Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
19 Октябрь 2017 (11:05)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон»

 

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи банди 14 Нақшаи кори худ барои соли 2017 дар таърихи 18 октябри соли 2017 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ баргузор намуд.

Ҷиҳати гузаронидани конференсия кумитаи тадорукотӣ созмон дода шуда, ба нишонии 45 муассиса, ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ мактубҳои иттилоотӣ фиристода шуд. Вобаста ба 43 мавзўи барои баромад пешниҳодгардида барнома-даъватномаи конференсия омода гардид.

Мақсад аз баргузории конференсия ин муайян намудани роҳҳои ҳифзи сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварро дарбар мегирифт.

Дар конференсияи мазкур баромадҳо оид ба масъалаҳои назариявӣ-амалии зерин баррасӣ гардиданд: Проблемаҳои амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; Механизми таъмини ҳифзи сиёсӣ–ҳуқуқии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амнияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он; Бехатарии ҷамъиятӣ ва таъмини ҳуқуқии он; Нақши давлат дар таъмини амнияти миллӣ; Терроризм, экстремизм ва таъмини бехатарии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими ҳуқуқии он; Амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарӣ; Амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муҳоҷирати шаҳрвандон ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маводи мухаддир ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ; Низоми таъмини амният ва вазифаҳои асосии он; Бехатарии конститутсионӣ ҳамчун категорияи конститутсионӣ; Амнияти миллии Тоҷикистон ва методҳои таъмини он; Коррупсия ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ; Ҳокимияти давлатӣ ҳамчун объекти таъмини амнияти миллӣ ва ғайраҳо.

Дар ҷараёни конференсия оид ба мавзўҳои баромадкунандагон саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои илмӣ сурат гирифтанд, ки бештари онҳо нисбат ба масъалаҳои таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва дигар намуди таҳдидҳои муосир буданд.

Натиҷаҳои конференсия ҷамъбаст гардида, таклифу пешниҳодоти баромадкунандагон муфид ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои нашр намудан дар шакли маҷмуа пешниҳод гардиданд.

Аксҳо аз ҷараёни конференсия: