Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
-----
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Мизи мудаввар бахшида ба 24-умин солгарди истиклолияти давлатии Ҷумхурии Точикистон

 

Мизи мудаввар бахшида ба 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми августи соли равон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, ҳамчунин ВАО иштирок доштанд. Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Баҳриддинзода Субҳиддин Эсо оғоз намуда, иштирокчиёни онро бо мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ошно сохт.
 
         
Мавсуф зикр намуд, ки Давлати навини тоҷикон 24 сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 ба истиқлол комёб гардида, ҳамзамон вобаста ба механизми таъмини ҳуқуқии он рушду нумўъ ёфт. Дар ин давра теъдоди зиёди қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  қабул карда шуданд, ки аз онҳо айни ҳол 350 қонуни мукаммал мавриди амал қарор дошта, ба воситаи онҳо соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, маданӣ, экологӣ ва ғайра ба танзим дароварда шудаанд.
 
 Дар ин чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён гузоришҳо дар мавзўъҳои зерин сурат гирифтанд: «Инкишофи ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлолият», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ», «Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ», «Истиқлолият гавҳари рушди миллат аст», ва «Истиқлолият неъмати бебаҳост» ва ғайраҳо. Аз баргузории чунин мизи мудаввар иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро он ба паҳлўҳои гуногуни соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равшанӣ андохта, баҳри таҳқиқи минбаъдаи ҷабҳаҳо ва муайян намудани роҳҳои ояндаи рушду ривоҷи он мусоидат хоҳад намуд.
 
Назаров Д.Д.,
муовини сардори шуъбаи
 қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ,
 ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният