ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
18
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.04.2003

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод.148)

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти эҳсонкориро бо мақсади ривоҷ додани он муқаррар намуда, дастгирии давлатиро дар ин самт пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Фаъолияти эҳсонкорӣ - фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, ки бо расонидани кӯмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кӯмак, аз ҷумла ба тарзи беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) ба шахсони воқеии мӯҳтоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машғули чунин ёрирасонианд, аз ҷумла ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ додани молу мулк ва маблағҳои пулӣ, беғаразона иҷро намудани корҳо ва расонидани хизмат, ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати ҷамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Эҳсонкорон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти эҳсонкориро бо чунин шаклҳо ба ҷо меоранд:

- беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани молу мулк, аз он ҷумла маблағҳои пулӣ ва объектҳои моликияти ақлонӣ ҳамчун моликият (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940);

- беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода ва ихтиёрдории ҳама гуна объектҳои ҳуқуқи моликият дошта (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491);

- беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) иҷро намудани корҳо, расонидани хизмат ба эҳсонкорон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

Эҳсонкорон ҳуқуқ доранд мақсадҳо ва тартиби истифодабарии хайрияи худро муайян намоянд.

Эҳсонгирандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ихтиёриён - шахсони воқеие, ки фаъолияти эҳсонкориро дар шакли меҳнати ройгон ба манфиати эҳсонгирандагон, аз ҷумла ба манфиати ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба ҷо меоранд. Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад хароҷотҳои ихтиёриёнро, ки бевосита ба фаъолияти онҳо дар ин ташкилот вобастаанд (хароҷоти сафарҳои корӣ, роҳкиро ва ғайра) пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Фонди эҳсонкорӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии узвиятнадоштае, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси пардохти ихтиёрии молумулкӣ таъсис дода шуда, мақсадаш эҳсонкорӣ мебошад.

Грант - воситаҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигаре, ки ройгон ва бебозгашт барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940)

Хайрия - кӯмаки ихтиёрии бебозгаште, ки дар шакли пулӣ ва ё дигар шакл ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ё ба шахсони воқеӣ, ки ба ин кӯмак мӯҳтоҷанд, бо мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муайянкардаи Қонуни мазкур дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Ҷамьиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ ташкил мекунанд - ташкилотҳое, ки даромади худро ба мақсади фаъолияти эҳсонкорӣ равона мекунанд ва муассисони (иштирокчиёни) онҳо танҳо ташкилотҳои эҳсонкорӣ мебошанд.

Моддаи 3. Мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ

Ба фаъолияти эҳсонкорӣ инҳо дохиланд:

- дастгирии иҷтимоӣ, мутобиқат ва ҳимояи шахсони воқеӣ, аз ҷумла бехтаркунии вазъи моддӣ, офияти иҷтимоии бекорон, корношоямон, маъюбон ва дигар шахсон, ки бо сабаби хусусиятҳои ҷисмонӣ ва ақлонии худ ё дигар ҳолатҳо мустақилона ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба амал бароварда наметавонанд;

- ёрӣ ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ё шахсони воқеии муҳтоҷи мутобиқати иҷтимоӣ ё ҳифзи иҷтимоӣ;

- ёрӣ ба кӯдаконе, ки падару модар (волидайн) надоранд, ба муассисаҳои кӯдакона, инчунин дигар ташкилотҳое, ки чунин кӯдаконро нигоҳубин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491);

- ёрӣ ба модарону кӯдакон оид ба мусоидати ҳимояи онҳо;

- баланд бардоштани обрӯ ва мақоми оила дар ҷомеа;

- ёрӣ ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубини онҳо машғуланд;

- ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, экологӣ, саноатӣ ё фалокатҳои дигар, низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ, мазҳабӣ, инчунин қурбониҳои ҷазодиҳӣ (репрессия), гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;

- дастгирӣ ба шахсони воқеии муҳтоҷи ёрии тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он (аз ҷумла хароҷоти рафту омад то маҳалли расонидани чунин хизмат) ё ба ташкилотҳои дорои мақоми муассисаи тиббӣ;

- мусоидат барои фаъолият дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон, инчунин тарғиботи тарзи ҳаёти солим, беҳгардонии вазъи маънавию рӯҳии шаҳрвандон;

- мусоидат ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат, маърифат ва инкишофи маънавии шахсият, аз ҷумла таъсиси стипендияҳо;

- мусоидати фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ;

- ҳифзи аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист аз олудашавӣ ё таъсири дигари зараровар;

- ёрӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, агар фаъолияти онҳо барои беҳбуд бахшидани шароитҳои нигоҳдорӣ ё хизматрасонии тиббии маҳкумшудагон равона шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491);

- мусоидат барои пойдории сулҳ, дустӣ, хамдигарфаҳмии байни халқҳо, пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва мазҳабӣ;

- ҳифз ва дар ҳолати муносиб нигоҳдории биноҳо, объектҳо ва минтақаҳои дорои аҳамияти таърихӣ, динию оинӣ ва фарҳангӣ;

- мақсадҳои дигари аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

Моддаи 4. Ҳуқуқ барои фаъолияти эҳсонкорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд фаъолияти эҳсонкориро бемонеа дар асоси ихтиёрӣ ва озодии интихоби ҳадафҳо барои манфиатҳои умумӣ ба амал бароранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд озодона фаъолияти эҳсонкориро алоҳида ё дар муттаҳидӣ, бо роҳи таъсиси ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ё бе таъсиси он ба амал бароранд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқи маҳдуд кардани интихоби озодонаи мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ ва тарзи иҷрои онҳоро, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, надорад.

Моддаи 5. Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ

Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ инҳоанд:

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти эҳсонкориро ба амал мебароранд, аз ҷумла бо роҳи дастгирии ташкилоти мавҷуда ё таъсиси ташкилоти нави эҳсонкорӣ (эҳсонкорон, ихтиёриён);

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ ба амал бароварда мешавад (эҳсонгирандагон) (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 6. Ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ - ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратие мебошад, ки ба мақсадҳои иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ таъсис шуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти эҳсонкорӣ ба қайд гирифта шудааст.

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 7. Шаклҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба шакли ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттиҳодияҳо), фондҳо, муассисаҳо ва дигар шаклҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти эҳсонкорӣ пешбинӣ намудааст, ташкил карда мешаванд.

Ташкилоти эҳсонкорӣ мумкин аст ба шакли муассиса ташкил ёбад, агар муассиси он ташкилоти эҳсонкории дигаре бошад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Моддаи 8. Муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вобаста ба шаклҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, муассиси он шуда метавонанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ муассиси ташкилоти эҳсонкорӣ шуда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 9. Таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Ташкилоти эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда ба ҳисоб рафта, шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 10. Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ

Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

- ном, мақсад ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти эҳсонкорӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- сохтори ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши ташкилоти эҳсонкорӣ;

- шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ташкилоти мазкур дар ташкилотҳое, ки узвият доранд;

- ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилоти эҳсонкорӣ;

- салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти ташкилоти эҳсонкорӣ, мӯҳлатҳои ваколатҳои онҳо, маҳаллӣ воқеъ гардидани мақоми доимамалкунанда;

- тартиби дохил намудани тағйирот ва иловаҳо дар оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;

- манбаи ташкилёбии воситаҳои пулӣ ва дигар  молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқи ташкилоти эҳсонкорӣ ва воҳидҳои сохтории он дар идоракунии молу мулк (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилоти эҳсонкорӣ;

- қоидаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

Моддаи 11. Ба қайди давлатӣ гирифтани ташкилоти эҳсонкорӣ

Бақайдгирии давлатии ташкилоти эҳсонкорӣ, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Аз рӯи қарори мақомоти бақайдгиранда дар бораи рад кардани бақайдгирии ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин саркашӣ аз бақайдгирӣ бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 12. Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ

Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ маҷлиси умумӣ мебошад, ки бо тартиби муайянкардаи оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ ташкил карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Қарорҳо дар бораи таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ ва тасдиқи оинномаи он дар маҷлиси умумӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Ба ваколати истисноии мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо дохил мешаванд:

- тағйир додани оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;

- созмон додани мақомоти иҷроияи ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти назоратию тафтишӣ ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти онҳо (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- тасдиқи барномаҳои эҳсонкорӣ;

- тасдиқи нақшаи солона, буҷети ташкилоти эҳсонкорӣ ва ҳисоботи солонаи он;

- қабули қарорҳо оид ба таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, оиди иштирок дар чунин ташкилотҳо, кушодани филиалҳо ва намояндагиҳо;

- қабули қарорҳо оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои эҳсонкорӣ (ба истиснои фондҳои эҳсонкорӣ).

Аъзоёни мақомоти олии ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони масъули ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ надоранд, ки вазифаҳои штатиро дар маъмурияти ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки муассиси (иштирокчии) онҳо ҳамин ташкилоти эҳсонкорӣ мебошад, ишғол намоянд.

Моддаи 13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар вақти барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ, молу мулки боқимондаи он, баъди иҷрои талаботи қарзхоҳон (кредиторҳо), барои мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муқарраркардаи оиннома, ё бо қарори комиссияи барҳамдиҳӣ, агар тартиби истифодаи молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ дар оинномаи он пешбинӣ нашуда бошад, истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

БОБИ 3. ШАРТҲО ВА ТАРТИБИ БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 14. Фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияташро, ки барои иҷрои ҳадафҳои ба миён гузоштааш равона шудаанд, инчунин фаъолияти эҳсонкориеро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, ба амал барорад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад ба фаъолияти ҷалби захираҳо ва иҷрои амалиётҳои ғайритиҷоратӣ машғул шавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти соҳибкориро танҳо барои ҳадафҳое, ки маҳз барои онҳо ва ба ҳамин ҳадаф марбут ташкил шудааст, анҷом диҳад.

Баҳри фароҳам овардани шароити моддие, ки барои бадастоварии ҳадафҳояш зарур мебошад, ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад. Иштироки ташкилоти эҳсонкорӣ дар ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ якҷоя бо шахсони дигар мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳақ надорад маблағҳо ва молу мулки худро барои дастгирии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва маъракаҳои сиёсӣ сарф намояд ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 15. Филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ташкил диҳад ва намояндагиҳои худро кушояд.

Ташкили филиалҳои ташкилоти эҳсонкорӣ ва кушодани намояндагиҳояш дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигаре дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб намераванд ва молу мулкеро соҳибанд, ки ташкилоти эҳсонкории онҳоро ташкил карда ба онҳо додааст ва дар асоси низомномаи аз тарафи онҳо тасдиқгардида амал мекунанд. Молу мулки филиалҳо ва намояндагиҳо, дар тавозуни алоҳидаи онҳо, инчунин дар тавозуни ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940).

Роҳбарияти филиалҳо ва намояндагиҳо аз тарафи мақомоти олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ таъин карда мешаванд ва дар асоси ваколатномае, ки ташкилоти эҳсонкорӣ ба онҳо додааст, амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро аз номи ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба амал мебароранд. Ташкилоти эҳсонкорие, ки филиалу намояндагиҳоро ташкил додааст, барои фаъолияти онҳо масъул мебошад.

Моддаи 16. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940)

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳои таъсисӣ ва оиномаҳое, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ қабул кардаанд, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои оинномавиашон, иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) ташкил диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Аъзои иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои ва шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надоранд. Аъзои иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) пешбинигардида масъулияти субсидиарӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз он ҷумла бо иштироки иттиҳодияҳои хориҷии ғайритиҷоратӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 17. Манбаъҳои ташаккулёбии молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940)

Манбаъҳои ташаккулёбии молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940):

- пардохти муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ;

- ҳаққи аъзогӣ (барои ташкилотҳои эҳсонкории аз аъзоён иборатбуда);

- хайрияи эҳсонкорӣ, аз ҷумла хайрияи мақсаднок (грантҳои эҳсонкорӣ), ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шакли пул ё мол додаанд;

- даромад аз амалиётҳои ғайритиҷоратӣ;

- даромад аз коғазҳои қимматнок;

- воридот аз фаъолияти соҳибкорие, ки мувофиқи ҳамин Қонун иҷозат шудааст;

- воридот аз фаъолияти ҷалби захираҳо (гузаронидани маъракаҳои ҷалби эҳсонкорон ва ихтиёриён, ташкили чорабиниҳои шавқангез, фарҳангӣ, варзишӣ, гузаронидани маърақаҳои ҷамъоварии хайрияи эҳсонкорӣ, лотореяҳо, музоядаҳо) бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фурӯши молу мулк ва хайрияи аз эҳсонкорон омада, мувофиқи хоҳиши онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940);

- воридот аз фаъолияти ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилоти эҳсонкорӣ таъсис додааст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- меҳнати ихтиёриён;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаасту ба амалӣ кардани фаъолияти асосии ташкилоти эҳсонкорӣ вобаста аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 18. Молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940)

Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад ҳамчун моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ биноҳо, иншоот, таҷҳизот, маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, захираҳои иттилоотӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар навъҳои молу мулкро дошта бошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад бо моликияти худ ё молу мулки дигари дар ихтиёраш буда доду гирифт намояд, ба шарте, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ташкилот ва ҳуқуқи эҳсонкор мухолифат накунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ надорад барои пардохти музди меҳнати кормандони маъмурию идоравиаш беш аз 20 фоизи маблағҳои молиявии дар соли молиявии ташкилот сарфшавандаро харҷ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940). 

Дар мавриде, ки эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиботи дигар муқаррар карда бошад, на камтар аз 80 фоизи хайрияи эҳсонкорӣ ба шакли пул бояд барои мақсадҳои эҳсонкории дар давоми соли ин хайрияро гирифтааш истифода гардад. Хайрияи ба шакли мол омада бояд барои мақсадҳои эҳсонкорӣ дар давоми як соли гирифтани он истифода шавад, агар эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ ба муассисони (аъзои) ин ташкилот нисбат ба шахсони дигар бо шартҳои имтиёзнок дода шуданаш мумкин нест (бо роҳи фурӯш, пардохти нархи мол, кор, хизмат ва шаклҳои дигар) (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 19. Хароҷоти маблағҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Маблағҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ мумкин аст барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва нигаҳдории ташкилоти эҳсонкорӣ равона карда шаванд. Хароҷоти нигаҳдории ташкилот мумкин аст масорифи зайлро дарбар гирад:

- маоши кормандони маъмурию идорӣ;

- ҳиссаҷудокунӣ барои маош;

- хароҷоти дафтардорию хоҷагӣ;

- хароҷоти сафарҳои хизматӣ;

- харидории таҷҳизот ва асбобу анҷом;

- таъмири асосӣ ва ҷорӣ;

- пардохти иҷора;

- хароҷотҳои дигар (ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва ғайраҳо).

Хайрияҳои мақсадноки барои амалӣ кардани барномаҳои эҳсонкорӣ равона гардида, тибқи шартҳои ҳамин хайрия истифода мешаванд.

Маҳдудкунии хароҷоти маош барои пардохти музди меҳнати шахсони дар барномаҳои эҳсонкорӣ бандбуда, дахл надорад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Маблағҳои барои дарҷи ҳисоботи фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳамчунин барои гузаронидани тафтиши хатмии аудитории фаъолияти фондҳои эҳсонкорӣ сарфгардида, ҳамчун хароҷоти мақсадҳои эҳсонкорӣ ҳисобида мешаванд.

Дар ҳолати барзиёд шудани қисми даромад аз қисми хароҷоти буҷети ташкилоти эҳсонкорӣ маблағи барзиёд набояд байни муассисон тақсим карда шавад, балки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ташкилот равона гардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ҷудо кардани маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, барои ташкилоти эҳсонкорӣ манъ аст.

Моддаи 20. Барномаи эҳсонкорӣ

Барномаи эҳсонкорӣ аз маҷмӯи чорабиниҳое иборат аст, ки мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ муқаррар кардааст ва барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси мақсадҳои оинномавии ин ташкилот мувофиқанд.

Барномаи эҳсонкорӣ сметаи воридоти эҳтимолӣ ва хароҷоти ба нақша гирифташавандаро (бо назардошти пардохти музди меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ ширкаткунанда) дарбар гирифта, марҳила ва мӯҳлатҳои амалигардонии онро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Барои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои эҳсонкорӣ (бо назардошти хароҷоти таъминоти моддию техникӣ, ташкилӣ, пардохти музди меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаҳои эҳсонкорӣ ширкаткунанда ва дигар хароҷоти ба амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ алоқаманд) бояд на камтар аз 80 фоизи даромади соли молиявӣ истифода бурда шавад. Ҳангоми иҷрои барномаҳои эҳсонкории дарозмуддат, маблағҳои бадастомада, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ин барномаҳо истифода мегарданд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 21. Дастгирии давлатии фаъолияти эҳсонкорӣ

Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣиштирокдорони фаъолияти эҳсонкориро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби давлат кафолат дода, таъмин карда мешаванд.

Шахсони мансабдоре, ки ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ монеъ мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкориро тибқи тартиби муқарраршуда бо чунин роҳҳо дастгирӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940):

- пешниҳод намудан барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои соҳавӣ;

- додани имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

- маблағгузории барномаҳои эҳсонкорӣ дар асоси натиҷаи озмунҳои эълоншуда;

- ройгон ё дар асоси имтиёзҳо ба иҷора додани иншооти давлатӣ барои истифодаи мақсаднок (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Бо мақсади дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ, амалӣ гардонидани ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои эҳсонкорӣ, мумкин аст шӯроҳои (кумитаҳои) дастгирии эҳсонкориро дар ҳайати намояндаҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони ҷамъиятӣ ташкил диҳанд. Ин шӯроҳо (кумитаҳо) нисбат ба иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ, ваколати ҳокимиятиро доро нестанд. Қарорҳои онҳо хусусияти тавсиявӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 22. Назорат ба фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ

Мақоми давлатие, ки ташкилоти эҳсонкориро ба қайд гирифтааст риояи оинномаи онро назорат мекунад. Ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии муҳосибӣ мебарад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ барои дастрас намудани ҳисоботи солонаи худ, аз ҷумла ба воситаҳои ахбори омма имконияти бемонеа медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Маълумот дар бораи андоза ва сохтори даромадҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин маълумот оиди андозаи молу мулк, хароҷоти он, шумораи кормандон, маоши онҳо, ҷалби ихтиёриён сирри тичоратӣ шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Назорат аз болои фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ аз тарафи мақомоти назорати давлатӣ, дар доираи салоҳияташон ба амал бароварда мешавад.

Баҳсҳо байни ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба ин ташкилот барои ҳаддафҳои эҳсонкорӣ маблағ додаанд, оиди истифодаи ин маблағҳо бо тартиби судӣ халлу фасл мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 23. Ба амал баровардани фаъолияти эҳсонкории байналмилалӣ

Иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии эҳсонкориро ба амал бароранд.

Фаъолияти байналмилалии эҳсонкорӣ бо роҳи дар лоиҳаҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, дар кори ташкилотҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, ҳамкорӣ бо шарикони бурунмарзӣ дар доираи фаъолияти марбутаи эҳсонкорӣ, инчунин бо шаклҳои дигари дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳою принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надошта ба амал бароварда мешавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои бонкии давлатҳои дигар, мувофиқи қонунгузории онҳо суратҳисобҳо кушояд.

Ташкилоти эҳсонкорӣ барои гирифтани хайрияи эҳсонкорӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин аз ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ ҳуқуқ дорад. Истифодаи хайрияи мазкур бо тартиби иҷозатдодаи ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 24. Фаъолияти эҳсонкории шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи ҳамин Қонун дар фаъолияти эҳсонкорӣ иштирок дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайронкунии Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон намудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

     Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э. Раҳмонов

    ш. Душанбе

 

      22 апрели соли 2003

          № 18