Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории андоз: инкишоф ва проблемаҳои он»

                                 

                                    Мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории андоз: инкишоф ва проблемаҳои он»

          Роҷеъ ба қонунгузории андоз аз қабили масъалаҳои инкишофи қонунгузории андоз, проблемаҳои андозбандии соҳибкорони хурду миёна, таносуби Кодекси андоз бо қонунгузории амалкунанда ва дигар масъалаҳои рӯзмарра дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2013 мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории андоз: инкишоф ва проблемаҳои он» бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисиаю ташкилотҳо ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.
        Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов Маҳмад Забирович оғоз намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, барои иштирок дар чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.
       ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи андоз зарурияти таҳлили қонунгузориро дар шароити иқтисоди бозорӣ тақозо менамояд. Ин раванд бо назардошти такмили қонунгузории андоз, гражданию соҳибкорӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузорӣ бояд такмил дода ва ба роҳ монда шавад. Таҳлили қонунгузории андоз нишон медиҳад, ки вай асосан ҷавобгўӣ талаботи имрўза мебошад. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми андозро” қабул намуда будем, ки он зиёда аз 40 намуди андозро муқаррар намуда буд. Баъдар то имруз мо се маротиба Кодеси андоз қабул намудем, ки ҳар яки онҳо аз якдигар бо хусусиятҳои худ фарқ менамуданд. Кодекси андози соли 2004 баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд, ки он 17 намуди андозҳои умумиҷумҳуриявӣ ва 4 намуди андози маҳаллиро муқаррар намуда буд. Кодекси андози амалкунанда бошад имрўз 8 намуди андозҳои умумидавлатӣ ва 2 намуди андозҳои маҳаллиро муқарар намудааст. Инчунин тибқи қисми 5 моддаи 6 Кодекси андози амалкунанда 4 низоми махсуси андозбандӣ муқаррар карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки давлат барои нигоҳ доштан ва иҷро намудани функсияҳои худ дар рушди иқтисоду соҳибкорӣ андозро муқаррар ва меситонад. Аз ин ҷо мо бояд саҳми худро дар ҷомеа зиёд намоем ба воситаи тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи супоридани андоз то ин ки хазинаи давлат сари вақт пур гардад. Андоз агар функсияи ҳавасмандкунии худро босамарона иҷро намояд ва ҳамзамон барои баланд бардоштани маданияти андозсупорӣ хизмат намояд ин хуб аст. Андоз бояд барои рушди иқтисоду соҳибкорӣ мусоидат намояд. Аз ҳамин лиҳоз мо шуморо ба миззи муддавар даъват намудем, ки фикру дархостҳои худро ба мо пешниҳод намоед, то ин ки нақши андозро дар аҳкоми идоракунии иқтисодиёт баҳо диҳем зикр намуд Раҳимов М.З дар идомаи суханронии худ.
       Сипас дар мизи мудаввар Шомуродов Фазлиддин–муовини сардори сарраёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал иттилоот дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мизи мудаввари мазкурро як иқдоми саривақтӣ меҳисобад, зеро он ба яке аз масъалаҳои муҳими рўзмара қонунгузории андоз бахшида шудааст. Инчунин таъкид намуд, ки агар аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар ягон таклифу пешниҳодҳо дар бораи Кодекси андоз бошад ба Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
        Инчунин Ойматов Ҷ. Сардори шўъбаи маъмурикунии андози Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада иброз намуд, ки бояд низоми андози кишвар ҳамқадами замона буда, зери сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. ҳамасола Президенти кишварамон ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба сиёсати дарҳои кушод, ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар сатҳи пешравии иҷтимоии аҳолӣ таъкидҳои зиёд менамоянд, бинобар ин дар ҳоле, ки ҳаҷми даромади маблағҳои буҷетиро то 30% зиёд менамоем, қонунгузории андоз бори дигар мавриди такмил қарор дода мешавад.
       Тибқи барномаи пешбинигардидаи мизи муддавар Сулаймонов Ф. дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи “Масоили баҳсноки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои худро чунин байён намуд. Хуб аст, ки аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин вохуриҳо гузаронида мешавад ва мо фикру андешаҳои худро байён менамоем. Бояд қайд намуд, ки қонунҳое ҳаст, ки муносибатҳои субъектҳои соҳибкориро ба танзим медарорад, ба монанди Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо. Оиди баъзе масъалаҳои баҳсталабӣ Кодекси андоз Сулаймонов Ф. ибрози ақида намуд. Ў илова намуд, ки пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар таҷриба андоз аз арзиши иловашударо агар як кас қобили пардохт карданро надошта бошад шахси дигаре, ки бо шахси мазкур шартнома дошта фаъолият менамояд месупорад, ки ин бар зидди меъёрҳои Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипи андозбандӣ мебошад.
      Масъалаи дигаре, ки мехостам инҷо оиди он ибрози ақида намоям системаи идоракунии хавфҳо, ки дар моддаи 43-44 Кодекси андоз мебошад. Мақсади асосии моддаи мазкур аз он иборат аст, ки мақомоти андоз назорат менамояд, санҷида мебинад, ки андозсупоранда фаъол аст ё ғайри фаъол. Аз ин лиҳоз андозсупорандаро тарбия намудан лозим зерро ҳаст андозсупорандае, ки андозҳои калон месупорад ва дар баъзе ҳолатҳо имкон додан лозим, ки дигар масъалаҳоро хубтар бинад.
     Сипас Сардори раёсати ассосиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Улҷабоева М. оид ба “қонунгузории андоз: инкишоф ва проблемаҳои он” ибрози ақида намуд. Мавсуф қайд намуд, ки имруз Кодекси андозе, ки мавриди амал қарор дорад зарурат ба такмилро дорад. Зерро, ки кодекс дар муддати кутоҳ таҳия гардида дар он масъалаҳои андози аксиз, андоз аз арзиши иловашуда ва ғайра то қадри имкон ба назар гирифта нашудааст. Аз ҷумла қайд намуд, ки дар вақти тайёр намудани лоиҳаи Кодекси андоз ассосиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна фаъол буд лекин ҳангоми тайёр намудани он фикру ақидаҳои ташкилотҳои ҷамъияти ба инобат гирифта нашудааст. ҳамзамон Улҷабоева М дар суханронии худ иброз намуд, ки аз ҷониби ассосиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи алтернативии Кодекси андози ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст ва дар сомонаи ассосиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Инчунин мавсуф таклиф намуд, ки ҳангоми омода гардидани лоиҳаҳои Кодекси андоз хуб мешуд, ки мутахассисони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват карда шаванд. ҳамчунин илова намуд, ки масъалае, ки боиси нигаронии аксари соҳибкорон гардидааст, ин назоратҳои барзиёд ва дуруст нафаҳмондани меъёрҳои андоз аз ҷониби мутассадиёни соҳа мебошад.
      Бояд қайд намуд, ки Эмомов Ш. Сармутахасиси раёсати дастгири соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Таъсири кодекси нави андоз ба рушди соҳибкории хурду миёна» баромад намуд. Дар баромади худ қайд намуд, ки имруз дар сиёсати давлатии Президент ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ ба шумор рафта, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
      Дар ин замина, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд ва дар робита бо бахши хусусӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ширкати фаъолона карда мешавад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида шуда, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тақрибан 49,6%-ро ташкил медиҳад. Бо мақсади таҳлили таъсири Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи он қабул гардида, Кумита мониторинги вазъи соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурд ва миёнаро амалӣ намуд. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз то 1 июни соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 ҳазору 288 адад субъекти соҳибкори ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012- 4 ҳазору 792 адад зиёд гардидааст.
        Аз он ҷумла:
     Патент дар шаш моҳи соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳури 68714 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012- 7710 адад кам гардидааст.
     Шаҳодатнома дар шаш моҳи соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳури 35928 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012- 426 адад кам гардидааст.
     Шахсони ҳуқуқи дар шаш моҳи соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳури 30298 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012- 4378 адад зиёд гардидааст.
     Хоҷагиҳои деҳқони дар шаш моҳи соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳури 57013 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012-7699 адад зиёд гардидааст.
     Филиалу намояндагиҳои бахши соҳибкорӣ дар шаш моҳи соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 335 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012-1 адад кам гардидааст.
     Дар ин замина тибқи иҷрои банди 1 Протоколи маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2013 №1 аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Агентии байналмиллалии Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) мушовир ҷалб карда шуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури дар доираи васеъи намояндагони соҳибкорон ва кормандони худи мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳи оид ба муқаррароти Кодекси андози нав гузаронида шуд. Муайян гардид, ки Кодекси андози амалкунанда ба соҳибкории хурд таъсири манфӣ расонидааст. Дар ин замина, таклифу пешниҳодҳои соҳибкорон, ки дар натиҷаи вохўриҳо дастрас шуда буданд, ҷамъбаст гардида, ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
       Бо дарназардошти пешниҳоду таклифҳои соҳибкорон ва шарикони рушд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар ҷаласаи 11-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзоён дастгири ёфта тибқи Протоколи Шуро аз 30 апрели соли 2013, №1с/12.2-4 дар назди вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорон бо мақсади тағийру иловаҳо ба қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 №451 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” гуруҳи корӣ таъсис дода шуда бо дарназардошти пешниҳодҳои соҳибкорон ба он тағйирот дароварда шуд, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 августи соли 2013 №361 қабул карда щуд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани қонунгузории андоз, инкишоф ва проблемаҳои он дар робита бо мақомотҳои салоҳиятдор ва бахши хусусӣ чораҳои дахлдор андешида, барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чораандешӣ менамояд.
       Инчунин Бобоев Ҷ.К сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи “Баъзе масъалаҳои ҳалталаби Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Бобоев ҷ. қайд кард, ки ба ҳамагон маълум аст, аз санаи 1 январи 2013 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шуд.
      Бояд хотиррасон намуд, ки пеш аз ҳама дар таносуб аз Кодекси андози қаблан амалкунанда номгӯӣ андозҳо аз 21 намуд ба 10 намуд оварда шудааст, ки гувоҳи дастгирии соҳибкорон аз ҷониби давлат аст. Дар кодекси қаблан амалкунандаи андоз, шумораи андозҳои маҳаллӣ 4 ва андозҳои ҷумҳуриявӣ ба 17 намуд оварда шуда буд. Дар Кодекси андози амалкунанда бошад 2 намуд андози маҳалли ва 8 намуд андози ҷумҳуриявӣ муқарар карда шудааст. Бо назардошти қабул гардидани Кодекси андоз Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 №451 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбадии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” ба тасвиб расидааст. Қарори мазкур тартиби андозбандиро тибқӣ патент ва шаҳодатнома, намудҳои фаъолият ва меъёрҳои андозро муайян менамояд.
       Бояд иброз дошт, ки дар фарқият аз қоидаҳои пешина (соли 2008) қоидаҳои нав бо назардошти вазъи андозсупорандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ таҳия шудааст.
Аз ҷумла баъзе меъёрҳои андоз аз намудҳои фаъолият зиёд ва кам гаштаанд. Масалан: аз 31 намуди фаъолияти зикргардида
14 намуд то андозаи 35% зиёд,
4 намуд аз 35 то 50% зиёд
5 намуд аз 50 то 100% зиёд
4 намуд аз 100-то 260 % зиёд гардид
Ҳамзамон 2 намуди андоз аз номгўӣ овардашуда кам гардида 2 тои он бетағйир боқӣ мондааст.
     ҳамзамон мавзўҳои «Таҳлили Кодекси андоз аз нигоҳи сотсиологӣ», «Масъалаҳои ҳалталаби андоз дар соҳаи нақлиёт», «Ташаккул ва инкишофи қонунгузории андоз», аз тарафи намояндагони мақомоти давлатӣ дар чорабинии доиргардида маърўза карда шуд.
    Сипас бо шунидани маърўзаҳо атрофӣ мушкилот ва камбудиҳо дар қонунгузории андоз миёни иштирокчиёни мизи мудаввар баҳсу мунозира сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳо баҳри аз байн бурдани мухолифатҳои ҷойдошта зикр карда шуд.
     Масъалагузорӣ ва таклифу пешниҳодҳо дар мизи мудаввар ҷиҳати такмилдиҳии қонунгузории соҳаи андоз, ошкор намудани камбудиҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии андозситонӣ мусоидат хоҳанд намуд.