Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботи оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаствагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
14 Ноябрь 2016 (06:56)
25 Октябрь 2016 (13:31)
17 Август 2016 (07:48)
28 Июль 2016 (07:56)
18 Июль 2016 (14:09)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Никоҳ ва порблемаҳои ҳуқуқии он

        Бо мақсади тарғибу ташфиқ ва инъикоси ҷараёни дастуру супоришҳои дар Пайёми соли 2012 дарҷгардида, дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳҳои кори муштарак бо дигар мақомоту ташкилотҳо таъсис дода шуда, то имрўз як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла тибқи нақшаи чорабиниҳои Марказ 26-апрели соли равон мизи мудаввар дар мавзўи «Никоҳ ва порблемаҳои ҳуқуқии он» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, кормандони соҳаи илм ва амалия баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намоянда аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Маркази исломшиносӣ, судяҳо, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
       Дар ифтитоҳи мизи мудаввар муовини аввали директори Марказ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Баҳриддинов Субҳиддин баромад намуда, масоили баррасишавандаро дар ин чорабинӣ яке аз мавзуҳои мубрами рўз қайд намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Марказ зимни фаъолияти худ баҳри мукаммал намудани қонунгузории оилавӣ талош намуда, кормандон мекўшанд, ки бо роҳи баргузор намудани конфронсу семинар ва дигар маҳфилҳои илмӣ андешаю пешниҳодҳои комилро ки аз лиҳози илмӣ асоснок мебошанд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии худ истифода намояд.

                               


      Сипас сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ Меликов У.А ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро ҷиҳати такмил ва таҳияи лоиҳа ва тағйирот ба қонунҳои амалкунанда арзёбӣ намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки дар натиҷаи никоҳ оқибатҳои ҳуқуқӣ пайдо шуда, таъсир ба дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ низ мерасад. Масалан дар натиҷаи никоҳ ҳуқуқҳои шахсӣ ва молу мулкии ҳамсарон пайдо мешавад, ки он дар Кодекси оила пешбинӣ шудааст. Ҳангоми никоҳ, ки хешу таборӣ ба миён меояд, оқибат ба муносибатҳои меҳнатӣ низ таъсир дорад. Масалан тибқи моддаи 29(2) Кодекси меҳнат дар ташкилотҳои давлатӣ дар тобеи якдигар кор кардани хешовандони наздик манъ аст. Ё тибқи моддаи 12 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ шахс вазифадор нест, ки нисбати хешовандони наздики худ нишондод диҳад. Ҳамингуна алоқамандиҳои ҳуқуқӣ, вобаста ба он ки баъди никоҳ, хешовандӣ ба вуҷуд меояд, дар дигар қонунҳо низ дида мешавад. То имрўз оиди оқибатҳои ҳуқуқи қатъи никоҳ адабиётҳо зиёданд, вале дар мавриди оқибатҳои ҳуқуқии бастани никоҳ татқиқоту таҳлилҳо хеле каманд. Имрўз зарурат пеш омадааст то барои рафъи мухолифати баъзе меъёрҳои қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар як қатор қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
       Дар идомаи баромади Меликов У, вакили Маҷлиси намояндагони МОҶТ С.Амиршоева оид ба баъзе масъалаҳои манъи никоҳи хушутаборӣ ба сухан баромада аз ҷумла сабаби манъи онро чунин шарҳ дода гуфт, ки ин як масъалаи иҷтимоист ва ҳадафи асосӣ ҳифзи саломатӣ ва тоза кардани хуни мардуми тоҷик аст. Вакили мардумӣ қайд кард, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор кўдакони маъюб аст, ки 60-70 дар сади онҳо аз издивоҷи хешу таборӣ ва бемориҳои модарзодӣ мебошанд. Аз ин рў марбут ба ин масъала гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, тарҳи қонун аллакай барои баррасӣ ба Акедемияи улуми тиб ва Пажўҳишгоҳи модару кўдак ва вазоратҳои дигари дахлдор фиристода шудааст. Оид ба баъзе ҳуқуқҳои молумулкии ҳамсарон Бадалов Ш.К.-дотсенти кафедраи граждании факултаи ҳуқуқи ДМТ баромад намуда оид ба баъзе паҳлуҳои ба қайдгирии никоҳ ва натиҷаҳои он дар ҳуқуқҳои молумулкӣ ибрози назар намуд.
ҳамзамон дар рафти чорабинӣ дар мавзуҳои мухталиф аз қабили «Масъалаҳои никоҳи хешовандӣ дар қуръон ва суннат ва раванди амалияи он дар мазҳаби ҳанафия», «Аҳдномаи никоҳ проблемаҳои танзими ҳуқуқии он» маърузачиён баромад намуда, оиди масоили зикршуда фикру андешаҳои ҷолиб ва судмандро пешниҳод намуданд. қайд кардан бамаврид аст, ки дар мизи мудаввар намояндагони Донишкадаи ҳуқуқи инсони Академияи АБО аз давлати Финландия аз ҷумла Катерина Фростел- мудири лоиҳаҳо- мутахассиси соҳаи байналмилалии ҳуқуқҳои занон, Мария Риэккинен- ходими илмӣ оид ба ҳуқуқи инсон, васоят ва парастории кўдакон низ ширкат доштанд.

                           
       Дар идомаи чорабинӣ намояндагони ВАО хусусан аз Вазорати тандурустӣ ва Маркази исломшиносӣ оиди пешниҳоди лоиҳаи вакили Маҷлиси намояндагон С.Амиршоева ва таҳлилҳои анҷомдодашуда пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
      Дар фарҷоми мизи мудаввар Меликов У илова намуд, ки мо ин чо танҳо атрофии никоҳи хешу табори баҳс кардани нестем, зеро ин масъала аз лиҳози илмӣ таҳқиқ ва омўзиши ҳамаҷонибаро бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҷомеа талаб менамояд.
      Аз баргузории чунин мизи мудаввар иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуда иброз доштанд, ки гирди ҳам омадани мутахассисони соҳа дар ин масъала аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуда, ҳамзамон дар таҳлили илман асосноки чунин ҷабҳаҳои гуногуни муносибатҳои зикршуда мусоидат хоҳад кард.