Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
2 June 2017 (11:07)
29 May 2017 (16:17)
8 May 2017 (15:58)
19 April 2017 (15:03)
13 March 2017 (09:09)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсия илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир»

                Мутобиқи Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои Марказ – гузаронидани таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Дар вобастагӣ ба ҳамин вазифа мувофиқи банди 10 Нақшаи кори Марказ ва банди 8 Нақшаи кори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ барои соли 2015баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва муқоисавӣ дар мавзўи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳони муосир» моҳи майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Ҷиҳати дар сатҳи дахлдор гузаронидани конфронс кумитаи тадорукотӣ созмон дода шуда,ба нишонии 52 муассиса, ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ мактубҳои иттилоотӣ фиристода шуд. Боиси зикр аст, ки вобаста ба 15 мавзўи барои баромад пешниҳодгардида вокунишҳои зиёд сурат гирифта, барнома-даъватномаи дахлдори конфронс омода гардид. Барои баромад дар конфронс аз рўи 18 мавзўи марбут ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқӣ 47 баромад, баромадҳои иловагӣ дар шакли презентатсия ва мақолаҳои илмӣ пешниҳод гардид.
 
 
 
 
 Санаи 27 майи соли 2015 дар Марказ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣконфронси мазкур доир гардид.
Мақсадаз баргузории конфронс, муайян намудани ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳони муосир, муаррифӣ гардидани мавқеи низоми  мазкур дар таносуб бо дигар низомҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.
Дар конфронс директори Марказ д.и.ҳ., профессор М. Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ ва дар мавзўи «Низомҳои ҳуқуқӣ: наздикшавӣ, таъсиррасонӣ ва таҷассуми меъёрҳои онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон д.и.ҳ., З. Ализода зери унвони «Ҳуқуқу озодиҳои инсон асоси низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,н.и.ҳ., Саидвализода Б.С. бо мавзўи «Нақши ҳуқуқи ҷиноятӣ дар низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», д.и.ҳ., профессор Менглиев Ш.М. вобаста ба мавзўи «Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаронбаромадҳо намуданд.
Инчунин дар конфронс баромадҳо, презентатсияҳои Каримзода К.М., муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., олимони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ Иброҳимов С., д.и.ҳ., профессор, Шарипов Т.Ш., д.и.ҳ., профессор, Меликов У.А., н.и.ҳ., Бобоев Ҷ.Қ., н.и.ҳ., Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ, Пулатов А.С., н.и.ҳ, Юсуфов А., н.и.ҳ., Табаров Н., Сафаров Ю., ва дигарон оид ба вазъи соҳаҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, криминология, таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вобастагӣ бо ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда, истифодаи Интернет, андоз, фаъолияти соҳибкории хориҷӣ, гумрук, дар муқоиса бо як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Эрон ва ШМА шунида ва пешниҳод гардиданд.
 
 
 
 Дар ҷараёни конфронс оид ба мавзўҳои баромадкунандагон саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои илмӣ сурат гирифтанд. Музокираҳои тезу тунд ба масъалаҳои мақоми як зумра санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқ ва нақши онҳо дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, декриминализатсияи ҳуқуқи ҷиноӣ, ҷавобгарӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи Интернет, ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои ваъдаи миёнаравӣ ва додани пора ва ғайра махсусан тезу тунд сурат гирифтанд.
Маводҳои конфронс дар шакли маҷмуа ба нашр расонида мешавад.