Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Барқароршавӣ ва рушди ҳуқуқи миллии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият»

 

Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи соли ҷорӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Барқароршавӣ ва рушди ҳуқуқи миллии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва суд, намояндагони донишгоҳҳою донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мизи мудавваро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир оғоз намуд.

 

Дар рафти мизи мудаввар қайд карда шуд, ки кишвар дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин муддат халқи Тоҷикистон тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватани худро таъмин намояд, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кўшишу талош ва захираву имкониятҳои худро барои фароҳам овардани шароити мусоид ва зиндагии шоиста равона созад.

Дар ин давра Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он пояҳои Истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшида, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири Тоҷикистон гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.

Ба ғайр аз он, принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуд.

 

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди низоми қонунгузорӣ низ мусоидат намуд. Дар ин муддат зиёда аз 360 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҳамин тавр, дар баробари ба даст овардани истиқлолият ва ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои озоди сиёсиву иқтисодӣ ва байналмилалӣ, бе надоштани қонунгузории миллии мукаммал, босифат ва самарабахши ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосёфта, душвориҳоро ба бор меовард.

Ҳамзамон, дар мизи мудаввар Маҳмадшарофӣ Д. («Ҳокимияти судӣ-кафили ҳуқуқу озодиҳо»), Рауфов Ф.Х. («Рушди қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиноятҳои ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар: дурнамои инкишоф»), Юлдошев Р.Р. («Векторы развития и совершенствования уголовно-процессуальной политики Республики Таджикистан»), Шарифзода Ш.М. («Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми олии қонунгузории кишвар») ва дигарон баромад карданд.