3-сентябри соли 2010 соати 10-00 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 19-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мадаввар дар мавзӯи «Инкишофи давлатдорӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият » баргузор гардид.
Нишасти идонаро директории марказ Раҳимов М.З. ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории мизи мудаввар-ро аз дастоварҳои даврони истиқлолият арзёбӣ намуд. Ҳамзамон аз инкишофи қонунгузорӣ дар даврони истиқлолият суханрониӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, мақомотҳои қудратӣ ва намояндаҳои Марказ оиди инкишофи падидаҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ маърӯза намуда, оиди баъзе масъалаҳое, дар қонунгузорӣ такмил меҳоҳад изҳори андеша намуданд
Буриев. И – доктори илмҳои ҳуқуқ, муовини директори институти давлатӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи таърих ва давлатдории аморати Сомониён сулолаи ҳахоманишинҳо, институтҳои идоракунии соҳавӣ, падидаҳои идоракунии умумӣ, ва оиди тартиби баррасии ҳуҷҷатгузориҳо дар он даврон маълумот дод.
Диноршоев А.М. номзади илҳои ҳуқуқ, сардори шӯъбаи қонунгузори оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният дар давраи соҳибистиқлолият, таъсиси сохторҳои қудратӣ, оиди қабули эъломия оиди соҳибистиқлолият фаъолияти парлумони касбӣ ва дигар ниҳодҳои қонунгузор баробари ба эътидол омадани ваъзи ҷумҳурӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ сухан ронда, нақши муҳими соҳибихитиёрии давлатро яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ эътироф намуд.
Нематов А.Р. номзади илҳои ҳуқуқ, сармутахассиси шӯъбаи қонунгузори оид ба масъалаҳои аграри ва ҳифзи муҳити зист ва Раупова М.Т. муовини сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ оилавӣ ва соҳибкорӣ низ дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки қонунгузорӣ як воситаи асосист, ки муносибатҳои ҷамиятро бо низом медорад, яъне маҳз бо шарофати эълон гардидани соҳибистиқлолиятии давлати Тоҷикистон низоми ҳуқуқӣ дар кишвар бо тадриҷ кулан тайғир ёфта муносибатҳои нав ба нав ба вуҷуд омада институтҳои нав ташкил шуданд.
Дар охир кормандани Марказ ба музокира баромада, оиди баъзе ҷанбаҳо ва меъёрҳои қонунгузорӣ саволгузорӣ намуданд.
Яъне боз ҳам зарурияти такмили қонунгузорӣ ва қонунҳои соҳавӣ моро водор менамояд, ки дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутахассисони ҷавонро тарбия намуда саҳми худро дар рушду инкишофи қонунгузорӣ ва бунёди воқеан як давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ гузорем, зикр намуд директори Марказ Раҳимов М.З.