии қарздиҳанда;
- маблағи асосии талабу даъвоҳо, фоизҳо ва дигар хароҷот, ҷаримапулӣ ва андозҳои марбут ба онҳо;
- маълумоти муфассал дар бораи ҳар гуна гарави молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқи нигоҳ доштани молу мулки ба ивази қарз ё кафолатҳое, ки талаботро таъмин мекунанд, аз ҷумла ном ва нишонии ҳар гуна кафил.
3. Ҳангоми пешниҳоди талабу даъвоҳо мудири махсус ба қарздеҳон расиди қайдро (квитанция) медиҳад, ки гирифтани он шаҳодати ниҳоии бақайдгирии талабот ба ҳисоб меравад.
Моддаи 30. Эътирофи талабот
1. Аз тарафи мудири махсус талаботе, ки ба қайд гирифта шудааст ва талаботи дигаре, ки дар китобҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабт шудааст, аз ҷумла пасандозҳо бе талаби бақайдгирии онҳо қабул карда мешаванд.
2. Талаботи бақайдгирифтаи дар китобҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабтшуда аз тарафи мудири махсус дар ҳамон шакли сабтшудаашон бидуни тасдиқи минбаъда қабул карда мешаванд.
3. Агар талабот нисбат ба маблағи дар китобҳои ҳисоботӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабтшуда ба маблағи калон ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ ин талабот ба андозаи маблағи сабтшуда қабул карда мешавад.
4. Талаботи арзишаш номуайян аз рўи арзиши мудири махсус муайянкарда қабул карда мешавад.
5. Баъди баҳодиҳии талаботи пешниҳодшуда мудири махсус талаботи қабулкардаашро дар феҳристи талаботи қабулшуда, талаботи баҳсталабро дар феҳристи талаботи баҳсталаб бо зикри сабабҳои баҳс қайд мекунад. Талаботи қисман баҳсталаб дар ҳар ду феҳрист ба қайд гирифта шуда, дар муқобили ҳар даъвогар ном ва нишонӣ, маблағи талабот, таъмини талабот бо гарав нишон дода мешавад. Талаботи якхела бошад бо тартиби навбатӣ будани пардохтҳо ба феҳрист ҳамроҳ карда мешавад.
6. Ҳар ду феҳрист дар давоми 30 рўз аз рўзи охирини қабули талабот пур карда шуда, барои тасдиқ ба суд пешниҳод карда мешаванд. Минбаъд мудири махсус ҳар се моҳ феҳристи азнавшударо барои тасдиқ ба суд пешниҳод мекунад.
7. Суд феҳристи талаботи қабулшударо баррасӣ ва тасдиқ менамояд. Мудири махсус талаботеро, ки суд тасдиқ намудааст, аз феҳристи талаботи қабулшуда хориҷ карда, ба феҳристи талаботи тасдиқшуда ворид менамояд ва дар шакли хаттӣ дар ин бора ба қарздеҳони дахлдор хабар медиҳад.
8. Суд рўзи баргузории ҳар як мурофиаро ба қарздеҳони талаботашон баҳсталаб хабар дода, дар муддати на дертар аз 30 рўзи ворид гардидани талаботи баҳсталаб дар бораи тасдиқ ё рад кардани он қарор қабул мекунад.
9. Баррасии талаботи қарздеҳе, ки дар мурофиаи судӣ ҳозир нашудааст, агар қарздеҳ ба тарзи дахлдор хабардор карда шуда бошад, имкон дорад то мурофиаи дуюм, ки на дертар аз 10 рўз баъди мурофиаи якум баргузор мегардад, мавқуф гузошта шавад.
10. Агар қарздеҳ ба мурофиаи дуюм низ наояд, он гоҳ суд метавонад талаботро дар набудани вай баррасӣ намояд. Талаботе, ки суд тасдиқ кардааст, аз феҳристи талаботи баҳсталаб хориҷ гардида, ба феҳристи талаботи тасдиқшуда ворид карда мешавад. Қарздеҳонеро, ки талаботи онҳо рад шудааст, мудири махсус дар шакли хаттӣ огоҳ месозад.
11. Мудири махсус талаботи аз тарафи суд радшударо пардохт намекунад. Қарздеҳе, ки талаботи ўро суд рад кардааст, метавонад оид ба қарори суд ба мақомоти дахлдори шикоятӣ дар давоми 2 ҳафта аз рўзи гирифтани хабарнома дар бораи қарор, шикоят намояд.
Моддаи 31. Баҳисобгирии талаботи тарафайн
1. Баҳисобгирии талаботи тарафайн аз рўи уҳдадориҳои байни ташкилоти қарзии муфлисшуда ва шарикони он мумкин мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Дар муайян кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои байни ташкилоти қарзии муфлисшуда ва шарикони он муқаррарот дар бораи қатъ намудани қарордодҳои ҷоизи молиявии байни онҳо татбиқ мегарданд. Арзиши холиси барҳамдиҳӣ, ки мутобиқи қарордоди ҷоизи молиявии байни онҳо муайян шудааст, талаботи ташкилоти қарзӣ ба шарики вай мебошад ё баъди бақайдгирии он ҳамчун талаботи шарик ба ташкилоти қарзӣ қабул карда мешавад. Қарордоди ҷоизи молиявӣ яке аз инҳоро мефаҳмонад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041):
- созишнома дар бораи свопи асъорӣ, амалиёт ё меъёрҳои фоизии своп;
- созишномаи асосӣ дар бораи своп;
- қарордодҳо бо пули наҷд (спот), созишномаи фючерс, форвард ва ғайра;
- шартномае, ки сатҳи ҳадди ниҳоии муқарраршуда ва аҳди меъёрӣ (опсион)-ро пешбинӣ менамояд;
- шартнома дар бораи свопи мол;
- созишномаи форвард аз рўи меъёрҳои фоизӣ;
- шартномаи репо ё баръакси репо;
- спот, фючерс, форвард ё дигар созишномаи мол;
- созишномаи харид, фурўш, ба қарз гирифтан ё додани коғазҳои қиматнок барои расмӣ кардан ё ҳисоббаробарии аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ё амалҳои марбут ба нигоҳдории коғазҳои қиматнок;
- ҳар гуна ҳосила, комбинатсия, опсион ё созишномаи ҳаммонанди созишномаи дар зербандҳои боло зикршуда;
- ҳар гуна созишномаи асосӣ дар робита ба созишномае, ки дар сархати даҳуми қисми мазкур зикр шудааст;
- кафолати уҳдадориҳо дар доираи созишномаҳое, ки дар сархати ёздаҳуми қисми мазкур зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳар гуна созишномае, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3. Арзиши холиси барҳамдиҳӣ ин маблағи холисест, ки баъди баҳисобгирии уҳдадориҳои тарафайн дар қарордоди ҷоизи молиявӣ мутобиқи шартҳои он гирифта шудааст(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
4. Агар дар моддаи 24 Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, баҳисобгирии талаботи тарафайн вобаста ба талаботи бадастовардашуда ва қарзҳои қабулшуда нисбат ба ташкилоти қарзӣ баъди эътибор пайдо кардани қарори суд дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рўи парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ё нисбат ба талаботи бадастовардашуда ва қарзҳои қабулшуда бо қасдан вайрон кардани уҳдадориҳо то эътибор пайдо кардани ин қарор иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 32. Қать намудани қарордодҳои амалкунанда
1. Ҳамаи қарордодҳои амалкунанда ё як қисми қарордодҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда оид ба таҳвили молу хизматрасонӣ, аз ҷумла қарордодҳо оид ба фурўш, иҷора ва лизинг, қарордодҳои харид бо пардохти давра ба давраи он ва қарордодҳои кироя метавонанд ба таври якҷониба аз тарафи мудири махсус дар муҳлати мувофиқ, ки аз 60 рўз зиёд нест, баъди қабули қарор оид ба оғоз намудани мурофиаи судӣ дар бораи муфлисшавӣ, қатъ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Ҳар тараф ё манфиатдори ин гуна қарордод метавонад барои вайрон кардани шартҳои қарордод талабномаи ҷуброни онро пешниҳод кунад, ки он бо пардохт кардани зиёни расида то рўзи қатъ карда шудани чунин қарордод аз тарафи мудири махсус бо фоизаш то рўзи пардохт маҳдуд мегардад, вале он ягон ҷазои ҷаримавӣ, ҷубронпулӣ барои зарари маънавӣ ё ҷубронпулӣ барои фоида ё имкониятҳои аздастдодаро дар бар намегирад.
Моддаи 33. Танзим бо роҳи музокирот
1. Мудири махсус метавонад талаботашро тариқи музокирот бо ҳар як қарздеҳ ва қарзгири ташкилоти қарзӣ танзим намояд. Мувофиқаи бадастомада бояд аз ҷониби суд дар доираи мурофиаи муфлисшавӣ тасдиқ гардида, мавриди шикоят қарор намегирад.
2. Нисбат ба ташкилоти қарзии муфлисшуда мусолиҳа ё дигар мувофиқа бо гурўҳи қарздеҳон қобили қабул нест.
Моддаи 34. Талаботи бо гарав таъминшуда
1. Ҳамаи дороиҳое, ки таъмини талаботи тасдиқшудаи қарздеҳони ташкилоти қарзӣ ё таъмини талаботи худи он мебошанд, бояд аз тарафи мудири махсус дар музояда фурўхта шаванд, ба истиснои:
- коғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ ва дигар дороиҳо, ки зудфурўш мебошанд, метавонанд дар бозорҳои дахлдор фурўхта шаванд;
- коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷӣ ва дигар дороиҳое, ки таъмини қарзҳои ташкилоти қарзӣ буда, дар бозор зуд фурўхта мешаванд ва имкон дорад аз тарафи қарздеҳоне, ки ин дороиҳоро дар ихтиёр доранд, фурўхта шаванд;
- агар мудири махсус муайян кунад, ки фурўши дороиҳо дар музояда бо нархи мувофиқ ғайриимкон аст, он гоҳ суд метавонад ба худи ў фурўхтани дороиҳоро бо нархи тасдиқкардаи суд иҷозат диҳад.
2. Дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур зикр нашудаанд, баъди талаби мудири махсус бояд фавран ба ихтиёри вай вогузор карда шаванд.
3. Талаботи бо гарав таъминшудаи қарздеҳон бе навбат қонеъ гардонида мешавад. Агар маблағи аз фурўши молу мулки гарав бадастомада барои пурра пўшонидани маблағи талабот нокифоя бошад, қисми боқимондаи он ҳамчун талаботи таъминнашуда дониста мешавад.
Моддаи 35. Тартиби қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон
1. Дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор дорад, бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд:
- маблағҳое, ки барои раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ ва таъини барҳамдиҳанда ё мудири махсус харҷ шудаанд;
- музди меҳнат ба кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шўрои нозирон, ки дар рўзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рўи парвандаи барҳамдиҳии маҷбурӣ ҳисоб карда шудааст;
- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" суғурта шудаанд ва талаботи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон мутобиқи суброгатсия аз рўи маблағи ҷуброни суғуртавии пардохтшуда ё маблағи аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон тибқи моддаи 31(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" пардохтшуда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1962);
- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" объекти ҳатмии суғурта намебошад, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1962);
- ҳар гуна талаботи дигари таъминнашудаи қарздиҳандагон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;
- андозҳое, ки муҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рўзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурӣ фаро расидааст;
- ҳар гуна талаботи шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудааст;
- ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1550).
2. Дороиҳои боқимонда ба моликони ташкилоти қарзӣ баробар ба ҳиссаи онҳо дода мешаванд.
3. Талаботи қарздеҳон дар ҳолатҳои зерин пардохтшуда ҳисоб мешавад:
- агар талабот бо сабаби нокифоя будани дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур, қонеъ нашуда бошад;
- агар мудири махсус талаботи қарздеҳонро қабул накарда бошад ва онҳо бо ариза ба суд муроҷиат накарда бошанд;
- агар талаботи қарздеҳонро суд рад карда бошад ё талабот баъд аз анҷомёбии раванди барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда бошад.
4. Талаботе, ки мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур пардохтшуда ҳисоб мешавад, бо даъвои қарздеҳон имкони аз ҷониби суд аз нав барқарор шуданро дорад, агар баъд аз анҷомёбии барҳамдиҳӣ дороиҳои иловагӣ дарёфт шаванд. Даъвоҳо бо итмоми 12 моҳ баъд аз анҷомёбии барҳамдиҳӣ қабул карда намешаванд.
Моддаи 36. Нақшаи барҳамдиҳӣ
1. Дар давоми 60 рўзи корӣ аз рўзи қабули қарори суд дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, мудири махсус нақшаи муфассали барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро омода намуда, барои тасдиқ ба суд пешниҳод мекунад, ки инҳоро дар бар мегирад:
- тавозуни ибтидоии дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз рўи нархи дар оғози барҳамдиҳӣ муайяншуда ва чунин тавозуни фосилавӣ ҳар семоҳа, бо зикри ҳама гуна талаботи қарздеҳон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳисоботи даромаду хароҷот барои семоҳаи гузашта ва лоиҳаи даромаду хароҷот барои семоҳаи оянда;
- ҳисобот дар бораи фурўш ва нақшаи фурўши дороиҳои асосӣ ё гурўҳи дороиҳои ташкилоти қарзӣ;
- ҳисобот дар бораи талаботи судӣ ё ғайрисудии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла даъвои судӣ дар бораи бекор кардани созишномаҳо, интиқолҳои қаллобона ва ҳуқуқҳои муқарраркардаи онҳо;
- ҳисобот дар бораи амалҳои ғайриқонунии роҳбарони ташкилоти қарзӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҷуброн аз рўи чунин амалҳо;
- ҳисобот дар бораи идома додан ё қатъ кардани қарордодҳои ҷории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла дар бораи суғурта, кироя, хизматрасонӣ ва таҳлили муфассали шароити молиявии кормандони ташкилоти қарзӣ;
- ҳисобот оид ба уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ва ҷадвали пардохтҳо ба қарздеҳон дар давоми семоҳаи оянда (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- ҳисобот дар бораи хароҷоти барҳамдиҳӣ дар рўзи таҳияи нақшаи барҳамдиҳӣ ва муайян кардани хароҷоти оянда.
2. Нақшаи барҳамдиҳӣ ҳар се моҳ таҷдиди назар карда мешавад. Баъди тасдиқ шудани нақшаи барҳамдиҳӣ, талаботи қарздеҳон ба феҳристи талаботи қабулшуда дохил карда шуда, мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур баррасӣ мегардад.
Моддаи 37. Маҷлиси умумӣ ва кумитаи қарздеҳон
1. Бо розигии мудири махсус маҷлисҳои умумии қарздеҳон доир ба масъалаи барҳамдиҳии ташкилоти қарзии муфлисшуда гузаронида шуда, бо мақсади намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои асосии қарздеҳон кумитаи қарздеҳон дар ҳайати аз 5 то 9 нафар таъсис дода мешавад.
2. Мудири махсус бо қарорҳои худ доираи фаъолияти маҷлиси умумии қарздеҳон ва кумитаи қарздеҳонро муайян карда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ба онҳо ваколат медиҳад.
Моддаи 38. Тақсими пардохтпулиҳо
1. Талаботи тасдиқшудаи қарздеҳон вобаста аз навбати онҳо гурўҳбандӣ ва якҷоя карда шуда, ба ҷадвали тақсимот дохил карда мешавад. Маблағҳое, ки аз рўи талаби ҳамон як гурўҳ ҳисоб шудаанд, мутаносибан ба маблағҳои воқеӣ тақсим карда мешаванд.
2. Мудири махсус ҷадвали тақсими пардохтпулиҳои ҳисобшударо ба суд барои тасдиқ пешниҳод намуда, баъди тасдиқи он аз ҷониби суд, пардохтпулиҳоро фавран амалӣ менамояд.
3. Маблағҳое, ки ба ҷадвали тақсимот дохил шудаанд ва бинобар маълум набудани қарздеҳон ва набудани робита бо онҳо пардохт нагардидаанд, дар сурати баъд аз нашри хабарномаи мудири махсус дар воситаҳои ахбори омма аз худ дарак надодани қарздеҳон, ба суратҳисоби махсус дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
4. Маблағҳои суратҳисоби махсус барои пардохт ба қарздеҳон ё ворисони онҳо то замони амали муҳлати даъво нигоҳ дошта мешаванд. Баъд аз гузаштани муҳлати мазкур маблағҳои пардохтнашуда ба Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 39. Муфлисшавии фаромарзӣ
Барои таъмини дастрасии баробари талаботи қарздеҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки фаъолияти фаромарзӣ дорад:
- Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори кишвари хориҷие, ки дар он ташкилоти қарзии муфлисшуда филиал дорад, ҳамаҷониба ҳамкорӣ менамояд;
- қисми боқимондаи талаботи қарздеҳи хориҷии ташкилоти қарзии маҳаллӣ имкон дорад якҷоя бо талаботе, ки аз ҷониби мудири махсус қабул гардидааст, қонеъ карда шавад;
- масоили аз ҷониби ташкилоти қарзии маҳаллӣ эътироф гардидани муфлисшавии ташкилоти қарзии хориҷӣ ва андешидани чораҳои муваққатии идоракунию солимгардонии он, аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд;
- суд метавонад ба мудири махсус дар асоси дархости ў барои ба дохили кишвар интиқол додани дороиҳои ташкилоти қарзии хориҷии муфлисшудае, ки саридораи он дар ин кишвар воқеъ аст ё фаъолияти асосии он дар он ҷой амалӣ мегардад, ба манфиати қарздеҳони чунин ташкилоти қарзӣ иҷозат диҳад.
Моддаи 40. Хароҷоти маъмурӣ
1. Хароҷоти маъмурӣ хароҷоти нашри хабарнома дар бораи раванди муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, хароҷоти судӣ, подошпулии мудири махсус, арзиши молу хизматрасонӣ (таъмини нерўи барқ, об, телефон ва ғайраҳо), инчунин дигар хароҷоти асосноки мудири махсусро дар бар мегирад.
2. Хароҷоти мудири махсус метавонад маблағи пардохти музди меҳнати кормандони кироя ё маблағҳои иловагии вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои онҳо пардохтшударо дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 41. Ҳисоботи мудири махсус
1. Баъди ба анҷом расонидани ҳисоббаробарнамоиҳо бо қарздеҳон ва ичрои дигар уҳдадориҳо, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, мудири махсус ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Ба ҳисобот инҳо замима мегарданд:
- тавозуни барҳамдиҳӣ;
- феҳристи талаботи қарздеҳон ва натиҷаи баррасии онҳо бо зикри маблағи талаботи қонеъкардашуда;
- пешниҳод дар бораи истифодаи дороиҳои боқимондаи ташкилоти қарзии муфлисшуда;
- маълумоти асоснокшуда дар бораи дороиҳои ситониданашон ғайриимкон ва дороиҳои арзишашон ғайривоқеии аз ҳисоб хориҷкардашуда;
- маълумот дар бораи подошпулиҳои мудири махсус;
- маълумот дар бораи асоснокӣ ва ба мақсад мувофиқ будани хароҷоти маъмурӣ;
- маълумот дар бораи амалҳои ғайриқонунии роҳбарон ва иштирокдорони ташкилоти қарзӣ, агар чунин маълумот мавҷуд бошад;
- дигар маълумоти зарурӣ.
Моддаи 42. Қать кардани мурофиаи судӣ аз рўи парвандаи муфлисшавӣ
1. Ваколатҳои мудири махсус баъди аз ҷониби ў ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи барҳамдиҳӣ бо қарори суд қатъ карда мешаванд. Қарори суд ба мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатӣ фиристода мешавад.
2. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ бо қарори суд вақте қатъ мегардад, ки агар ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзии барҳамдодашуда фурўхта шуда, маблағҳои бадастомада ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ пардохт шаванд ё ба Бонки миллии Тоҷикистон барои пардохт ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 38 Қонуни мазкур интиқол гарданд.
3. Қарори судро дар бораи қатъи мурофиаи судӣ аз рўи парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ мудири махсус дар воситаҳои ахбори омма интишор мекунад.
БОБИ 5. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ДАР СУД
Моддаи 43. Баррасии парвандаҳо дар суд
1. Суд парвандаҳоро оид ба барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотхои қарзӣ (минбаъд - парвандаҳо) аз рўи қоидаҳои пешбиникардаи боби мазкур баррасӣ менамояд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Амалҳои мурофиавие, ки тартиби иҷрои онҳо дар боби мазкур муайян нашудааст, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ анҷом дода мешаванд.
3. Мурофиа аз рўи ин парвандаҳо наметавонад боздошта шавад ва ё парвандаҳо наметавонанд ба баррасии суди ҳакамӣ супурда шаванд.
Моддаи 44. Парвандаҳои қобили муҳокимаи судӣ
1. Парвандаҳоро суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ баррасӣ менамояд.
2. Аризаҳо нисбат ба ташкилоти қарзии маҳалли ҷойгиршавиаш номаълум метавонанд ба суди маҳалли чойгиршавии молу мулки он ё маҳалли охирини ҷойгиршавии вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.
Моддаи 45. Ҳуқуқи муроҷиат ба суд
Ҳуқуқи муроҷиат ба суд бо ариза дар бораи оғоз кардани мурофиаи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзиро танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дорад.
Моддаи 46. Шахсони иштирокдори парванда
1. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, инҳоянд:
- Бонки миллии Тоҷикистон;
- бархамдиҳанда ва мудири махсуси ташкилоти қарзӣ.
2. Иштирокдорони парванда дорои ҳуқуқ ва ухдадориҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
3. Қоидаҳо дар бораи шахсони сеюм ё иваз намудани тарафи номатлуб, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ кардааст, татбиқ намегарданд.
Моддаи 47. Қабули ариза
1. Суд ўҳдадор аст аризаро дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, қабул намояд.
2. Судя дар бораи қабул кардани ариза на дертар аз рўзе, ки баъд аз лаҳзаи пешниҳоди ариза меояд, таъинот мебарорад ва он фавран ба тарафҳои парванда фиристода мешавад. Ҷаласаи суд бояд на дертар аз панҷ рўз аз лаҳзаи баровардани таъинот дар бораи қабули ариза ба суд оғоз карда шавад.
3. Дар таъиноти қабули ариза судя ҳамчунин корҳои омода намудани парванда ба баррасии судӣ, таъини муҳокимаи парванда дар ҷаласаи суд, замон ва макони баргузории онро нишон медиҳад.
4. Аз лаҳзаи қабул гардидани ариза, иҷрои ҳама гуна амалҳои судӣ ва дигар амалҳои ба пардохти қарзҳо ва ҳабси дороиҳои ташкилоти қарзӣ дахлдошта дар давоми муҳлати баррасии парванда боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
5. Маҳдудиятҳои ташкилоти қарзӣ барои ихтиёрдории молу мулки ба вай тааллуқдошта танҳо дар доираи мурофиаи судӣ амалӣ карда мешаванд.
6. Аз болои таъиноти судя дар бораи қабули ариза шикоят кардан мумкин нест.
7. Ҳангоми аз ҷониби суд қабул кардани ариза талаботи мутақобил ва ё мустақили ҳар гуна шахс дар бораи бознигарии қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур баррасӣ карда намешавад.
Моддаи 48. Муҳлати баррасии парванда (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041)
Мурофиаи судӣ бо иштироки намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва мудири махсус дар давоми панҷ рўзи корӣ ошкоро гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, суд метавонад дар бораи гузаронидани мурофиаи пўшида қарор қабул намояд.
Моддаи 49. Қарори суд
1. Суд аз рўи парванда дар ҳолатҳои зерин қарор мебарорад:
- оғоз намудани расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бо асосҳои муфлисшавӣ ва бе асосҳои муфлисшавӣ;
- рад кардани оғози барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ ва оғоз намудани мурофиа бо асосҳои муфлисшавӣ.
2. Қарори суд аз лаҳзаи қабули он эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 50. Қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ
1. Ҳангоми қонеъ гардонидани аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ, суд бо қарори худ:
- ташкилоти қарзиро муфлис эълон карда, нисбат ба он мурофиаи муфлисшавиро оғоз менамояд;
- фаъолияти мудирро қатъ карда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни мазкур дар он мудири махсусро таъин менамояд.
2. Дар бораи қарори суд оид ба муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мудири махсус дар нашрияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафта иттилоъ ба табъ расонида мешавад.
3. Қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" ҳолати суғуртавӣ ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 851, аз 15.03.2023 № 1962).
4. Фавран баъди қабули қарори суд дар бораи рад кардани ариза ё оғози мурофиаи судӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ, суд ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ хабар медиҳад. Мудир, барҳамдиҳанда ва мудири махсус қарори судро дар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасонанд.
Моддаи 51. Асос барои радкунии муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ
Аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз тарафи суд рад карда мешавад, агар ҳуҷҷатҳо ё дигар далели пешниҳодшуда ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгў набошанд.
Моддаи 52. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ
1. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:
- дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи муфлисшавӣ, ки суд бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур оғоз кардааст;
- дар ҳолати муайян кардани далели муфлисшавии сохта.
2. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ барои аз феҳристи бақайдгирии давлатӣ хориҷ кардани ташкилоти қарзӣ асос мебошад, агар мурофиаи муфлисшавӣ бо барҳамдиҳии он ба анҷом расад.
Моддаи 53. Мавқуф гузоштани баррасии парванда
1. Агар парванда дар ҷаласаи судӣ бо сабабҳои узрнок, аз ҷумла ҳозир нашудани яке аз иштирокдорони парванда ё зарурати пешниҳоди далелҳои иловагӣ баррасӣ нагардад, он гоҳ суд ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро ба муҳлати панҷ рўз мавқуф гузорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Таъиноти суд ба иштирокдорони парванда тариқи огоҳиномаи дастсупурд ирсол мегардад ё бо забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.
3. Аз рўи таъинот дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда шикоят кардан мумкин нест.
Моддаи 54. Асосҳои қатъ намудани мурофиа аз рўи парванда
1. Суд парвандаро дар ҳолати ошкор шудани далели муфлисшавии сохта ё бадқасдона қатъ менамояд.
2. Дар бораи қатъ кардани мурофиа аз рўи парванда суд таъинот мебарорад, ки онро мавриди шикоят қарор додан мумкин аст.
3. Қатъ намудани мурофиа аз рўи парванда барои дубора ба суд муроҷиат кардани тарафҳо бо ҳамон асосҳо монеъ намегардад.
Моддаи 55. Тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷот барои подошпулии барҳамдиҳанда ва мудири махсус
1. Ҳамаи хароҷоти судӣ, аз ҷумла боҷи давлатӣ, инчунин хароҷот барои подошпулии барҳамдиҳанда ва мудири махсус аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур ҷуброн карда мешавад.
2. Агар суд бо сабаби набудани аломатҳои муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар бораи рад кардани муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар лаҳзаи оғоз намудани парванда дар бораи муфлисшавӣ қарор барорад, он гоҳ хароҷоти пешбиникардаи қисми 1 моддаи мазкур аз ҳисоби аризадиҳанда пардохт карда мешавад.
3. Тартиби тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷот барои пардохти подошпулии барҳамдиҳанда ва мудири махсус дар қарор ё таъиноти суд, ки аз рўи натиҷаҳои баррасии парванда дар бораи муфлисшавӣ қабул шудааст, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 56. Баррасии аризаю шикоятҳо
1. Аризаю шикоятҳои барҳамдиҳанда ва мудири махсус, аз ҷумла аризаю шикоят дар бораи ихтилофоти байни онҳо ва қарздеҳон, инчунин аризаю шикоятҳои ташкилоти қарзӣ, қарздеҳон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсон дар бораи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ариза оид ба беэътибор донистани қарорҳои барҳамдиҳанда, мудири махсус, ташкилоти қарзӣ, саҳмиядор (иштирокдори ташкилоти қарзӣ), Бонки миллии Тоҷикистон, ки мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, дар рафти амалӣ намудани раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ (мурофиаи муфлисшавӣ) аз тарафи суд на дертар аз даҳ рўз аз рўзи гирифтани аризаю шикоятҳои зикршуда баррасӣ карда мешаванд.
2. Аз рўи натиҷаи баррасии аризаю шикоятҳои зикршуда суд таъинот мебарорад, ки онро дар давоми 10 рўз мавриди шикоят қарор додан мумкин аст.
БОБИ 6. АҲДҲО, АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ВА МАСЪУЛИЯТ
Моддаи 57. Беэътибор донистани аҳдҳо
1. Аҳдҳое, ки хилофи муқаррароти Қонуни мазкур мебошанд, инчунин аз тарафи ташкилоти қарзӣ қабл аз оғози раванди муфлисшавӣ ё барҳамдиҳӣ иҷро шудаанд, метавонанд аз тарафи суд бо дархости мудири махсус беэътибор дониста шаванд.
2. Агар аҳд хилофи боби мазкур ё қонунгузорӣ бошад, беэътибор дониста мешавад.
3. Аҳди ташкилоти қарзӣ бо шахси вобастаи он дар ҳолатҳое, ки иҷро кардани ин аҳд сабаби мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ мебошад, имкон дорад бо дархости мудири махсус аз тарафи суд беэътибор дониста шавад.
4. Ҳар гуна аҳди ташкилоти қарзӣ бо ин ё он қарздеҳ ё ҳар гуна шахси дигар имкон дорад дар асоси аризаи мудири махсус аз тарафи суд беэътибор дониста шавад, агар ин гуна қарордод дар давраи мушкилоти молиявӣ доштани ташкилоти қарзӣ баста шуда, боиси дар муқоиса бо қарздеҳони дигар асоси қонеъ гардондани талаботи пулии яке аз қарздеҳон гардад.
Моддаи 58. Манъ кардани амалҳои ғайриқонунӣ дар мурофиаи муфлисшавӣ
1. Қабл аз оғоз ё баъди оғози барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ба ҳар саҳмиядор, иштирокдор, роҳбар, мудири махсус, корманди ташкилоти қарзӣ ё ҳар гуна шахси дигар, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ бохабаранд, анҷом додани амалҳои зерин манъ мебошад:
- ба таври ғайриқонунӣ пинҳон, ҳабс, забт, тасарруф, гирифтан, интиқол додани молу мулк ё пинҳон кардани қарзҳои ташкилоти қарзӣ;
- пинҳон кардан, нобуд сохтан, сохтакории қайдҳо ё ворид кардани қайдҳои қалбакӣ ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ташкилоти қарзӣ дахл доранд;
- додани ҳар гуна қарзҳо ба шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ;
- аз ҳисоб хориҷ кардани ҳар гуна қарз ё уҳдадории шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- тамдиди муҳлати баргардонии қарзҳои муҳлатрасидаи (маблағи асосӣ ва фоизҳои) шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- наситонидани маблағҳо аз рўи уҳдадориҳои шартии дар назди ташкилоти қарзӣ (кафолатҳо ё дигар уҳдадории шабеҳ) доштаи шахсони вобастаи он, ё шахси сеюм нисбат ба ин шахси қарздори вобаста, ки маблағҳояш метавонанд манбаи пардохти қарзҳо бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- фурўхтан ё ба гарав додани ҳар гуна дороиҳои ташкилоти қарзӣ бо нархе, ки аз нархи бозор пасттар аст;
- додан, пешниҳод кардан, гирифтан ё кўшиши гирифтани маблағҳои пулӣ, дороиҳо, подошпулӣ, ҷубронпулӣ, мукофотҳо, фоида ё додани ваъда барои анҷом додан ё надодани ин ё он амал дар раванди барҳамдиҳӣ (ба ғайр аз мудири махсус);
- рад кардани ҳамкорӣ бо мудири махсус барои дарёфти дороиҳо ва дигар маълумот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ё баргардонидани дороиҳои он ё пешниҳоди маълумоти бардурўғ ба мудири махсус;
- аз тарафи мудири махсус бевосита ё бавосита барои худ харида гирифтани дороиҳои ташкилоти қарзӣ;
- ғайриқонунӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани номи ташкилоти қарзие, ки барҳам дода мешавад;
- ғайриқонунӣ монеъ шудан ба иҷрои уҳдадориҳои мудири махсус, иҷро накардани талаботи қонунии вай (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- аз суд, Бонки миллии Тоҷикистон, мудири махсус пинҳон кардани маълумот дар бораи ба кӣ, кай ва дар кадом шакл дода шудани дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва хусусиятҳои ин дороиҳо;
- аз мудири махсус пинҳон кардани аҳдҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст;
- амалҳое, ки зери мафҳуми муфлисшавии сохта ё барқасдона фаҳмида мешаванд;
- амалҳое, ки бе риоя кардани навбати муқарраркардаи Қонуни мазкур ба афзалият додани як қарздеҳ боис мегарданд;
- розигии қарздеҳе, ки аз ғайриқонунӣ ба вай додани афзалият, қонеъ гардонидани талаботаш воқиф буда, бо ин амал ба дигар қарздеҳон зарар расонидааст;
- таъсиррасонӣ ба мудири махсус бо мақсади аз тарафи вай қабул гардидани қарор ба фоидаи қарздеҳони алоҳида.
2. Моддаи мазкур ба шахсони дар қисми 8 моддаи 59 Қонуни мазкур зикршуда, ки ҳуқуқи худро аз бо виҷдонона амалӣ менамоянд ё дастурҳои қонунии гирифташударо иҷро мекунанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 59. Ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ кардани дороиҳо ё зиёд кардани уҳдадориҳо (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041)
1. Аз лаҳзае, ки ташкилоти қарзӣ ба мушкилоти молиявӣ дучор мегардад, саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзӣ барои талаби маблағи ба сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ гузоштааш, гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ ё бо ягон тарзи дигар гирифтани ин маблағ (ҳисса), аз ҷумла суди саҳмияҳо ҳуқуқ надорад.
2. Ташкилоти қарзӣ ўҳдадор аст ба ин гуна саҳмиядорон (иштирокдорон) гирифтани маблағи зикршуда ва додани қарзро рад кунад. Маблағи бо вайрон кардани муқаррароти қисми мазкур гирифташуда бояд баргардонида шуда, гунаҳгорон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
3. Бо мақсади таъмин намудани ҳифзи дороиҳои ташкилоти қарзие, ки ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидааст, ба қарздеҳони вай, инчунин амонатгузорон ин амалҳо манъ мебошанд:
- ба ҳар гуна шахс ё мақоми давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ, аз ҷумла қарздеҳон ё кормандони мақомоти давлатӣ забт, ҳабс, мусодира ё ғасб кардани дороиҳои он, аз ҷумла ба даст овардани ҳуқуқи назорати суратҳисобҳои бонкӣ;
- ба саҳмиядорон (иштирокдорон) ё роҳбарони ташкилоти қарзӣ ихтиёрдорӣ кардани дороиҳои ташкилоти қарзӣ ё ихтиёран иҷро кардани уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё додани қарзҳои нав ба ҳар гуна шахс ё қабул кардани уҳдадориҳои нав (аз ҷумла, додани кафолат барои уҳдадориҳои дигар тарафҳо, инчунин додани аккредитив ва дигар уҳдадориҳо) (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
4. Манъ кардани ихтиёрдории дороиҳо маънои манъ кардани тамдиди муҳлати пардохти ҳар гуна қарзи гирифтаи шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ ё розигии ин шахсон барои қабули пардохтҳои ҷузъӣ ё пардохти ҳар гуна кафолат ё уҳдадории ин гуна шахсонро дар назди ташкилоти қарзӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
5. Муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:
- агар ихтиёрдории дороиҳо ё пардохти уҳдадориҳо аз тарафи мудири махсус ё Бонки миллии Тоҷикистон ё бо розигии онҳо (бо пурра ифшо кардани маълумоти зарурӣ аз тарафи онҳо) сурат гирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041);
- агар ўҳдадорӣ то таъини мудири махсус ба шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ тааллуқ надошта бошад.
6. Агар Бонки миллии Тоҷикистон ё мудири махсус манъ накарда бошад, ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ дорад бе иҷозати дар қисми 5 моддаи мазкур зикршуда, ҳатто дар сурати дучори мушкилоти молиявӣ гардиданаш пардохтҳои зеринро анҷом диҳад:
- музди меҳнати кормандон (ба истиснои кормандоне, ки саҳмиядор ё иштирокдори ташкилоти қарзӣ мебошанд);
- хароҷоти ҷории марбут ба истифодабарӣ аз хизматрасонии коммуналӣ, алоқаи телефонӣ ва нерўи барқ, ки барои таъмини мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ зарур аст.
7. Қоидаҳое, ки барои иҷрои қисми 6 моддаи мазкур заруранд, имкон дорад бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
8. Муқаррароти ин модда татбиқ намегарданд:
- агар ҳуқуқи қарздеҳи бо гарав таъминшуда барои рўёндаии гарави эътибори ҳуқуқидошта то фаро расидани яке аз лаҳзаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, бо назардошти талаботи Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда бошад;
- ба ҳуқуқи соҳиби молу мулк доир ба баргардондани он аз рўи созишномаи бо ташкилоти қарзӣ басташуда ё ба ҳамин гуна ҳуқуқи дигар шахсоне, ки соҳиби молу мулк ба онҳо ҳукуқ додааст, молу мулки мазкурро ба ташкилоти қарзӣ дар асоси созишномаи интиқол барои соҳибӣ кардан ё истифода диҳанд;
- ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки созишнома пешбинӣ кардааст, саҳмиядор (иштирокдор) ё шахси дигаре, ки б а ин молу мулк ҳукуқ дорад аз ташкилоти қарзӣ баргардондани молу мулки мазкурро талаб кунад.
Моддаи 60. Интиқоли ғайриқонунии дороиҳо
1. Агар мақомоти идории ташкилоти қарзӣ ва аъзои он, ки аз дучори мушкилоти молиявӣ шудани ташкилоти қарзӣ воқифанд, дар бораи ба шахсони сеюм додани дороиҳои ташкилоти қарзӣ қарор қабул кунанд ё барои қабул шудани ин қарор овоз дода, маблағи дороиҳои интиқолдодаро дар шакли пулӣ ё аслӣ пурра бозпас нагиранд ва қарздеҳони ташкилоти қарзи дар натиҷа аз ин дороиҳо маҳрум шаванд, он гоҳ онҳо барои зараре, ки ба ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи ин амал расонидаанд, пурра ҷавобгар мебошанд.
2. Меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли ғайриқонунии молу мулк метавонанд ба интиқоли ғайриқонунии молу мулки ташкилоти қарзӣ низ татбиқ гарданд.
Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои амалҳои ғайриқонунӣ
Дар ҳолати иҷрои амали ғайриқонунӣ ё бефаъолиятии ҳар гуна шахс дар доираи Қонуни мазкур, аз ҷумла ҳолатҳое, ки роҳбар ё саҳмиядор (иштирокдор) дар бораи амалу ҳодисаҳои дар моддаи 3 Қонуни мазкур номбаршуда Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор накунад, муқаррароти зерин истифода мешавад:
- роҳбарон ва аъзои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла саҳмиядорони (иштирокдорони) он, ки аз мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ ё ба мушкилоти молиявӣ рў ба рў будани он воқифанд ва бо амалҳои ғайриқонунӣ розӣ шуда, амалҳои ғайриқонунӣ содир мекунанд, аз рўи қарзҳои ташкилоти қарзӣ ба маблағи пурраи моликияти шахсии худ масъулият ба зимма доранд (масъулияти субсидиарӣ) ва масъулияти онҳоро бояд суд бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон ё мудири махсус (ё дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур бо пешниҳоди қарздеҳ) муқаррар кунад. Чунин роҳбарон ё аъзои мақоми идораи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла саҳмиядорони (иштирокдорони) вай ҳуқуқи иштирок ё ишғол кардани вазифаи роҳбарикунандаро дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон надоранд ва бо тартиби судӣ аз ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ барои идоракунии шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда мешаванд;
- шахсоне, ки амалҳои ғайриқонунии пешбиникардаи ин моддаро содир мекунанд, ҳамчунин мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд;
- ҳар гуна дороии ташкилоти қарзиро, ки ташкилоти қарзӣ бар хилофи моддаи мазкур ихтиёрдорӣ кардааст, бояд мудири махсус аз шахсон ё мақомот, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ки ин дороиҳоро (хоҳ бо роҳи харид, ҳабс, мусодира, ихтиёрдорӣ ё тарзи дигар бошад) харида, арзиши бозории онҳоро пурра пардохт накардаанд, ситонад;
- агар ин шахсон маблағи дороиҳоро пардохт карда бошанду, вале нархи пардохткарда аз нархи бозории дороиҳо паст бошад, онҳо метавонанд дар рафти барҳамдиҳӣ ба сифати қарздеҳони таъминнашуда талабот пешниҳод кунанд ё дар мувофиқа бо мудири махсус ин дороиҳоро ҳифз карда, ба мудири махсус маблағи ҳисобшудаи фарқияти байни нархи пардохтшуда ва арзиши бозории дороиҳоро пардохт кунанд;
- Бонки миллии Тоҷикистон ва мудири махсус ҳуқуқ доранд ба қарздеҳон ҳангоми муайян кардани қонуншиканӣ ва андозаи зиён кўмак намуда, инчунин даъвои судии онҳоро ҷонибдорӣ кунанд;
- маблағи ба шахс мутобиқи ин модда пардохтшаванда ба мудири махсус баргардонида шуда, ба манфиати қарздеҳон мутобиқи Қонуни мазкур истифода мешавад.
БОБИ 7. ДИГАР АСОСҲОИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚАРЗҲОИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ
Моддаи 62. Масъулияти маҳдуди саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ
1. Саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ аз рўи уҳдадориҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда ҷавобгар набуда, хавфи зиёни марбут ба фаъолияти чунин ташкилотро танҳо дар ҳаҷми арзиши саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ ба зимма доранд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ, ки арзиши саҳмияҳоро (ҳиссаҳоро) пурра пардохт накардаанд, аз рўи уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ дар ҳаҷми арзиши қисми пардохтнашудаи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ҳар яке аз саҳмиядорон (иштирокдорон) масъулияти муштарак ба зимма доранд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
3. Ташкилоти қарзие, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ қарор дорад, аз рўи қарзу уҳдадориҳои худ бо ҳамаи дороиҳояш ҷавобгў мебошад ва наметавонад масъулияти маҳдуд дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
Моддаи 63. Масъулияти саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ
1. Агар саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадор бошанд ё ихтиёран ба зиммаи худ уҳдадории иловагӣ, аз ҷумла қарз, кафолат ва дигар уҳдадориҳои ба онҳо монандро гиранд, он гоҳ барои уҳдадориҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, мутаносибан ба уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон масъулияти пурра бар дўш доранд. Дар ҳолати пурра напардохтани қарз, мудири махсус ўҳдадор аст аз чунин саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ маблағи боқимондаи онро ситонад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
2. Агар саҳмиядоре (иштирокдоре), ки масъулияти пурра ба зимма дорад ихтиёран ҳамаи қарз ё як қисми онро ба ҷойи саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки масъулияти пурра ба зимма доранд ва бо розигии онҳо пардохт карда бошанд, он гоҳ вай ҳуқуқ дорад ҷуброни онро аз чунин саҳмиядорон (иштирокдорон) талаб кунад.
3. Агар саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзие, ки масъулияти пурра ба зимма дорад, давлат ё мақомоти давлатӣ бошанд, он гоҳ мутобиқи Қонуни мазкур имкон дорад молу мулки ба давлат ё мақомоти давлатӣ тааллуқдошта ба андозаи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати қарздеҳон ситонида шавад.
Моддаи 64. Масъулияти кафил
Шахсе, ки барои қарз ё уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ба шахси сеюм кафолат додааст (аз ҷумла, вексели интиқолии имзошуда, аккредитив ё ҳамин гуна ҳуҷҷате, ки зери он чунин шахс ба сифати кафил ё қарздор имзо кардааст), ўҳдадор аст аз рўи чунин кафолат масъулият ба зимма гирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2041).
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 65. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 66. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 июни соли 2011 № 719