ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip

ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Пшб, 23/02/2023 - 13:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1922
Мақомот: 
Маҷлиси Олӣ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.02.2023

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2022,№ 867

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 339

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - шахси ҳуқуқӣ, воҳиди сохторӣ ё алоҳидаи ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё ташкилоти дигари илмӣ ва муассисаи таълимӣ, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ менамоянд;

2) натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - донишҳои нави бо усулу воситаҳои дахлдори илмии дар рафти иҷрои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бадастовардашудае, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт гардидаанд, инчунин модел, амсила, намунаҳои нави маҳсулот, мавод ва моддаҳо;

3) натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ - ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ, топологияи микросхемаҳои интегралӣ, махзани маълумот ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ, ки дар натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба даст оварда шудаанд;

4) тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - фаъолияте, ки ба истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ бо мақсади ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасонӣ барои ба даст овардани фоида, равона шудааст;

5) ширкати хизматрасон - шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии машваратӣ, инжинирингӣ, сертификатонӣ, патентӣ ва хизматрасонии дигари барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ заруриро пешниҳод менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсади сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақсади сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ иборат аст аз:

1) дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида;

2) саноатикунонии босуръати кишвар ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ;

3) рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

5) рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) афзалиятнокии ҷалби бахши хусусӣ дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) шаффофият дар ҳамкории иштирокчиёни раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) кафолатнокии ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ширкаткунанда;

5) ошкорбаёнӣ дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

6) адолатнокӣ дар раванди баргузории озмунҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

7) рақобатпазирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар бозор.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дохил мешаванд:

1) тасдиқи консепсия, стратегия ва барномаҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) муайян намудани чораҳои дастгирии давлатии субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:

1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) банақшагирӣ ва амалисозии тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) мониторинги амалишавии барномаҳои дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

5) ҷойгиронии иттилооти таҳлилии ҷамъбастшуда оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар шакли кушодаи дастрас дар интернет-захираҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар нашрияҳои даврӣ, ба истиснои маълумоти мансуб ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ;

6) таъминоти методологии самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) таъмини иҷрои барномаҳои дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

2) пешниҳоди иттилоот оид ба самаранокӣ ва амалисозии тадбирҳо оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

3) таъминоти методологии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

4) банақшагирӣ, амалисозии тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

5) иштирок дар амалисозии барнома оид ба тайёркунӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисос дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

6) мониторинги амалишавии барномаи дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) мусоидат ба ҷалби грантҳо ва сармоягузории бахши хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва иштирок дар маблағгузории онҳо;

2) амалисозии тадбирҳо оид ба таъмини ҳамкории бахши хусусӣ бо субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади таъсиси истеҳсолоти муштарак;

3) таъсисдиҳӣ ва иштирок дар ташаккулёбии сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ нигаронида шудааст;

4) иштирок дар таъминоти методологии самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

5) иштирок дар мониторинги амалишавии барномаи дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;

6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 9. Мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсадҳои зерин гузаронда мешавад:

1) арзёбии самаранокии хароҷот барои амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) арзёбии ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок ва индикаторҳои амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

3) арзёбии самаранокии иҷтимоию иқтисодӣ аз амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) муайянкунии вазифаҳои рушд ва такмили барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.

БОБИ 3. СУБЪЕКТ ВА ВОСИТАҲОИ САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 10. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ инҳо мебошанд:

1) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;

2) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) ширкатҳои хизматрасон;

5) паркҳои технологӣ;

6) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сармоягузориро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ амалӣ менамоянд.

Моддаи 11. Воситаҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ тавассути воситаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

1) бастани шартномаи гузашт кардани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

2) таъсиси ширкатҳои хизматрасон;

3) ҷорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар истеҳсолоти шахсӣ.

БОБИ 4. ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ДАСТГИРИИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 12. Тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Ба тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирӣ, ки ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешаванд, мансубанд:

1) ҷудо кардани грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

2) мусоидат ба ташкили истеҳсолоте, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифати технологӣ ва технологияҳои навро дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мекунанд;

3) ташкили барномаҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ барои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

4) тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 13. Маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

2. Грант барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ба субъекти аккредитатсияшудаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва субъектҳои дигар бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои маблағгузории заминавӣ ва барномавии мақсадноки фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, инчунин маблағгузории грантии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Грант барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад, ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо тартиби аз ҷониби ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии маблағгузорикунандаи тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муайяншуда пешниҳод мегардад.

БОБИ 5. ҲУҚУҚҲОИ СУБЪЕКТҲОИ САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқ доранд:

1) лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникиро барои тиҷоратикунонӣ пешниҳод намоянд;

2) дар раванди тиҷоратикунонӣ бо ҳамдигар дар асоси шартнома ҳамкорӣ намоянд;

3) ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, инчунин даромад аз фаъолияти ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои молумулкӣ дошта бошанд.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ доранд:

1) мустақилона аз ҳуқуқҳои истисноии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ истифода намоянд;

2) дар асоси шартномаи гузашт кардани ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқи истисноиро ба ҷониби дигар бегона кунанд;

3) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба гарав гузоранд;

4) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намоянд;

5) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро бо таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд;

6) бо мақсади тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ба сифати муассисони ширкатҳои хизматрасони таъсисдодашаванда ҷалб намоянд;

7) ҳангоми барҳам додани ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро, ки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намудаанд, ихтиёрдорӣ намоянд.

3. Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар баробари фаъолияти таълимӣ ва илмӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ самти афзалиятноки фаъолият мебошад.

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии дар доираи иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории бадастовардаро метавонанд якҷо истифода намоянд, агар тартиби дигаре дар шартномаи байни онҳо пешбинӣ нашуда бошад.

2. Дар мавриди дар шартномаи байни субъектҳои самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудани ҳолати ба субъекти самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ мансуб будани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ҳуқуқи истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар истеҳсолоти шахсӣ соҳиб мегардад.

БОБИ 6. МАРКАЗҲОИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 16. Мақсади марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Мақсади марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ расондани маҷмуи хизматрасонӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла ҷустуҷў ва арзёбии технологияҳо барои тиҷоратикунонӣ, тадқиқоти маркетингӣ, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ташкили ҳамкории субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ва бастани шартномаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, мебошад.

Моддаи 17. Фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

1. Фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ дар доираи ҳаҷми маблағгузории грантӣ, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҷудо карда шудааст, таъмин мегардад.

2. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ маблағҳои заруриро ба онҳо аз маблағҳои аз фурчши моликияти зеҳнӣ дар асоси шартномаҳои басташуда бадастоварда равона мекунанд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1922