Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Мизи мудаввар дар мавзўи «Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкиллотҳои молиявӣ»

  13  июли соли 2012 бо ташаббуси  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Нақшаи  корӣ  барои  солҳои  2011 -2012 Мизи мудаввар дар мавзўи «Проблемаҳои  такмили  қонунгузории  бонкӣ  ва  дигар  ташкиллотҳои молиявӣ» бо  иштироки намояндагони  бонкҳо ва ташкилотҳои   молиявӣ  баргузор   гардид.

 Дар  кори  мизи  мудаввар Давлатов Ш.Ф - сардори идораи  ҳуқуқи  Бонки  миллии Тоҷикистон, Шодиқулов С.Б - муовини  аввали  раиси «Тоҷпромбонк», Насибов О - сарҳуқуқшиноси «Амонатбонк», Гулмамадов Ш – сардори  шўъбаи  ҳуқуқ-и «Казкамертсбонк», Тағоев О.С – сардори шўъбаи  ҳуқуқи  «Кафолатбонк»  ва  дигар  намояндагони вазорату муассисаҳо  ва  ташкилотҳо иштирок  намуданд.
Дар  оғози  мизи  мудаввар бо  сухани  ифтитоҳӣ  Директори  Маркази  миллии  қонунгузорӣ  доктори  илмҳои ҳуқуқ  профессор,  Раҳимов  М З.,  баромад  намуд.
Раҳимов  М.З.,   ҳозиринро  хайрамақдам  гуфта, барои  иштирокашон  дар чорабинии  мазкур изҳори ташаккур  баён  намуд. Мавсуф  қайд намуд,  ки ҷараёни  инкишофи  муносибатҳои  ҷамъиятӣ  дар  соҳаи бонкдорӣ  зарурияти таҳлили  қонунгузории  бонкиро  дар  шароити  ҳозира  тақозо  менамояд.  Ин  раванд бояд  бо  назардошти  такмили  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи  гражданӣ  ва  соҳибкорӣ, ки  бояд  такмил  дода  шавад  ба  роҳ  монда  мешавад. Дар  вақтҳои  охир  якчанд  қонунҳо  дар  соҳаи  бонкӣ қабул  карда  шуданд,  ки аз  лиҳози  мазмуни  истилоҳоти  ҳуқуқӣ  коста  буда  боиси  номуайянӣ дар истифода ва таҷрибаи амалияи  ҳуқуқӣ  гардидаанд.  Аз  ин  ҷо  минбаъд  инкишофи  қонунгузории  бонкӣ  бо  назардошти  Барномаи  татбиқи  Консепсияи  инкишофи қонунгузории ҶТ дар соҳаи молия, андоз ва фаъолияти  бонкӣ  аз  3  апрели  соли 2012  ба  роҳ  монда  шавад.
Иштирокчиён  аз  ҷумла  қайд  намуданд,  ки  баъд  аз  гузариш  ба  иқтисоди  бозорӣ  дар  баробари масъалаҳои  вобаста  ба  сохти сиёсӣ, иқтисодӣ  ва  иҷтимоӣ  яке  аз масъалаҳои  ҳуқуқӣ  ин  танзими  фаъолияти  бонкӣ  мебошад, ки  заминаи  ҳуқуқии он аз Сарқонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сарчашма  мегширад.  Низоми  бонкӣ  дар  Тоҷикистон  ба  яке  аз  соҳаҳои  аҳамиятнок  ва  тараққиёбандаи  иқтисодиёт  табдил  ёфта,  дар  давраи  соҳибистиқлолии   кишвар  зина  ба  зина  инкишорф  ёфта  истодааст.  Қайд  кардан  ба  маврид  аст,  ки  дар  ин  марҳилаи  начандон  тўлонӣ  низоми  бонкӣ,  заминаҳои  такмили қонунгузорӣ,  бунёди  назорати  бонкии  ба  меъёрҳои  ҷаҳонии молиявию  иқтисодӣ  такякунанда ба  дастовардҳои  назаррас  ноил  гардид.  Бешак  дар  ин  сатҳ  пешравӣ  ва  муваффақияту  комёбиҳо  аз  дастгирӣ  ва  тадбирҳои  хирадмандонаи  Сарвари  давлат  мўхтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   дарак  медиҳад,  ки  дар  паёмҳои  ҳамасола  худ  доир  ба  масъалаи мазкур  қайд  карда  мегузаранд.
Дар мизи мудаввар  маърўзаҳо «Оид ба таҳия ва қабули  Кодекси бонкӣ», «Проблемаҳои баргардонидани   қарзҳои  мушкилситон  ва  ситонидани  молу  мулки  ба  гаравгузошташуда»,  «Таклифу  пешниҳодҳо  ҷиҳати рушди  инкишофи  қонунгузории фаъолияти бонкӣ», «Такмили  қонунгузории бонкӣ   дар танзими муносибатҳои  гаравӣ», «Масъалаҳои  кодификатсияи  қонунгузории  бонкӣ», «Танзими  ҳуқуқии  бонкҳои  тиҷоратӣ  дар Ҷумҳўрии  Тоҷикистон», «Барҳамдиҳии   ташкилотҳои  маблағгузории  хурд  тиқи  қонунгузории  амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  матраҳ   гардида,  мавриди  баррасии  мутахассисони  соҳа  қарор   гирифт.
Баргузории  чунин  мизи мудаввар  ҳам  аз  ҷиҳати  илмӣ  ва  ҳам  аз  ҷиҳати  амалӣ  баҳри  рушди фаъолияти  бонкӣ,  ошкор  намудани  камбудиҳо  ва  мушкилоти  ҷойдошта  дар  ин  соҳа,  баланд  бардоштани  сатҳу  сифати  хизматрасонии  бонкӣ  ва  қарздиҳӣ  мусоидат  намуда,  ҳамзамон дар  таҳлили  илман  асосноки  чунин  ҷабҳаҳои  гуногуни  муносибатҳои  зикршуда  саҳми  муҳим   гузошта  боиси  боз  ҳам  ғанӣ  гардонидани  буҷаи давлат  мегардад.