Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
2 June 2017 (11:07)
29 May 2017 (16:17)
8 May 2017 (15:58)
19 April 2017 (15:03)
13 March 2017 (09:09)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Мизи мудаввар бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Точикистон

                     Мизи мудаввар бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Точикистон
        Рӯзи 2-юми ноябри соли 2012 дар толори мачлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Точикистон баргузор гардид.
     Мизи мудавварро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ч,умхурии Точикистон, доктори илмхои хуқуқ профессор Раҳимов М.З. оғоз намуда, мақсади баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф қайд намуданд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол муқаддам қабул гардида чун раҳнамои миллат дар рушду нумуи кишвар саҳми беандоза дорад. Маҳз дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳукукии таъсис ва фаолияти давлати мустақили Точикистон муқаррар гардид. Дар баробари ин, Конститутсияи (Сарқонуни) Чумҳурии Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқй барои рушди қонунгузории давлати навини Тоҷикистон баромад намуда, самтҳои инкишофи онро муқарар намуд.
    Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳаи ҳуқуқ намояндагон аз мақомоти ҳокимияти давлати ва кормандони Марказ иштирок намуданд. Дар кори мизи мудаввар маърузаҳо оид ба «Конститутсияи (Сарқонуни) Чумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судй», «Асосхои конститутсионии ҳуқуқ ба рақобат», «Ҳуқуқ ва озодидои иқтисодии инсон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Чумҳурии Тоҷикистон», «3aбони давлатй аз нигоҳи Конститутсияи Иттиҳоди Давлатхои Мустақил» ва «Кафолатҳои конститутсионӣ - ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории хориҷй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» матраҳ гардид.
    Дар фарҷоми чорабинй вобаста ба маърузаҳои шунидашуда, баҳсу мунозираҳо сурат гирифта иштирокчиён атрофи масоили гуногун ва чанбаҳои ҳуқуқии таъмини кафолати констйтутсионй андешарони намуданд. иқтисодииинсон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон».
    Неъматов А. - номзади илмдои ҳуқуқ, сармутахассиси Шуъбаи Қонунгузорй оид ба масъалахои аграрй ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар мавзуи Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон».
    Пулатов А. - муовини сардори Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конституционно-правовые гарантии иностранной предпринимательской деятельности в Республики Таджикистан»;
    Дар охир вобаста ба ҳар як маърузаи шунидашуда, баҳсу мунозираҳо сурат гирифт ва мизи мудаввари мазкурро профессор Рахимов М.З. ҷамъбаст намуда , ба ҳамаи иштирокчиёни мизи мудаввар ибрози минатдори намуд.