Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботи оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаствагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
8 Май 2017 (13:58)
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Мизи мудаввар дар мавзўи «Проблемаҳои ҳуқуқии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи он»

     Дар таърихи 11 майи соли 2012, бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи корӣ барои солҳои 2011 - 2012 мизи мудаввар дар мавзўи «Проблемаҳои ҳуқуқии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи он» бо иштироки вазорату идораҳои ва  ташкилотҳои   байналхалкӣ   баргузор  гардид.

    Дар мизи мудаввар намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи  Президент, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату муассисаҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок  намуданд. 
    Дар оғоз бо сухани  ифтитоҳӣ  Директори  Маркази  миллии  қонунгузорӣ  доктори  илмҳои ҳуқуқ  профессор,  Раҳимов Маҳмад Забирович баромад  кард.
Дар мизи мудаввар паҳлўҳои гуногуни раванди муҳоҷират, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, мувофиқати санадҳои меъёри ҳуқуқии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират ва инчунин вобаста ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ такимили қонунгузорӣ дар ин самт маври баррасӣ қарор гирифт.
   Дар кори  мизи мудаввар маърўзаҳо оид ба«Раванди муҳоҷират ва масоили ҳалталаби он»; «Ҷиҳатҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ»; «Проблемаҳои ҳуқуқии таъминоти суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон»; «Проблемаҳои ҳуқуқии муҳоҷират дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон»; «Оқибатҳои иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба оила»; «Баъзе масъалаҳои қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират»; «Таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  муҳоҷират»; «Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар танзими муҳоҷирони меҳнатӣ»  матраҳ гардид.
    Баргузории чунин  мизи  мудаввар ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати  амалӣ басо муҳим  буда, барои бартараф  намудан  ва ҳалли мушкилотҳо дар  муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамзамон дар  таҳлили ҷабҳаҳои гуногуни муносибатҳои  зикршуда бо мақомотҳои  дигари  давлатӣ  саҳми муҳим мегузорад.