Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Самари ранҷи Устод Раҳимзода Маҳмад Забир

 

Раҳимзода Маҳмад Забир бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 19 январи соли 2018 озод карда шуд. Албатта, ҳар кас орзу мекунад, ки ба сину соли нафақа расад. Бинобар пурмаҳсул заҳмат мекашад, то ки дар кору амалаш ба хатоҳо роҳ надиҳад. Бесабаб нест, ки Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии ҶТ М.Ватанзода зимни хондани ин фармон аз ҷониби Сарвари давлат таъкид кард, ки «… аҷаб давлати бузургест, ки шахс ба ин сину сол расаду бо сари баланд бо обрўи Муҳаммадӣ ба нафақа барояд…»

Баростӣ, Устод Маҳмад Забир ҳамчун олими варзидаи соҳаи ҳуқуқ ва омўзгори бо таҷриба на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур аст. Қобилияти кордонӣ, ташкилотчигӣ, донишмандӣ ва нозукбинии Маҳмад Забирро дар сиёсат ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пас аз таъсис додани Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009, замоне, ки то давраи дуюми вакилиаш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як соли дигар монда буд, бо Фармони худ Устоди гиромиқадрро директори ин Марказ таъин намуданд. Албатта, барои ба боварии калони Сарвари давлат ноил гаштани Маҳмад Забир, масъулияти ин шахси донишманд ва бузургро боз ҳам дучанд намуд ва муддати ин нуҳ сол боварии Роҳбари олии сиёсии давлатро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Пеш аз ҳама ин вазифаи пурмасъулро такя ба сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари олии сиёсии кишварамон, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта, шогирдон ва ҳамкоронашро низ дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва содиқ будан ба давлату миллати худ ҳидоят намуд ва ҳидоят карда истодаанд.

 Ин шахсияти муътабарро ҳамроҳ бо саъю кўшише, ки дар кор доштанд, аҳли коллективи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун устоди ғамхору мушфиқ, роҳнамо ва ҳомии худ иззату эҳтиром мекунанд. Ҳамаи фазилатҳои Устод Маҳмад Забирро рўзи 30 январи соли 2018 шогирди ў Идизода Файзалӣ Фузайлшо, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2018 ба вазифаи директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, дар ҳамоише ба ифтихори пос доштани хизматҳои ин олими нуктадону нексиришт гаштаву баргашта таъкид карданд ва гуфтанд: «Муҳтарам Маҳмад Забир, Шумо ба нафақа рафтаед ва мо бо Шумоем, аз ташрифи Шумо ба даргоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҳамаамон бе ягон шакку шубҳа хурсанд мешавем …».

 Ба Устод ҷома, тоқии тоҷикӣ ва миёнбанд ҳадя карданд, вале барои Маҳмад Забир аз ҳама хотирмон он аст, ки роҳбарият ва коллективи Марказ ўро самимона пазируфтанд, вале хайрухуш накарданд.

Дар охир як сурати хотиравӣ низ гирифтанд, ки Устод дар қатори пеш дар байни шогирдону ҳамкорон акс ёфтааст.

  

Аз аҳли коллективи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон