Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ»

 

Мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи иљтимої»

 

16 августи соли 2018 дар Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи иљтимої» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идорањои давлатї ва муассисањои илмию тадќиќотии кишвар иштирок намуданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоњии муовини якуми Директори Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон Бањриддинзода Субњиддин Эсо оѓоз гардид. Бањриддинзода Субњиддин Эсо њозиринро хайрамаќдам гуфта, барои иштирокашон дар чорабинии мазкур изњори сипос ва минатдорї намуданд. Мавсуф ќайд намуданд, ки сиёсати иљтимої-њуќуќии давлат, ки соњањои мухталифро дар бар гирифтааст, ба њалли масоили муњими иљтимої равона карда шудааст. Аз ин рў, љараёни инкишофи муносибатњои љамъиятї дар соњаи мазкур зарурияти тањлили ќонунгузории иљтимоиро дар шароити њозира таќозо менамояд. Зеро, айни замон дар Љумњурии Тољикистон ќонунгузории сифатан нав ташаккул ёфта, таљдиди љиддии меъёрњо, ташкили соњањои нав ва сифатан таѓйирёбандаи амалкунанда ва институтњои њуќуќ, мураттабсозии ќонунгузорї зина ба зина амалї шуда истодааст. Аммо бо вуљуди ин, имрўз мушкилињое низ мављуданд, ки дар самти њифзи иљтимої, муњољирати мењнатї ва дигар самтњои фаъолияти он низ ба назар мерасанд.

Ҳамзамон, доир ба дигар паҳлӯҳои актуалии ќонунгузории иљтимої  маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод гардиданд. Њамчунин, масъалањои «Ќонунгузории њифзи иљтимої»; «Сайёњии иљтимої: Заминањои њуќуќї ва инкишофи он дар Тољикистон»; «Наќши рушди њунарњои мардумї дар фаъолгардонии занон»; «Инкишофи ќонунгузории пасошўравии соњаи иљтимої дар Љумњурии Тољикистон»; «Низоми навъи нафаќа дар Тољикистон»; «Ќонунгузории муњољират: Рушд ва мушкилот дар ин самт» ва дигар масъалаҳои ба рушди ќонунгузории соњаи иљтимої алоқамандбуда таҳлилу баррасї гардиданд.

Дар фарҷоми кори мизи мудаввар вобаста ба мавзўъњои матрањгардида  аз љониби иштирокчиён музокирањо сурат гирифтанд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: