ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва инкишоф»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/01/2020 - 11:09

 

Санаи 6 октябри соли 2015 дар Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи  «Қонунгузории истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва инкишоф» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар кормандон аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, олимон, мутахассисон, намояндагони ВАО ва дигар намояндагони ташкилоту идораҳо иштирок намуда, роҷеъ ба мавзўъҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ маърузаҳо карданд.

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, муҳтарам  Раҳимзода М.З. бо сухани ифтитоҳии худ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшид. Дар идомаи суханронии хеш профессор Раҳимзода М.З.  ҳозиринро барои ташриф овардан ва иштирок дар ин мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ба чунин масъалаи муҳими рўз ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар мизи мудаввар аз ҷониби иштироккунандагон маърўзаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, прокурори калони раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Гулчеҳра  дар мавзўи «Ҳифзи қонунии сарватҳои табиӣ» баромад намуда, қайд кард, ки  дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 13) муқаррар шудааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Инчунин қайд намуд, ки кафолати мазкур тавассути як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои ҳифзи сарватҳои табииро ба танзим медароранд, амалӣ мегардад.  Сипас директори муассисаи давлатии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда Саидзода М.И. дар мавзўи «Тафсири  санадҳои меъёри ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷангал ва шикори ҶТ» баромад намуда қайд кард, ки имрўз байни қонунҳои қабулгардидаи соҳаи занбурпарварӣ ва шикор мухолифатҳои зиёд ҷой доранд, ки сабаби  такроршавии ваколатҳо байни идораҳои давлатӣ  гардида, ба пешбарии фаъолиятҳо дар соҳа  монеъгиҳо эҷод менамоянд. Баъдан сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ  Қурбонова М.Н. дар мавзўи «Мафҳум ва меъёрҳои ҳуқуқи истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ», Хошаев Д. мутахассиси Раёсати захираҳои  оби Вазорати энергетика ва захираҳои  оби ҶТ  дар мавзўи «Захираҳои оби Тоҷикистон: ҳолати кунунӣ, проблема ва пешомад», инчунин  Қаландаров Д. сармутахассиси  Раёсати кадрӣ ва таъминоти  ҳуқуқии Вазорати кишоварзии ҶТ дар мавзўи «Нақши инсон дар инкишоф ва пешрафти ҳифзи муҳити зист» ва Қориев А. дотсенти Донишгоҳи Аграрӣ дар мавзӯи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои  табии ҶТ» баромад намуданд.

Дар Мизи мудаввар баҳсҳои ҷолиб, саволу ҷавоб дар бораи нишондиҳандаҳои сарватҳои табии баргузор гардид. 

Дар фарҷоми кори мизи мудаввар Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Раҳимзода М.З.  қайд кард, ки баргузории чунин мизҳои мудаввар барои дар оянда такмил додани қонунгузории сарватҳои табии  ва бартараф намудани мушкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.кори чорабинии мазкурро  ҷамъбаст карда, ба ҳамаи иштирокчиён барои ширкати фаъол ва маърўзаҳои пурмазмунашон изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз баргузории мизи мудаввари  мазкур иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро ки баргузор намудани чунин мизҳои мудаввар ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ басо муҳим буда, натиҷаҳои он баҳри рушду густариши ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад