ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА (БАХШИДА БА 15-УМИН СОЛГАРДИ АМАЛИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»)

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 07/06/2022 - 08:42
Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ мегарданд.
Яке аз чораҳои муассир дар ин самт бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ба шумор меравад.
Дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат иброз гардид: “Мақсади Роҳбари давлат низ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар шароити боз ҳам беҳтар ва хонаву дари ободу зебо умр ба сар барад ва барои муҳайё намудани зиндагии шоиста талош намояд”. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар ба номи поки Худо, шири сафеди модар, нону намаки дастурхони пиру ҷавон ва обу хоки муқаддаси Ватан қасам ёд карда, масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро ба дӯш гирифтанд, ки самимияту садоқат ва қатъияту устувории Пешвои миллатро ба қавлу сухан вақт тасдиқу таърих дар саҳифаҳои худ ҷовидон дарҷ намудааст.
Воқеият ва марҳилаи сипаришуда собит намуд, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат ва ба ин васила қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар самтҳои зерин нақши барҷаста гузоштааст:
  1. Боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ, эҳё ва ба фазои фарҳангӣ ворид гардидани ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада.
  2. Ба низом даровардани суннатҳои диниву мардумӣ ва мушаххасу дақиқ намудани анъана ва ҷашну маросим, зеро Қонун номгӯйи маросими хусусияти сирф миллӣ ва диниро нигоҳ дошта, маросими хусусияти хурофотӣ ва барои фарҳанги мо бегонаро истисно намуд.
  3. Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ.
  4. Ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зуҳуроти бегонапарастиву тақлид, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд.
  5. Аз байн рафтани норизоият миёни қишрҳои мухталифи кишвар ва ба эътидол овардани адолати иҷтимоӣ миёни шахсони сарватманд ва камбизоат ҳангоми маъракаороӣ ва азодорӣ.
  6. Ба таври шоиста муаррифӣ гардидани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён.
  7. Кам шудани ҳодисаҳои бетартибӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, ҳуқуқвайронкуниву авбошӣ дар ҷашну маъракаҳо, аз байн рафтани садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод.
  8. Болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо.
  9. То андозае кам гардидани одати гирифтани қарз барои баргузории маросиму маъракаҳо, беҳтар шудани вазъи молиявии хонаводаҳо ва зиёд гардидани пасандози аҳолӣ дар бонкҳо.
  10. Ба ҳукми анъана даромадани эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ, дар ин замина озод гардидани оилаҳои камбизоат аз ташвишу хароҷоти баргузории ҷашну маросим.
  11. Беҳбудии муносибати байниҳамдигарии одамон, зеро Қонун ба принсипи инсондӯстӣ асос ёфтааст.
  12. Боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум ва арҷи бештар гузоштан ба забону фарҳанги миллӣ.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Қонун марому мақсад ва орзуву омоли чандинсолаи шаҳрвандонро дар худ таҷассум намудааст, зеро барои таъмини зиндагӣ ободу осуда ва саодати халқ равона гардидааст.
Айни замон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайванд шудани низоми ҳуқуқи миллӣ ба байналмилалӣ, ки дар натиҷа марзи миллию фарҳангӣ таҳти таъсири осебпазир қарор дорад, риояи қатъии Қонун аҳамияти дучанд касб менамоянд.
Аз ҷониби давлату ҳукумат ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Қонун як қатор чораҳо амалӣ гардидааст, аз ҷумла:
- бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2007, №253 Шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент таъсис дода шуд;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №321 дар сохтори дастгоҳҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ “Бахши танзими анъана ва ҷашну маросим” таъсис ва дар сохтори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1 воҳиди басти кории сармутахассис оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҷудо гардид;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, низомномаи он тасдиқ карда шуд;
- бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №95 ва №96 низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ гардиданд;
- ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, вайрон намудани тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамчун асос барои аз вазифа озод гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф гардид;
- дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.
Дар баробари тадбирҳои аз ҷониби давлат амалишуда, ҳар як шаҳрванди соҳибватан ва бонангро зарур аст муқаррароти қонунгузориро бечунучаро риоя намуда, фарҳангу таърих, забону маънавиёт ва дигар мероси бебаҳои ниёгони худро пос дорад ва дар даврони тазоди манфиатҳо гирифтору побанди равияҳои гуногуни манфӣ нагардад. Зеро, пӯшида нест, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих бо имтиҳону санҷишҳои сахту сангини аз байн бурдани миллат, забону адабиёт, фарҳангу санъат, илму маориф ва умуман ҳуввияту худшиносӣ рӯ ба рӯ гардида, тӯфонҳои пуршиддату харобкори зиндагиро бо эҳсоси баланди худогоҳиву худшиносӣ, озодандешиву ободкорӣ ва неруи созанда паси сар намуд.
Новобаста ба мушкиливу монеаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо ҳазорсолаҳо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд ва ба мо мерос гузоштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор менамоянд. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллат, расму анъана, хотираи таърихии халқ, инчунин, таҳкимбахши пояи маънавиёт ва рукни давлатдорӣ ба шумор рафта, дорои арзиши беназиру ниҳоят бузург аст.
Маҳз дастовардҳои моддиву маънавӣ, ақлу хиради азалӣ, маданияти баланди шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, тамаддунсозиву маърифатбунёдии миллати тоҷик боиси шуҳратёбии он дар арсаи ҷаҳон гардида, комёбиҳои дирӯзу имрӯз аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар масъулияти баландро дар назди наслҳои гузашта ва оянда тақозо менамояд.
 

 

                      Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ,                      мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузорӣ                                                     Шарифзода Ф.Ш.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад