ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЭҲЁГАРИ ОЯНДАИ ДАВЛАТДОРИИ МОСТ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 24/06/2022 - 15:32
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН
 
Халқи тоҷик, ки аз давраҳои қадим бо салтанату давлатсозӣ, пешвоиву давлатдорӣ ва бузургии хеш ном баровардааст, баҳри ба даст овардани мустақилият, эъмори давлати соҳибихтиёри худ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ чи ҷоннисориҳо кардаву муборизаҳои беамоне бурдааст.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти мардуми тоҷик ба марҳилаи нав қадам гузошт. Орзуи халқи тоҷик пас аз пош хурдани ИҶШС ташкил намудани давлати мустақил ва соҳибистиқлол буд. Вале ин ҳама хурсандиву фараҳ дер давом накард ва боз ҳам бо мусоидати душманон миллати тоҷик дар давлати навбунёди худ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ боиси сар задани ҷангӣ бародаркӯш ва марги ҳазорҳо тан мардуми ватандӯст, инчунин ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гашта, мамлакатро ба қонуншиканию бесарусомониҳо оварда расонид.
16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Мардуми тоҷик тақдири ояндаи худ ва давлатро ба фарзанди фарзонаи миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуда, баҳри ноил шудан ба сулҳу оромӣ бетарафиро пешаи кори худ накарданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дӯстӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳои мусаллаҳонаи дохилии Тоҷикистонро  пеш гирифт.
Хушбахтона, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба имзо расида, дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.
Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши бисёр муқаддасу азиз буда, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад. Вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту миллатпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намояд, зеро таҳкими давлату рушди сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон маҳз аз он вобастагӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Аз зикркардањои Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон бар меояд, ки Вањдати миллї барои дирўз ва имрўзи мо набуда, балки барои наслњои минбаъдаи халќу миллати тољик наќши њалкунанда ва заминавиро соњиб мебошад. Аз ин хотир бояд њар яки мо нисбат ба ин арзиши ояндасози миллату давлат эњтироми хосса дошта бошем.
Ҳамасола 27-июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи қонунгузорӣ инъикоси худро ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику мардумони Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёда насиб гардонид. Ҳамкориҳои дӯстона бо зиёда аз 180 кишвари дунё ба роҳ монда шуд, бунёд гардидани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бешумори истеҳсолӣ, ки ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамоянд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар партави Ваҳдати миллӣ ва таҳкими заминаҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуда, ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005 – 2015 – «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об» ва солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид.
Ҷавонони кишвар ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар ва кафили сулҳи ҷовидона дар саросари мамлакат умеди бузург дошта, ҳамасола барои тарбия ва таҳсил, беҳбуд бахшидан ба ҳаёту зиндагӣ ва ба шуғли фоиданок ба нафъи миллату ҷамъият фаро гирифтани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Боиси ифтихор аст, ки дар рушди қонунгузорӣ, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллии ҷавонон торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар тақвият меёбад. Фаҳмост, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамонро таъмин намуда, мавқеи онро дар қатори давлатҳои мутаррақӣ устувор гардонад.
Мо мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи Ваҳдати миллӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасем ва ҳаргиз намегузорем, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне ваҳдату миллат газанде ёбанд. Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.
 
                                                                                                             
Бобоев Фируз Абдунасимович
Муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)