Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
1 Декабрь 2017 (11:34)
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Конференсия дар мавзӯи "Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун"

 

Санаи 23 апрели соли 2015  дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия дар мавзўи «Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун» дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ, ходимони ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ ва дигар намояндагони аҳли ҷомеа  иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои гуногуни соҳа маърўза намуданд. Хусусан масъалаи аз никоҳи хешу таборӣ ба дунё  омадани фарзандони носолим, ҳуқуқҳои кӯдакон, нақши анъанаҳои миллӣ дар танзими муносибатҳои оилавӣ, ахлоқ ҳамчун арзиши умумиинсонии оиладорӣ, ҷойгоҳи оила дар ислом, таносуби Кодекси оила бо қонунгузории амалкунанда ва дигар масъалаҳои рўзмарра мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Конфронси мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, М.З. Раҳимзода оғоз намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайру мақдам гуфта, барои иштирок дар чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд. Профессор М.З. Раҳимзода зикр карданд, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ки  аз  ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳо, олимони соҳа ва дигар намояндагони аҳли ҷомеа конфронс баргузор  намояд, то ин, ки  масъалаи  мазкур ҳама ҷониба таҳлилу баррасӣ гардад. Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳуқуқи оила басо мураккаб мебошад. Ин раванд боназардошти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гражданию оилавӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузорӣ бояд такмил дода шавад. Баъди сухани ифтитоҳӣ, профессор М.Раҳимзода дигар иштирокчиёни конфронс бо маърӯзаҳои худ дар мавзўҳои гуногун фикру ақидаҳои худро байён намуданд. Сипас мувофиқи барномаи таҳрезишудаи конфронс М. Маҳмудзода Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои қонунгузории оилавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла дар баромади худ қайд намуд, ки то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад. Пешниҳод намуд, ки аҳднома ё қарордоди никоҳ ҳатмӣ ва дигар бандҳои қонун марбут ба никоҳ такмил дода шаванд.
Баъд аз он дар конфронси мазкур У.А.Меликов, сардори шӯъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳо доир ба такмили Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, таҳлили муқоисавии Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муаррифӣ кард ва пешниҳодҳо ҷиҳати такмили Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Сипас мувофиқи барнома профессор Ш.М.Қурбонов, директории Маркази тиббии «НАСЛ» дар мавзӯи «Заминаҳои рушди технологияи кумакрасони репродуктологӣ (наслофарӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Дар маърӯзаи худ доир ба таҷрибаи истифодаи босамари технологияи кумакрасони репродуктологӣ дар Тоҷикистон, таърихи пайдоиш, заминаҳои ҳуқуқии он, сохтор ва хизматрасониҳои тиббии «НАСЛ» пурра маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон тибқи барномаи конфронс Ҳ.Н.Ҳимматов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент баромад доир ба никоҳ ҳамчун шартнома масъалагузорӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи барномаи Конфронс 18 маърўза аз тарафи иштирокчиён пешбинӣ гардида буд, ки муфассал доир ба ҳар кадоме аз онҳо ибрози ақида карда шуд. Сипас бо шунидани маърўзаҳо атрофӣ мушкилот ва камбудиҳо дар муносибатҳои оиладорӣ,бекоршавии ақди никоҳ, никоҳи хешу таборӣ, масъалаҳои маскун намудан миёни иштирокчиёни мизи мудаввар баҳсу мунозира сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳо баҳри аз байн бурдани мухолифатҳои ҷойдошта дар қонунгузорӣ зикр карда шуд.
Баргузории чунин конфронс ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ баҳри рушди муносибатҳои оиладорӣ, такмилдиҳии қонунгузории соҳаи оила, ошкор намудани  камбудиҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон мусоидат намуда, ҳамзамон дар таҳлили илман асосноки чунин ҷабҳаҳои гуногуни муносибатҳои зикршуда саҳми муҳим гузошта, боиси пешгирӣ намудани бекоршавии ақди никоҳ ва баланд гардидани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи насли наврас мегардад.
 
Муовини сардори  шўъбаи
қонунгузорӣ гражданӣ,
соҳибкорӣ ва оилавӣ                                                           И.М. Азизов
 

Мутахассиси  шўъба                                                           М.Исмоилова