Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Маълумоти мухтасар доир ба нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2017

 

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 январи соли 2018 оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2017 нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Нишасти матбуотиро директори Марказ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти Марказ дар нимсолаи дуюми соли 2017 ҳисоботи мухтасар дод. Мавсуф аз ҷумла иброз намуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2017 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо корҳои зеринро ба анҷом расонид.

Ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо Марказ ба зиёда аз 70 (солона 130) лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмўъ зиёда аз 300 (солона 700) пешниҳодҳоро дарбар мегирад.

Марказ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи Нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзўҳои Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Танзими ҳуқуқии электрокунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Баҳри амалӣ намудани талаботи мавзўи мазкур дар нимсолаи дуюми соли 2017 аз ҷониби кормандони Марказ 5 китоб ва тафсир (солона 11 адад) ба нашр расиданд, ба мисли, китобҳои “Гражданско-правовое регулирование представления исключительных прав по договору коммерческой концессии”, “Тадқиқоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти шартномаи байналмилалии савдои силоҳ” (бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), маҷмўи маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ  дар мавзўи  “Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон”, Тафсири Қонун “Дар бораи муҳоҷират”  ва китоби “Афкори хирадмандона оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон”. Ҳамчунин, 80 (солона 160) мақолаи илмии кормандон дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, шумораҳои 3 ва 4-и  маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ «Қонунгузорӣ» нашр гардид.  

Кормандони Марказ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон бо аҳолӣ зиёда аз 50 (солона 100) вохўриҳо гузаронида, 60 (солона 100) маротиба тавассути шабакаҳои телевизион ва радиоии ҷумҳурӣ баромад намуданд.

Тибқи Нақшаи фаъолияти илмӣ дар Марказ дар ин давра 2 конференсия, 5 мизи мудаввар ва 8 семинари омузишӣ баргузор шуда, кормандон дар 65 (солона 123) конференсия ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар 30 (солона 60) гурўҳҳои кории вазорату идораҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз сомонаи Марказ зиёда аз 500 ҳазор (солона 900 ҳазор) нафар истифода бурдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95 ҳазор зиёд мебошад.

Дар соли 2017 Марказ ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷӣ тақвият бахшид. Кормандони Марказ дар конференсия ва семинарҳои байналмилалӣ дар шаҳри Ҷакартаи давлати Индонезия, Брюсели Белгия, шаҳри Мински Беларус, шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва шаҳри Вашингтони ИМА ширкат варзиданд.

Дар нимсолаи дуюм тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба Марказ зиёда аз 100 (солона 252) муроҷиат ворид шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ ва ба муаллифони онҳо ҷавоб гардонида шуд.

Директори Марказ баъд аз гузориши худ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас гардонид.  

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: