ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ДАР БОРАИ ӮҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 16:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
30
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
10.11.2000

ҚОНУНИ 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ӮҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод. 539; с. 2003, № 4, мод. 146; № 8, мод. 461; с.  2004, № 2, мод. 50; № 7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117; с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659; с. 2010, № 7, мод. 542; мод. 553; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1014; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 296; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1478)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

БОБИ  I.

 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳрванд, агар дар Қонуни мазкур ба маънои дигар зикр нашуда бошад) инҳоро пешбинӣ менамояд:

-қайди ҳарбӣ;

-тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ;

-даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ;

-адои хизмати ҳарбӣ;

дар эҳтиёт будан, аз ҷумла даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ва гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ дар давраи дар эҳтиёт будан;

-таълими ҳарбӣ дар давраи ҷанг.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад мутобиқи қонун ба ҷои адои хизмати ҳарбӣ хизмати алтернативӣ адо намояд. Тартиби адои хизмати алтернативиро Қонун муайян мекунад.

Аз ӯҳдадории ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

-мардони аз 16 - сола хурд ва аз 60 сола калон;

-занони аз 18 - сола хурд ва аз 50 - сола калон;

-онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд.

Аз тарафи шаҳрвандон иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дар доираи ваколатҳояшон, сарфи назар аз шакли моликият таъмин мекунанд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Бо ҳамин Қонун хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аз он ҷумла мақомоти идоракунии идораҳои он), Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбии мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ташкилшаванда (минбаъд Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ) пешбинӣ карда шудааст. (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 609)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

 

Моддаи 3. Ӯҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассисаҳо нисбати аз тарафи шаҳрвандон иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ӯҳдадоранд: (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

-шаҳрвандонро аз даъватҳои комиссариати ҳарбӣ хабардор созанд;

-ба шаҳрвандон имконияти ба даъвати комиссариати ҳарбӣ сари вақт ҳозир шуданро таъмин намоянд;

-бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумотҳои дар бораи шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ дохилшаванда ва дар қайди ҳарбӣ бударо, ки барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил кардан заруранд, фиристонанд.

Роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои истифодаи хонаҳои истиқоматӣ, инчунин соҳибони хонаҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ ба мақомоти бақайдгирии ҳарбӣ дар бораи тағйироти ҳайати шаҳрвандони доимӣ истиқоматкунандае, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд, маълумот пешниҳод кунанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ ӯҳдадоранд:

-дар асоси дархости комиссари ҳарбии шаҳр ё ноҳия дар мӯҳлати ҳафт рӯз дар бораи шаҳрвандони дар қайди ҳарбӣ буда маълумотҳоеро, ки барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил кардан зарур мебошанд, фиристонанд;

-кофтуков гузаронанд ва дар сурати мавҷуд будани асоси қонунӣ шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ, хизмати алтернативӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, боздошт намоянд;

-дар бораи ҳодисаҳои ошкор намудани шаҳрвандонеро, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд, инчунин дар бораи шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, вале дар қайди ҳарбӣ нестанд, дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадоранд дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд, ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд, дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ӯҳдадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба қайд гирифтани шаҳрвандони 16-27 - сола, ки дар қайди ибтидоии ҳарбӣ нестанд ё хизмати ҳарбиро (алтернативиро) адо накардаанд, дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ӯҳдадоранд дар бораи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

Судҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд:

-дар бораи аз ҷониби онҳо оғоз намудан ё қать намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд;

-дар бораи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукмҳо нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд.

Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ӯҳдадоранд дар бораи маъюб донистани шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

Моддаи 4. Таъминоти чорабиниҳои вобаста ба иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Барои муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии тиббии шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ҳарбӣ гузоштан, даъват ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ, даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронидани шаҳрвандоне, ки пешакӣ бо вазъи саломатӣ қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда буданд, инчунин барои иҷро намудани чорабиниҳои бо даъват ё дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ ва даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ вобастабуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд нуқтаи муҷаҳазшуда ва биноҳо, дорувор, таҷҳизоти тиббӣ, асбобҳо, амвол, нақлиёт пешниҳод ва таъмин намуда, барои гузаронидани чорабиниҳои номбаршуда духтурон - мутахассисон, ҳайати миёнаи тиббӣ, дигар мутахассисон ва кормандони техникии заруриро ҷалб намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Зараре, ки бинобар иҷрои Қонуни мазкур ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон расонда шудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 5. Таъминоти молиявӣ ва моддии чорабиниҳои вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Таъминоти молиявӣ ва моддии чорабиниҳои вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети дахлдор бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад.

Ҷои кор, вазифаи ишғолнамуда ва музди миёнаи меҳнати аъзои комиссияи ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон, комиссияҳои даъват, духтурон ва ҳайати миёнаи тиббӣ, кормандони техникӣ ва шахсони дар ҳайати хизматрасонӣ будае, ки барои кор дар қитъаҳои бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, нуқтаҳои даъват ва ҷамъомад дар давраи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, инчунин ба нуқтаҳои ҷамъомад ва қӯшунҳо фиристодани даъватшудагон ҷалб шудаанд, дар тамоми давраи иҷрои ин вазифаҳо нигоҳ дошта мешавад.

Шаҳрванд дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобати вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ва хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дар давраи иҷрои дигар ӯҳдадориҳои вобаста бо қайдгирии ҳарбӣ ва тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ аз кор (таҳсил) озод кардашуда, ҷои кораш (таҳсилаш) нигоҳ дошта мешавад ва музди миёнаи меҳнаташ (стипендияаш) дар ҷои кор (таҳсил), сафархарҷии давраи дар роҳ буданаш мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудааст, то ба ҷои хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан мутобиқи тартиб ва меъёрҳое, ки барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмии ҳарбиро адокунанда муқаррар гардидаанд, бо озуқа таъмин карда мешавад ё ба тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи дахлдор таъмин мешавад.

 

Моддаи 6. Ҷавобгарии шаҳрванд ва шахси мансабдор оид ба вайронкунии қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ

Шаҳрванде, ки тибқи даъвати (даъватномаи) комиссариати ҳарбӣ дар мӯҳлати муайянгардида бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудааст, ҳамчун шахси аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда  ҳисоб мешавад ва ӯ бояд:

-дар ҳолатҳои ҳаллу фасли масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҳамчунин дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ озод шудан ё ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ кардан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ;

-дар ҳолатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.

Сабабҳои узрнок ҳозир нашудан тибқи даъвати (даъватномаи) комиссариати ҳарбӣ ба шарти тасдиқи ҳуҷҷатноки сабаби ҳозир нашудан инҳоянд:

-беморӣ ё маъюбии шаҳрванд, ки боиси корношоямии ӯ гардидааст;

-бемории сахт ё вафоти (ҳалоки) хешовандони наздик ё падархонди ҳамин шаҳрванд;

-монеаи офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои ба иродаи шаҳрванд новобаста, ки имконият надодааст ӯ ба ҷои ва дар мӯҳлати муайянкардаи комиссариати ҳарбӣ дар вақташ ҳозир шавад;

-дигар ҳолатҳое, ки комиссияи даъватӣ ё суд онҳоро сабабҳои узрнок донистааст.

Шахсоне, ки барои саркашӣ кардани шаҳрванд аз иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ мусоидат мекунанд, ҳамчунин барои ӯҳдадории умумии ҳарбиро иҷро кардани шаҳрванд монеъ мешаванд, ё ки ӯҳдадориҳои муайяннамудаи Қонуни мазкурро иҷро намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ II. ҚАЙДИ  ҲАРБӢ

 

Моддаи 7. Ташкили қайди ҳарбӣ

Шаҳрвандон ӯҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба истиснои:

-онҳое, ки Қонуни мазкур аз ӯхдадории умумии ҳарбӣ озод намудааст;

-занҳое, ки ихтисоси қайди ҳарбӣ надоранд;

-онҳое, ки хизмати ҳарбӣ (алтернативӣ) адо карда истодаанд;

-онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар шакли маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд;

-онҳое, ки ба синни ниҳоии дар эҳтиёт будан расидаанд;

-занҳои ихтисоси қайди ҳарбӣ доштаи дорои се ва ё зиёда фарзанд.

   Қайди ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат анҷом дода мешавад.

Дар маҳалҳое, ки комиссариатҳои ҳарбӣ вуҷуд надоранд, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бақайдгирии ҳарбии ибтидоиро анҷом медиҳанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Қайди ҳарбии шаҳрвандоне, ки рутбаҳои ҳарбии афсарӣ дошта, дар эҳтиёти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии мазкур мутобиқи тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. № 609)

Ҳуҷҷатҳои ба қайдгирии ҳарбӣ дар бораи шаҳрвандоне бояд чунин маълумоти ҳатмиро дошта бошанд:

- насаб, ном, номи падар;

- сана ва ҷои таваллуд;

- ҷои истиқомат ва кор;

- аҳволи оилавӣ;

- маълумот ва донистани забонҳои хориҷӣ;

- аз рӯи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будан;

- қобилияти касбӣ дар тайёрӣ аз рӯи ихтисоси қайди ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳарбӣ;

- адои хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ;

- адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ;

- маълумоти антропометрӣ;

- соҳиби ихтисоси қайди ҳарбӣ ва мулкӣ будан;

- соҳиб будан ба дараҷаи якуми варзишӣ ё унвони варзишӣ;

- нисбати ӯ оғоз (қатъ) карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;

- доғи судӣ доштан ё надоштан;

- дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг барои корхона, ташкилот ва муассисаҳо ҷудо (брон) карда монда шудан.

Дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ дар бораи диндорӣ, ақидаҳои сиёсӣ ва мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ҷунбишҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин маълумоти дигаре набояд бошанд, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванд гарданд, ба истиснои мавридҳое, ки худи шаҳрванд ба дохил кардани чунин маълумотҳо ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ исрор намояд.

Тартиби қайди ҳарбии шаҳрвандонро Қонуни мазкур ва Низомномаи қайди ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамоянд.

Дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг ҷудо (брон) карда мондани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиб ва хусусиятҳои дар давраи осоишта ва замони ҷанг дар қайди ҳарбӣ будани шаҳрвандоне, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд, мутобиқи ҳамин Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Зимнан қайди ҳарбии барои ин шаҳрвандон аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи роҳбарони мақомоти зикршуда муайян карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ӯҳдадориҳои ташкил ва ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандонро мутобиқи Низомномаи қайди ҳарбӣ иҷро менамоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

Моддаи 8. Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси мард аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон дар давраи аз 1 январ то 31 март дар соли ба синни 16 расидан сурат мегирад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси зан аз ҷониби комиссариати ҳарбии шањр ё ноҳия  пас аз соҳиб шудани онҳо ба ихтисоси қайди ҳарбӣ сурат мегирад:

Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон бо қарори раиси шаҳр ё ноҳия дар ҳайати зерин тасдиқ карда мешавад:

комиссари ҳарбии шаҳр (ноҳия) ё муовини он - раиси комиссия;  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

котиби комиссия;

духтуроне, ки шаҳрвандонро бинобар ба қайди ҳарбӣ гирифта шуданашон муоинаи тиббӣ менамоянд.

Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ӯҳдадор аст:

муоинаи тиббии шаҳрвандонро ташкил намуда, қобили хизмати ҳарбӣ будани онҳоро муайян кунад;

дар хусуси ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрванд ё бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ будан аз ӯҳдадории умумии ҳарбӣ озод намудани ӯ қарор қабул кунад;

барои муайян намудани истифодаи имконпазири шаҳрванд дар хизмати ҳарбӣ муоинаи касбии психологӣ гузаронад.

Раис ё котиби комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрванд ӯҳдадоранд қарори комиссияро ба шаҳрванд эълон намуда, вазифаҳои ӯро дар бобати қайди ҳарбӣ фаҳмонда диҳанд.

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани онҳое, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, бо тартиби зайл сурат мегирад:

мардони аз 16 то 27 сола - мувофиқи тартибе, ки дар қисми якуми моддаи мазкур муқаррар гардидааст;

- дигарон - аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии  шаҳр ё ноњия. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

Моддаи 9. Ӯҳдадории шаҳрванд дар бобати қайди ҳарбӣ

Бо мақсади таъмини қайди ҳарбӣ шаҳрвандон ӯҳдадоранд:

дар комиссариати ҳарбии маҳалли истиқоматӣ, дар нуқтаҳои аҳолинишине, ки комиссариатҳои ҳарбӣ мавҷуд нест - дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шаҳрвандоне, ки рутбаи ҳарбии афсарӣ доранду дар эҳтиёти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, - дар мақомоти Кумитаи давлати номбурда дар қайди ҳарбӣ бошанд;

дар вақт ва маҳалли муқарраршуда бо даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, маҳалли истиқомат ё маҳалли истиқомати муваққатӣ ҳозир шаванд;

ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудан дар мӯҳлати ду ҳафта аз рӯзи аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ хориҷ шудан ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ҳозир шаванд;

дар бораи тағйироти вазъи оилавӣ, маълумот, ҷои кор ё вазифа, маҳалли истиқомат дар ҳудуди  шаҳр ё ноњия дар мӯҳлати ду ҳафта ба комиссариати ҳарбӣ ё ҷамоат хабар расонанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

ҳангоми рафтан ба маҳалли нави истиқомат ё маҳалли муваққатан қарордошта (ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ), инчунин ҳангоми рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз 6 моҳ аз қайди ҳарбӣ бароварда ва дар мӯҳлати ду ҳафтаи расидан ба маҳалли нави истиқомат, маҳалли муваққатан қарор доштан ё бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди ҳарбӣ гузоранд;

билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи муваққатие, ки дар ивази билети ҳарбӣ дода шудааст, инчунин шаҳодатномаи бақайдгирии ибтидоии шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшавандаро эҳтиёткорона нигоҳ доранд. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати ду ҳафта ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат барои ҳалли масъалаи гирифтани ҳуҷҷатҳо ба ҷои ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванду дар давраи гузаронидани даъват ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ, аз маҳалли истиқомат мераванд, бояд дар ин бора ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли истиқомат шахсан хабар расонанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Шаҳрвандон ҳамчунин дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи Низомномаи қайди ҳарбиро иҷро менамоянд.

 

БОБИ 3.

БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ТАЙЁР КАРДАНИ ШАҲРВАНД

 

Моддаи 10. Ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд

Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд инҳоро пешбинӣ менамояд:

-гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа;

-ташхис ва муоинаи тиббӣ, дар сурати зарурат бошад, бо розигии шаҳрванд - чорабиниҳои табобатию тандурустӣ;

-тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

-тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ;

-аз рӯи ихтисосҳои дар қайди ҳарбӣ буда тайёр намудани аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо мувофиқи роҳхатҳои дахлдори комиссариатҳои ҳарбӣ.

Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд метавонад дар ҷараёни ҷамъомадҳои ҳарбӣ сурат гирад.

Ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд инҳоро пешбинӣ менамояд:

-машғул шудан ба навъҳои варзиши ҳарбии амалӣ;

-аз худ кардани ихтисоси қайди ҳарбӣ;

-таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо барномаи иловагии таълимие, ки мақсади он аз тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ иборат мебошад;

-таҳсили донишҷӯён аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Тайёрии ҳарбӣ ва ихтиёрии шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи ҳамин Қонун ва бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа

Стандартҳои (меъёрҳои) давлатии таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ оид ба мудофиаи давлат, ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон, инчунин мудофиаи гражданӣ донишу малакаи зарурӣ гирифтани таълимгирандагонро (тарбиягирандагонро) пешбинӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 12. Ташхис ва муоинаи тиббӣ, гузаронидани чорабиниҳои табобатию тандурустӣ

Шаҳрванд ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузошта шудан, ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ аз муоинаи тиббии духтурон-мутахассисони зерин гузарад:

терапевт (духтури бемориҳои дарунӣ), ҷарроҳ, неврапатолог (духтури бемориҳои асаб), психиатр (духтури бемориҳои рӯҳӣ), окулист (духтури бемориҳои чашм), оториноларинголог (духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ), стоматолог (духтури дандон), духтурони соҳаҳои дигар. Аз рӯи натиҷаҳои муоинаи тиббӣ хулоса бароварда мешавад:

дар бораи қобили хизмати ҳарбӣ будан;

қобили хизмати ҳарбӣ будан бо маҳдудияти ҷузъӣ;

муваққатан қобил набудан ё пурра қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ.

Агар комиссияи тиббии назди комиссариати ҳарбӣ дар бобати қобилияти хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд хулосаи тиббӣ бароварда натавонад, комиссияи ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрванд бояд ӯpo барои муоинаи амбулаторӣ ё статсионарӣ ба муассисаи тиббии воқеъ дар ҳудуди вилоят, шаҳр, ноҳияи маҳалли истиқомати ин шаҳрванд равон кунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Маблағгузории муоинаи тиббии шаҳрвандон вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ аз ҷониби онҳо, мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 13. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ. Машғул шудан ба навъҳои варзиши ҳарбии амалӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароитҳои хоҷагидорӣ ӯҳдадоранд, ки доир ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии шаҳрвандон мунтазам кор баранд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда (дохилшаванда) ҳуқуқ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ ва сексияҳо сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо бо намудҳои гуногуни варзиши ҳарбии амалӣ машғул шаванд.

Шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида дараҷаи якуми варзишӣ ё аз рӯи навъи варзиши амалии ҳарбй унвони варзишӣ доранд, дар ҳолати даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ дар интихоби навъу намуди қӯшун аз рӯи тайёрии варзишии худ ва талаботи воқеӣ ба он ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва машғулиятҳо аз рӯи навъҳои варзиши ҳарбии амалӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 14. Аз худ кардани ихтисоси қайди ҳарбӣ

Аз худ кардани ихтисосҳои ҳарбӣ тайёр намудани шаҳрвандони ба синни 17 солагӣ расидаро аз рӯи ихтисосҳои аскар ва сержант дар назар дорад.

Шаҳрванде, ки ихтисоси мураккаби қайди ҳарбиро аз худ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ намуди қӯшунро барои адои хизмат мувофиқи ихтисоси азхудкардааш интихоб намояд.

Феҳристи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ, аз ҷумла ихтисосҳои мураккаб, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ба он дохил намудани чунин ихтисосҳоеро, ки ба шаҳрвандон барои ишғол намудани мансабҳои ҳарбӣ имкон медиҳанд, дар назар дорад.

Дар таълимгоҳҳои ташкилоти мададгори мудофиа таҳсил намудани шаҳрвандоне, ки онҳоро комиссариатҳои ҳарбии  шаҳр ва ноҳия барои тайёрии мутахассисон равон кардаанд, ҳатмист. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳои тайёр намудани шаҳрвандон барои аз худ кардани ихтисосҳои қайди ҳарбӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсили умумии миёна ва муассисаҳои таълимии таҳсили касбӣ

Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсили миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсили касбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо хонандагони ҷинси мард ҳатман дар давоми ду соли охири таҳсил бо на камтар аз як маротиба дар анҷоми соли охирини таҳсил гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №620)

Тайёрии ҳарбии хонандагон аз тарафи роҳбарони ҳарбии (муаллимони штатии) ин муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Барномаи тайёрии хонандагон, ҳамчунин Низомнома дар бораи роҳбарони ҳарбии муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Бо маблағ таъмин намудани тайёрии ҳарбии хонандагон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 16. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии маълумоти умумии миёнаи дорои барномаи

иловагии таълимие, ки мақсад аз он тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ аст

Бо мақсади тарбияи ҳамаҷониба ва ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мард Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсили миёнаи умумӣ дорои барномаи таълимие, ки мақсад аз онҳо тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мард мебошанд, - литсейҳои ҳарбӣ таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №620)

Шаҳрванди ноболиғи ҷинси мард - ятим ё бе сарпарастии волидайн мондае, ки ба муассисаи зикргардида дохил шуданист, ба он бе имтиҳон, аз рӯи натиҷаҳои сӯҳбат ва муоинаи тиббӣ дохил карда мешавад.

Низомномаи литсейҳои ҳарбиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Шаҳрванде, ки таҳсилро дар литсеи ҳарбӣ бомуваффақият хатм кардааст, ҳуқуқи бе имтиҳон ба муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсили касбӣ дохил шуданро дорад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №620)

 

Моддаи 17. Таҳсили шаҳрвандон аз рӯи барномаҳои тарбияи афсарони эҳтиёт дар

кафедраҳои назди муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ

Шаҳрванде, ки дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намуда, бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ аст ва ба талаботи муқарраргардида ҷавоб медиҳад, ҳуқуқ дорад таҳсили ҳарбиро аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраи ҳарбии ин муассисаи таълимӣ гузарад, ба шарте ки то лаҳзаи хатми муассисаи мазкури таълимӣ шаҳрванд ба синни 27 солагӣ нарасад.  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Ба донишҷӯе (курсанте), ки аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт таҳсил мекунад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, стипендияи иловагӣ пардохта мешавад.

Таҳсили шаҳрвандон аз рӯи барномаҳои тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ташкил карда мешавад.

Барномаҳои тарбияи афсарони эҳтиёт метавонанд таълими ҳарбии шаҳрвандони ҷинси занро пешбинӣ намоянд.

Муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ кафедраи ҳарбиро бо бинои зарурӣ таъмин намуда, инчунин бо мусоидати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурии таълимию моддӣ фароҳам меорад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии ҳарбии донишҷӯёнро назорат менамояд.

Ҷамъомадҳои таълимие, ки барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт пешбинӣ намудааст, ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳисобида мешаванд.

 

Моддаи 18. Иштироки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳое, ки

Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, дар тайёр кардани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар онҳо Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, дар тайёр кардани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ:

-номгӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ ва навъҳои варзиши ҳарбии амалиро таҳия мекунад;

-якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба вазъи саломатии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда (дохилшаванда) ва дар хизмати ҳарбӣ бударо таҳия менамояд;

-дар таҳияи стандартҳои (меъёрҳои) таълимии давлатӣ, барнома ва методикаи тайёркунии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иштирок мекунанд;

-дар таъсис, маблағгузорӣ ва ҷиҳозонии моддию техникии кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки шаҳрвандонрр дар асоси шартнома ба хизмати ҳарбӣ тайёр мекунанд, иштирок менамоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

БОБИ 4.

ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 19. Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд

Шаҳрванди ҷинси марди аз 18 то 27 - солаи дар қайд буда ё шаҳрванде, ки ӯҳдадор аст дар қайди ҳарбӣ бошад ва барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда шавад.

Хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамояд, ҳуқуқ дорад, баъди ба итмом расидани 12 моҳи хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват, ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ дохил шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Шаҳрвандони ҷинси марди то 30 соларо, ки хизмати ҳарбӣ адо накардаанду муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афсар дохил карда шудаанд, танҳо аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. ҳамзамон, мӯҳлати таҳсил дар муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ ба мӯҳлати хизмати ҳарбии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Шаҳрванде, ки мутобиқи қисми сеюми моддаи мазкур ба хизмати ҳарбӣ давъат шудааст, хизмати ҳарбиро тибқи тартибе, ки ҳамин Қонун ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, адо менамояд.

Шаҳрвандоне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил накардаанд, пас аз хатми муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи ҳамин Қонун ба хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда мешаванд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддая 20. Озод кардан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ

Аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ё ба таври маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ қобил дониста шудаанд;

б) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ адо мекунанд ё адо кардаанд;

в) онҳое, ки дар давлати дигар хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

г) онҳое, ки унвони илмии номзади илм ё доктори илм доранд.

Шаҳрванде, ки барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин ё вазнин доғи судии бардоштанашуда дорад, наметавонад ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад.

Шаҳрвандони зерин барои озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:

а) онҳое, ки падар (модар) ё бародарашон (хоҳар) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудааст ё вафот кардааст;

б) онҳое, ки дар оила писари (писархонди) ягона мебошанд.

 

Моддаи 21. Ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ

Ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ба шаҳрвандони зерин иҷозат дода мешавад:

а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, - ба мӯҳлати то як сол;

б) онҳое, ки ба нигоҳубини узви оилае, ки ба кӯмаки дигар кас эҳтиёҷ дошта, таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, машғул мебошанд, дар сурати набудани дигар шахсоне, ки дар асоси қонун ӯҳдадоранд ба узви зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онро таъмин кунанд (ба кӯмак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи якум ё дуюм мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд);

в) онҳое, ки кӯдаки бемодар мондаашонро тарбия менамоянд;

г) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд;

д) онҳое, ки модарашон ғайр аз онҳо ду ва зиёда аз он фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе шавҳар тарбия менамояд;

е) онҳое, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ё ин ки мувофиқи ҳукми суд мӯҳлати ҷазоро адо карда истодааст.

Ғайр аз шаҳрвандоне, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидаанд, шаҳрвандони зерин барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:

а) онҳое, ки вакили халқ интихоб шудаанд, - дар давраи ваколатҳои депутатӣ;

б) талабаҳои муассисаҳои таълимии маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ - то гирифтани маълумоти пурра, вале на калонтар аз синни 21-сола;

в) онҳое, ки бори аввал дар шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, - дар давраи таҳсил;  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

д) онҳое, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранд ва доимӣ дар вазифаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимоти умумӣ кор мекунанд, дар давраи иҷроиши кор, инчунин духтуроне, ки таҳсилоти олии тиббӣ доранд, вазифаи духтурӣ дар муассисаҳои давлатии таълимӣ ё тиббии воқеъ дар деҳот кор мекунанд, - дар давраи иҷрои ин кор;  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

е)  онҳое, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук хизмат мекунанд ва унвони махсус доранд, ки қонунгузорӣ барои кормандони ин мақомот муқаррар намудааст, - дар давраи хизмати онҳо дар ин мақомот;

ж) онҳое, ки кормандони прокурорӣ - тафтишотии мақомоти прокуратура ё судя мебошанд дар давраи кор дар ин мақомот;

з)  онҳое, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳое, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст кор мекунанд, - дар давраи кори онҳо дар ин мансабҳо.  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 22. Мӯҳлатҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ду маротиба дар як сол - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар воситаҳои ахбори умум на камтар аз як моҳи пеш аз даъват чоп мешавад, анҷом дода мешавад.

Даъвати шаҳрвандоне, ки бо додани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба эҳтиёт гузаронида шудаанд, ҳамчун қоида пас аз хатми муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба тартиби инфиродӣ аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 23. Ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия якҷоя бо комиссари ҳарбии ноҳия ё шаҳр ташкил менамояд.

Барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси  шаҳр ё ноҳия масъул аст. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо Қонуни мазкур ва Низомномаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 24. Комиссияи даъват

Барои ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳар як ноҳия ё шаҳр бо қарори раиси ноҳия ё шаҳр комиссияи даъват таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати онҳо бояд дохил шаванд:

-муовини раиси  шаҳр ё ноҳия - раиси комиссия; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

-комиссари ҳарбии ноҳия ё шаҳр - муовини раиси комиссия;

-котиби комиссияи даъват;

-духтуре, ки ба кори муоинаи тиббии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда роҳбарӣ мекунад;

-намояндаи мақомоти корҳои дохилии ноҳия ё шаҳр;

-намояндаи мақомоти идораи маорифи ноҳия ё шаҳр.

Ба ҳайати комиссияи даъват метавонанд намояндагони дигар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дохил шаванд.

 

Моддаи 25. Ӯҳдадорӣ ва тартиби кори комиссияи даъват

Ба зиммаи комиссияи даъват ӯҳдадории ташкили муоинаи тиббии шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ва нисбати он қабул намудани яке аз қарорҳои зерин гузошта мешавад:

-дар бораи даъват ба хизмати ҳарбӣ;

-дар бораи фиристодан ба хизмати алтернативӣ;

-дар бораи додани иҷозат барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ;

-дар бораи озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ;

-дар бораи гузаронидан ба эҳтиёт ё озод намудан аз иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ.

-ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрванде, ки бо додани рутбаи афсарӣ ба эҳтиёт гузаронида шудааст, вазифаҳои номбаршудаи комиссияи даъват ба ӯҳдаи комиссари ҳарбӣ вогузор мегардад.

Дар сурати аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудани шаҳрванд комиссияи даъват ба прокурори  шаҳр ё  ноҳияи маҳалли истиқомати шаҳрванд ҳуҷҷатҳои дахлдорро равон мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Ҳангоми қабули қарор дар бораи ба хизмати ҳарбӣ фиристодани шаҳрванд комиссияи даъват навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшун ё сохторҳои ҳарбиро, ки ин шаҳрванд дар он бояд хизмати ҳарбиро адо намояд, муайян мекунад.

Комиссияи даъват қарорҳои худро танҳо дар асоси Қонун қабул менамояд. Қарори он набояд хилофи хулосаи духтур-мутахассисе, ки муоинаи тиббии шаҳрвандонро оид ба масъалаи бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯ анҷом додааст, бошад.

Раиси комиссияи даъват ё муовини ӯ қарори комиссияи даъватро ба шаҳрванде, ки нисбати ӯ он қабул шудааст, эълон мекунад. Бо талаби шаҳрванд раиси комиссияи даъват ба ӯ нусхаи қарори комиссияи даъватро, ки нисбати ин шаҳрванд қабул гардидааст, медиҳад.

Қарори комиссияи даъватро шаҳрванд метавонад дар мӯҳлати 10 рӯз ба комиссияи даъвати болоӣ ё ба суд шикоят намояд.

Дар ин ҳолат иҷрои қарори комиссияи даъват то эълон гардидани қарори комиссияи даъвати болоӣ ё суд боздошта мешавад.

 

Моддаи 26. Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе комиссияи марбутаи даъват таъсис дода мешавад, ки ба он мутобиқаи инҳо бояд дохил шаванд:

-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - раиси комиссия;

-сардори Раёсати ташкилӣ ва сафарбаркунии Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - муовини раиси комиссия;

-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

-котиби комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

-духтуре, ки ба кори ташхис ва муоинаи тиббии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда роҳбарӣ менамояд;

-муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

-намояндаи мақомоти давлатии маорифи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.

Ба ҳайати комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шахсони дигар низ дохил шуда метавонанд.

Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе:

-муоинаи тиббии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо пеш аз ба маҳалли хизмат равон карданашон, ташхиси назоратии тиббии шаҳрвандони барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват иҷозат гирифта ё шаҳрвандони бинобар вазъи саломатӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озодшуда, инчунин шаҳрвандони бо қарори комиссияҳои даъват дар бораи бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будан норозигӣ изҳорнамударо ташкил менамояд;

-дурустии ба таъхир андохтани мӯҳлати даъвати шаҳрвандон ва аз даъвати ҳарбӣ озод кардани шаҳрвандонро тафтиш менамояд;

-асоснокии ба навъҳои қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ барои хизмати ҳарбӣ фиристодани шаҳрвандонро назорат мекунад;

-арзу шикоятҳои шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшавандаро нисбати амалҳои комиссияҳои даъват баррасӣ менамояд;

-ҳолати даъват ба хизмати ҳарбиро баррасӣ намуда, пешниҳодоти худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе арз менамояд.

Комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ҳуқуқ доранд қарорҳои комиссияҳои даъватии  шаҳрию ноҳиявиро, комиссияи даъвати ҷумҳурӣ бошад, қарори комиссияи даъвати вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро аз нав бинад ва бекор кунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Қарори комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят мумкин аст дар суд шикоят карда шавад.

Ҷамъкунӣ ва ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ тақсим намудани шаҳрвандони аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда, инчунин аз муоинаи назоратии тиббӣ гузаронидани онҳоро дар заминаи Нуқтаи ҷамъоварии ҷумҳуриявӣ Раёсати ташкилӣ-сафарбаркунии Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

Моддаи 27. Ӯҳдадории шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд

Шаҳрвандони дар эҳтиёт қарорнадоштаи ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ӯҳдадоранд бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, маҷлиси комиссияи даъват ё барои фиристондан ба қисми ҳарбӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд, инчунин то фиристодан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбӣ қарор гиранд.

Шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ӯҳдадоранд даъватномаи комиссариати ҳарбиро бо забонхат қабул намоянд. Даъватномаро ба шаҳрвандон кормандони комиссариати ҳарбӣ ё дар ҷои кори (таҳсили) шаҳрванд роҳбарон, дигар шахсони (кормандони) вазифадори ба кори ба ҳисобгирии ҳарбӣ масъули ташкилотҳо, инчунин шахсони вазифадори ба кори ба ҳисобгирии ҳарбӣ масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот месупоранд. Дар даъватнома бояд оқибати ҳуқуқии аз тарафи шаҳрвандон иҷро нагардидани талаботҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда зикр шуда бошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Дар сурати имконнопазирии аз ҷониби кормандон, роҳбарон ё шахсони вазифадор супоридани даъватнома ба шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда таъмини ҳозир шудани онҳо ба чорабиниҳои бо даъват ба хизмати ҳарбӣ вобастабуда ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссари ҳарбӣ гузошта мешавад.

Шаҳрвандони ҷинси мард, ки ба эҳтиёт бо додани рутбаи ҳарбии афсар дохил шудаанд, ӯҳдадоранд мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, инчунин ба назди комиссари ҳарбӣ барои қабули қарор оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ва гирифтани амрнома барои рафтан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

Дар сурати бе сабабҳои узрнок мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани шаҳрванд ба чорабиниҳои бо даъват ба хизмати ҳарбӣ вобастабуда, шаҳрванди номбурда аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 28. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг. Таълими умумии ҳарбии шаҳрвандон

Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади тайёр намудани контингенти зарурӣ барои пурра намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар давраи ҷанг бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии ҳатмии ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон:

а) мардҳо - аз синни 16 то 55-сола;

б) занҳо - аз 18 то 45-солаи бекӯдак ё онҳое, ки кӯдакони аз 8 сола калон доранд, ҷорӣ карда мешавад.

Таълими умумии ҳатмии ҳарбии шахрвандон дар ҷои кор ё истиқомат бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот ё таҳсил анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 5.

БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДОХИЛ ШУДАНИ ШАҲРВАНДОН

 

Моддаи 29. Бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани шаҳрвандон

Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 40 сола ва шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 40 сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд ва хизмати ҳарбиро то расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани онҳо, ки моддаи 43 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, адо намоянд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд.

Тартиби интихоби номзадҳоро барои ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудан Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, муайян менамоянд.

Ҳолат, монеаи бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудан ё дар хизмати ҳарбӣ будан инҳоянд:

дар қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ё сохторҳои ҳарбӣ (минбаъд - қисмҳои ҳарбӣ, агар ҳамин Қонун қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошад) набудани вазифаҳои ҳарбии холӣ;

мутобиқати нопурраи шаҳрванд ба талаботҳое, ки мутобиқи ҳамин Қонун ба шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда, пешниҳод шудаанд;

доғи судӣ доштани шаҳрванд (аз он ҷумла, бо санади авф бардошташуда, барҳам додашуда ё озодшуда);

наздик будани хешовандон (волидайн, ҳамсар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, инчунин бародарон, хоҳарон, волидайн ва фарзандони ҳамсарон) бо хизматчиёни ҳарбӣ, агар хизмати ҳарбии онҳо бо тобеъияти бевоситаи онҳо вобаста бошад, ё дар зери назорати яке аз онҳо бошад;

дидаю дониста пешниҳод намудани маълумотҳои бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи худ ё хешовандони худ;

ба шаҳрванд додани рухсати сирри давлатиро рад кардани мақомоти дахлдор;

кӯдаки то синни 8-сола доштани шаҳрванди ҷинси зан, ё ки шаҳрванди ҷинси марди дар қайди никоҳ набуда.

Хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи бандҳои «г», «д», «е», «и», «к» қисми якуми моддаи 45 Қонуни мазкур аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дар замони осоишта такроран наметавонанд ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1478)

 

Моддаи 30. Ба муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти олии касбӣ дохил шудани шаҳрвандон

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо накардааст, ҳуқуқ дорад ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ аз соле, ки дар он ӯ ба синни 17-солагӣ мерасад ва то соле, ки ӯ 21 сола мешавад, дохил шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо мекунад ё адо кардааст, ҳуқуқ дорад ба муассисаи таълимии номбурда то соле, ки ба синни 23-солагӣ медарояд, дохил шавад.

Хизматчии ҳарбие (курсанте), ки рутбаи ҳарбии афсарӣ надорад ва ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбии дар қисми якуми моддаи мазкур зикргардида дохил шудааст, ҳуқуқи хизматчии ҳарбии мувофиқи даъват хизмати ҳарбӣ адокунандаро дорад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Курсанте (ҷинси мард), ки аз муассисаҳои таълимии харбии таҳсилоти касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии мақомоти корхои дохилӣ бинобар аз худ накардани таълим ё риоя накардани интизом хориҷ шудааст, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорат ё идораҳое, ки Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст) ба мӯҳлате, ки пас аз хатми он давомнокии хизмати ҳарбии ин хизматчии ҳарбӣ ба мӯҳлати Қонуни мазкур муқаррарнамудаи хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват баробар мегардад, агар то лаҳзаи хориҷ карда шудан ӯ мӯҳлати хизмати ҳарбии дар асоси даъват муқарраргардидаро адо накарда бошад ва барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудан ё ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надошта бошад, барои адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват фиристода мешавад. ҳамзамон давомнокии хизмати ҳарбии тибқи даъват то дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар ҳаҷми пурра ҳисоб карда мешавад. Давраи таҳсил дар муассисаҳои мазкур аз рӯи ҳисоби ду моҳи хизмати ҳарбӣ ҳангоми таҳсил баробари як моҳи хизмати ҳарбӣ тибқи даъват ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати хориҷ намудани курсантҳои ҷинси зан бо асосҳои номбаршуда, онҳо бояд бе ба қайди ҳарбӣ гирифтан аз хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд ё вобаста аз ихтисоси қайди ҳарбии гирифтаашон ба эҳтиёт ворид карда шаванд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Хизматчии ҳарбие, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми чаҳоруми моддаи мазкур аз муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ хориҷ карда шудааст, ё муассисаи таълимии номбурдаро хатм намудаасту ба маҳалли хизмати ҳарбӣ нарафтааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва моддӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ бояд ба курсантҳо омӯзонидани ихтисосҳои ғайринизомиеро, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, пешбинӣ намоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 31. Талаботе, ки ба шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати

ҳарбӣ дохилшаванда пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрванде, ки бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, бояд мутобиқи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, таҳти муоинаи тиббӣ қарор гирад. Дар асоси натиҷаҳои муоинаи тиббӣ дар хусуси қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд қарор қабул карда мешавад.

Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, бояд ба талаботи муқарраргардидаи зайл мутобиқ бошад:

аз рӯи меъёри маълумоти умумӣ;

аз рӯи сатҳи тайёрии касбӣ;

аз рӯи сифатҳои ахлоқию психологӣ;

аз рӯи меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ.

Талабот ва меъёрҳои зикргардидаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорат, идорае, ки Қонуни мазкур дар он хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст) муқаррар мекунад.

Мутобиқати шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда ва онро дар асоси талаботи муқарраргардида адокунандаро Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.

 

БОБИ  6. ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 32. Хизмати ҳарбӣ

Хизмати ҳарбӣ-навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи ӯҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар гирифта, иборат аст:

а) аз хизмати ҳарбии мувофиқи даъват дар вазифаҳои аскар ва сержантҳо;

б) аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои прапоршикҳо;

в) аз хизмати ҳарбии мувофиқи даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати афсарон;

г) аз хизмати ҳарбии ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон;

д) аз хизмати ҳарбии курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ;

е) аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сержантҳо.

Шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, наметавонад дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намояд.

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо карда истодааст, хизматчии ҳарбӣ буда, мақоми ҳуқуқиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дорад.

Мазмун ва тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар давраи осоишта бо Қонуни мазкур, оинномаҳои ҳарбӣ ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мегардад.

Хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ дар дигар воҳидҳои ҳарбӣ бо қонунҳо, ки фаъолияти онҳоро танзим менамояд, муайян мегардад.

Хусусиятҳои адои ҳарбӣ дар давраи сафарбаркунӣ, ҳолатҳои фавқулодда ё вазъияти ҷанг, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона бо қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мегарданд.

 

Моддаи 33. Иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ

Бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон, таҳти мафҳуми иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбӣ инҳо фаҳмида мешаванд:

а) иштирок дар амалиёти ҳарбӣ, иҷрои супоришҳо дар шароитҳои вазъияти фавқулодда ё дар ҳолати ҷанг, ё ин ки дар шароитҳои муноқишаҳои мусаллаҳона;

б) иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ муқаррар карда шудаанд;

в) адо намудани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ), инчунин хизмат дар дастаи (наряди) гарнизонӣ ва дар ҳайати дастаи (наряди) шабонарӯзӣ;

г) иштирок дар машқҳо ва юришҳо;

д) иҷрои фармон, амр ё супоришҳое, ки командир (сардор) додааст;

е) дар ҳудуди қисми ҳарбӣ будан дар тӯли вақти хизматии мувофиқи тартиби рӯз муқарраргардида ё агар инро зарурати хизматӣ талаб намояд;

ж) дар сафари хизматӣ ё дар табобат будан;

з) ба маҳалли хизмат, табобат рафтан ва аз он ҷо баргаштан;

и) иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ;

к) дар асирӣ будан (ғайр аз ҳолатҳои ихтиёрӣ асир шудан), дар вазъияти гаравгон ё назарбанд қарор доштан;

л) номаълум ҳозир набудан - то бедарак ғоибшуда эътироф намудани хизматчии ҳарбӣ ё вафоткарда эълон шудани ӯ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун;

м) ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи шахсият;

н) расонидани кӯмак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини қонуният ва тартиби ҳуқуқӣ;

о) дигар амалҳои хизматчии ҳарбӣ, ки аз ҷониби суд ба манфиати ҷамъият ва давлат содиршуда ҳисобида шудаанд.

Хизматчии ҳарбӣ, инчунин шаҳрванде, ки ҷамъомади ҳарбиро гузашта истодааст, ҳангоми адои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ҳалокшуда (фавтида), маъюбшуда (ярадор, контузия, маъюбшуда) ё беморшуда ҳисоб карда намешавад, агар ӯ:

берун аз ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ дар истироҳат, ҷавобшавӣ ё рухсатӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бандҳои “з”, “к”, “м”, “н”, “о”, қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ намудаанд;

худсарона аз ҳудуди қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмати берун аз ҳудуди қисми ҳарбӣ муқарраргардида баромадааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бандҳои “л”, “м”, “н”, “о” қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ намудаанд;

худро ихтиёран ба воситаи истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, нашъа ё моддаҳои заҳролуд ба ҳолати мастӣ овардааст;

кирдори хатарноки ҷамъиятии дар қонуни ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир менамоянд;

худкушӣ ё қасди худкушӣ намояд, агар амалҳои зикргардида ба ҳолати беморӣ ё расонидан ба худкушӣ вобаста набошанд;

Ба хизматчии ҳарбӣ фармон, амр ва супоришҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ дахл надоранд ё ба вайрон кардани қонун равона гардидаанд, наметавонанд дода шаванд.

 

Моддаи 34. Мӯҳлатҳои хизмати ҳарбӣ

Мӯҳлатҳои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ба тариқи зайл муқаррар карда мешаванд:

барои онҳое, ки дар асоси даъват дар вазифаҳои аскарон ва сержантҳо хизмати ҳарбӣ адо мекунанд - 24 моҳ, барои шахсони таҳсилоти олӣ дошта - 12 моҳ;

барои онҳое, ки дар асоси даъват дар вазифаҳои ҳайати афсарон хизмати ҳарбӣ адо мекунанд - 24 моҳ;

барои сержантҳо, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд аз 3 то 5 сол мувофиқи тартибе, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян кардааст;

барои афсароне, ки муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, -  на камтар аз 10 сол;

барои афсароне, ки аз эҳтиёт бо тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, - 5 сол;

барои хизматчиёни ҳарбие, ки бо тариқи ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро дар шароитҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанд, мӯҳлати кӯтоҳкардашудаи адои хизмати ҳарбӣ дар ин маҳалҳо, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд, муқаррар карда мешавад.

Мӯҳлати хизмати ҳарбиро барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекунанд, ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Оғози хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад:

барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, - аз рӯзи ба комиссариати ҳарбӣ барои фиристодан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шудан;

барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба тариқи ихтиёрӣ дохил мешаванд, - аз рӯзи ба рӯйхати шахсии қисми ҳарбӣ дохил шудани онҳо;

барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти кассбӣ дохил мешаванд, - аз рӯзи ба муассисаи таълимӣ дохил шудан.

Ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ аз таърихи аз рӯйхати ҳайати шахсӣ хориҷ гардидани хизматчии ҳарбӣ, бо тартиби муайяннамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешаванд.

Мӯҳлати хизмати ҳарбии шаҳрванде, ки аз рӯи даъват хизмати ҳарбӣ адо намудааст, дар ҳолатҳои мустасное, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд, метавонад то ду моҳ дароз карда шавад.

Мӯҳлати хизмати ҳарбиро, ки дар қисмҳои якуми ҳамин модда муқаррар шудааст, дароз кардан мумкин нест ба истиснои:

- хизматчиёни ҳарбие, ки дар беморхона мебошанд;

- хизматчиёне, ки дар юришҳо иштирок мекунанд, дар асоратанд ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ.

Вақти иштироки хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд дар амалиёти ҷангӣ ё иҷрои супоришҳо дар шароити задухӯрдҳои мусаллаҳона, инчунин вақти дар муолиҷа будани онҳо дар муассисаҳои табобатӣ дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузиягирӣ, маъюбшавӣ ё бемориҳое, ки ҳангоми амалиёти номбаршуда гирифтор шудаанд, як рӯзаш баробари ду рӯзи хизмати ҳарбии тибқи даъват ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мӯҳлати худсарона баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбӣ сарфи назар аз сабабҳои он, саривақт дар мӯҳлати дар амрномаҳо нишон додашуда наомадан ба қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбӣ ва инчунин мӯҳлати адои ҷазо дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ё мӯҳлати адои ҷазои интизомӣ дар шакли ҳабс ба мӯҳлати хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда намешаванд.

Давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба мӯҳлати умумии хизматии ҳарбии шаҳрвандон дохил карда мешавад.

 

Моддаи 35. Либоси ҳарбӣ

Барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ навъҳои зарурии либос муқаррар карда мешаванд.

Либоси ҳарбӣ ва нишонаҳои фарқкунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои пӯшида гаштани онҳоро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорату идорае, ки Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст) тасдиқ менамоянд.

Намуди либос ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони вазоратҳо ва идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба либоси расмӣ ва нишонаҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ монанд буда наметавонанд.

Вазорату идораҳо ҳангоми тағйир додани либос ва нишонаҳои фарқкунандаи дахлдор ё ҷорӣ намудани либоси нав ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдорро пас аз мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Пӯшида гаштани либоси ҳарбӣ бо нишонаҳои фарқкунанда аз тарафи шаҳрвандоне, ки ба ин ҳуқуқ надоранд, манъ аст ва боиси ба ҷавобгарии қонунӣ кашидан мегардад.

 

Моддаи 36. Савганди ҳарбӣ

Шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ дохилшуда ё хизмати ҳарбиро адо накарда ва бори аввал ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда, дар назди Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ Савганди ҳарбӣ ёд мекунад.

Матни Савганди ҳарбиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ёд кардани Савганди ҳарбӣ бо тартибе, ки оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.

То ёд кардани Савганди ҳарбӣ ҷалб кардани хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои супоришҳои ҷангӣ (иштирок дар амалиёти ҷангӣ, навбатдории ҷангии ҳарбӣ, хизмати ҷангӣ, гарнизонӣ, посбонӣ) ва иҷрои супоришҳо ҳангоми ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ва дар шароити задухӯрдҳои мусаллаҳона, ба онҳо аслиҳа ва техникаи ҳарбиро вобаста намудан, инчунин ба тариқи ҷазои интизомӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, манъ аст.

Хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

 

Моддаи 37. Муваққатан ба ихтиёри мақомоти дигар фиристодан ва гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошанд, инчунин корхонаҳои саноати ҳарбӣ дар доираи лимитҳои муқарраркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан фиристода шаванд. Тартиб ва хусусиятҳои адои хизмати ҳарбии онҳоро ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд барои минбаъд адо намудани хизмати ҳарбӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳ ба дигар вазоратҳо ва идораҳо, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, инчунин аз ин вазорату идораҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ё ки байни вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи ҳамин Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ гузаронида шаванд. Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд мутобиқи созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд гузаштани хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии дигар давлатҳо, вазоратҳо ва идораҳое, ки қонунгузории ин давлатҳо дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, гузаронида шаванд.

 

Моддаи 38. Ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ

Дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохтори ҳарбӣ чунин ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ муайян карда шуда, мувофиқан рутбаҳои ҳарбии зерин аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад:

 

Ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ                                      Рутбаҳои ҳарбӣ                                      

 Аскархо -                                                              қаторӣ (курсант),                                                                                                                                                                                   ефрейтор

Сержантҳо -                                                         сержанти хурд

   сержант                                                                                                                                                                                                    сержанти калон 

   старшина

Прапоршикҳо -                                                                  прапоршик

                                                                                  прапорщики калон

 

Афсарҳо:                                   

            Хурд -                                                                        лейтенанти хурд                                                                                                                                                                 

                                                                                                  лейтенант

                                                                                                    лейтенанти калон 

                                                                                                     капитан

Калон -                                                                                    майор

                                                                                                   подполковник               

                                                                                                   полковник

 Олӣ                                                                                        генерал-майор                                                                                                                                                                                      генерал-лейтенант                                                                                                                                                                          генерал-полковник

                                                                                                 генерали артиш

Пас аз рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии гвардия ё ҷузъу томи гвардиявӣ хизмат мекунанд, калимаи “гвардия” илова карда мешавад.

Ба рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки ихтисоси қайди ҳарбии ҳуқуқӣ, тиббӣ дорад, мутобиқан калимаҳои “адлия”, “хизмати тиббӣ”, илова карда мешавад.

Ба рутбаи ҳарбии шаҳрванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, мутобиқан калимаи “эҳтиёт” ё “мустаъфӣ” илова карда мешавад.

Ҷорӣ намудани рутбаҳои хизматӣ, махсус ё дараҷаи ихтисосии ба рутбаҳои ҳарбӣ монанд барои шахсони мансабдор, кормандон ва хизматчиёни вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст.

 

Моддаи 39. Додани рутбаҳои ҳарбӣ

Барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳар як рутбаи ҳарбӣ муддати муайян муқаррар карда мешавад.

Рутбаи навбатии ҳарбӣ ба хизматчии ҳарбӣ бо баохиррасии мӯҳлати хизмати ӯ дар рутбаи пешинаи ҳарбӣ, агар ӯ вазифаи ҳарбиеро ишғол намояд, ки дар штат барои он рутбаи ҳарбии баробар ё нисбатан болотар аз рутбаи ба хизматчии ҳарбӣ додашаванда пешбинӣ гардида бошад, дода мешавад.

Рутбаи навбатии ҳарбӣ ба хизматчии ҳарбие, ки рутбаи афсарии то худи подполковник дораду ҳамзамон бомуваффақият дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаи ҳарбии маълумоти олии касбӣ таҳсил мекунад, бо баитмомрасии хизмати ӯ дар рутбаи ҳарбии пешина, новобаста аз вазифаи ҳарбии то дохилшавӣ ба муассисаи таълимии ишғолкардааш, дода мешавад.

Рутбаи навбатӣ ба хизматчии ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат барои хизматҳои шоёни шахсӣ, вале на баландтар аз рутбаи ҳарбие, ки штат барои вазифаи ишғолкардаи ӯ пешбинӣ намудааст, баъди гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати муқарраркардаи хизмат дар рутбаи ҳарбии пешина ва на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизматии ҳарбӣ дода мешавад.

Ба хизматчии ҳарбие, ки мӯҳлати хизмати ҳарбии ӯ дар рутбаи ҳарбии гирифтааш ба охир расидааст, барои хизматҳои шоёни шахсияш як зина боло рутбаи ҳарбие додан мумкин аст, ки он барои мансаби ишғолкунандаи ин хизматчии ҳарбӣ мувофиқи штат пешбинӣ гардидааст, аммо на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизмати ҳарбӣ.

Рутбаи ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ:

афсарони олирутба - аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба хизматчиёни ҳарбии рутбаҳои то худи полковник - мувофиқи тартиби муқарраргардидаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

Рутбаи ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба шахсони дорои рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаҳои тахассусии мақомоти прокуратура, дараҷаҳои тахассуси мақомоти суд, ки барои ишғоли вазифаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ мегарданд, дар асоси аттестатсия рутбаҳои ҳарбии ҳайати афсари баробар ба рутба, дараҷаи тахассус, категорияи онҳо дода мешаванд, вале на баландтар аз он рутбае, ки штат пешбинӣ намудааст. Зимнан мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар мансабҳои ҳарбӣ аз рӯзи ба мақомоти мазкур ба хизмат (кор) дохил шудани ин шахсон, ки додани рутбаи махсус, дараҷаҳои тахассуси пешбинӣ мешаванд, ҳисоб карда мешавад.

Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ва мӯҳлати хизмати ҳарбиро дар рутбаҳои ҳарбӣ ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамоянд.

 

Моддаи 40. Маҳрум кардан аз рутбаи ҳарбӣ, паст кардан, барқарор кардани рутбаи ҳарбӣ

Хизматчии ҳарбӣ, инчунин шаҳрванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, дар ҳолатҳои зерин мумкин аст аз рутбаҳои ҳарбӣ маҳрум карда шавад:

а) бо ҳукми суд - новобаста ба рутбаи ҳарбии додашуда аз вазифаи ишғолкарда;

б) бо фармони шахси мансабдоре, ки мутобиқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқи додани рутбаҳои ҳарбии сержант ва прапоршикро нисбати ин хизматчиёни ҳарбӣ дорад;

в) бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст - нисбати ҳайати афсари хурд дар ҳолати аз хизмати ҳарбӣ барои паст задани шарафи баланди рутбаи ҳарбӣ рухсат шудани хизматчии ҳарбӣ;

г) бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, - нисбати ҳайати афсари калон дар ҳолати аз хизмати ҳарбӣ барои паст задани шарафи баланди рутбаи ҳарбӣ рухсат шудани хизматчии ҳарбӣ бо ба ҳисоб гирифтани қарори ҷаласаи афсарон ё суди шаъни ҳайати афсарӣ;

д) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати ҳайати афсарони олӣ. Паст кардани рутбаи ҳарбӣ ба як-ду зина ба амал бароварда мешавад:

а) нисбати ҳайати хурд ва калони афсарӣ - фақат аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, - бо назардошти қарори ҷаласаи афсарон ё суди шаъни ҳайати афсарӣ;

б) нисбати хизматчиёни ҳарбии ҳайати сержантӣ ва прапоршикҳо бо фармони шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи додани ин унвонҳои ҳарбиро дорад.

Тартиби ба рутбаи ҳарбӣ барқарор намудани хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрвандеро, ки аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум ё рутбаи ҳарбияш паст карда шудааст, Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 41. Вазифаҳои ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ хизмати ҳарбиро дар вазифаҳои ҳарбӣ аз рӯи штатҳои пешбинишудаи қисмҳои ҳарбӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми шашуми моддаи мазкур нишондодашуда, адо мекунанд.

Ба хизматчии ҳарбӣ ҳамеша вогузор намудани иҷрои вазифае, ки вай машғули он нест, мумкин нест.

Ҳар як вазифаи ҳарбӣ бояд ба як рутбаи ҳарбӣ мувофиқат кунад.

Номгӯи ягонаи вазифаҳои ҳарбии дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ афсарҳои олирутба ишғолкунанда ва номгӯи вазифаи ҳарбии полковникҳо ишғолкунандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Номгӯи дигар вазифаҳои ҳарбӣ ва рутбаи ҳарбии дахлдори онҳоро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорат ё идорае, ки дар он Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст) тасдиқ мекунад.

Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд дар ҳолатҳои зерин хизмати ҳарбиро на дар мансабҳои ҳарбӣ адо намоянд:

дар давраи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ то замони ёд кардани Савганди ҳарбӣ;

дар давраи на зиёда аз се моҳ дар ихтиёри командир (сардор) будан;

дар давраи бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ ба мӯҳлати на бештар аз шаш моҳ дар ихтиёри командир (сардор) будан;

дар дигар ҳолатҳое, ки Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 42. Таъин кардан ба мансабҳои ҳарбӣ ва озод кардан аз мансабҳои ҳарбӣ

Таъин ва озод намудани хизматчиёни ҳарбӣ ба мансабҳои ҳарбӣ бо тартиби зайл сурат мегирад;

онҳое, ки дар Номгӯи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дигар хизматчиёни ҳарбӣ, - бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ин вазифа озод намудани ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҷобаҷогузории хизматии афсарон ва прапоршикҳо, аз рӯи нақша иваз кардани онҳо, бо маҳалҳое, ки мӯҳлати мушаххаси хизмат муқаррар гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 43. Синни ниҳоӣ дар адои хизмати ҳарбӣ

Барои хизматчиёни ҳарбӣ синни зайли ниҳоӣ дар адои хизмати ҳарбӣ муқаррар карда мешавад:

дорои унвони ҳарбии генерал-полковник - 63 сол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

дорои унвони ҳарбии генерал-лейтенант, генерал-майор - 58 сол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

дорои унвони ҳарбии полковник - 53 сол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

дорои унвонҳои дигари ҳарбӣ - 48 сол.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Синни ниҳоии дар адои хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан мувофиқи қисми якуми моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, вале набояд аз 53 сол боло бошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Бо хизматчии ҳарбии алоҳидаи синнаш ниҳоӣ, ки адои хизмати ҳарбӣ карда, дар яке аз ихтисосҳои қайди ҳарбӣ, ки феҳристи онҳо дар Низомномаи адои хизмати ҳарбӣ зикр шудааст, таҷрибаи калон дорад, метавонад мӯҳлати дар хизмати ҳарбӣ будан то ба синни 60-солагӣ расидани онҳо дароз карда шавад.

(Тағйиротҳои ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)

 

БОБИ 7.

РУХСАТ  ШУДАН  АЗ  ХИЗМАТИ  ҲАРБӢ

 

Моддаи 44. Рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ

Хизматчии ҳарбӣ пас аз ба охир расидани мӯҳлати хизмати ҳарбии Қонуни мазкур муқаррарнамуда аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешавад.

Хизматчии ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба эҳтиёт дохил карда мешавад.

Хизматчии ҳарбие, ки то лаҳзаи рухсат аз хизмати ҳарбӣ ба синни ниҳоии дар эҳтиёт будан расидааст ё аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст, аз хизмати ҳарбӣ ба истеъфо бароварда мешавад.

Рухсат намудани хизматчиёни ҳарбиро аз хизмати ҳарбӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро пешбинӣ мекунанд ва инчунин шахсони мансабдори мақомоти ҳарбӣ муайян мекунад, анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 45. Асосҳои рухсат кардан аз хизмати ҳарбӣ

Хизматчии ҳарбӣ (ба ғайр аз аскар ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд) аз хизмати ҳарбӣ рухсат карда мешавад:

а) аз рӯи синну сол дар сурати расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан;

б) аз рӯи вазъи саломатӣ бо сабаби аз комиссияи тиббии ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ ғайриқобил дониста шудани ӯ;

в) бо сабаби аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ қобили маҳдуд донистани хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбии то прапоршики калондошта;

г) бо сабаби маҳрум шудани ӯ аз рутбаи ҳарбии афсарӣ ва рутбаи прапоршикӣ;

д) бо сабаби ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ;

е) бо сабаби вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

ж) бо сабаби маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ;

и) бинобар ба хизмати ҳарбӣ номувофиқ будан аз рӯи аттестатсия;

к) барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ;

л) бо сабаби маҳрум шудани ӯ аз иҷозат ба сирри давлатӣ ё рад шудани додани иҷозат ба ӯ;

м) бо сабаби гузаштан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ё дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда, агар хизматчии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ на кам аз 10 сол хизмат карда бошад;

н) бо сабаби оилавӣ ва дигар асосҳо бо тартибе, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муқаррар намудааст.

Хизматчии ҳарбие, ки рутбаи ҳарбии афсарӣ дошта, дар асоси даъват адои хизмати ҳарбӣ мекунад, баъд аз анҷоми адои хизмати ҳарбӣ ё мувофиқи асосҳои дар қисми сеюми моддаи 20 ҳамин Қонун пешбинишуда, инчунин мувофиқи бандҳои “б”, “в”, “д”, “е”, “л” қисми якуми ҳамин модда аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешавад.

Аскарон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешаванд:

а) пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ;

б) аз рӯи саломатӣ - бо сабаби комиссияи тиббии ҳарбӣ ғайриқобил маҳдуд дониста шудани ӯ ба хизмати ҳарбӣ;

в) бо сабаби ба қувваи конунӣ даромадани ҳукми суд оид ба таъини ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ;

г) бо сабаби маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои дар қисми сеюми моддаи 20 ва бандҳои “б”, “г” ва “д” қисми якуми моддаи 21 ҳамин Қонун пешбинишуда.

 

БОБИ 8.

ЭҲТИЁТИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВА МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 46. Дохилкунӣ ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои такмил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг аз ҷумлаи шаҳрвандони зерин эҳтиёт таъсис дода мешавад:

онҳо, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба эҳтиёт дохил карда шудаанд;

онхое, ки аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муасисаҳои таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ таҳсил намудаанд;

онҳое, ки бо сабаби ба онҳо додани иҷозати ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват хизмати ҳарбӣ адо накардаанд ё аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;

онҳое, ки хизмати алтернативиро адо кардаанд ё аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;

заноне, ки ихтисоси қайди ҳарбӣ доранд.

Таъсиси эҳтиёти мақомоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода шавад.

Ба шаҳрванде, ки таҳсилро дар кафедраи ҳарбии назди муассисаи давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт бомуваффақият хатм намудааст, пас аз хатми муассисаи таълимӣ, ҳамзамон бо дохил намудан ба эҳтиёт Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии афсари медиҳад.

Ба шаҳрванде, ки бо сабаби ба ӯ додани иҷозати ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват хизмати ҳарбиро адо накардааст ё хизмати алтернативӣ адо кардааст, инчунин ба шаҳрванде, ки аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум шудааст, ҳамзамон бо дохил намудан ба эҳтиёт комиссари ҳарбии шаҳр ё ноњия рутбаи ҳарбии аскари қаторӣ медиҳад. (ЌЉТ аз 28.12.12с.№920)

Шаҳрванде, ки дар эҳтиёт аст, мутобиқи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ барои муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ буданаш аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

 

Моддаи 47. Ҳайати эҳтиёт

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд, мувофиқи сифатҳои синну сол ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

Ҳайати эҳтиёт           

Синну соли дар эҳтиёт будан (рутбаҳои ҳарбӣ)

                                                                       гурӯҳи 1            гурӯҳи 2           гурӯҳи 3

Аскарон,

сержантҳо,

старшинаҳо,

прапоршикҳо                                      то 35-солагӣ    то 48-солагӣ    то 53-солагӣ   (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Афсарони  хурд                                  то 48-солагӣ     то 53-солагӣ     то 58-солагӣ  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Афсарони калон:

майорҳо ва

подполковникҳо                                 то 53-солагӣ     то 58-солагӣ     то 63-солагӣ  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Полковникҳо                                       то 58-солагӣ     то 63-солагӣ             -                (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Афсарони олӣ                                     то 63-солагӣ              -                         -                 (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Шаҳрвандони ҷинси зане, ки дар эҳтиёт мебошанд, ба гурӯҳи сеюм тааллуқ доранд, зимнан шахсони ҳайати афсарӣ - то ба синни 53-солагӣ расидан, шахсони дигари ҳайат бошанд, то ба синни 48-солагӣ расидан.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт буда, ба синни ниҳоии дар эҳтиёт будан расидаанд ё бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, аз ҷониби комиссари ҳарбии шаҳр ё ноњия ба истеъфо гузаронида шуда, аз қайди ҳарбӣ бароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

(Тағйиротҳои ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)

 

Моддаи 48. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд, метавонанд барои тайёрӣ ё тайёрии такрорӣ ба хизмати ҳарбӣ ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват карда шаванд. Гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо мақсадҳои дигар манъ аст.

Мӯҳлати ҷамъомадҳои ҳарбӣ, маҳал ва вақти гузаронидани онҳоро Вазири мудофиа ё роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо бо ҳамин Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, муайян менамояд.

Давомнокии ҳар як ҷамъомади ҳарбӣ аз ду моҳ, зиёд буда наметавонад.

Давомнокии умумии ҷамъомадҳои ҳарбие, ки шаҳрванд дар давраи дар эҳтиёт будан ба онҳо ҷалб карда мешаванд, аз 12 моҳ зиёд буда наметавонад.

Фосилаи байни ҷамъомадҳои ҳарбие, ки шаҳрвандони дар эҳтиёт буда ба онҳо даъват карда мешаванд, бояд на камтар аз 3 сол бошад.

Мӯҳлати ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии шаҳрвандон дохил карда мешавад.

Тартиби гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд ва таъминоти моддии онҳо бо Қонуни мазкур ва Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 49. Озодкунӣ аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ

Аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ шаҳрвандони ҷинси зан озод карда мешаванд. Аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ шаҳрвандони зерини дар эҳтиёт буда озод карда мешаванд:

а) онҳое, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар давраи сафарбаркунӣ ва давраи ҷанг ҷудо (брон) карда шудаанд;

б) кормандон ва ҳайати ғайриҳарбии мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, инчунин кормандони ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст;

в) ҳайати парвозу техникӣ, инчунин коргарон ва хизматчиёни нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ки бевосита ба ҳамлу нақл ё хизматрасонӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо (чархболҳо), техникаи аэродромҳо, нақлиёт ва таҷҳизоти роҳи оҳан машғул мебошанд;

г) онҳое, ки бевосита ба корҳои кишту кор ва ҳосилгундорӣ машғуланд, - дар давраи адои ҳамин кор;

д) донишҷӯён (курсантҳо) ва талабагони шӯъбаҳои рӯзона ва шабонаи муассисаҳои таълимӣ;

е) донишҷӯён (курсантҳо) ва талабагони шӯъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои таълимӣ - дар давраи имтиҳонҳо ва навиштани кори дипломӣ;

ж) онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, -дар тӯли ду сол пас аз ба эҳтиёт рухсат шудан;

з) онҳое, ки чор ва зиёда фарзанди ноболиғ доранд;

и) онҳое, ки бо асосҳои дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинигардида даъват ба хизматашонро ба таъхир андохтаанд, ба истиснои банди “г” қисми якуми ҳамин модда;

к) онҳое, ки дар хориҷаанд.

Комиссари ҳарбӣ метавонад дар хусуси озод намудани шаҳрванд аз даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳамчунин бо сабабҳои дигар дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои узрноке, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ гардидаанд, қарор қабул намояд.

 

Моддаи 50. Ба шаҳрвандони дар эҳтиётбуда додани унвонҳои ҳарбӣ

Ба шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд, рутбаҳои навбатии ҳарбии ҳайати афсарӣ аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қоида баъди гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва супоридани санҷишҳо бо пешниҳоди сардори ҷамъомадҳои ҳарбӣ, аммо на бештар аз 3 бор дар тамоми давраи дар эҳтиёт будани онҳо дода мешаванд.

Ба шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд рутбаҳои навбатии ҳарбӣ то прапоршики калони эҳтиёт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дода мешаванд.

Унвони якуми ҳарбии афсари эҳтиёт аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷиикистон дода мешавад:

а) ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро бо барномаи тайёр намудани афсарони эҳтиёт хатм кардаанд, - баъди гузаштани онҳо аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ (коромӯзӣ);

б) ба аскарон, сержантҳо, старшинаҳо, прапоршикҳои эҳтиёт, ки маълумоти олии касбиро бо ихтисоси ғайриҳарбӣ, бо тайёрии дахлдори ихтисоси наздики қайди ҳарбӣ гирифтаанд, баъди аз аттестатсия гузаштани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ;

в) ба шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ доранд, вале дар муассисаҳои таълими давлатӣ барномаи тайёр намудани афсарони эҳтиётро нагузаштаанд, аммо ихтисоси ғайриҳарбии онҳо аз рӯи соҳа ба ихтисоси қайди ҳарбӣ монанд мебошанд, - фақат ҳангоми муайян намудан ба хизмати ҳарбӣ.

Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мақомоти номбаршуда ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат шудаанд, рутбаи ҳарбии эҳтиёт бо назардошти ихтисоси қайди ҳарбӣ ва рутбаҳои махсусе, ки онҳо доранд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки аз мақомоти амнияти давлатӣ ба эҳтиёт рафтаанд, унвонҳои ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

БОБИ 9.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 51. Амали санадҳои меъёрии қаблан қабулшуда

Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Сарфармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таъсисёбии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад қабул намуда буданд, дар қисмате, ки хилофи ҳамин Қонун намебошанд, қувваи қонунии худро нигоҳ медоранд.

 

Моддаи 52. Амали қарордодҳои адои хизмати ҳарбии қаблан басташуда

Амали қарордодҳои адои хизмати ҳарбии қаблан бо аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо (ба ғайр аз занон-хизматчиёни ҳарбӣ) баста шуда қатъ карда мешаванд ва онҳо то 1 августи соли 2000 аз хизмати ҳарбӣ мувофиқи чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат мешаванд.

Афсарон, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо мекунанд, ба ғайр аз афсароне, ки муассисаи таълимии ҳарбии маълумоти олӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанду хоҳиши давом додани хизмати ҳарбиро надоранд, бо хоҳиши худ пас аз 1 моҳи қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳамин Қонун ба эҳтиёт рухсат мешаванд.

Афсарон, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо мекунанду хоҳиши давом додани хизмати ҳарбиро доранд, аз 1 августи соли 2000 статуси хизматчиёни ҳарбии бо тариқи ихтиёрӣ адокунандаи хизмати ҳарбиро пайдо мекунанд.

Афсароне, ки то 15 майи соли 2000 муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбиро хатм кардаанд, адои хизмати ҳарбиро то ба охир расонидани 5-соли мӯҳлати пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбӣ давом медиҳанд ва статуси хизматчии ҳарбии бо тариқи ихтиёрӣ адокунандаи хизмати ҳарбиро мегиранд.

Курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти касбӣ, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, аз рӯзи қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳамин Қонун статуси хизматчии ҳарбии бо тариқи ихтиёрӣ адокунандаи хизмати ҳарбиро пайдо мекунанд.

 

Моддаи 53. ҳисоб намудани мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии хизматчии ҳарбӣ

Ба мӯҳлати умумии хизматии ҳарбии хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ то амалӣ гардидани Қонуни мазкур дохил мешаванд.

 

Моддаи 54. Рутбаҳои ҳарбие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст

Рутбаи ҳарбие, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба шаҳрванди дар эҳтиёт ё дар истеъфобуда дода шудаасту ҳамин Қонун пешбинӣ накардааст, нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 55. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”

Вобаста ба қабул гардидани Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №14, мод.287; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод.256; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод. 92; № 12, мод. 361) беэътибор дониста шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе,  29 ноябри соли 2000,

№30

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва мавриди амал қарор додани он

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод.537)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;

1.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул карда шавад.

2.   Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 30 июни соли 2000,

№123

 

 

ҚАРОРИ 

МАҶЛИСИ  МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати харбӣ”

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод.538)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2000,

№139