Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
8 Май 2017 (13:58)
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва инкишоф»

 

Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 октябри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва инкишоф» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, кормандон ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд.

 Кори мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Баҳриддинзода С.Э. оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки дар шароити ҳозира ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа. бахусус соҳаи ҳифзи муҳити зист хеле тезу тунд гардида, зарурияти таҳлил ва такмил додани қонунгузории ҳифзи муҳити зистро тақозо менамояд. Ислоҳоти соҳаи ҳифзи муҳити зист, инкишофи инфрасохтори он ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ солҳои охир яке аз ҳадафҳои муҳими давлату ҳукумат қарор гирифтааст. Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ва Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 қабул гардидаанд, ки аз ҳолати минбаъдаи инкишофи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва татбиқу амалисозии дурусти меъёрҳои ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад.

Дар мизи мудаввар маърўзаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Масоили ҳуқуқии обҳои фаромарзӣ дар соҳаи объёрӣ», «Амнияти экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тамоюли рушди сиёсати ҳуқуқӣ оид ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масоили бамеъёрдарории ҳифзи муҳити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рушди қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар даврони истиқлолият» матраҳ гардида, мавриди баррасии мутахассисони соҳа қарор гирифт.

Дар рафти кори мизи мудаввар оид ба паҳлўҳои гуногуни ҳолати ҳуқуқии муҳити зист, самаранок ва мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ истифода бурдани муҳити зист муҳокимарониҳо сурат гирифт. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бинобар дар самти ҳифзи муҳити зист қабул гардидани теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои такроршавии меъёрҳо ба чашм расида, истифодаи онҳоро душвор мегардонад. Дар робита ба ин, дар банди 6 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2012-2015, зарурати таҳия ва қабули Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд, ки тибқи нақшаи зикргардида таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Кодекси экологӣ солҳои 2014-2015 муайян гардида буд. Мутаассифона, лоиҳаи кодекс дар муҳлати муқарраршуда таҳия нагардид. Ва ҳамин тариқ, 29 феврали соли 2016 бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар ин хусус 19 сентябри соли 2016 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба таҳия ва тасдиқи ҳайати гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологӣ қабул гардид.

Дар охири мизи мудаввар, ширкаткунандагон ба қисми мубоҳиса гузашта, таклифу пешниҳоди худро манзури аҳли толор намуда, ба саволҳои худ посухҳои пурра гирифтанд. Қайд карда шуд, ки Марказ тамоми таклифу пешниҳоди воридшударо мавриди назар гирифта, барои таҳияи лоиҳаи Кодекси экологӣ ва такмил додани қонунгузории ҳифзи муҳити зист кўшиш ба харҷ медиҳад.

 Аксҳои аз ҷараёни чорабинӣ: