Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
1 Декабрь 2017 (11:34)
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо»

 

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2016 бо иштироки намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, мақомоти прокуратура, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо» баргузор намуд.

Мақсади баргузории конференсия муайян кардани зинаҳои ташаккулёбӣ, рушд ва мушкилоти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буд. 

Дар кори конференсия оид ба паҳлўҳои гуногуни фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ баромадҳои пурмазмун анҷом дода шуд. 

Маҳмад Раҳимзода - Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ доир ба моҳият ва принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, қонунэҷодкунӣ, фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ, зинаҳои ташаккул ва рушду таҳаввулоти он дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки марҳилаи кунунии  рушди  асосҳои илмии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз мо талаб менамояд, ки паҳлўҳои илмии фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро рушд дода, зарурати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъитӣ ва оқибатҳои санадҳои меъёрии қабулкардашударо ба назар гирем.  Таъкид шуд, ки проблемаи  ташхиси  лоиҳаи қонунҳо, масъалаи забони қонунҳо ва зарурати барпо намудани фарҳанги ягонаи истилоҳоти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бояд ҳал карда шавад. 

Таҳлили ҳаматарафаи ҷараёни қонунгузорӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки аз соли 2010 дар ҷумҳурӣ 330 қонуни мукаммал, то соли 2012-ум 340 ва то  соли 2014  беш аз  350  ва то нимсолаи якуми соли 2016 ҳудуди 360 қонуни мукаммал аз ҷониби Парлумони кишвар қабул карда шудааст. Ҳар сол мақомоти қонунгузории ҷумҳурӣ зиёда аз сад қонун (аз ҷумла, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда) инчунин санадҳои байналмилалиро ба тавсиб мерасонад. Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо барои  беҳтар намудани сифати қонунҳо равона карда шудааст. Зикр карда шуд, ки ҷараёни имрўзаи давлатдории кишвар тақозо менамояд, ки ба низоми мураттабсозии қонунҳо, аз ҷумла ба рушди кодификатсияи онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки муҳлати Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия ва қабул гардида буд, ба анҷом расид. 

Аз ин хотир дар оянда дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишвар бояд Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад, то ин ки он дурнамои рушди қонунгузории кишварро муайян созад. 

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти  кишвар, Парлумон, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, олимону коршиносон ширкат намуда, оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул ва проблемаҳо, мақомоти назорати конститутсионӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, иштироки прокурор дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъсир ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ, назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар, иштироки мардум дар ҳуқуқэҷодкунӣ, масоили банақшагирии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар масъалаҳои ҷараёни қонунгузорӣ ибрози назар карданд.

Дар анҷоми конференсия доир ба мавзўъҳои матраҳгардида табодули назар сурат гирифта, ба паҳлўҳои мухталифи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар замони муосир ва ҳалли мушкилоти марбут ба он рўшанӣ андохта шуд. Инчунин барои рушд ва ҳалли мушкилоти марбут ба ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишварамон аз ҷониби иштирокдорони конференсия пешниҳодҳо ироа шуданд. 

Аксҳо аз ҷараёни конференсия: