Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши таърихи иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

             Ҷиҳати иҷрои Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Симпозиуми  ҷумҳуриявӣ  дар мавзўи “Нақши  таърихии  иҷлосияи  XVI Шўрои Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар таҳкими  давлатдории  тоҷикон” дар таърихи 9-ноябри  соли  равон баргузор гардид.  

           Аз  ҷониби  иштирокчиён дар мавзўи “Иҷлосияи XVI Шўрои Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди  илми бунёдӣ”, “Санадҳои  меъёрии ҳуқуқии  иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ  ва истиқрори  давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон”, “Нақши  иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар таъмини  сулҳу  ваҳдати миллӣ”, “Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ  ва инкишофи  қонунгузорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Иҷлосияи  таърихии XVI Шўрои Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҳифзи  ҳуқуқи инсон”, “Иҷлосияи Шўрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди  қонунгузории  авф” ва ғайра маърўзаҳо пешниҳод гардид. Ҳамзамон қисме аз иштирокчиён, дар рафти чорабинӣ  атрофи моҳияту дастовард ва натиҷаҳои Иҷлосия суханронӣ намуда, таасуроту хотироти худро аз аввалин лаҳзаҳои  иҷлосияи дар шаҳри Хуҷанд баргузоргардида  ба ҳозирини  толор қисса  намуданд. Дар  маърўзаҳо пеш  аз ҳама Иҷлосияи мазкур баҳри нигоҳдорӣ ва рушди истиқлолияти давлатӣ, самти минбаъдаи инкишофи давлатдории навини  тоҷикон  ҳамчун заминаи мустаҳкам арзёбӣ гардид.

           Дар кори  Симпозиум  олимону  нависандагон, намояндагони  Маҷлиси Олии  ҶТ, ҳуқуқшиносону донишҷуён, коршиносон ва ташкилоту мақомоти давлатӣ  иштирок  намуданд.