ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon замима ба КЧТ ичозат.doc
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1668
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Қонуни мазкур асосҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро муайян намуда, ба таъмини сарфаи об ва истифодаи босамари иншооти гидротехникӣ дар минтақаи хизматрасонӣ равона карда шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва худидораи ба узвият асосёфтаи истифодабарандагони об, ки ба таври ихтиёрӣ дар минтақаи муайян бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории дастҷамъонаи шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ, таъмини оби полезӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии онҳо таъсис дода шудааст;
- аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об – истифодабарандагони об, ки дорои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин буда, дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷойгир мебошанд, оинномаи ассотсиатсияро эътироф мекунанд ва ба таври ихтиёрӣ ба он дохил шудаанд; 
- иншооти гидротехникӣ дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об (минбаъд – иншооти гидротехникӣ) – таҷҳизот, иншоот ва дастгоҳҳое (обанборҳо, сарбандҳо, иншооти муҳофизати соҳил, наҳру ҷӯйҳо, пойгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳо, лӯла ва новаҳои обгузар, заҳбуру заҳкашҳо, иншоот ва дастгоҳҳои дигари беҳдошти замин ва обёрӣ), ки барои таъсиррасонӣ ба маҷро ва ҳаҷми об, гирифтан, расондан, коркард ва аз нав тақсим кардани об, ҳифзи об ва объектҳои об аз таъсири номатлуб, ҷамъ кардан ва партофтани обҳои зеризаминӣ ва истифодашуда таъйин шудаанд;
- истифодабарандагони об – шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки об ва объектҳои обро дар асоси шартнома ё иҷозати дахлдор истифода мебаранд;
- ҳаққи узвият – маблағи пулие, ки ҳар як узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳамчун тасдиқи узвият месупорад ва барои таъмини фаъолияти ассотсиатсия равона карда мешавад;
- тарифи хизмати обрасонӣ – маблағи пулие, ки андозаи он бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, аз тарафи истифодабарандагони об барои ҳаҷми оби расонидашуда пардохт мегардад;
- минтақаи  хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об (минбаъд - минтақаи хизматрасонӣ) – ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ, ки ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар он хизмати обрасониро амалӣ менамояд;
- нақшаи истифодабарии об – ҳуҷҷате, ки ҳаҷм, тартиб ва муҳлати ба истифодабарандагони об расонидани оби полезиро бо назардошти сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ муқаррар менамояд;
- шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ – маҷмӯи иншооти гидротехникии бо ҳам алоқаманди минтақаи хизматрасонӣ, ки барои мақсадҳои обёрӣ, ҷамъ кардан ва партофтани обҳои зеризаминӣ ва истифодашуда таъйин шудаанд. 
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 
 
Моддаи 3. Вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз инҳо иборат мебошанд:
- таъмини истифодаи босамари шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ, сари вақт ва тибқи шартнома расонидан ва тақсим намудани об дар байни аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об; 
- таъмини истифодаи сарфакоронаи оби полезӣ ва пешгирии ифлосшавии он;
- ҳифз ва беҳдошти ҳолати мелиоративии замин;
- баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи аъзои ассотсиатсия оид ба истифодаи усулҳои камхарҷи обёрӣ, техника ва технологияҳои нав;
- нигоҳдорӣ ва таъмири саривақтии иншооти гидротехникӣ. 
 
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ҳадафмандии техникию иқтисодии ташкили фаъолият дар минтақаи хизматрасонӣ;
- адолатнокӣ ва баробарҳуқуқии аъзои ассотсиатсия дар идоракунӣ;
- тақсими об мутобиқи меъёрҳои обёрӣ ва нақшаҳои истифодабарии об;
- шаффофияти фаъолият; 
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзо.
 
БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ АССОТСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 5. Дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 
1. Дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади таъмини фаъолияти устувори онҳо, истифодаи самараноки  иншооти гидротехникӣ, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об ва замин амалӣ карда мешавад. 
2. Дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар шакли кумакҳои молиявӣ, имтиёзҳои андозӣ ва қарзӣ, шаклҳои дигари ҳавасмандгардонии фаъолият дар доираи барномаҳои давлатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, амалӣ мегардад.
Моддаи 6. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 
1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ магардад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- пешбурди китоби бақайдгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об;
- расонидани кумаки методӣ ва машваратӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникии истифодаи об;
- таҳия ва тасдиқи қоида, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба истифодабарандагони об;
- баррасӣ ва мувофиқа кардани асосноккунии техникиву иқтисодии таъсиси ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва харитаи минтақаи хизматрасонии онҳо;
- назорати истифода ва ҳифзи об, инчунин назорати истифодаи иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об қарордошта;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Муносибатҳои меҳнатӣ дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об
1. Муносибатҳои меҳнатӣ дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
2. Кормандони доимӣ ва мавсимии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. 
 
БОБИ 3. ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ  АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 8. Таъсиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори муассисон таъсис дода мешавад.
2. Муассисони ассотсиатсияи истифодабарандагони об шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки обро барои обёрии заминҳои кишоварзӣ, қонеъ гардондани талаботи истеҳсолӣ ва ба мақсадҳои хоҷагию маишӣ истифода мебаранд. Муассисон гурӯҳи ташаббускорро таъсис медиҳанд ва санаи даъвати нахустмаҷлиси умумии ассотсиатсияро муайян менамоянд.
3. Гурӯҳи ташаббускор корҳои зеринро анҷом медиҳад:
- минтақаи хизматрасонӣ ва шумораи истифодабарандагони обро дар минтақаи мазкур муайян мекунад; 
- ба истифодабарандагони об зарурат ва мақсади таъсиси ассотсиатсия, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро мефаҳмонад;
- асосноккунии техникиву иқтисодии таъсиси ассотсиатсияро таҳия менамояд;
- харитаи минтақаи хизматрасониро бо нишон додани ҳамаи иншооти мавҷудаи гидротехникӣ ва қитъаҳои замини истифодабарандагони об дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб медиҳад;
- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсияро таҳия менамояд.
4. Қарор дар бораи таъсис додани ассотсиатсия ва ташкили мақомоти идоракунии он аз ҷониби маҷлиси умумӣ қабул карда мешавад.
5. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. 
 
Моддаи 9. Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- ном, мақсад, вазифаҳо ва маҳалли ҷойгиршавии ассотсиатсия;
- принсипҳои асосии фаъолияти ассотсиатсия;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои ассотсиатсия ва аъзои он;
- шартҳо ва тартиби қабул ба узвияти ассотсиатсия ва баромадан аз он, инчунин асосҳо барои хориҷ кардан аз узвият;
- сохтор, ҳайат ва салоҳияти мақомоти идоракунии асостсиатсия, аз ҷумла салоҳияти маҷлиси умумӣ, тартиби ташкили мақоми иҷроия ва назорату тафтишӣ, инчунин масъалаҳое, ки ба ваколатҳои маҷлиси умумӣ мансубанд, тартиби қабули қарорҳо, тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ассотсиатсия;
- тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани директор ва сармуҳосиби мудирияти ассотсиатсия;
- манбаъҳои ташаккулёбии воситаҳои молиявӣ ва моликияти ассотсиатсия, ташаккул ва истифодаи фонди рушди ассотсиатсия;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ассотсиатсия;
- тартиби таъсиси ҳудудҳои алоҳидаи истифодабарандагони об;
- тартиби ҷуброни зараре, ки аз тарафи ассотсиатсия ба аъзои он, инчунин зараре, ки аз тарафи аъзо ба ассотсиатсия расонида шудааст;
- тартиб ва шакли иштироки аъзои ассотсиатсия дар ҳалли масъалаҳои умумии хоҷагидорӣ; 
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсия;
- маълумоти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 10. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ё қарори суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ, АЪЗОИ ОН ВА ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ДИГАРИ ОБ
 
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқ дорад:
- бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси обрасонӣ шартнома бандад;
- дар минтақаи хизматрасонии худ бо тартиби муқарраргардида таҷҳизоту дастгоҳҳои гидротехникиро насб кунад, иваз намояд ва хизматрасонии онҳоро анҷом диҳад;
- сари вақт ва тибқи шартномаи басташуда аз сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ ҳаҷми дархостшудаи обро гирад; 
- барои таъмини фаъолияти устувор, сари вақт ба мавсими обдиҳӣ омода сохтан ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти гидротехникии дар истифода қарордошта воситаҳои молиявии ассотсиатсияро истифода барад;
- бо мақсади амалисозии вазифаҳои оинномавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад ё иштирокчии онҳо шавад;
- барои таъмир ва барқарорсозии иншооти гидротехникӣ, ки дар истифодаи ассотсиатсия қарор доранд, оид ба хариди таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома бандад;
- бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нигоҳ доштани вазифаҳои мақсаднок, иншооти гидротехникиро, ки моликияти давлат мебошанд ва дар минтақаи хизматрасонӣ ҷойгиранд, ба истифода гирад;
- дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об ва дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ аз объектҳои табиӣ оби полезиро гирад;
- барои таъмини фаъолияти устувор ва ҳалли вазифаҳои оинномавӣ  фонди рушди ассотсиатсия ва дигар фондҳоро таъсис диҳад;
- барои амалисозии вазифаҳои оинномавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ маълумоти заруриро гирад;
- дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар манфиатҳои аъзои ассотсиатсияро намояндагӣ ва ҳифз намояд.
 
Моддаи 12. Уҳдадориҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об уҳдадор аст:
- дар муддати як моҳ пас аз бақайдгирии давлатӣ, ба мақоми ваколатдори давлатӣ нусхаи оиннома, харитаи минтақаи хизматрасонӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ассотсиатсияро пешниҳод намояд; 
- иншооти гидротехникии дар истифода қарордоштаро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ дорад;
- охири сол нақшаи истифодабарии обро барои соли оянда, ки тибқи сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ дар асоси дархости аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об омода карда мешавад, ба сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд ва дар асоси он шартнома бандад;
- сари вақт дар асоси шартномаҳои басташуда ҳаҷми муқарраршудаи обро ба аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об расонад, назорати истифодаи об ва риояи меъёрҳои обёрӣ, агротехникӣ ва агромелиоративиро дар байни аъзои ассотсиатсия ба роҳ монад;
- оид ба ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар минтақаи хизматрасонӣ тадбирҳо андешад;
- дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар минтақаи хизматрасонӣ корҳои таъмир, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти гидротехникӣ, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти навро анҷом диҳад;
- пешниҳодҳои аъзои ассотсиатсияро оид ба беҳтар кардани фаъолият баррасӣ намояд;
- мувофиқи шартнома ва ҳаҷми оби воқеан гирифташуда пардохти маблағҳои пулиро, ки дар асоси тарифҳои муқарраргардидаи хизмати обрасонӣ ҳисоб карда шудаанд, ба суратҳисоби сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ ба роҳ монад;
- ҳаҷми об, ҳангоми зарурат, сифати оби гирифташуда ва истифодагардидаро ба ҳисоб гирад, ҳисоботи оморӣ ва ҳисоботи дигари муқарраргардидаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақоми омори давлатӣ пешниҳод намояд;
- уҳдадориҳои дигарро оид ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи об дар минтақаи хизматрасонӣ анҷом диҳад.
2. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошад.
 
Моддаи 13. Ҳуқуқҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд:
- дар асоси шартномаҳои басташуда, ки тибқи сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ таҳия шудаанд, аз ассотсиатсия ҳаҷми зарурии оби полезиро гиранд;
- дар маҷлиси умумии ассотсиатсия ё маҷлиси ҳудудҳои алоҳидаи он (ҳангоми таъсиси чунин ҳудудҳо) иштирок кунанд, ба рӯзномаи маҷлис таклиф пешниҳод кунанд ва зимни қабули қарорҳо ширкат намоянд;
- номзадии худ ва номзадии аъзои дигари ассотсиатсияро ба мансаби раиси ассотсиатсия, аъзои шӯро ва комиссияҳои ассотсиатсия пешбарӣ намоянд;
- дар ҳолатҳои риоя нашудани шартнома, ки дар натиҷаи он ба фаъолияти хоҷагидорӣ ё манфиатҳои дигари онҳо зарар расонда шудааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ассотсиатсия ҷуброни зарарро талаб намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома аз ҳайати ассотсиатсия бароянд.
2. Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад барои аъзои ассотсиатсия ҳуқуқҳои дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ намояд.
 
Моддаи 14. Уҳдадориҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об уҳдадоранд:
- муқаррароти оинномаи ассотсиатсияро риоя кунанд, қарорҳои шӯро, маҷлиси умумӣ ва маҷлиси ҳудудҳои алоҳидаи ассотсиатсияро (ҳангоми таъсиси чунин ҳудудҳо) иҷро намоянд;
- охири ҳар сол барои ҳаҷми оби соли оянда гирифташаванда мутобиқ ба сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ ба ассотсиатсия дархост пешниҳод намоянд;
- сари вақт маблағҳои ҳаққи узвиятро ба суратҳисоби ассотсиатсия ва хизмати обрасониро ба суратҳисоби сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт намоянд;
- ҷадвали тақсимоти обро дар байни аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об, инчунин меъёрҳои обёрӣ, агротехникӣ ва агромелиоративиро ҳангоми истифодаи оби полезӣ дар минтақаи хизматрасонӣ риоя намоянд;
- шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ ва иншооти гидротехникии дар истифода қарордоштаро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доранд, ба бадшавии ҳолати мелиоративии замин роҳ надиҳанд;
- зарареро, ки аз тарафи онҳо ба молу мулки ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об расонда шудааст, ҷуброн намоянд;
- пешбурди омори истифодаи об ва заминро анҷом диҳанд, сари вақт ва дар шакли муқарраргардида ба мақомоти дахлдор ҳисоботи муқарраршударо пешниҳод намоянд;
- барои иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти гидротехникӣ, ки дар  қитъаи замини онҳо ҷойгиранд, монеъ нашаванд.
2. Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад барои аъзои ассотсиатсия уҳдадориҳои дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ намояд.
3. Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои ассотсиатсия масъул нестанд.
 
Моддаи 15. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони дигари об
1. Истифодабарандагони об, ки дар асоси шартномаи иҷора ба муҳлати на камтар аз се сол соҳиби ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мебошанд, бо розигии хаттии иҷорадиҳанда ё ҳангоми дар шартномаи иҷора мавҷуд будани муқаррароти дахлдор дар ин бора метавонанд узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об шаванд.
2. Истифодабарандагони об, ки аъзои ассотсиатсия нестанд, ҳуқуқ доранд:
- дар минтақаи хизматрасонӣ фаъолияти хоҷагидорӣ баранд ва дар асоси шартномаҳои басташуда аз ассотсиатсия ҳаҷми муқарраршудаи оби полезиро гиранд;
- дар асоси шартномаҳо аз хизматрасонии ҳуқуқӣ, техникӣ ва машваратии ассотсиатсия оид ба истифодаи оби полезӣ  истифода баранд; 
- дар ҳолатҳои риоя нагардидани шартнома, ки дар натиҷаи он ба фаъолияти хоҷагидорӣ ё манфиатҳои дигари онҳо зарар расонида шудааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ассотсиатсия ҷуброни зарарро талаб намоянд.
3. Истифодабарандагони об, ки аъзои ассотсиатсия намебошанд, уҳдадоранд:
- охири ҳар сол оид ба ҳаҷми оби дархостшаванда бо ассотсиатсия шартнома банданд ва шартҳои онро иҷро намоянд;
- маблағи хизмати обрасониро сари вақт ба сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт намоянд;
- зарареро, ки аз тарафи онҳо ба молу мулки ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об расонида шудааст, ҷуброн намоянд.
4. Дар шартномаи хизмати обрасонӣ байни ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об, ки аъзои ассотсиатсия намебошанд, метавонанд ҳуқуқу уҳдадориҳои дигар пешбинӣ шаванд.
 
БОБИ 5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 16. Мақомоти идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Мақомоти идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об инҳо мебошанд:
- маҷлиси умумии ассотсиатсия;
- шӯрои ассотсиатсия;
- комиссияи тафтишотии ассотсиатсия;
- комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо;
- мудирияти ассотсиатсия.
2. Иҷрои қарорҳои маҷлиси умумӣ ва шӯрои ассотсиатсия барои аъзо ва мудирияти ассотсиатсия ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 17. Маҷлиси умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Маҷлиси умумӣ мақоми олии идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об мебошад, ки дар як сол на кам аз як маротиба даъват карда мешавад.
2. Ба ваколатҳои маҷлиси умумии ассотсиатсия масъалаҳои зерин дохил мешаванд:
- тасдиқи оинномаи ассотсиатсия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;
- интихоби раиси ассотсиатсия ва муовини он;
- таъсиси шӯро, комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо, интихоби аъзои онҳо;
- тасдиқи низомномаҳои шӯро, комиссияи тафтишотӣ, комиссияи ҳалли баҳсҳо ва мудирияти ассотсиатсия;
- тасдиқи нақшаи солонаи фаъолият, сметаи даромаду хароҷот ва рӯйхати мансабҳои мудирияти ассотсиатсия;
- тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявии ассотсиатсия;
- тасдиқи фонди рушди ассотсиатсия ва дигар фондҳо;
- қабули қарор дар хусуси ба истифода гирифтани иншооти гидротехникӣ, ки моликияти давлатӣ буда, дар минтақаи хизматрасонӣ ҷойгир мебошанд;
- муайян намудани тартиби овоздиҳӣ ва қабули қарорҳои маҷлиси умумӣ;
- тасдиқи андоза ва тартиби пардохти маблағҳои ҳаққи узвият ва намудҳои хизматрасонӣ ба аъзои ассотсиатсия, инчунин истифодабарандагони дигари об;
- баррасии дурнамои сохтори кишти зироатҳои обёришаванда, тасдиқи нақшаи истифодабарии об бо назардошти дархости аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об;
- баррасӣ ва қабули ҳисоботи шӯро, комиссияҳо ва мудирияти ассотсиатсия;
- қабули дастур, қоидаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари дохилии танзимкунандаи фаъолияти ассотсиатсия;
- қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсия, инчунин узвият ба иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва баромадан аз он.
3. Маҷлиси умумӣ дар шакли иштироки аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ё намояндаҳои ваколатдор аз ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ гузаронида мешавад. Маҷлиси умумӣ дар сурати ҳузур доштани аз се ду ҳиссаи аъзо ё намояндаҳо аз ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ босалоҳият ҳисобида мешавад. 
4. Маҷлиси умумиро раис ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ муовини раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об мебарад. Раиси ассотсиатсия дар як вақт раиси шӯро мебошад.
5. Қарорҳои маҷлиси умумӣ бо тарафдории аксарияти овозҳои иштироккунандагони маҷлис қабул карда мешаванд.
6. Протоколҳои маҷлиси умумӣ аз ҷониби раисикунандаи маҷлис имзо шуда, бо муҳр тасдиқ мегарданд ва дар парвандаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
7. Талаботи қисмҳои 4, 5 ва 6 моддаи мазкур нисбат ба протоколҳои ҷаласаҳои шӯро, комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об низ татбиқ мешаванд. 
8. Тартиби даъват намудан ва гузаронидани маҷлисҳои умумии навбатӣ ва ғайринавбатиро оинномаи ассотсиатсия муайян менамояд. 
9. Маҷлиси умумии ғайринавбатӣ бо ташаббуси шӯро, комиссияи тафтишотӣ ё бо ташаббуси на камтар аз 10 фоизи аъзои ассотсиатсия даъват карда мешавад.
10. Шӯрои ассотсиатсия ба таври хаттӣ аъзои ассотсиатсияро дар хусуси даъват намудан, рӯзнома, вақт ва ҷойи гузаронидани маҷлиси умумӣ 10 рӯз пеш огоҳ мекунад. 
 
Моддаи 18. Ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ 
1. Ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ ҳангоми зиёд будани шумораи аъзо ва мушкил будани даъвати маҷлиси умумӣ бо тартиби пешбининамудаи оинномаи ассотсиатсия, бо назардошти ҷойгиршавии қитъаҳои замини аъзо, аз ҷумла қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини устувори онҳо бо оби полезӣ ва ҳолати воқеии иншооти гидротехникӣ муайян карда мешаванд.
2. Ҳар як ҳудуди алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ ба маҷлиси умумӣ намояндаи (намояндагони) ваколатдори худро бо ҳуқуқи овоздиҳӣ пешбарӣ ва интихоб менамояд. Шумораи намояндагони ваколатдори ҳудудҳои мазкурро шӯрои ассотсиатсия ҳангоми даъвати маҷлиси умумӣ муайян мекунад. 
 
Моддаи 19. Шӯрои ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Шӯрои ассотсиатсияи истифодабарандагони об мақоми машваратии ассотсиатсия буда, аз ҷониби маҷлиси умумӣ интихоб  карда мешавад. 
2. Ба ваколатҳои шӯрои ассотсиатсия дохил мешаванд:
- назорати иҷрои қарорҳои маҷлиси умумӣ ва фаъолияти мудирияти ассотсиатсия;
- баррасӣ ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои гирифтани қарзҳо, грантҳо, кумакҳои дигари молиявӣ ва техникӣ;
- назорати иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти ассотсиатсия;
- идоракунии фонди рушди ассотсиатсия ва дигар фондҳо;
- даъват намудани маҷлиси умумии ассотсиатсия ва омода намудани рӯзномаи маҷлис;
- муайян намудани шумораи намояндагон аз ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ (ҳангоми таъсиси чунин ҳудудҳо) барои иштирок дар маҷлиси умумӣ;
- баррасӣ ва ба маҷлиси умумии ассотсиатсия пешниҳод намудани ҳисоботи солонаи мудирият оид ба истифодаи маблағҳои сметаи даромад ва хароҷоти ассотсиатсия, кумакҳои дигари молиявӣ ва техникӣ бо эроду пешниҳодҳои дахлдор;
- назорати риояи оинномаи ассотсиатсия аз ҷониби аъзои он;
- хориҷ намудани аъзои ассотсиатсия, қабули аъзои нав;
- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ба кор қабул ва аз кор озод намудани директор ва сармуҳосиби мудирият;
- ваколатҳои дигар, ки аз ҷониби маҷлиси умумии ассотсиатсия ба шӯро вогузор гардидаанд.
3. Маҷлисҳои шӯро ҳангоми зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. 
 
Моддаи 20. Комиссияи тафтишотии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Бо мақсади назорати фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об маҷлиси умумӣ аз ҳисоби аъзои худ комиссияи тафтишотии ассотсиатсияро дар ҳайати на камтар аз се нафар таъсис медиҳад. Аъзои комиссияи тафтишотӣ наметавонанд дар як вақт аъзои шӯро ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо бошанд.
2. Аъзои комиссияи тафтишотӣ раиси комиссияро аз ҳайати худ  интихоб менамоянд. 
3. Комиссияи тафтишотӣ фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро дар асоси натиҷаҳои соли молиявӣ санҷида, оид ба натиҷаи санҷиш ба маҷлиси умумӣ барои қабули қарори дахлдор хулоса пешниҳод менамояд. 
4. Санҷиши ғайринавбатии фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори шӯро ё бо талаби на камтар аз 10 фоизи аъзои ассотсиатсия гузаронида мешавад. 
 
Моддаи 21. Комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо
1. Барои ҳалли баҳсҳое, ки дар байни аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ассотсиатсия ва аъзои он, инчунин истифодабарандагони дигари об дар минтақаи хизматрасонӣ пайдо мешаванд, бо қарори маҷлиси умумӣ дар ҳайати на камтар аз се нафар комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо таъсис дода мешавад. Аъзои комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо наметавонанд дар як вақт аъзои шӯро ва комиссияи тафтишотии ассотсиатсия бошанд.
2. Доир ба натиҷаи кори комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо санад тартиб дода, қарори дахлдор бо имзои ҳамаи аъзо қабул карда мешавад, ки иҷрои он барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад. Баррасии баҳсҳо ва қабули қарор оид ба онҳо дар муддати на дертар аз 10 рӯз пас аз қабули муроҷиат амалӣ мегардад. 
3. Ҳангоми дар комиссия ҳал нагардидани баҳсҳо, онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Мудирияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Мақоми иҷроияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об мудирият мебошад.
2. Ба ваколатҳои мудирияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳалли масъалаҳое дохил мешаванд, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсия ба ваколатҳои истисноии маҷлиси умумӣ, шӯро ва комиссияи тафтишотии он мансуб дониста нашудаанд.
3. Муносибатҳои меҳнатии директор ва сармуҳосиб бо ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси шартномаи меҳнатӣ сурат мегиранд. Директор ва сармуҳосиб наметавонанд аъзои ассотсиатсия бошанд.
4. Директори мудирият дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- дар асоси ваколатнома аз номи ассотсиатсия дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсия амал мекунад;
- ассотсиатсияро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ намояндагӣ мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ молу мулки ассотсиатсияро идора менамояд, аз номи ассотсиатсия ваколатнома медиҳад;
- дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ суратҳисоби ассотсиатсияро мекушояд;
- мутобиқи сметаи тасдиқшуда даромад ва хароҷоти воситаҳои молиявии ассотсиатсияро идора мекунад;
- кормандони доимӣ ва мавсимиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад, вазифа ва уҳдадориҳои онҳоро муайян менамояд;
- фармонҳо мебарорад, қарорҳои маҷлиси умумӣ ва шӯрои ассотсиатсияро иҷро мекунад;
- лоиҳаи нақшаи истифодабарии обро дар асоси дархости аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об, бо назардошти сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ, инчунин сметаи даромаду хароҷот ва нақшаи солонаи фаъолияти ассотсиатсияро таҳия ва барои тасдиқ ба маҷлиси умумии ассотсиатсия пешниҳод менамояд; 
- дар асоси нақшаи истифодабарии об оид ба таъмини оби полезӣ бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ аз номи ассотсиатсия шартнома мебандад;
- бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир, ки ба ваколатҳои мудирият дохил намешаванд, оид ба даъват намудани маҷлиси ғайринавбатии шӯрои ассотсиатсия таклиф пешниҳод мекунад.
5. Бо қарори шӯро ба зиммаи директори мудирият метавонанд ваколатҳои дигар вогузор карда шаванд. 
6. Директори мудирият уҳдадориҳои зеринро иҷро мекунад:
- ҷадвали обрасониро дар мувофиқа бо ҳамаи истифодабарандагони об дар минтақаи хизматрасонӣ таҳия менамояд;
- тибқи шартномаҳои басташуда, нақшаи истифодабарии об ва ҷадвали обрасонӣ аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари обро, ки дар минтақаи хизматрасонӣ ҷойгиранд, сари вақт ва пурра бо оби полезӣ таъмин менамояд;
- рӯйхати аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари обро, ки аз тарафи ассотсиатсия ба онҳо хизмат расонида мешавад, бо нишон додани сохтори кишти зироатҳои обёришаванда тартиб медиҳад, ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид менамояд; 
- рӯйхати иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсия қарордоштаро бо тавсифи иқтидор ва нишондиҳандаҳои дигари техникӣ тартиб медиҳад;
- сарфаи об ва ҳифзи он, ҳамчунин истифодаи босамари иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсия қарордоштаро таъмин менамояд;
- оби гирифташуда, истифодашуда ва партофташударо ба ҳисоб мегирад ва ба мақомоти дахлдор дар ин бора ҳисоботи муқарраршударо пешниҳод менамояд;
- ҷамъоварии маблағи ҳаққи узвият ва дигар пардохтҳои муқарраршударо ба роҳ мемонад;
- пардохти маблағи хизмати обрасониро ба суратҳисоби сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд;
- иҷрои уҳдадориҳои молиявии ассотсиатсияро таъмин менамояд.
 
БОБИ 6. МОЛИКИЯТ ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 23. Моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад дар моликияти худ бино, иншоот, нақлиёт, таҷҳизот, дастгоҳҳо ва техникаи таъйиноти мелиоративӣ, молу мулки дигар ва воситаҳои молиявӣ, ки барои таъмини фаъолияти хоҷагидорӣ заруранд, дошта бошад. 
2. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқи фурӯхтан ё ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба иҷора ё иҷораи фаръӣ додани иншооти гидротехникиро, ки моликияти давлат мебошанд ва барои истифода ба ихтиёри он дода шудаанд, надорад. Ҳангоми барҳам додани ассотсиатсияи истифодабарандагони об иншооти мазкур аз рӯи мансубият ба моликон баргардонда мешаванд.
 
Моддаи 24. Воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- ҳаққи узвият ва пардохтҳои дигари аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об; 
- грантҳо ва қарзҳо;
- пасандозҳои дар бонкҳо гузошташуда;
- хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои пардохти музди меҳнати кормандон, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, таъмир ва нигоҳдории иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсия қарордошта, беҳдошти замин, хариди техника ва таҷҳизоти махсус, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар молу мулке, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои оинномавӣ заруранд, инчунин ҷорӣ намудани усулу технологияи сарфакунанда ва ҳифзкунандаи об, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи хизматрасонӣ истифода бурда мешаванд.
 
 
Моддаи 25. Тартиби ҳисоботдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ ҳисоботи дахлдорро оид ба фаъолияти молиявӣ, истифодаи об, замин ва захираҳои дигари табиӣ пешниҳод менамояд.
2. Ҳисоботи солонаи молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об пас аз санҷиши комиссияи тафтишотӣ аз ҷониби маҷлиси умумӣ тасдиқ гардида, ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
 
БОБИ 7. ИТТИФОҚИ АССОТСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 26. Тартиби таъсис ва амалисозии фаъолияти иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 
1. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, идоракунӣ, истифодабарӣ ва хизматрасонии муштараки техникии иншооти гидротехникии дар истифодаи умум қарордошта метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои наҳрҳои магистралӣ, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муттаҳид шаванд ва иттифоқҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро таъсис диҳанд. 
2. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз ҷониби ду ва зиёда ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба таври ихтиёрӣ таъсис дода мешавад. 
3. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, метавонад дар бонкҳо суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар кушояд, муҳр ва бланк дошта бошад. 
4. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки аъзои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мебошанд, мустақилияти худро нигоҳ медоранд.
5. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҳамчунин иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об масъул нестанд.
6. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. 
7. Фаъолияти иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. 
8. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об тибқи оинномаи худ метавонад шӯро, комиссия ва сохторҳои дигари дахлдорро таъсис диҳад. 
 
Моддаи 27. Вазифаҳои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об
1. Вазифаҳои асосии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз инҳо иборат мебошанд:
- ҳифзи манфиатҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ; 
- намояндагии ассотсиатсияҳо дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, Шӯрои ҳавзавии дарёҳо ва дар мавридҳои зарурӣ дар Шӯрои миллии об;
- хизматрасонии таълимию машваратӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи об, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истифодаи об ва замин, мураттабсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, дастур ва тавсияҳои дахлдор;
- ҳалли баҳсҳои байни ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва аъзои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.
2. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об метавонанд ба иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ваколатҳои алоҳидаи худро вогузор намоянд, ки онҳо дар шартномаи таъсисӣ муқаррар карда мешаванд. 
 
Моддаи 28. Молу мулк ва воситаҳои молиявии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони  об
1. Молу мулк ва воситаҳои молиявии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз ҳисоби маблағи ҳаққи узвият, ҳиссаҷудокуниҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, пардохтҳо ва кумакҳои дигари молиявӣ, инчунин грантҳо ва даромадҳои дигар, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ташаккул меёбад.
2. Молу мулк ва воситаҳои молиявии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои оинномавии иттифоқ истифода мегарданд.
3. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об метавонад аз ҳисоби маблағи худ фонди дастгирии аъзои иттифоқро таъсис диҳад.
 
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 29. Муқаррароти интиқолӣ
1. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, уҳдадоранд дар муддати як сол аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур фаъолияти худро ба муқаррароти он мутобиқ намоянд. Дар ин давра аз нав ба қайд гирифтани чунин ассотсиатсияҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад. 
2. Фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби судӣ метавонад қатъ карда шавад. 
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2006 «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №11, мод. 474; с.2011, №3, мод. 173) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе,
 2 январи соли 2020,
 № 1668