ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Наврӯз – иди ниёгони мост

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Сшб, 25/04/2023 - 14:15
Наврӯз –  иди ниёгони мост
 
Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.
Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,
Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.
 
    Наврӯз – яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта,   оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ, ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангиюу ҳамчунин маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем. Наврӯз, яъне рӯзи нав дар таърихи башар ва ҳолати нав дар зиндагии инсонҳо. Рамзи ҳаёти ҷашни Наврӯз, дар пӯёии он аст ва рамзи пӯёиаш дар такрори офаридани он аст. Наврӯз ба унвони паёмовари сулҳу дӯстӣ метавонад шоҳроҳе барои расидан ба ҳадафи ҳамбастагии миллӣ ва минтақавӣ бошад. Наврӯз дар таҳкими робитаҳои байни халқҳо дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва идеалҳои сулҳу ҳамсоягии нек нақши муҳим дорад. Анъана ва расму оинхои он расму оинхои фарханги ва кадимаи тамаддуни Шарку Гарбро инъикос мекунанд, ки дар шароити табодули арзишхои инсонӣ пахн шудаанд.
    Таҷлили Наврӯз ба маънии тасдиқи ҳамбастагии зиндагӣ бо табиат, дарки пайванди ногусастании меҳнати созандагиву таҷдиди табиӣ ва муносибати ғамхор ва эҳтиромона ба сарчашмаҳои табиии ҳаёт аст.
    Лоиҳаи қатъномаи A/64/L.30 таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» аз ҷониби Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Ҷумҳурии собиқ Югославии Македония, Ҳиндустон, Эрон (Ҷумҳурии Исломӣ) ба баррасии Ассамблеяи Генералӣ дар иҷлосияи 64-уми худ пешниҳод карда шуд. аз), Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия. 23 феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералӣ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф кард. Дар ҳамин ҷаласа Ассамблеяи Генералӣ аз қарори ЮНЕСКО аз 30 сентябри соли 2009 дар бораи шомил кардани Наврӯз ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият истиқбол кард. Ассамблея инчунин ба давлатҳои манфиатдори узв, Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла муассисаҳои дахлдори махсусгардонидашудаи он, фондҳо ва барномаҳои он, асосан Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг, ташкилотҳои манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматиро даъват намуд, ки дар чорабиниҳое, ки давлатҳое баргузор мекунанд, ки Наврӯз дар онҳо таҷлил мешавад, ширкат кунанд
     Муҳимтарин маросимҳои ҷашни Наврӯ «Хонатаконӣ» «Оташи чаҳоршанбеи сурӣ» «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», («Ҳафтмим»,) «Сездаҳбадар» мебошанд «Хонатаконӣ». Пеш аз омадани Наврӯз мардум хона ва маҳалли зиндагии худро пок ва хушбӯ месохтанд ва дилу ҷони худро аз кинаву хашм ва бадандешӣ пок месохтанд, то арвоҳи гузаштагон аз онҳо хушнуд гарданд ва хайру баракатро ба онҳо пешкаш намоянд. «Маросими чаҳоршанбеи сурӣ». Маросими чаҳоршанбеи сурӣ аз кай оғоз шудааст ва чӣ мафҳуме доштааст? Дар фарҳанги наврӯзӣ чаҳоршанбеи охири сол, ки ба чаҳоршанбеи сурӣ маъруф аст, ҷойгоҳи махсус дорад, гӯйё ин шаб охирин мӯҳлат барои омодагӣ ба ҷашнҳои наврӯзӣ аст ва ҳама инсонҳо, дар ҳар куҷо, ки ҳастанд, бояд кӯшиш кунанд, дар шабе, ки омади Наврӯз ҳисоб мешавад, сару пойи худро нав кунанд ва бо дуди оташҳое, ки ба ҳаво меравад, ҳар чиро, ки кӯҳна ва вайрон шудааст, аз хона дур партоянд. Ақидае мавҷуд аст, ки дар Эрони бостон ҷашни сурӣ роиҷ будааст, аммо чаҳоршанберо дар аҳди ислом ба он афзудаанд. Чаро маҳз чоршанбе, маълум нест. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин ишорат ба чор фасли сол аст. Сурӣ бошад ба маънои оташ аст. Барпоии оташ дар ин рӯз низ навъе гарм кардани ҷаҳон ва зудудани сармо ва пажмурдагӣ аз тан будааст. Дар бисёре аз фарҳангҳои ҷаҳон аз Бобули бостон гирифта то кишварҳои аврупоӣ маросиме монанди афрӯхтани оташ дар поёни фасли бардошти ҳосил доранд. Усулан, афрӯхтани оташ баъд аз анҷоми хирманчинӣ ҷузъи маросими бисёр маъмули ҷавомеи кишоварзон будааст. Сездаҳбадар. Наврӯзро бо чаҳоршанбеи сурӣ истиқбол мекарданд ва бо «сездаҳбадар», ки охирин рӯзи ҷашнҳои наврӯзист гусел менамуданд.
    Хушбахтона, ҳар сол бо супориши Директори  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба  ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани назди бинои Марказ, ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Иди Сада - 30 январ, Рӯзи Модар - 8 март, Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март, Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел, дар Марказ шанбегиҳо баргузор гардиданд ва тасмим гирифтааст, ки Рӯзи Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 майро низ бо шанбегии дастаҷаъмона пешвоз гирад.
    Дар шанбегиҳо роҳбарият, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони Марказ ба тариқи дастаҷамъона гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳо, хазонҳо ва партовҳо тоза намуда, баҳри нашъу намои хуб зери дарахтонро нарм намуданд.
   Ҳамзамон, шанбегиро дар дохили бинои Марказ гузаронида, коллективи меҳнатӣ дастаҷамъона даромадгоҳ, толорҳои китобхона, маҷлисгоҳ ва утоқҳои кории Марказ, тозаву озода намуданд.

 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад