То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Миззи мудаввар доир ба мавзӯи «Консепсияи такмили қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

  Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 апрели соли 2012 мизи мудаввар дар мавзўи «Консепсияи такмили қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид,  ки дар он мутахассисони соҳаи ҳуқуқи  гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ, кормандони таҷрибадор ва олимон,  судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, намояндагони ассотсиатсияи соҳибкорон ва  ташкилотҳои байналхалқӣ  иштирок намуданд.

Мизи мудаввари мазкурро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор  М.З. Раҳимов ифтиттоҳ намуда,  қайд намуданд, ки конун танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Қонунгузорӣ   бо назардошти  инкишоф ва пешрафти ҷомеа зарурият ба такмилро пайдо мекунад.  Дар заминаи ин омилҳо ва бо мақсади рушди қонунгузории гражданӣ, алалхусус Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим  гирифтааст, ки  Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд. Зеро дар тачрибаи татбиқи Кодекси гражданӣ проблемаҳои зиёд ошкор шудаанд ва онҳо бояд роҳи ҳалли худро ёбанд.  Таҳияи Консепсияи мазкур,  ин аз нав эҷод намудани кодекси гражданӣ нест, балки такмили он меъёрҳое мебошад, ки бо мурури замон эҳтиёҷ ба ворид намудани тағйиру иловаҳоро доранд.
Тибқи Барномаи мизи мудаввар масъалахои зерин барои муҳокима пешниҳод шуда буданд, ки онҳо аз тарафи иштирокчиён мавриди баҳс қарор гирифтанд: Масъалаҳои умумии такмили Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили вазъи ҳуқуқии субъектҳои гражданӣ ва режими ҳуқуқии объектҳои гражданӣ, такмили қонунгузорӣ доир ба ҳуқуқӣ моликият, такмили  қонунгузорӣ доир ба ўҳдадориҳо, проблемаҳои амалию  судии татбиқи қонунгузории гражданӣ, таносуби қонунгузории гражданӣ бо қонунгузорӣ доир ба замин, манзил ва оила. 
Дар рафти чорабинӣ мутахассисони соҳаи ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ,  профессорон Маҳмудов М.А., Исмоилов Ш.М., Тағойназаров Ш.Т.,  Ѓаюров Ш.К., кормандони таҷрибадор        ва дигар иштирокчиёни мизи мудаввар фикру пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар натиҷаи баҳсу мунозира доир ба масъалаҳои баррасишуда,  иштирокчиёни мизи мудаввар   якчанд таклифҳоро доир ба самтҳои асосии такмили қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод  намуданд.
         Пешниҳоду таклифҳои мазкур барои дар оянда такмил додани қонунгузории гражданӣ  муфид буда, онҳо ба  унвони гурӯҳи корие, ки дар назди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   оид ба таҳияи Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис шудааст, ирсол шуданд. Ҳамзамон 17  нафар аз иштирокчиён хоҳиши дар гурӯҳи кории  мазкур ба ҳайси эксперт шомил шуданро иброз намуданд.   
       Мизи мудаввари мазкурро  профессор  М. З. Раҳимов ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни мизи мудаввар  ва Шўъбаи байналмилалии ташкилоти Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон, ки дар ташкили чорабинии мазкур  саҳм гузоштанд, ибрози миннатдорӣ намуд.  Мавсуф  қайд намуданд, ки албатта тамоми таклифу пешниҳодҳое, ки дар мизи мудаввари мазкур баён шуданд,  оянда ҳангоми такмили қонунгузории гражданӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба инобат гирифта мешавад, ҳамзамон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки бо ҳамаи хоҳишмандон дар ин самт ҳамкориро идома диҳад.